Ду гурези ду шоир

Фарҳанг ва адаб 14.02.2011 11:55

Gurezi_du_shoirАвохири моҳи июли соли гузашта Бозор Собир шоири шаҳири тоҷик, ки дар диёри ғурбат ба сар мебарад бо шиносномаи амрикоӣ, ки дар яке аз саҳафоташ раводиди Тоҷикистонро дошт вориди шаҳри Душанбе шуд. Омад то шаби шеъри ал-видоъӣ ҳамчун адои дайне дар баробари мардуму ватанаш баргузор намояду ба шеъру шоирии муъосири тоҷик такони тозае бахшад.

Аммо ин армони дилаш амалӣ нашуду бо рӯҳу дили ноумеду хаста дар авоили моҳи январи соли равон боз ба Иёлоти Муттаҳида баргашт. Мақсади дигари сафараш, ки иборат аз чопи китоб буд, ҷомаи амал пӯшид. «Хуни қалам» бо теъдоди 2000 нусха аз чоп баромаду ба дасти ҳаводорони шеъри Бозор Собир расид.

 

Моҳи Рамазони гузашта буд, ки агар иштибоҳ накунам бо ибтикору ташаббуси шоир - Хайрандеш маҳфили зебои шеър дар китобхонаи Лоҳутии Душанбешаҳр бо иштироки Бозор Собир баргузор шуд.

Он нишасти пур аз меҳру сафои ҷамъе аз аҳли шеъру адаби тоҷик буд, ки аз хонандагони мактаб то шоирони калонсолу хабарнигорону ҳаводорони шеъру адабро даври ҳам ҷамъ оварда буд. Маҳфили пур аз самимияту ихлос буд, ва ҳозирин бо исрор аз Бозор Собир талаб мекарданд, ки дар ватанаш бимонад ва дигар ба Амрико барнагардад. Маҳз дар ҳамин маҳфил буд, ки Бозор Собир сабаби сукунат дар Амрикоро шарҳе дод, ки мисли оби сарде бар сари мухлисони шеъраш рехт. Дар он маҳфил ба таври ғайри мустақим изҳор дошт, ки сабаби аз Тоҷикистон рафтанаш «гурез аз фақру фирор аз дин» аст.

Дертар дар мусоҳибааш бо «Миллат» ошкоро эълон дошт, ки ӯ ба таъбири худаш «двайной атеист» аст. Ҳамингуна мавҷи мусоҳибаҳояш дар расонаҳо доман паҳн мекард, вале нуқтаи марказӣ дар тамоми сӯҳбатҳояш ҳамоно «гурез аз фақру фирор аз динаш» боқӣ мемонд.

Ба назари ман агар Бозори Собир аз оғоз мусулмони сарсупурдае набуд, ҳадди ақал дингурези ришситез ҳам набуд. Вагарна дар таҳаввулоти оғози даҳаи 90 дар паҳлӯи диндорону ришдорон қарор намегирифт. Ин ки шоири тавонои тоҷик аз дину ришу мулло ҳассосият пайдо кардааст ба эҳтимоли зиёд таъсири элитаи фикрии муҳоҷирони иронӣ дар Амрикост, ки аз режими динии ҳоким дар Ирон озорҳо дидаанду ҷойи оштӣ надоранд ва ба ҳамин далел ҳам уқдаҳои дили худро бо динситезиву дингурезӣ боз мекунанд.

Дигар мушкил ба назари ман ин аст, ки Бозор Собир тафовутҳову вежагиҳои диндории тоҷикону ирониҳо ва вазъияти ҳоким дар ин ду ҷомеъаро ба дурустӣ наозмудаасту дар ҳукму қазовати он шитобзадагӣ мекунад.

Бо навиштани ин сатрҳо банда намехоҳам дар бораи Бозор Собир доварӣ намояму дар ҳаққаш қазоват кунам. Бо ҳаволаашро бар Худо кардану дуъои имону ҳидоят саъй мекунам дар ин матлаб ва бо равиши тақобуливу муқоисавӣ маҳз ҳамин нуқтаи меҳварии мусоҳибаҳояшро, ки иборат аз «гурез аз дину фирор аз фақр аст»-ро бо айни ҳамин нукта дар эҷодиёту андешаи Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ баён намоям.

Медонам, ки ин ду шоир хеле аз ҳамдигар тафовутҳо доранд ва ҳампаҳлӯ қарор доданашон  шояд барои иддае аҷабангез бошад.

