Эмомалӣ Раҳмон президенти ҳама ё як гурӯҳ

Фарҳанг ва адаб 30.03.2011 09:22

Чаро ҷашни каду дошта бошему соли Қаноат не?

President19 март Президент Эмомалӣ Раҳмон дар толори театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ бо аҳли илму адабу фарҳанг мулоқот орост, балки сардори давлат дар назди зиёиёни кишвар сухан гуфт.

Банда ин мулоқотро аз тариқи тамоми шабакаҳои телевизионии кишвар тамошо кардам. Ин мулоқоти президент бештар ба суханронӣ дар назди арбоби собиқи давлат мушобеҳ буд, аз он ки бо аҳли зиё. Чеҳраҳоеро дидам чун Изатулло Ҳаёев, Ваҳҳоб Воҳидов, Георгий Кошлаков (мӯйсафед ҳини мулоқот роҳат хоб буд), Ҳабибулло Табаров, Холмурод Шарифов, Султон Мирзошоев, Бобо Сангинов ва дигарон, ки ҳама аз арбоби собиқи давлат, пирони сиёсатҳои пешин буданд. Оё беҳтар нест, ки ба ҷойи ҳамин мӯйсафедони як умр дар маҷлису курсиҳо нишаста ва хастанамо ба мулоқоти президент ҷавонони огоҳу донишваре чун Абдуллоҳи Раҳнамо, Давлати Раҳмониён, Саъдии Юсуфӣ, Сайёфи Мизроб, Нуралӣ Давлат, Абдуллоҳи Қодирӣ, Зоҳири Давлат, Зафари Мирзоён, Ибодуллоҳи Оқилпур, Абдулвоҳиди Зевар ва дигар ҷавонони адабпарвару бедори миллат даъват мешуданд?! Яке аз вижагиҳои дигари ин мулоқот он буд, ки бо ба анҷом расидани суханронии президент ин дафъа дар қиёс бо дигар мулоқотҳои сардори давлат ҳеч саволу ҷавоб, пурсишу посухе миёни президент ва ширкатдорони мулоқот суръат нагирифт. Ва кори дурусте ҳам шуд, ки ҳамин гуна шуд, вагарна ба ҷуз ситоишу таҳсину офарингӯӣ ва ин бидеҳу он бикун дигар ҳеч пешниҳоду дархости муфиду муҳиме аз аҳли зиё ба гумон буд, ки бишнавем. Ва мо камтар аз ҳамин аҳли зиёамон дидаву шунидаем, ки дар мулоқот бо президент онҳо дар бораи масоили муҳими миллӣ сӯҳбат кардаву аз мушкилоти умдаи мардум гуфта бошанд. Бовар дорам чанде аз олимону шоирони мо, ки чанд рӯз пеш матни суханрониашонро барои худнамоӣ пеши сардори давлат омода ҳам карда буданд, чунин ранг гирифтани корро интизор набуданд ва хеле ноумед шуданд.

vergul_01 Эълон шудани соли 2012 ҳамчун Соли Мӯъмин Қаноат ба ҳангоми зиндагӣ гиромӣ доштани эҳтироми як шоири саршиноси миллат ва нишони арҷгузорӣ ба аҳли адаб, эҳтиром гузоштан ба миллати тоҷик аст, ки ба қавли Лоиқи зиндаёд "коми онро бо сухан бардоштаанд."Ва баъди устоди шодравон Мирзо Турсунзода Тоҷикистон шоире бузург, ки ходими шинохтаи ҷамъиятиву давлатӣ бошад, дар пояи устод Қаноат надорад. vergul_02

