Муллои тоҷик ва амнияти миллӣ

Фарҳанг ва адаб 16.02.2011 16:16

Ё боз Абӯҳанифа ва ал - Бухорӣ аз ин хок бармехезад?

Mullo_va_Amniyati_milliОё таҳсили динӣ дар хориҷа падидаи моҳиятан манфист? Мушкилаи давлат дар танзими ин масъала кадом аст? Як домуллои муъосири ҳанафии тоҷик бояд дорои чӣ сифатҳо бошад?

 

Таносуби як домуллои тоҷик бо амнияти миллии кишвар дар чист? Оё Тоҷикистон метавонад шабакаи худии таълими муъосири диниро эҳё намояд? Натиҷаҳои он чӣ гуна хоҳанд буд? Ин саволҳоест, ки дар навиштаи зерин муаллиф ба онҳо посух ҷӯстааст.

Имрӯз мардуми мо огоҳиҳои умумии динии худро аз хонавода, аз муҳити атроф, аз масҷидҳо, мактабҳо, маҳфилҳо, диску наворҳо, воситаҳои ахбори умум, сомонаҳои интернетию китобҳо ва ғайра касб мекунанд. Дар маҷмӯъ, ҳоло дар Тоҷикистон иттилооти умумии динӣ ба ҳадди зарурӣ дастрас мебошад. Вале дар бахши таълимоти касбӣ ва ихтисосии динӣ вазъият бисёр ҷиддӣ ва ислоҳталаб аст. Масъалаи асосии соҳа дар ин аст, ки имкониятҳои расмии мавҷуда барои гирифтани маълумоти ихтисоси динӣ барои таъминоти тамоми талаботи рӯзафзуни ҷомеъа ба чунин маълумот кифоя нестанд. Бале, барои омор ва гузориш метавон гуфт, ки мо донишкада ва 18 мадрасаи динӣ дорем, вале ба муаллифони чунин гузоришҳо низ рӯшан аст, ки вазъи ин муассисаҳои таълими динӣ то чӣ ҳадд ногувор аст. Муҳимтарин нуктае, ки баёни он тамоми вазъияти шабакаи расмии таълими динии моро нишон медиҳад, ин аст, ки феълан он қудрати тарбияи рӯҳониёни баландихтисосу муосирназари диниро надорад, яъне аз иҷрои муҳимтарин нақши худ оҷиз аст. Бисёр эҳтимоли заъиф аст, ки аз ин вайрона дигар Абӯҳанифае берун ояд ва ё Бухориву Тирмизию Мотурудию Насафие бархезад ва ё дар он Донишу Айние ташаккул ёбад...

Ин аст, ки бахше аз касоне, ки дар пайи дарёфти таҳсили амиқу муъосиру  тахассусии динӣ ҳастанд, дар ҷустуҷӯи он ночор ба хориҷ рӯ меоранд. Ва ҳамин тавр, масъалаи боз ҳам ҷиддитар оғоз меёбад, масъалаи таҳсили динии ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар… Албатта, омилу кашишҳои дигаре низ ҳастанд, ки ин масъаларо пеш меоранд, вале муҳимтарини онҳо ҳамин омили дохилист.

Оё таҳсили динӣ дар хориҷ бад аст?

Таҳсили динии ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар имрӯз ба яке аз мавзӯъҳои ҷиддӣ ва пурбаҳси муҳити диниву сиёсию хабарии дохилӣ ва хориҷӣ табдил шудааст. Вале, агар мо бихоҳем, ки дар ин бора назари мустақили миллии худро ташаккул бидиҳем, бояд пеш аз ҳама ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ намоем:

1.Таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ва аз ҷумла, таҳсили динии онҳо дар марказҳои илмии исломӣ як падидаи деринаи таърихиву фарҳангии мо буда, ба худии худ як падидаи манфӣ нест ва набояд ба он нигоҳи мутлақан манфӣ дошта бошем. Ҳатто тарҷумаи ҳолу рӯзгори аксари фарзандони бузурги миллат, ки имрӯз бо номи онҳо ифтихор дорем, худ нишондиҳандаи ин воқеъият аст, ки таҳсил дар хориҷи кишвар ҳамеша бахше аз робитаҳои илмиву фарҳангии мо ба ҷаҳон будааст ва хоҳад буд.