Шахсан ман аз даврони талабагӣ бо ашъори Бозор Собир ошно шудам ва аз ҳамон қироатҳои аввалӣ, шеърҳояш бар дилам нишасту бо он хӯ гирифтам. Барои ман Бозор Собир аз ҷумлаи нодир шоирони муъосири мо ҳаст, ки шеъраш фораму дилшикор аст ба истиснои баъзе андешаву афкоре, ки дар шеърҳояш ҷой доранду бо далоили гуногун мавриди қабули ман нестанд. Далели қуввату ҷолибияти шеъри Бозор низ омезиш додани андешаву истеъдоди баланди шоирӣ бо фолклор аст. Ӯ дар деги шӯравӣ ҷӯшид ва ба қавли худаш парвардаи фолклор аст, на адабиёти ниёгон. Чанд боре ҳам, ки дар сӯҳбаташ будам ӯро як шоире бо табъи латиф дарёфтам, ки воқеъан шоирияташ дар ҳар ҳаракату суханаш ҳувайдост бар хилофи Мӯъмин Қаноат, ки дар сӯҳбаташ худро дар ҳузури як мутафаккири дурандеши ғамгин дарёфтам то як шоири шод.

Иқбол парвардаи гулшани дигаре ҳаст. Ҳам аз хонадони мазҳабист ва ҳам тарбияи Қуръонӣ гирифтаасту шеъру шоириро бо тақвову парҳезгорӣ дар ҳам доштааст. Алломаи Лоҳур шахсияти чанд буъдӣ буда дар сатҳҳои гуногун матраҳ аст. Дар нимқораи Ҳинду Покистон шоири тавонои адабиёти урду буда, дар ҷаҳони форсизабонон Иқбол охирон шаҳсавори қофилаи ниёгон аст. Дар ҷаҳони Ислом ӯ ҳамчун «ҳакими ҳозиқи уммати Ислом» матраҳ аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун файласуфе, ки андешаҳои ноби қобили омӯзиш, фаровон дорад.

Бо ин ҳама дар андешаи Иқбол ва Бозор Собир масъалаи «гурез аз дин ва фирор аз фақр» нуқтаи муштараку омӯзанде ҳаст ва маҳз ин омӯзандагӣ бойис шуд то банда қалам ба даст бигираму ин сатрҳоро иншо кунам.

Иқбол ва Бозор аҳли гурезанд. Иқбол чун Бозор ҳам аз фақр мегурезад ва ҳам аз дин фирор мекунад, аммо аз фақр ба сӯйи фақр ва аз дин ба сӯйи дин. Ин ҷост, ки самти фирору гурезҳои Иқбол аз Бозор фосила мегиранду фарқ мекунанд.

Бозор аз дин ба сӯйи бединӣ ва коммунизм мегурезаду ба он даъват мекунад, ки ин хеле гурези душвору даҳшатоваре ҳаст.

Аслан ин имону диндорӣ ки ба мо таълими ҳаёти ҷовидон медиҳанду зинда шудан баъди мурданро меомӯзанд аст, ки қабули маргу аз ҷаҳон рафтанро осон мекунад. Вагарна  ҳатто тасаввураш душвор аст, ки ба сӯйи марг ба сӯйи нобудӣ ва фано раҳсипор шавӣ ва эътиқод дошта бошӣ, ки баъди мурдан хабаре нест.  Афлотун андешманди барҷастаи Юнон мӯътақид буд, ки ҳаёти ин ҷаҳонӣ аслан сояи як ҳаёти ҳақиқӣ ҳаст ва дар Қуръони карим ояте дорем, ки «ва иннад дорал охирата лаҳиял ҳаявон-ба таҳқиқ дори охират аст, ки ҳаёти ҳақиқӣ он ҷост».

 Бар хилофи Бозор, гурези Иқбол аз худи дин ё айни дин нест, балки аз - ба таъбири худаш - «дини мулло» ҳаст, ки бо фасод омехтааст:

 Дини кофир дини тадбиру ҷиҳод,

Дини мулло фи сабилиллоҳ фасод.

 Ӯ на танҳо «дини мулло»-ро дар эҷодиёташ дорад, балки айни калимаи «гурез»-ро низ истифода мекунаду сабаби гурехтанашро аз дину мактаби мулло чунин шарҳ медиҳад:

 Дили мулло гирифтори ғаме нест,

Нигоҳе ҳаст, бар чашмаш наме нест.

Аз он бигрехтам аз мактаби ӯ,

Кӣ дар реги Ҳиҷозаш Зам-заме нест.

 Хуб, ин ҷо аз инсоф нагузарем ва ин нуктаро низ бояд зикр кунем, ки дар ҷомеъаи мо домуллоҳои хубу ҳақиқӣ низ ҳастанд ва шояд истифодаи манфии мулло ба шакли мутлақ ба баъзе аз домуллоҳои ҳақиқӣ ва воқеъии мо бархӯрад. Ба ҳар ҳол Иқбол аз дард бар дину мактаби муллоҳои ақибмондаи хурофотӣ ва фасодзада тохтааст на аз сари истеҳзову безорӣ аз дин.