Мегӯянд, ки дар он мулоқот президент аз хомӯшии аҳли ҳунару қалам дар робита ба вазъи кишвар интиқод карда даъват кардааст, ки "агар дар замони Шӯравӣ наметавонистанд озодона андешаи худро баён доранд, пас ҳоло 20 сол аз истиқлолият мегузарад ва чаро хомӯшанд" ва хостааст, ки боҷуръат бошанд, проблеммаҳои ҷомеъа ва дардҳои дили хешро озод ва беҳарос бигӯянд. Тайи чанд соли ахир аз артиши бешумори зиёиёнамон, танҳо устод Қаноат соли гузашта ҷуръат карда, дар як мусоҳиба бо "Миллат" аз мушкилоти ҷомеъа ва давлатдориамон ҳарф зад ва академик Раҳим Масов ҳам ошкор аз додани хоки Тоҷикистон ба Чин чун як зиёӣ ва ватандор эътироз намуд. Ва илова кард, ки чун як тоҷик ба зери он протокол имзо нагузоштааст, то номаш дар таърих сиёҳ нашавад. Баъдан дар Вазорати хориҷаи кишвар далел оварданд, ки Масов узви ҳамон комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба масоили марзӣ набудааст. Ва ҳамагон шоҳид будем, ки устод Қаноатро барои он мусоҳибааш дар "Миллат" аз тариқи расонаҳои хабарии расмӣ аз номи Атахон Сайфуллоев чӣ борони таънаву маломате бар сараш рехтанд. Акнун суъол ин ҷост, ки баъди он чӣ ки дар ҳаққи Масов гуфтанд ва ба хусус пас аз он ҳамлаи иттилоотие, ки бар алайҳи шоир Қаноат роҳандозӣ шуд, оё дигар касе аз аҳли адабу фарҳанг он ҷуръатеро дорад, ки аз проблеммаҳо бигӯяд ва дардҳои дилашро ошкор иброз намояд. Ба ҳар сурат чун президент аз озодии баён ҳарф зад ва аҳли зиёро ба гуфтан таҳрик намуд, умед мебандем, ки сукуту хамӯшии шоирону олимонамон шикаста мешавад. Вале то ҳанӯз шубҳа дорам, ки ин шоирону артистони халқии мо ҷуръату тавони гуфтани мушкилоти ҷомеъа ва дардҳои ҳамон халқеро, ки унвонашон тавъам ба номи он аст, халқеро, ки доштани унвони халқӣ ба шоиру артисташ ҳар моҳ ҳақ медиҳад, дошта бошанд. Бисёр мехостам, ки ҳадди ақал ҳамин халқиҳо дар баробари изҳори мушкилоти халқ хомӯш набошанд. Аз чӣ буд, ки дар он мулоқот наворбардор ҳеч нахостааст, ки устодон Қаноат ва Масовро барои мардум намоиш бидиҳад ва ҳамагӣ як бор чашмам уфтод, ки устод қаноат дар паҳлӯи нависанда Ҷонибек Акобир нишаста буд ва Масовро замоне дидам, ки баъди анҷоми мулоқот Марям Исоева, ҳунарманди театр аз зери таассуроти амиқ монданаш сӯҳбат мекард ва дидам, ки академики тоҷик сархам аз назди наворбардор мегузашт.

Чанд вақт пеш шунида будам, ки нишон додани чеҳраи устод Қаноатро барои интиқод аз забони асарҳои Айнӣ ва ҷамъияти "Пайванд" ва барои мазаммати маҳалгароии мансабдоронамон дар телевизион табу эълон кардаанд, ки чун ин мулоқотро тамошо мекардам, он ҳама шунидаам ба назарам ҳақиқат намуд. Меҳмон Бахтиву Гулназар, устод Абдулҳамиду Меҳриносоро дидам, вале Гулрухсор наменамуд. Баъди анҷоми мулоқот чанд тан андешаҳояшонро дар бораи сӯҳбати президент баён намуданд. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Додихудо Саймуддинов гуфт, ки "сӯҳбати ҷолиб ва хосса буд" ва ҳам илова кард, ки ҳамаи мо бояд аз ин мулоқот ифтихор дошта бошем. Профессор Сайфиддин Назарзода нақл мекард, ки "дар илми тоҷик тағйироти бунёдӣ ба амал омадаву олимон хеле худшинос шудаанд". Шоир Ҳақназар Ғойиб бо ифтихор зикр кард, ки "имрӯз як лаҳзаи таърихӣ буд ва таърихсозӣ аз ҳамин гуна лаҳзаҳо сар мешавад"…