2.Аз сӯи дигар, худи ислом низ мусулмононро ба сафар барои ҷустани илм (ҳамаи илмҳои судманд) ташвиқ мекунад ва ин амал пояи устувори ақидатӣ дорад. Тибқи таълими исломӣ мусулмон илмро бояд чун «ганҷинаи гумкардаи худ» дар ҳама ҷо ҷӯяд ва пайи ҷустани он «ҳатто ба Чин» биравад. Дар ҳадиси саҳеҳ касоне, ки дар роҳи сафари илмӣ азоб кашанд, савоби ҷиҳодро мегиранд ва агар ҳалок гарданд, ҳукми шаҳид мегиранд. Табиист, ки новобаста аз хоҳиши мо, ин фармудаи исломӣ рӯи иродаи баъзе аз мусулмонон барои анҷоми сафари таҳсилӣ ба хориҷ таъсире амиқ мегузорад.

3.Дар асри ҷаҳонишудан ва густариши робитаҳои гуногуни инсонӣ таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар миқёси боз ҳам васеътареро касб мекунад ва ҳеҷ гуна талоши пешгирии мутлақи он натиҷаи ҷиддӣ нахоҳад дошт. Аз ин рӯ, бояд гуфт, ки андешаи ба низом даровардани таҳсили динии ҷавонон дар хориҷ усулан як андешаи дуруст буд, вале шеваи иҷрое, ки мо ба намойиш гузоштем, то ҷое ибтидоӣ ва хиҷолатовар буд.

4.Ҳангоми сухан дар бораи таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар набояд фақат рӯи пайомадҳои таҳсили онҳо дар кишварҳои исломӣ ҳассосият нишон бидиҳем, зеро барои кишвари мо таҳсили ҷавонон дар кишварҳои ғарбӣ низ метавонад асарҳои хоссаи худро дошта бошад. Дар ин масъала, набояд пиндошт, ки Лондону Вашигтону Париж барои фарҳангу давлатдории мо худитару аминтар аз Мадинаю Теҳрону Исломобод ҳастанд. Хусусан, дар ҳоле ки бахше аз ҷавонони мо дар Ғарб низ дар риштаҳои фикриву сиёсию динии ғарбӣ таҳсил менамоянд.

5.Тавре гуфтем, таҳсили динии ҷавонон дар хориҷи кишвар дар кулл, падидаи манфӣ нест, вале таҳсили онон дар баъзе марказҳои диние, ки илова бар илмҳои исломӣ, ақидаи сиёсиву мазҳабии хосси худро низ ироъа мекунанд, дар ҳақиқат ҷойи тааммул дорад. Албатта, маркази таълимии динии холӣ аз ақидаву идеология дар кулл вуҷуд надорад, вале масъалаи асосӣ он аст, ки таҳсилдидаи тоҷик пас аз бозгашт то чӣ ҳадде дар пайи нашри он навъи биниши динию сиёсӣ дар Тоҷикистон мешавад.

Яъне, мо набояд нисбати тамоми касоне, ки дар хориҷ таҳсил гирифтаанд, шакку гумон дошта, ҷомеъаи худро бо дасти худ аз як нерӯи бузурги зеҳнӣ маҳрум созем. Балки, бояд мушаххасан, дар бораи марказҳои муайяни таълимӣ ва афроди муайяне, ки пас аз бозгашт фаъолияти муайянеро анҷом дода бошанд, сухан гӯем ва қазоват намоем. Ин аст, ки мавқеъи мо нисбати таҳсили динии ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар бояд дар доираи манфиатҳои миллии кишвари худамон ташаккул ёбад. На дар заминаи рӯйхату ахбору филмҳои ҳадафманду ғаразноки ғарбӣ, ки дар онҳо ҳар чизе, ки исломӣ бошад, манфӣ ва хатарнок тасвир карда мешавад. Ва, мутаассифона, чуноне ки гоҳе ба назар мерасад, зери таъсири ин ахбору ин рӯйхату ин таҳлилҳо худамон ба худамон дар набард қарор мегирем.

