Наҷмиддини Шоҳинбод ва гулфурӯш

Фарҳанг ва адаб 20.03.2011 10:08

 Buket- Духтари хуб, ба ман он гулдастаи зеборо диҳед - хоҳиш кард Асадбек.

- Марҳамат, садбарги "Лаънатӣ" тару тоза - гуфт ҷиддӣ гулфурӯш.

- Нафаҳмидам, чаро номаш "Лаънатӣ"?

- Ман ном намегузорам - гуфт гулфурӯш.

- Майлаш ду дона диҳед.

- 120 осмонӣ!

- Ой, лаънатӣ…

 Хабарҳо дар чанд сатр

  *Дар Ҷумҳурии Қирғизистон қуллаи кӯҳи Алатто-ро ба номи Путин номгузорӣ карданд. Ҳамчунон дар Афғонистон низ қуллаи камбағалиро ба номи Усома Бен Лодан ном ниҳоданд.

*Вазорати нақлиёти Узбакистон аз ҳисоби қаторҳои муҳосирашуда барои сохтмони неругоҳи Роғун 7 қатор  аз локомотив ҷудо намуд.

*Роҳхат ба саёҳати Миср - истироҳатгоҳи Шарман -шайх ва Баҳрайн ба наздикӣ ба сарбозони НАТО тақсим мешавад.

  Қаровул

Қариб даҳ сол боз Асадбеки майзадаро аз кор пеш мекунанду боз бо илтиҷо ба кор мегиранд.

- Раис, Шумо дирӯз ӯро аз кор пеш кардед. Имрӯз боз ин майзадаро ба кор даъват кардед - эътироз кард мудири кадрҳо.

- Ин мутахассиси хеле зарур будааст. Ҳозир барқ нест. Барои пухтани ош дар дегдон ҳезуми тар намесӯзад. Ин агар як пуф кунад, ҳезуми тар мисли газ дармегирад - гуфт раис.

Шогирд

Ду профессори пир сари пиёлаи чой дар мавриди тарбияи олимони ҷавон сӯҳбат мекарданд.

-Ман ҳар боре, ки ба шогирдонам ба хонаашон занг занам, дашному сарзаниш мешунавам. Занҳояшон барои бадмастӣ, камбағалии шогирдон маро латта, бемасъулият мегӯянд.

- Оббо, содда будаед, Азиз Раҳимович. Ман ҳар гоҳ ба хонаи шоирдон занг занам мегӯям, ки ман шогирдашон. Шумо ҳам минбаъд агар зану наздиконаш гӯшаки телефонро бардоранд, худатонро шогирд гӯед.

Пас аз ду рӯз профессор бо чашми кабуд ба кор омад.

- Чи шуд, домулло - пурсид ҳамкораш.

- Ман шогирд гуфтам, занаш омада сахтакак маро куфт…

Табассуми олимон

Чанде пеш китоби нави хабарнигори "ЁУМ" дар сайёраи Замин Наҷмиддини Шоҳинбод бо номи "Бузургонро бузургон зинда мехоянд.." бо забони узбакӣ дар Алмаато чоп шуд. Ҳоло чанд намунаи табассуми олимонро дар тарҷума пешкаши хонандагон мегардонем.

 Ҳамом ва "Сиёсатнома"

BanyaБеш аз сӣ сол профессор- шодравон Карим Абдулов китоби "Сиёсатномаи асри ХХ1" - ро навиштанд. Ниҳоят дар оғози асри нав китоб ба нашр расид. Алҳол дар илми сиёсатшиносӣ аз он бузургтар асаре нест. Бо тавсия ва дархости хонандагон ва олимони ҷомеашинос асарро ба мукофоти давлатии Сино пешбарӣ намуданд.

Мутаассифона дар Оинномаи ин мукофот, ки дар замони Шӯравӣ мураттаб шуд, расмиятчигӣ зиёд буд. Гӯё асар публитсистӣ буда, тадқиқи илмӣ дар он кам аст. Магар кашфи сиёсати сиёҳи геополитикии Русия ва Узбакистон дар Осиёи Марказӣ дар оғози истиқлолият кашфиёт нест. Ё худ сиёсати мусолиҳаи миллии Президент дар илми нави мухолифатшиноси пажӯҳиши илмӣ нест. Дар ин асар бори аввал дар Тоҷикистон рукнҳои давлатдории миллӣ баъди ҳазор сол тадқиқ гардидааст. Асар ба забонҳои форсӣ, ангилисӣ, русӣ нашр шуда, дар хориҷи кишвар вокунишҳо ва тақризҳои мусбат гирифт.