Ва ҳам дидам, ки сардорони расонаҳои хабарии ҳукуматӣ мисли ҳамеша бологузар буданд, вале сардабирони нашрияҳои мустақилро надидам. Аз масъулини баргузории маъракаву мулоқотҳои расмӣ пурсиданиам, ки бо чӣ ҷурме сардабирони нашрияҳои хусусиро аз ширкат дар мулоқот бо роҳбари кишварашон маҳрум месозанд? Ва оё Эмомалӣ Раҳмон танҳо президенти сарварони расонаҳои хабарии расмист? Ё магар танҳо онҳо зиёиянду инҳо не? Ҳар касе дар баргузории чунин чорабиниву мулоқотҳо масъул аст, бо эҳтиром хоҳиш дорам, дигар миёни нашрияҳои хусусӣ ва ҳукуматӣ тафриқа нагузорад, онҳоро ба худиву бегона ҷудо накунад. Мавҷудияти ҳамин нашрияҳои хусусиву мустақил аз соҳибони ин нашрияҳо дида, барои масъулини ҳукумат ва хосса барои ҳамон мутасаддии даъвати ширкатдорони мулоқоти президент бештар бойиси гарданфарозист, зеро созмонҳои хориҷӣ ва Амрикову Ғарб бо будани озодии баён Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ эътироф мекунанд. Ва дар ҳамин замина омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонанд. Фаромӯш набояд кард, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо президенти кормандони идораҳои ҳукуматӣ нест, ӯ президенти Тоҷикистон аст, чӣ ба ҳукуматиҳо ва чӣ ба ғайриҳукуматиҳо баробар тааллуқ дорад.

Дар барномаи консертие, ки баъди анҷоми мулоқот бо иштироки президент баргузор гардид, Парда Қосимро дидам, ки хушҳол дар рӯ ба рӯи сардори давлат чун одати ҳамешагӣ даст болои дил бо шавқу шӯр чунин месуруд: Дар зери чатри раҳмат, Иззаш намо Худованд.

Хурсандии Пардаро дида шод шудам, ки баъзан овозаҳо ҳам бар манфиати кор анҷом мешаванд. Ва инак боз Парда зиннатбахши консерт бо иштироки сардори давлат аст. Иззаш намо Худованд!

Бародарон Исмоил ва Давлат, фарзандони Ҳофизи мардумӣ шодравон Абдуллоҳи Назрӣ шояд аз хотири он ки пеши роҳбари давлат «маҳалгароӣ» накарда бошанд, дар матни суруди хеш ҷойи "Дарвоз"- ро ба "кӯҳсор" доданд. Чаро чунин хулоса кардам, зеро ду рӯз қабл ин ду бародар дар ҳамовозӣ бо ҳофизи хушлаҳн Ҳақназари Ҳукмзод ҳамин сурудро бо як шӯру хушҳолӣ аз тариқи шабакаи аввал чунин сароида буданд:

Рафтӣ нагуфтӣ, ман ёр дорам, 

Дар мулки Дарвоз ғамхор дорам.

Ҳайратам афзуд, ки чаро дар назди президент бародарон Назриевҳо "мулки Дарвоз" гуфтан нахостанд ва ин ибораро ба "мулки кӯҳсор" бадал карданд. Вале ба хурсандии ман пайвандони Одина Ҳошими зиндаёд Абдулхайр ва Раҳматулло бо гардани баланд дар суруди хеш "Кӯлоб"- ро ба чизе нафурӯхтанд. Ҳошимовҳо медонанд, ки дӯст доштани Ватан аз эҳтиром гузоштан ба зодгоҳ маншаъ мегирад.