Таҳсили динии хориҷӣ ва амнияти миллӣ

Вақте ки дар бораи робитаи таҳсили динии ҷавонони тоҷик бо амнияти миллии кишвар меандешем, ин ҷо низ бояд гуфт, ки таҳсили динии хориҷӣ дар нафси худ барои амнияти миллӣ хатаровар нест. Бархӯрди воқеии ин масъала ба амнияти миллии кишвар вақте оғоз меёбад, ки агар дарсомӯхтагони мазкур дар доираи омӯхтаҳои сиёсиву ақидатии худ ба таблиғу фаъолияти дастаҷамъиву шабакавӣ дар дохили Тоҷикистон оғоз намояд. Дар чунин сурат дар дохили фазои динии кишвар бӯҳроне оғоз мегардад, ки ба осонӣ ба бӯҳрони васеъи фикрӣ ва сиёсӣ табдил мешавад. Ва масъала аз як баҳси фиқҳию ақидатии дарунидинӣ ба баҳси ҳуқуқию сиёсӣ ва давлатӣ табдил мегардад.

Сурати умумии ин бӯҳрон чунин аст, ки бинобар омилҳои таърихӣ аксари кулли мардуми Тоҷикистон аз мазҳаби ҳанафии динии ислом пайравӣ намуда, мутаассифона, то имрӯз таҷрибаи амалии ҳамзистии бисёрмазҳабиро касб накардааст. Илова бар ин, маърифати пасти динии ҷомеъа ҳассосияти баҳсҳои мазҳабиро боз ҳам бештар намуда, шиддати онро дучанд мегардонад. Дар чунин ҷомеъа, набарди «ҳақиқатҳо»-и мазҳабӣ, ки ба суръат аз маҳфилҳои динӣ ба сатҳи куллии ҷомеъа мегузарад, муҳити ягонаи диниро ба чанд ҷабҳа дастабандӣ намуда, онҳоро дар муқобили ҳам қарор медиҳад.

Аз тарафи дигар, таҷрибаи таърихӣ ва ҷаҳонӣ ба рӯшанӣ нишон додааст, ки низоъҳои мазҳабӣ ба осонӣ аз баҳсҳои лафзӣ ба бархӯрдҳои физикӣ гузашта, ба низоъҳои амиқу хунин табдил мегарданд. Ин воқеъиятро имрӯз метавон дар мисоли кишварҳои Покистон, Ироқ, Лубнон ва ғайра мушоҳида намуд. Ба болои ин, нирӯҳои хориҷӣ, ки дар ин кишварҳо манфиатҳои хоссаи худро доранд, аз низои мазҳабӣ истифода намуда, бо тезонидани он ва ноором доштани ин ҷомеъаҳо манфиат ва заминаи ҳузури худ дар онҳоро низ таъмин менамояд. Чизи дигаре ки аз таҷрибаи таърихӣ ва ҷаҳонӣ бармеояд, ин аст, ки низоъи мазҳабӣ роҳи ҳалли осон надорад ва хусусан, бо дахолати давлату артишу полис ҳал кардани он ғайриимкон мебошад. Ҳамон гуна, ки Бедил ишора карда буд: «Тӯфон магар аз уҳдаи мазҳаб бадар ояд!…»

Ин ҷост, ки дар чунин шароит масъалаи беозоре чун таҳсили динии хориҷӣ гоҳо ба масъалаи печидае чун низои мазҳабӣ дар марҳилаи баъдӣ ба масъалаҳои боз ҳам печидатаре чун суботи ҷомеъа ва амнияти миллӣ рабт меёбад. Ва ин ҷост, ки масъала аз марзи як масъалаи диниву ақидатӣ ба сатҳи як масъалаи сиёсию амниятиву давлатӣ мебарояд.

