Заргари бисёру Марями заркор дорад Кӯлоб

Фарҳанг ва адаб 16.02.2011 14:01

Zargari_02Заргарӣ яке аз ҳунарҳои маъруф ва қадимаи халқи тоҷик аст, ки тӯли ҳазорсолаҳои таърих то имрӯз боқӣ мондааст. Заргарӣ миёни мардуми тоҷик, бахусус, мардуми Хатлонзамин то ҳанӯз мақоми хоса дорад ва ҳанӯз ҳам таваҷҷӯҳи мардум нисбати ин касби аҷдодӣ зиёд шудан дорад.

Бояд гуфт, ки вазифаи ҳар як сокини ватандӯсти кишвар ин ҳифз намудани ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Бойиси таззакур аст, ки ин нуктаро сокинони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба хубӣ дарк кардаанд. Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки ҳунари заргариро тӯли чандин солҳо аз насл ба насл мерос гузошта, ба он ҳамчун касби бобоӣ арҷ мегузоранд.

Беш аз ним аср саргарми заргарӣ

Хонаводаи Шоинов, сокинони қасабаи Сариосиёби шаҳри Кӯлоб беш аз ним аср аст, ки ба заргарӣ шуғл доранд.

Марямбӣ Саидова, модари ин хонадон, ки 72 сол дораду ба қавле дар ҳалқаи фарзандону набераҳои дустрӯ давлати пирӣ меронад, ҳанӯз ҳам ишқаш ба ҳунари заргарӣ кам нашудаву машғули заргарист.

Холаи Марямбӣ аз нимаи солҳои 50 –уми асри гузашта то ин дам ба заргарӣ машғул буда, то имрӯз садҳо дастпарварони худро, аз ҳалқаи хешу табор ва хоҳишмандони дигар рӯи касби заргарӣ овардааст. Холаи Марямбӣ ҳунари заргариро аз ҳамсари шодравонаш Шоинов Исматуллло омӯхтааст. - Усто Исматулло заргариро аз бародараш усто Иззатулло омӯхтааст, - мегӯяд ин модари меҳрубон.

Марямбӣ ба сину солаш нигоҳ накарда, ҳамоно болои дӯкони заргариаш ва болои сари фарзандону наберагони ҳунармандаш чун офтоби ҳунари заргарӣ нурафшонӣ мекунад. Амина духари Марямбӣ мегӯяд; «модарам ҳанӯз ҳаводорони зиёди ҳунари худро доранд ва ҳоло низ аксарияти муштариён ҷавоҳироти бо дастони сеҳрофарин сохтаи худи ӯро талаб мекунанд».

 Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз

Zargari_01Холаи Марямбӣ изҳор дошт, пеш аз он, ки ӯро арӯси он хонадон карданд, оилаи Шоиновҳо ба заргарӣ машғул будаанд.

Аз хонадони Шоинов фарзандонаш Ҳасан, Шерафкан, Аминамоҳ, Ҳусниямоҳ ва набераҳояш Таманно, Наимҷон идомадиҳандаи касби бобоиашон- заргарӣ мебошанд, ки онҳо асли ҳунари заргариро аз модари хонадон, холаи Марямбӣ омӯхтаанд. Айни ҳол духтари Марямбӣ Аминамоҳ Шоиноваро дар шаҳри Кӯлоб ҳамагон ҳамчун як заргари моҳир мешиносанду қадр мекунанд. Ӯ дӯкони махсуси заргарӣ кушода, чанд тан аз дилбастагони ин ҳунари олӣ ва аҷдодии тоҷиконро он ҷо гирди ҳам овардааст, Аминамоҳ шод аз он аст, ки  тавонистааст, давомдиҳандаи ҳунари бобоиаш заргарӣ ва яке аз дастпарварони беҳтарини модараш бошад.

Ин оилаи ҳунармандон ҳамасола дар ҷашну идҳои миллӣ ва инчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок намуда, бо офаридаҳои худ борҳо нишон додаанд, ки ҳунари заргарӣ аз қадим моли мардуми тоҷик аст. Масалан, дар чорабиниҳои фарҳангии  соли 1995 дар Намоишгоҳи бахшида ба 680 солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соли 1999 дар ҷашни бошукӯҳи 1100 солагии давлатдории Сомониён, 26 майи соли 2002 дар Фестивали санъати тоҷик, 16 - 17 июни соли 2006 дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ ба ифтихори «Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ», соли 2007 дар ҷашни 2700 солагии шаҳри Кӯлоб, дар 15 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикон аз Ориё то Истиқлоли давлатӣ» иштироки фаъол намуда, соҳиби ҷойизаҳои олӣ гардидаанд.

 Илмаш ба амал чу ёр гардад…

Писари холаи Марямбӣ Ҳасан Шоинов устоди фанни таърих дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мебошад. Ӯ дар баробари он ки ба таълиму тарбияи шогирдон банд аст, боз ба заргарӣ низ машғул аст ва оид ба санъати заргарӣ чандин матлабу мақолаҳои  илмӣ низ таълиф кардааст. Масалан, Ҳасан Шоинов 24 июни соли 2006 дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 15 солагии Истиқлол дар шаҳри Кӯлоб, бо маърӯза дар мавзӯъи «Эҳёи касбҳои аҷдодӣ» суханронӣ карда, мақолаи ӯ худи ҳамон сол бо номи «Кӯлоб - маҳзари ҳунари заргарӣ» дар нашрияҳо мунташир шуд. Устод Ҳасан умедвор аст, ки эҳё ва рушди ҳунари заргарӣ метавонад дар рушду нумӯъи минбаъдаи кишвари соҳибистиқлоли мо саҳми боризе дошта бошад. Дар ин росто танҳо андак таваҷҷӯҳи бештар зарур асту бас.