Ва дар охир пешниҳоде доштам, ки мехоҳам онро аз тариқи нашрияи дӯстдоштаам "Миллат" иброз намоям. Касе дар хотир дошта бошад, соли 2008 Чингиз Айтматов 80 сола мешуд ва ба хотири арҷгузорӣ аз хидматҳои ин нависандаи шӯҳратёр он солро дар Қирғизистон Соли Чингиз Айтматов эълон карда буданд. Президенти Қирғизистон бо нишони эҳтиром ба нависандаи бузурги миллаташ як соли кишварро нисори ӯ кард. Ҳарчанд тобистони ҳамон сол, дар соли ҳаққи ҳалоли хеш ин марди бузург мардуму масъулини ҷашнашро дар ҳоли ногувору дидаи ашкбор гузошта ҷаҳони фониро тарк гуфт. Аз Президенти мӯҳтарами Тоҷикистон мехоҳам, ки бо нишони арҷгузорӣ ба адабиёту фарҳанг ва шеъру шоирӣ ва ба муносибати 80- умин соли зодрӯзи Шоири мардумии Тоҷикистон, соҳиби Ҷойизаҳои Комсомоли Тоҷикистон, Ҷойизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, панҷ дафъа вакили мардум дар Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ, муаллифи достонҳои машҳури "Сурӯши Сталинград", "Гаҳвораи Сино", "Мавҷҳои Днепр", "Ситораи Исмат", "Тоҷикистон- исми ман" устоди баркамолу барҳаёти шеъри муъосири форсӣ- тоҷикӣ Мӯъмин Қаноат соли 2012- ро Соли Мӯъмин Қаноат эълон намоянд. Агар чунин иқдом аз ҷониби Сардори давлати Тоҷикистон дар остонаи ҷашни 20- умин соли Истиқлоли Тоҷик сурат бигирад, бешак ба имиҷи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари шеърпарвару фарҳангдӯст хоҳад афзуд.Qanoat_02145574 Эълон шудани соли 2012 ҳамчун Соли Мӯъмин Қаноат ба ҳангоми зиндагӣ гиромӣ доштани эҳтироми як шоири саршиноси миллат ва нишони арҷгузорӣ ба аҳли адаб, эҳтиром гузоштан ба миллати тоҷик аст, ки ба қавли Лоиқи зиндаёд "коми онро бо сухан бардоштаанд."Ва баъди устоди шодравон Мирзо Турсунзода Тоҷикистон шоире бузург, ки ходими шинохтаи ҷамъиятиву давлатӣ бошад, дар пояи устод Қаноат надорад. Ва ин як ҳақиқати бебаҳс аст, ки ҳама онро қабул доранд. Ӯ классики зиндаи адабиёти тоҷик аст. Доим ин андеша маро азият медиҳад, ки чаро харбузаву кадуву асалро ҷашн мегирем, ба хотири ин сабзавоту анвоъи хӯрданӣ иду маърака меороем, вале як соли миллатро намехоҳем нисори як суханвари миллат кунем. Ман фикр мекунам устод Мӯъмин Қаноат бештар аз ҳар харбуза бо ашъори ноби хеш ҳазорон ва шояд миллионҳо комҳоро ширин сохтааст. Ва ин шоири саршинос он қадру манзаллатро дорад, ки 80- умин соли зодрӯзаш бо тамоми шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардад. Аз ин рӯ фикр мекунам ин пешниҳоди бандаро Ҷаноби Олӣ мепазирад, ки қаблан барояш арзи сипос мегӯям. Ин чанд андешае буд, ки баъди тамошои мулоқоти президент бо аҳли зиё дар зеҳнам омад ва хостам то онро ба хонандаи "Миллат" пешниҳод намоям.

Фирдавсии САЙДАР

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97