Мушкилаи давлат чист?

Пас, вақте муҳити динӣ дар остонаи як низои байнимазҳабӣ қарор мегирад ва низои мазҳабӣ ба таври мустақим ба суботи ҷомеъа ва амнияти миллии кишвар таҳдид мекунад, мавқеъи давлат бояд чӣ бошад? Дар ин масъала давлат бо мушкилаи зерин рӯ ба рӯ мегардад: Дар нигоҳи аввал, баҳс баҳси дарунидинист ва давлат давлати дунявию демократӣ, пас мантиқан, давлат салоҳияти доварӣ дар онро надорад. Илова бар ин, давлат аз абзорҳои ҳуқуқӣ ва салоҳияти коршиносии дохалату доварӣ дар ин баҳс маҳрум мебошад. Яъне, давлат, хусусан, давлати дунявӣ, ҳаргиз довари мазҳабӣ нест ва ҳаргиз набояд ва наметавонад ташхис диҳад, ки масалан, дар ин ё он баҳси шаръӣ ҳанафиён ҳаққанд ё салафиён.

Сониян, давлат давлати демократӣ эълон шудаю озодии виҷдон ва гуногунии ақидаро дар сатҳи Қонуни Асосӣ кафолат додааст. Аз ин рӯ, он моҳиятан наметавонад, ҳамчун як тарафи низоъ аз як мазҳаб дар баробари мазҳаби дигар ҳимоят намояд. Агар чунин бикунад, давлати дунявию демократӣ дар муқобили моҳияти эълоннамудаи худ қарор мегирад.

Пас, давлат бояд чӣ кор кунад?

Оё давлат ба хотири риояти ду асли боло нақши тамошогари низои мазҳабиро ихтиёр намояд ва бигзорад, ки ин низоъ ҷомеъаро пора сохта, суботу амнияти кишварро баҳам занад? Дар ҳақиқат, тасмимгирӣ дар ин масъала барои давлат бисёр мушкил аст. Вале чун давлат дар баробари масъули таъмини озодии виҷдон ва гуногунии ақида будан, ҳамчунин, масъулияти таъмини суботу амнияти кишварро низ ба дӯш дорад, маҷбур аст ба ин вазифаи худ низ амал бикунад. Ҳар гоҳ масъала ба таври мустақим ба ваҳдати кишвар, суботи ҷомеъа ва амнияти миллӣ дахл ва таҳдид менамояд, давлат ҳамчун масъули аслии посдори ин аслҳо бояд аксуламал нишон диҳад. Дар чунин сурат бетарафӣ ва тамошогарии давлат ба маънои бесалоҳиятӣ ва ба вазифаи аслии худ амал накардани он мебошад.

Пас, давлат ҳаргиз нисбати равияву мазҳабҳо аз назари ҳаққу ноҳаққ будани онҳо мавқеъгирӣ намекунад, балки онҳо вақте мавзӯъи аксуламали давлат қарор мегиранд, ки бо фароҳам овардани низои байнимазҳабӣ бойиси таҳдид ба суботу амнияти миллӣ гарданд. Яъне, ҳеч мазҳабу ҳаракат ҳамчун фикр ва ақида маҳдуд ё манъ намешавад, балки он фақат дар сурати табдил шудан ба ҳаракати муташаккиле, ки ба суботи ҷамъӣ таҳдид меофарад, манъ мегарданд. Ин ҳам марз ва ҳам меъёри ягонаи маҳдуд гаштани фаъолияти он гуна ҳаракату равияу мазҳабҳост. Вале агар давлат барои шаҳрвандони худ маҳзи доштани фикре, ақидае ё мазҳаберо манъ намояд, он дар ҳақиқат хилофи ҳамаи ҳуқуқҳои фитриву табиии инсон ва хилофи моҳияти худи давлати демократӣ мебошад.

