Инсон бо ҳарфи бузург!

Фарҳанг ва адаб 19.02.2011 11:39

ГЕНЕРАЛЕ ХОКСОРУ ФАРҲАНГДӮСТ

Saidamir_ZuhurovВақте ба мусоҳиба бо Сайидамир Зуҳуров мерафтам, дар фикр будам, ки бо ӯ бояд чӣ тавр, дақиқтараш бо кадом лаҳну шева сӯҳбат бикунам. Албатта ман хеле дар борааш шунидааму хондаам. Медонистам, шахси хеле донишманду бофарҳанг аст, аммо боз ҳам аз шахсияти низомӣ буданаш андеша мекардам.

Вале баръакси тамоми интизориҳоям, ӯро аз лаҳзаи аввал хеле самимиву бофарҳанг дарёфтам.  

 

Баробари оғози сӯҳбат, лаҳну шеваи гуфтораш, ки хеле ботамкину самимӣ буд, нигарониамро бартараф кард. Дар оғоз он суолеро, ки ҳамеша дар зеҳнам буд, аз ӯ пурсидам, ки чаро афроди низомӣ дағалу хашин ҳастанд, ҷавобам гуфт:

- Шахсоне, ки дағалу хашин ҳастанд, дар зиндагӣ одамони тасодуфианд. Албатта кору фаъолияти афроди низомӣ хеле мушкил аст, аммо бо вуҷуди ин, ҳар инсоне бояд кору аъмолу гуфтори худро назорат карда тавонад, ба хусус роҳбарон. Пеш аз тасмим гирифтан сари ҳар кору иқдом бояд амиқ сари он андеша кунад ва пас аз он ба он кор даст бизанад. Масалан, зердастоне ҳастанд, ки аз уҳдаи кор намебароянд ё ба ягон иштибоҳи дағал роҳ медиҳанд. Ман дар чунин ҳолат ҳатман бо он корманд сӯҳбат мекунам, худамро дар ҷойи ӯ тасаввур мекунам, кӯшиш мекунам сабабҳои ба ин кор даст заданашро пайдо кунаму мушкилро хуб омӯхта, хулосаи дурусте барорам.

Агарчи ҷаноби Зуҳуров доштани ҳамсабақону ҳамкорони хубро аз толеъаш медонад, аммо ба фикри ман, ахлоқу одоби ҳамидааш бештар бойиси пайдо кардани дӯстони хубаш шудааст. Шахсияти худаш хеле боло ва бойиси ситоиш аст. Ӯ ба ҳама бо чашми нек менигарад.

ЗУҲУРОВ АЗ НИГОҲИ ҲАМКОРОН

Яке аз собиқ зердастонаш, ки имрӯз ба комёбӣ даст ёфтааст (аз бурдани номаш худдорӣ кард) аз таълиму тарбия ва ғамхории падаронаи устодаш Сайидамир Зуҳуров изҳори сипос карда, гуфт:

- Ман таҳти раёсати бисёр одамон кор кардаам, аммо чунин раҳбари меҳрубону ғамхор мисли ӯ то ҳанӯз надидаам. Имрӯз худам ҳам ба мартабаҳои баланд расидаам, мехоҳам раисе мисли ӯ бошам. Ҳар чӣ кӯшиш мекунам, аммо хеле мушкил аст. Гоҳе ӯро нороҳат меёфтам ё медидам серкор аст, мехостам ягон кораке барояш анҷом бидиҳам ва ҳар вақт барояш кӯмаки ночизи худро пешниҳод мекардам. Ҳамеша як чиз мегуфт: "Ба ҳамсару фарзандон, падару модар ва дигар шахсони наздикат ҳар чӣ қадаре метавонӣ дасти ёрӣ дароз бикун, ақалан барояшон як меҳрубонӣ бикун, ман аз ту як ҷаҳон розӣ мешавам. Бо рӯҳи болидаву хотири ором ва аз самими дил ба кор биёӣ, барои ман беҳтарин хидмат аст". Ман бо имони комил гуфта метавонам, ки ба тамоми ҳамкорону зердастонаш дар ҳар сохторе кор карда бошад, чунин посух мегуфт.