Ба ҳар ҳол асарро чанд нафар олими нафақахӯр, ки аз замони Шӯравӣ нисбати Устод кина доштанд, рад карданд. Ману профессор, шоир Суруш аз ин хабари шум малул гашта, ғами дилро дар ду шиша бо чанд сихкабоб ғарқ карда, ба назди профессор рафтем.

- Устоди азиз, Шумо рӯҳафтода нашавед. Замоне "Шоҳнома"-и устод Фирдавсиро низ қабул накарданд. Устод Фирдавсӣ ҳаҷвияи машҳурашро навишта дар дари ҳамом часпонда фирор карданд. Шумо ҳам сӣ сол мисли Фирдавсӣ заҳмат кашидед. Ҳаҷми асар низ аз "Шоҳнома"-кам нест. Маслиҳат ҳамин ки якто ҳаҷвия дар ҳақи Академияи илмҳо навишта дар ҳаммом часпонад, ба Узбакистон фирор кунед.

Ҳаҷвия навишта шуд…

Вале ҳамон шабу рӯз дар Тоҷикистон ягон ҳамом кор намекарду марзи Узбакистон баста шуд...

ҶИП ва ифтихори Миллӣ

Аз овони донишҷӯӣ орзу доштам, ки ба Кӯҳистони Масчоҳ сафар кунам. Қариб даҳ сол профессор саёҳати Масчоҳро кашол медиҳад. Ниҳоят дар як рӯзи ягонаи сиёсӣ мо озими сафари Масчоҳ шудем. Аз мӯъҷизаҳои ин диёр дар силсилсиочеркҳо таассурот ба қалам дода шуд.

Маркази ноҳия дар байни ноҳия бо номи Меҳрон бунёд   гардидааст. Ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳия устувор бошад ҳам, бинои ҳукумат оҳиста- оҳиста ба тарафи дарё ғечида истодааст.

Мардуми меҳмондӯст самимона моро истиқбол гирифтанд. Дар ҳама ҷо аз набудани итилоот шикоят мекарданд. Он вақт радио ва телевизион низ набуд. Деҳотиён ташнаи навидҳо буданд. Дар як маҳфил профессор қисса кард:

Дар замони Шуравӣ ба як деҳоти баландкӯҳи дурдаст, ки роҳи мошингард ҳам надошт, ҳайати Ҳукумат меравад. Мардум дар мулоқот мепурсанд:

- Рафиқон намояндаҳо, болшевикҳо ҳоло дар водӣ ҳастанд?..

Лекин шумо аниқ медонед, ки болшевикҳо кайҳо рафтанд.

Дар барномаи сафар дидори ҳамдеҳагонаш низ сабт буд. Зодгоҳи профессор деҳаи Сурхкат асари безаволи рассоми табиат аст. Аҳли деҳа ба сӯҳбат давиданд.

Ман дар байни мардум, хусусан наврасон пурсиш - сӯҳбати санҷишӣ гузарондам.

Аз як хонанда пурсидам:

- Ку, кӣ профессор Карим Абдуловро мешиносад?

Чанд нафар даст бардоштанд. Ман ба писарбачаи калонсолтар имкони ҷавоб додан додам

-Ман Адуловро мешиносам…

- Чи хел мешиносед, боз саволи такрорӣ додам.

- Ҷипи Ландкрузер дорад…

 Нархи пахта ва сухан

Дар илми одамшиносӣ низ профессор академики ифтихорӣ ҳастанд. Аммо бахташ дар интихоби ронанда омад накард.  Чанд ронанда ё асабаш ё мошинро шалақ мекарданд.