Аз сӯи дигар, ба таври сунъӣ, аз ҷумла, бо роҳи маҳдудсозии ҳузури мазҳабҳои дигар ҳифз намудани фазои якмазҳабии кишвар наметавонад як иқдоми доимӣ бошад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ омезиши дидгоҳу бардоштҳои гуногуни динӣ як амри табиӣ ва назоратнопазир гашта, аз сӯи дигар, таъмини асли озодии виҷдон ва плюрализми фикрӣ низ шароитро барои ошноӣ ва гароиши бахшҳои алоҳидаи мардум ба равияву мазҳабҳои дигари исломӣ ва ғайриисломӣ фароҳам менамояд. Маҳз дар чунин муҳиту воқеъият таъмин намудани шароити ҳамзистиву таҳаммулпазирии байни ақидаҳои гуногун низ аз вазифаҳои аслии ҳар давлати масъулиятшинос аст.

Оё роҳи ҳалли дигаре низ ҳаст?

Вале маълум аст, ки то замони дар дохили кишвар фароҳам нагаштани шароити дастрасӣ ба маълумоти ҷиддиву касбии динӣ, рафтани ҷавонон ба таҳсилоти динии хориҷӣ чӣ аз роҳҳои расмӣ ва чӣ аз роҳҳои ғайрирасмӣ идома меёбад ва масъалаи мазкур низ ҳамчунон давом хоҳад ёфт. Пас, посухе, ки мо то имрӯз дорем, посухи давлатист, ки он лозим аст, вале кофӣ нест.

Пас, дар чунин сурат чӣ бояд кард? Ба назари банда, яке аз муҳимтарин ва ҷиддитарин корҳое, ки мо метавонем барои ҳалли дарозмуддати ин масъала анҷом диҳем, ин аст, ки дар канори посухи давлатӣ ба ин масъалаи печида бояд посухи динӣ низ бидиҳем. Ва ҷиддитарин посухи динӣ ба ин мушкила эҳёи шабакаи комили таълимоти воқеъии динӣ дар дохили Тоҷикистон мебошад. Ин ба он маъност, ки бояд дар дохили худи Тоҷикистон шароити кофӣ фароҳам гардад, ки тамоми хоҳишмандон битавонанд тамоми зинаҳои таҳсилоти диниро, аз ибтидоӣ то олию тахассусӣ дар сатҳи навтарину болотарин меъёрҳои таҳсилоти динии ҷаҳони муъосир озодона ва ба таври расмию қонунӣ фаро гиранд. Ин ягона роҳи ҳалли ҷиддиву устувори масъалаи таҳсили динии ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар ва масъалаҳои сиёсиву амниятии марбут ба он аст.

Албатта, ба вуҷуд овардани як шабакаи комил ва муъосири таълимии динӣ кори осон набуда, имконияти бисёр ҷиддии моддиву маънавиро тақозо мекунад.  Вале Тоҷикистон на танҳо зарурат, балки имконоти воқеъии эҳёи чунин шабакаи фарогири таълимоти диниро низ дорад, ки он баҳсе муфассал аст.

Шабакаи таълими динии Тоҷикистон бояд чӣ гуна бошад?

1. Аз назари дараҷабандии таълимӣ ин шабака бояд тамоми давраҳои таҳсилиро фаро гирад ва хоҳишмандон тавонанд дар он маълумоти ибтидоӣ, миёна, ва ихтисосиро то сатҳи номзадиву докторӣ дар тамоми улуми динӣ ва диншиносӣ ба таври расмӣ ба даст оваранд.

2. Дар тамоми зинаҳои тамоми муассисаҳои таълимии ин шабака таҳсил дар асоси барнома ва стандарти ягонаи давлатӣ сурат гирад. Стандарти давлатии таълимии динӣ бояд дар доираи ақида, фиқҳ  ва суннатҳои таърихии мазҳаби ҳанафӣ ва дастовардҳои беҳтарини маорифи динӣ дар ҷаҳони муъосир таҳия гашта, сатҳи баланди илмӣ ва моҳияти амиқи диниву ахлоқӣ дошта бошад.