Чун бештари ҳамкорони Зуҳуров кормандони амниятӣ ҳастанд, бо талаботи вазифаашон гуфтанд, ки маҷбуранд аз гуфтани номашон худдорӣ бикунанд. Зердасти дигараш ба ёд меорад: "Рӯзе бо яке аз муовинони идора даргир шудаму ӯ маро фавран аз кор озод кард. Хеле озурда будам. Ин хабар ба раис Зуҳуров расиду маро ба наздаш хонд ва аз асли воқеъа пурсон шуд. Пас аз шунидан, иштибоҳотамро хеле нарм фаҳмонду гуфт, ман бо муовин сӯҳбат мекунам, ту коратро идома бидеҳ. Баъд фаҳмидам, ки муовинро низ ба ҳуҷраи кораш даъват карда гуфтааст, ки "ман ба он корманде, ки аз кор озодаш кардаӣ, хатояшро фаҳмонда, ӯро ҷазо додам. Фикр мекунам ин барояш кифоят мекунад, бигзор кор кунад". Ҳарчанд муовин ҳуқуқи аз кор озод кардани маро надошт ва ӯ ин корро худсарона карда буд, вале ман ҳам дар навбати худ ба дағалӣ роҳ додаам. Аммо Сайдамир Зуҳуров ин қазияро хеле хуб ва ба осонӣ ҳал кард, ки ҳам ман розӣ будаму ҳам муовин.

Ӯ БАР МАРГИ ҲАР САРБОЗ АШК МЕРЕХТ

Дар ҳамин росто, Ширинбек Мирзоев, муовини сардори шӯъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ВКД, ки солҳои раҳбарии Сайидамир Зуҳуров дар ин вазорат фаъолият мекард, аз ҳамкорӣ бо ӯ хотироти хуберо ба ёд овард. Вай бо таъкид гуфт, ки ҷаноби Зуҳуров ҷавононро хеле дастгирӣ мекард. Хеле мехост мутахассиси хуб бошанд. Барояшон ҳамеша мисли падар маслиҳат медоду насиҳат мекард. Ҷаноби Мирзоев мегӯяд: "Зуҳуров як шахсияти поку беолоиш аст, бинобар ин маслиҳатҳое, ки бароямон медод, он қадар ба диламон роҳ меёфту дар зеҳнамон нақш мебаст, ки пас аз гузашти чандин сол тамоми суханонаш то имрӯз дар ёдам ҳаст ва ман дар таҷрибаи кору рӯзгорам аз он фаровон истифода мебарам". Ҳамчунин ӯ ба ёд меорад, чи тавр рӯзҳои мушкили кишвар Зуҳуров азоби рӯҳӣ мекашид, агар вазорат сарбозе ё кормандеро талаф медод, аз чашмонаш ашк мерехт. "Дар рӯзҳои хуш баробари мо хушҳолӣ мекард, агар рӯҳафтода мебудем, бароямон ягон чорабиние ё бо иштироки ҳунармандон консерт баргузор мекард ва маҷбур мекард, ки бо аҳли хонаводаамон омада якҷоя, бо ҳам хушиву хурсандӣ кунем, ё ҳар коре метавонист барои рӯҳбаландии мо анҷом медод".

УСТОДИ САХТГИР ВА ДӮСТДОРИ ҶАВОНОН

Zuhurov_SaidamirХуди ҷаноби Зуҳуров дар ин маврид мегӯяд: "Роҳбар ҳақ надорад дар дил кина парварад ё ягон зердасташро таҳқир бикунад, зинҳор ва зинҳор ин корро кардан мумкин нест. Ҳар роҳбаре ба ин кор даст мезанад, ин нишонаи он аст, ки ӯ аз уҳдаи раисӣ баромада наметавонад. Ба хусус, агар роҳбар зӯргӯӣ кунаду суханҳои қабеҳ бигӯяд. Усулҳои зиёди сарварӣ аст, ки ба фикрам, барои ҳар як роҳбар донистани онҳо ҳатмист".