 Оё ҳунари заргарӣ бозор дорад?

Дар минтақаи Кӯлоб, ки яке аз минтақаҳои калонтарин ва қадимтарини кишвар ба ҳисоб меравад, ҳанӯз бозор ё ҳадди ақал дӯкони махсуси ҳунарҳои мардумӣ ё саноеъи дастӣ, аз ҷумла заргарӣ, ки кори дасти заргарони минтақаро битавон он ҷо ҷамъоварӣ кард ва ҷавоҳироти сохтаи онҳоро ба мизоҷон дастрас намуд, вуҷуд надорад.

Ҳамоно ҳунари заргарӣ, мисоли дигар ҳунарҳои ниёкон пушти дӯкону хонаҳои заргарони инфиродӣ қарор дорад.

Аминамоҳ Шоинова, духтари Марямбии заргар, ки сокинони шаҳри Кӯлоб ӯро бо номи «Аминаи заргар» мешиносанд, мегӯяд: «Ҷавоҳироти сохтаи моро мизоҷони дохиливу хориҷӣ омада, аз хона дарёфт мекунанд. Мо на ба бозори дохилӣ ва на ба бозори хориҷӣ дастрасӣ надорем. Шояд ҷавоҳироти офаридаи мо дар бозори ҷаҳонӣ ба савдо гузошта шавад, вале аз куҷо ва аз номи кӣ? Инаш барои мо номаълум аст». Пас, хулоса бояд кард, ки холаи Марямбӣ барин заргари тоҷик, ки беш аз ним аср то ҳол ба мисли пули заррине, ҳунари заргарии тоҷикро, ба наслҳои имрӯз расонидааст ва то имрӯз дар хидмати мизоҷон қарор дорад, ба бозори ҷаҳонӣ роҳ наёфтааст. Шояд ба мисли холаи Марямбӣ нафарони зиёде дар соҳаҳои мухталифи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, дар паси пардаи фаромӯшӣ ё шояд, назарногирӣ монда бошанд. Охир чаро шароит фароҳам наорем, ки чунин нафарон, ки ҳунари онҳо муаррифгари миллати қадима ва соҳиби тамаддуну санъатҳои қадима будани тоҷикро инъикосгар аст, ба бозори ҷаҳонӣ роҳ наёбанду миллати моро муаррифӣ накунанд?!

Заргарӣ метавонад судовар бошад

Аминамоҳ Шоинова мегӯяд: «Надоштани ҷойи махсуси заргарӣ ва фурӯши ҷавоҳирот ба рушди кори мо монеъ мешавад.

Заргарӣ даромади кам дорад. Масалан, мо аз муштарӣ танҳо музди меҳнатамонро мегирем ва боз онро ба хариди газу дигар масолеҳи барои кор лозима сарф мекунем. Мо худамон захираи нуқра надорем. Аксари муштариҳо нуқраашонро худашон меоранду мо мувофиқи нақши офаридааш чизе, ки хоҳад, сохта медиҳем. Дар баъзе маврид онҳо маблағ надоранд ё нуқраи зиёд доранд, барои музди меҳнат ба ҷои пул нуқра медиҳанд. Масалан, чанд гушвору ангуштарии нокора меоранду мегӯянд, ки ба ман  гушворҳояшро таъмир карда бидеҳу ангуштариҳоро ба ивази музди меҳнататон бигиред. Мо ҳамон нуқраҳои ҷамъшударо бо нафаре, ки нуқра надораду мехоҳад зеварот фармоиш бидиҳад, мувофиқи хоҳишаш сохта медиҳем.

Чаро бо доштани ин қадар кони нуқраву тилло мо истеҳсоли ҷавоҳиротро ба таври васеъ роҳандозӣ накардаем ва ҳанӯз ин соҳа пушти дӯкону дар хонаи заргарони инфиродӣ боқӣ мондааст? Ин суолест, ки ҷавобаш дар дасти масъулон, ба хусус дар дасти масъулони ҳукумати шаҳри Кӯлоб аст.

Хонаводаи Шоинов аз ҳукумат дархости онро доранд, ки барои пешравии кори онҳо мусоидат намуда, дар маркази шаҳри Кӯлоб барои онҳо як дӯкони махсуси сохтани ҷавоҳирот ҷудо намоянд, то ки дилбастагони ҳунари волои Марямбӣ ва пайравони касбу ҳунар битавонанд аз он ба таври васеъ истифода бубаранд. Аминамоҳ мегӯяд: «Агар ягон дӯкони махсус дошта бошӣ, корат рушд мекунад. Зӯри мо ба сохтани дӯкони махсуси таъмир ва сохтани ҷавоҳирот намерасад. Агар ҳукумат моро дастгирӣ кунаду сохта диҳад, чӣ талаботе, ки аз ҳукумат бишавад, мо низ кӯшиш мекунем, ки талаботашонро қонеъ гардонем ва ҳамчунин омода ҳастем, ки дӯкони сохтаи ҳукуматро ба иҷора бигирему барои рушди ин ҳунур истифода бубарем».

Акнун каме эҳсоси ватанпарастӣ кифоят мекунад, ки масъулон даст ба кор бишаванд ва заргарӣ аз кӯчаҳои хокии Кӯлоб ба шоҳроҳҳои бузурги «Роҳи абрешим» роҳ ёбаду харидор пайдо кунад.

 

Боймуҳаммад Табаров,

Кӯлоб,  махус

барои «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97