3. Муҳити илмӣ ва фазои умумии шабака бояд комилан динӣ буда, бар он арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ ҳоким бошад, зеро иқдомҳое чун маҷбуран модернсурат кардани донишҷӯёни муассисаҳои таълимии динӣ бойиси берӯҳӣ ва беқурбии шабакаи таълимии динӣ дар зеҳни ҷомеъа мегардад.

4. Сатҳи илмии динии муассисаҳои таълимии ин шабака дар ҳадде ба роҳ монда шавад, ки он тавонад дар сатҳи донишгоҳҳои бузурги исломии ҷаҳон эътироф гардад ва хатмкардаи он бояд дар сатҳи хатмкардаҳои он донишгоҳҳо саводи кофии динӣ дошта, дар фазои илмию динӣ рақобатпазир бошад.

5. Бинобар зарурат ва воқеияти кишвар, дар таркиби ин ҳавза бояд бахши омӯзиши мазҳаби исмоилия ва таҳсилу тарбияти ходимони динии исмоилӣ низ ба роҳ монда шавад. Зеро, аз як тараф, қисмате аз аҳолии мо ба чунин кадрҳо ниёз дорад ва аз тарафи дигар, дар дохили кишвар омода шудани уламо ва ходимони динии исмоилӣ низ як зарурати муҳимми давлатӣ мебошад.

6. Дар канори донишу ахлоқу маърифати баланди динӣ дар   муассисаҳои таълимии ин ҳавза бояд дарсҳои дорои моҳияти ҳуқуқӣ, ҷомеъашиносӣ, равоншиносӣ, омӯзгорӣ, сиёсатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва ғайраро низ ба шогирдон дар сатҳи шоиста омӯхта шуда, дар онҳо ҷаҳонбинии васеи муъосир, рӯҳияи шаҳрвандии кишвар ва мавқеи ватандӯстиву эътидолро парвариш намоянд.

Ҳамин тавр, дар ин ҳавзаи таълимӣ бояд шахсиятҳое тарбия ёбанд, ки онҳоро метавон рӯҳониёни муъосири ҳанафии тоҷик номид. Зеро маҳз чунин рӯҳонӣ метавонад посухгӯи ниёзҳои илмӣ, эътиқодӣ, маънавӣ, сиёсӣ ва амниятии ҷомеъаи мо бошад.

Рӯҳонии муъосири ҳанафии тоҷик бояд чӣ гуна бошад?

Дар ин ибораи чоркалимаӣ, яъне "рӯҳонии муъосири ҳанафии тоҷик", ки ин ҷо ба кор гирифтем, ҳар калима дар ҷои худ қарор дошта, ба яке аз хусусиятҳои зарурии кадрҳои динии ояндаи ҳавзаи таълими динии Тоҷикистон ишора менамояд. Истилоҳи рӯҳонӣ ба сатҳи баланди илму маърифати динӣ, умқи имону ақида ва салоҳияти маънавию ахлоқии хатмкардагон ишорат дорад, ки бидуни он тасаввури як рӯҳонии воқеӣ имконпазир нест. Зеро агар як рӯҳонии исломӣ ин сифатҳоро дар худ надошта бошад, ӯ рӯҳонӣ ва пешвои воқеъии динӣ нест, шояд диндон бошад, вале диндор нест, шояд исломшинос бошад, вале исломӣ нест.

Сифати муосир ба он маъност, ки рӯҳонии имрӯзи тоҷик дар канори сифати аввал, ҳамчунин бояд дониши васеи ҷамъиятӣ ва ҷаҳонбинии баланди муъосир низ дошта бошад. Ва ҳамон гуна, ки ислом талаб мекунад, дорои огоҳиҳои комил аз шароити макону замон бошад ва бояд худ ба як нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеъа табдил гардад. Зеро муллои шахшудаи иртиҷоӣ худ ба омили пасравии ҷомеъа табдил мешавад. Агар ба забони фаннӣ гӯем, рӯҳониёни исломӣ бояд на тормузи ҷомеъа, балки муҳаррики он бошанд. Муҳаррики рушду камоли ҷомеъа.