Шогирди дигараш, ки ҳоло дар як ташкилоти бонуфуз кор мекунад, як дигар хислати ӯро қисса кард, ки бароям хеле ҷолиб буд. "Маъмулан устод тарбияи ҷавононро дӯст медорад ва инро хеле хуб анҷом медиҳад. Дар фурсати кӯтоҳ метавонад аз як ҷавони оддӣ мутахассиси хубе тайёр кунад. Табиист, ки талабгорони мутахассисони хуб дар ҳама ҷо зиёданд. Ва бар ивази ҳар маблағе омода ҳастанд, онҳоро ба кор ҷалб кунанд. Барои ман ҳам пас аз як муддат кору фаъолият бо устод дар ҷойе кор пешниҳод карданд. Наметавонистам, дақиқтараш метарсидам, ки аз ин хабар устод нороҳат мешавад. Аммо устод пас аз як муддат эҳсос кард, ки ман дар дуроҳа қарор дорам ва асли қазияро аз ман пурсон шуд. Бо қалби пур аз изтироб, ки мабодо аз ман озурда шавад, асли воқеъаро барояш нақл кардам. Дар охир аз маъош дар он коргоҳ пурсид. Дар посух гуфтам, нисбат ба ин ҷо ба маротиб баландтар аст. Хеле ҷиддӣ ва бодиққат ба суханонам гӯш медод. Якбора лабханде заду гуфт: "Ин қадар пешниҳоди хуб бароят шудааст, пас чаро то ҳол инҷоӣ, фавран аризаатро бинавис, худи ҳозир аз кор озодат мекунам, бирав аз паи кору зиндагиат шав". Ман аз ин рафтори устод дар ҳайрат будам, чун на ҳар роҳбар мехоҳад мутахассиси хубашро аз даст бидиҳад. Бузургиаш низ дар ҳамон аст, ки ӯ беш аз худ ба ҳоли ҷавонон меандешад. Бо эҳсоси хиҷолат аз ӯ пурсидам, ки магар ин хуб аст, ки шумо маро ин қадар тарбият кардеду акнун ман ба ҷойи дигар меравам. Бо ҳамон хоксориаш посух дод: "Ин ҳам муваффақияти ман аст, ки шогирдони маро дар ҷойи дигар қадр мекунанд, ин маънои онро дорад, ки заҳмати маро қадр  кардаанд. Ғами маро нахӯр, ман як ҷавони дигареро ба ҷои ту ба кор гирифта, ӯро низ тарбият мекунам".

ГЕНЕРАЛ  АЗ КӮДАКӢ ХОТИРОТИ ХУШ ДОРАД

Дар ҳоли ҳозир дар Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки роҳбариашро Сайидамир Зуҳуров бар ӯҳда дорад, низ курсҳои махсуси мутахассиси ҷавон ташкил шудааст, ки ҳар ҷавони ин коргоҳ дар ин курсҳо кор омӯхта ва пас аз 3- 4 моҳи таҳсил шахсан худаш аз онҳо имтиҳон мекунад. Шогирдони курси мазкур мегӯянд, Зуҳуров устоди бисёр сахтгир аст ва танҳо як усул дорад, "хондан ва танҳо хондан. Ҳар чизе, ки мехоҳед дар ҳаққи ман бигӯед, ман қабул дорам, аммо бихонед!"

Тақдири баъзе инсонҳо чӣ қадар ҷолиб аст. Ӯ аз кӯдакиаш бо ифтихор ёд меорад, ки чӣ тавр дар деҳа каҳдаравиву ҳезумкашӣ мекардаасту ба подабониву аспсаворӣ мерафтааст. Ба назари ман, зиндагии деҳот басо мушкилу душвор менамояд, аммо генерал Зуҳуров даврони зиндагии деҳаро он қадар бо шавқу муҳаббат ба ёд меорад, ки чашмонаш барқ мезананд. Чун фарзанди кӯҳистон аст, кори деҳқониро низ хеле дӯст медорад. Ҳарчанд дигар белу каланд барои дастонаш бегона шудааст, аммо боз ҳам кӯшиш мекунад, онҳоро ба даст гирифта ба киштзор барояд.

СИПОСИ ГЕНЕРАЛ  БА ҲАМСАРАШ

Аслидин Розиқов, ҳамсабақ ва дӯсти овони ҷавониаш мегӯяд: "Зуҳуров ҳанӯз дар аёми донишҷӯйӣ фаъол ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ буд. Аммо беш аз ҳама самимияташ дили ҳамаро тасхир карда буд. Ҳатто то имрӯз, навобаста ба он ки серкор аст, ба ҳамкурсон занг зада аз онҳо ҳолпурсӣ мекунад ва ташкилкунандаи ҷамъомаду нишастҳоямон аст. Хеле марди хоксору самимист. Дари хонааш ҳамеша ба рӯйи меҳмонҳо боз аст. Ҳамсараш бисёр зани меҳмоннавоз аст. Фарзандонаш низ мисли худаш хоксоранд. Ман боре дар ҷое нашунидаам, ки фарзандонаш ба кадом кори ношоистае даст зада бошанд".