GAIНиҳоят профессор аз ман хоҳиш карданд, ки як ронандаи камгап, кордон ва боодоб пайдо кунам. Мутаассифона, дар ин замона одами камгапро танҳо дар қабристон пайдо кардан мумкин аст. Ҳоло ҳатто гунгҳо ҳам чунон бурро ҳарф мезананд, ки даҳони кас воз мешавад. Шукри беҳад, ки озодии сухан дастоварди истиқлолият аст.

Профессор худашон Азимҷон ном ҷавонро ба кор гирифтанд. Албатти дар аввал Азимҷон хеле хомуш буд. Баъдтар маълум шуд, ки ҳамон рӯзҳо ҷоғашро шикаста буданд. Бо вучуди ин Азимҷон ба устод хидмати ҳалол кард. Дар баробари ронандагӣ мисли газетхарӣ, даводави нашриёт, тӯҳфасупорӣ вазифаҳоро иҷро мекард.

Боре бо Азимҷон ба Душанбе сафар кардем. Дар даромадгоҳи Душанбе нозири бозрасии автомобилӣ мошинро дошт.

Бадбахтона, Азимҷон на шиноснома ва на шаҳодатномаи ронандагӣ дошт. Ба замми ин боварихати автомашина низ набуд. Устод ба нозир худро муаррифӣ кард:

- Шинохтам. Шумо дар радио хусусигардониро сахт танқид кардед. Майлаш, ҷавоб медиҳаму ҳуҷҷатҳоро минбаъд бо худ гирад.

Ҳамон вақт шаҳри Душанбе пури нозири бозрасӣ буд. Дар як хамгашти роҳ нозир мошинро боздошт. Профессор салом дода гуфт, ки ин мошини профессор Абдулов аст. Нозир ба дигараш амр кард:

- Командир, сар диҳед, ин мошини Абдулов!

Мо аз ифтихор қариб курта медарондем. Устод хостанд ҳарорати кайфиятро баландтар бардоранд ва аз нозир пурсиданд:

- Шумо чи хел маро шинохтед?

- Худатон гуфтед, ки ин мошини Абдулов аст. Ба Ҷамшед-ако салом гӯед - гуфт нозири роҳ (Писари Карим Абдулович- директори корхонаи пахта аст.).

- Не командир, ман нависанда Абдулов!!!

- Ҳеҷ боке нест устод, имрӯз вазни пахта аз вазни сухан болотар аст - тасалло додем профессорро.

 Дастгирии умум

Дар маъракаи интихоботии Раҳмон Набиев неруи асосӣ ва зарбазананда Карим Абдулов буданд. Воқеан ҳам ӯ сараввал аз Раҳмон Набиев - ҷабрдидаи замони тоталитарӣ сохт. Мардум табиатан ба ҷабрдида бо назари шафқат менигаранд. Дар рӯзи эълон шудани ғалаба Карим Абдулович ба Раҳмон Набиев дастурҳои мушаххаси оғози корро тайёр намуд. Мутаассифона торафт Раҳмон Набиев барои профессор дастнорас мешуд. Мухолифатҳо авҷ гирифтанд. Дарди истеъфо аз нав хуруҷ кард. Як рӯз профессор ба назди бинои Ҳукумат омад. Гирду атрофро одамон иҳота карданд. Имкони ба дарун даромадан набуд.

Карим Абдулович пас гашта ба як ду идораи расмӣ даромад. Дар бозгашт ҳам шароити даромадан ба бино мавҷуд набуд. Дар паҳлӯи бино мӯйсафеде ӯро пурсид:

- Муаллим, аз галстукатон маълум, ки Шумо ҳам одами ҳукуматӣ барин. Ин мардум чаро биноро печондаанд?

- Амак, мо ба мардум муроҷиат кардем, ки дар атрофи Президент ҷамъ шаванд. Онҳо ғалат фаҳмида, дар гирди бино ҷамъ шуда, моро ба дарун даромадан намемонанд…

Старекс

HundayДар мусобиқаи "Формула-1", ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе бо иқдоми Кумитаи Олимпии ҷаҳонӣ бори аввал мегузарад, автомашинаи мусофиркаши "Старекс" ногаҳон ба пойгаҳ ворид шуда, ғолиб баромад. Ин микроавтобус на танҳо аввалин ба марра расид, балки дар роҳ 5 мусофир низ савор кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97