Истилоҳи ҳанафӣ дар ин ибора ба он маъност, ки бояд донишу маърифат ва ахлоқу маънавияти рӯҳонии муосири тоҷик дар доираи усулу ақида, суннатҳои илмӣ ва анъанаҳои ҳанафии мовароуннаҳрӣ ташаккул ёбад. Ин яке аз имтиёзҳои ин ҳавзаи таърихии таълими динист, ки дар он ахлоқи исломӣ на танҳо миёни уламои исломӣ, балки миёни мардуми оддии мусалмон низ ба фарҳангу урфи ҳамарӯза табдил шудааст, ки имрӯз низ то ҷое мушоҳида мешавад.

Калимаи тоҷик ба мавқеи шаҳрвандӣ ва ватандории рӯҳониёни ояндаи тоҷик ишорат дорад. Зеро надоштани мавқеъи фаъоли шаҳрвандӣ ва дарк накардани заруратҳо ва манфиатҳои миллии кишвар ва таваҷҷӯҳ надоштан ба масъалаҳои ватандориву давлатдории миллӣ яке аз эродҳоест, ки ҳамеша нисбати рӯҳониёни исломии мо дар асри ҳозир ворид гаштааст. Аз ин рӯ, рӯҳонии ояндаи тоҷик бояд манофеъ ва суду зиёни кишвари худро ба хубӣ шиносад ва аз он ҳимоят намояд.

Ин аст шарҳи кӯтоҳе бар чор унсури асосии ибораи "рӯҳонии муъосири ҳанафии тоҷик". Оре, ҷомеъаи мо ва кишвари мо маҳз бо чунин кадрҳои динӣ ва маҳз бо чунин уламои исломӣ бисёр ниёз дорад. Ин на танҳо як ниёзи динию фарҳангист, балки ҳамчунин, як ниёзи миллию давлатист.

Рӯҳониёни муъосири ҳанафии тоҷик ва амнияти миллӣ

Акнун бояд дид, ки нисбати рӯҳонии муъосири ҳанафии тоҷик бо амнияти миллии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд. Аҳаммияти ин масъала дар он аст, ки дар даҳсолаҳои охир маҳз набудани як ё чанде аз ин сифатҳои зикршуда дар рӯҳониёни исломии Тоҷикистон бойиси пеш омадани мушкилоти ишон бо амнияти миллӣ будааст. Вале дар сурати дорои ин чор сифат гаштани чеҳраҳои динии кишвар рӯҳониёни муъосири ҳанафии тоҷик худ моҳиятан ба як омили рушд ва ҳифзи суботу амнияти кишвар табдил хоҳанд шуд. Ин ҳолат аз он ҳолати даврони шӯравӣ, ки дар он мулло ҳамчун хабарчини амниятӣ истифода мешуд, комилан фарқ дорад, зеро ин ҷо худи шахсияти рӯҳонӣ бинобар сатҳу сифати баланди илмию маърифатию шаҳрвандие, ки касб мекунад, ба манбаъ ва омили ваҳдат, оромиш, субот ва таъмини амнияти ҷомеа табдил мешавад.