Хабарнигорони зиёд мехоҳанд бо ӯ сӯҳбат кунанд, шахсияташ барои бисёриҳо арзишманд ва лоиқи пайравист. Вале аз онҳо мегурезад, аз таърифу тавсифи матбуот канораҷӯйӣ мекунад. Мехостам дар бораи ҳамсару фарзандонаш сӯҳбат кунам, аммо нахост. Танҳо чанд ҳарфе дар бораи ҳамсараш гуфт: "Аз ҳамсарам як ҷаҳон сипосгузорам. Ман марди кору сафар ҳастам. Дар  муваффақияту пешрафтҳоям то ҷое ҳамсарам ҳиссагузор аст. Ӯ тамоми бори гарони рӯзгорро бар дӯши худ гирифтааст, то ман битавонам корҳоямро пеш бубарам. Фарзандонамонро амалан худаш ба воя расонд".

ГЕНЕРАЛ ЗУҲУРОВ ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД

Ahmadshohi_MasudКоршиносон аз муносибати хуб доштани Зуҳуров бо шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд арзиш қойиланду яке сабабҳои қавитар шудани равобити Тоҷикистону Афғонистонро дар равобити хуби Сайидамир Зуҳуров бо Масъуд медонанд. Албатта дар ин маврид чанд мақолае ҳам ба чоп расидааст. "Саҳм ва хидмати Аҳмадшоҳи Масъуд дар сулҳи тоҷикон хеле зиёд ва арзанда буд. Фикр мекунам, агар Аҳмадшоҳ намебуд, сулҳи мо ҳам ин қадар ба осонӣ даст намедод. Маҳз саъйю талоши Аҳмадшоҳ буд, ки музокироти тоҷикон ба муҳлати дарозу баҳсу баррасиҳои бемаъно тӯл накашид. Воқеъан дар он замон дар баробари музокироти сулҳ дар кишварамон тирпарониву қатлу ғорат ва вазъияти ноором идома дошт. Масъуд мегуфт, Афғонистон солҳои наздик сулҳро намебинад, аммо биёед якҷоя Тоҷикистонро ором кунем, ба ин сарзамин сулҳро биёрем. Аҳмадшоҳ як шахси фавқулода буд. Медонед, ӯ  таҳсилоти олӣ надошт, аммо аз ҳазорҳо олимону профессорон чӣ дар соҳаи сиёсат, фалсафа, таърих, илми низомӣ ва чӣ хислатҳои инсонӣ ба маротиб боло буд. Ӯро мактаби зиндагӣ, таҷрибаи рӯзгор ба ин мартаба расонда буд", - бо муҳаббат мегӯяд генерал Зуҳуров, ки худ низ ба ин мартаба расидааст. Дар ин раҳгузар порашеъре ба ёдам омад, "дар ин дунё ду- се марданд, ки қадри мард медонанд", ки бозгӯи ҳоли худи Зуҳуров аст.

ШАРҲИ ҲОЛИ ГЕНЕРАЛ ЗУҲУРОВ

Генерал- полковник Сайидамир Зуҳуров, пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории Душанбе дар соли 1975, то соли 1977 дар ноҳияи Фархор ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Солҳои 1969- 71 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат карда ва дар синни 26 солагӣ ӯро ба мақомоти амният ба кор даъват кардаанд. Солҳои 1977- 78 шунавандаи курси олии Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, 1978-81 корманди шӯъбаи амният дар ноҳияи Ленинград (ҳоло Мӯъминобод), 1981-82 шунавандаи  Донишкадаи ба номи Андропови лояти Кӯлоб, 1990-91 корманди амният дар шаҳри Маскав, 1991- 92  сардори шӯъба, муовини сардори Раёсати амнияти давлатӣ дар вилояти Хатлон, 1992- 95  раиси КДАМ, вазири амнияти Тоҷикистон, 1995- 96 вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 1996- 99 вазири амнияти Тоҷикистон, 1999- 2005 муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, 2005- 2006 раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, аз декабри соли 2006 сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон.

 

Шаҳнози КОМИЛЗОДА

 

Аз "Миллат":

Ин матлаб ба муносибати 60-умин солгарди зодрӯзи ин марди сиёсату фарҳанг таҳия шудааст. Аҳли эҷоди "Миллат" Сайидамир Зуҳуровро ба муносибати саннаи мубораки 60- умин зодрӯзаш шодбош мегӯянд!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97