Ба таври мушаххастар, сифати рӯҳонӣ будан, яъне дорои илму маърифату ахлоқи баланди динӣ будан, боис мегардад, ки рӯҳонии исломӣ ҳаргиз мавқеи тунду хому эҳсосию низоъ надошта, бо шеваи некӯ ва мавъизаҳои ҳасана фаъолият намояд ва худ на манбаи низову парокандагӣ, балки унсури ваҳдату пайвандгарии ҷомеа бошад. Муъосир будани дидгоҳи чунин рӯҳонӣ бойис мегардад, ки ӯ диди тангу иртиҷоӣ надошта, бо шинохти огоҳонаи замону макон амал ва мавқеъгирӣ намояд ва бойиси бедорӣ ва пешбурди ҷомеъа гардад. Сифати ҳанафӣ будан бойис мегардад, ки ӯ бо шахсияту доираҳои динӣ, бо суннату анъанаҳои минтақа ва бо расму ойинҳои ҳанафиасоси мардуми мусалмони кишвар дар таззод қарор нагирад, балки узве ва ҷузве аз ҳамин муҳит ва унсури такмилдиҳандаи он бошад. Сифати тоҷикӣ доштани ӯ ба он маъност, ки вай мавқеъи шаҳрвандии як шаҳрванди Тоҷикистонро дошта, аз масоили ҷомеъа ва кишвар огоҳ бошад ва ба дарки манфиатҳои миллии кишвари худ мавқеъгирӣ намояд. Ҳамин тавр, рӯҳонии ҳанафии муъосири тоҷик шахсияте хоҳад буд, ки аз ҳеч назар ба фазои суннатии динии ҷомеъа, ба раванди рушди солими кишвар ва бо амнияту манфиатҳои миллии давлати Тоҷикистон ихтилофу бархӯрди усулӣ нахоҳад дошт.

Чунин рӯҳонии бомаърифату худогоҳро на ниҳоде ва на кишваре наметавонад дар хидмати муздуронаи худ бигирад, зеро сифати муздурӣ ба ӯ созгор нест. Ин аст, ки ӯ худ як унсур ва омили таъмини суботу амнияти ҷомеъаи худ хоҳад буд.

Анҷоми огоҳона ва ҷасурона ва сабуронаи ин барнома  ва фароҳам овардани тамоми шароит барои ташаккули рӯҳониёни худӣ, балки дар доираи Консепсияи миллии таълимоти динӣ тарроҳӣ намудан ва тарбият кардани домуллои муъосири ҳанафии тоҷик яке аз вазифаҳои муҳимм дар таъмини суботу амнияти миллии Тоҷикистон мебошад. Ин заруратро баъзе кишварҳои аврупоӣ низ солҳо пештар дарк намуда, барои тарбияти имомҳои мусулмонони худ дар дохил барнома ва сармоягузориҳои ҷиддии давлатиро анҷом медиҳанд, ки намунаи он кишвари Олмон аст.

Аз тарафи дигар, эҳёи чунин ҳавзаи таълимии динӣ дар минтақа ва ҷаҳони ислом таваҷҷӯҳи зиёде ба худ ҷалб хоҳад кард. Хусусан, дар давроне, ки ҷомеъаҳо аз афкори марказу равияҳои тунди динӣ ба танг омадаанд, ҳамчун маркази таълими афкори мӯътадилу муъосири ҳанафӣ шӯҳрат ёфтани Тоҷикистон бойиси якбора тағйири мусбат ёфтани симои (имеҷи) минтақавӣ ва ҷаҳонии кишвар низ хоҳад гашт. Ба ин восита, Тоҷикистон на воридкунандаи афкори  тунд, балки содиркунандаи афкори муъосиру мӯътадил ба тамоми минтақа мегардад. Ва ин мавзӯе дигар аст.

Ва дар ниҳоят, албатта, эҷоди як шабакаи воқеъии муъосири таълимоти динӣ дар Тоҷикистон барномае бисёр ҷиддӣ ва мураккаб буда, роҳи иҷрои он роҳе ноҳамвор ва пур аз монеъаҳо хоҳад буд. Вале, дар айни замон, тамоми омилу далелҳо ба он ишорат доранд, ки ин роҳ роҳи дурусти ҳалли масъалаи таҳсили динӣ ва таҳкими пояҳои дохилии суботу амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иқдоме мушкил, вале ҳаётӣ.

Инсонҳо ва давлатҳо барои наҷоти худ мушкилтарин корҳоро анҷом медиҳанд, агар зарурати ин наҷот ва наҷот будани ин тадбирро ба дурустӣ дарк намояд. Ва агар на, гоҳо аз набудани дарки дуруст, омили наҷоти худро бо дасти худ аз байн мебаранд.

Абдуллоҳи Раҳнамо 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97