Иқбол вақте бо он вазъи ақабмондаи диндорӣ дар ватанаш рӯ ба рӯ шуд табиъӣ буд, ки бо он сари созиш надошту аз он гурехт. Аммо ӯ танҳо аҳли гурехтан набуд, балки аҳли пешниҳоди бадил ва ё алтернатива низ буд.

Хуб, ин нуқтаи хеле муҳиму омӯзандае дар Иқбол аст.

Дине, ки Иқбол ба сӯйи он паноҳ мебарад Исломи софу асил, дур аз хурофоту ҷаҳлу ақабмондагӣ ҳаст. Ӯ ба сӯйи исломи ҳаракатбахшу динамик даъват мекард, (dynamic religiousity) на карахту беҳаракату бетафовут. Иқбол вақте аз Ғарб баргашту назди домуллоҳо рафту аз дидаҳояш гуфт онҳо вокунише накарданду бетафовут боқӣ монданд:

 Ҳикоят пеши мулло боз гуфтем,

Дуо фармуд ё Рабб оқибат хайр.

 Ҳаракат, таконбахшӣ дар шеърҳои гуногуни Иқбол омадааст вале инҷо ба унвони намуна яктои онро меорам то сухан ба дарозо накашад:

 Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,

Мо зинда аз онем, ки ором нагирем.

 Кори бузурге, ки Иқбол барои ҷомеаи худу ҷомеаҳои дигари мунҳат дар Ҷаҳони Ислом анҷом дод ин эҷоди фалсафаи худист. Иқбол бар ин бовар буд, ки адами худшиносӣ боиси ақибмондагии мусулмонҳо гашта бозгашт ба асли худ аст, ки онҳоро аз ин варта мераҳонад. Барои Иқбол мункири худ будан бадтар аз мункири Худо  будан аст:

 Мункири Ҳақ назди мулло кофар аст,

Мункири худ назди ман кофартар аст.

 Ва ё:

 Мақоми хеш агар хоҳӣ дар ин дайр,

Ба Ҳақ дил банду роҳи Мустафо рав.

 Ва ё:

 Мисли ойина машав маҳви ҷамоли дигарон,

Аз дилу дида фурӯ шӯй хаёли дигарон,

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,

Кӣ паридан натавон бо пару боли дигарон

Биёем ба гурези дигарӣ, ки  он гурез аз фақру нодориву камбизоатист. Бозор ҳамон гуна, ки медонем аз фақр ба сӯйи Амрико гурехту аммо зоҳиран дар Иёлоти Муттаҳида «Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард» нашуд, балки то ҷойе маълум аст, Бозор ҳанӯз ва дар сини бештар аз 70 солагӣ дар хонаи иҷора зиндагӣ дорад. Чуноне қаблан ҳам гуфта гузаштем Иқбол низ аз фақру нодориву камбизоатӣ дар гурез аст, аммо аз фақр ба сӯйи фақр.

Дар бораи фақре, ки Иқбол аз он дар гурез асту аз мусулмонҳо талаби фирор аз онро кардааст душвор аст ба таври хулоса гуфту гузашт. Инҷо ногузир ба гузаштаҳо ҳам боястӣ ишорае намуд чун бе он дарки «фақр»-и Иқбол душвор фаҳм аст.

Мо дар гузаштаҳои дури худ ва дар чанд қарни ахир бузургоне доштаем, ки бо фақру камбизоатӣ сохта ва аз ҷомеъаву мардум бурида маҷнунвор рӯ ба сӯйи дашту даману кӯҳу саҳро оварда, ба тоату ибодат машғул мешуданд. Дарки ин нукта моро дар фаҳми ин пурсиш, ки чаро хеле аз зиёратҳои бузургони мо дар кӯҳу ҷойҳои дур аз шаҳр ҷойгирандро медиҳад. Ба эътиқоди банда Имом Аскараву, Султони Увайс, Бурхи Сармасти Валӣ ва Ҳазрати Имом Фозилу дигарон маҳз аз ҷумлаи ҳамин сӯфиёни бо фақрсохтаву аз мардумбуридае буданд, ки дар ҷойҳои дур ҷон ба ҷонофарин супориданд ва қабрашон имрӯз зиёратгаҳ шудааст. Аз ин қабил зиёратгоҳҳо дар кишварҳои дигари исломӣ ҳам фаровон аст.

66892Саъдӣ ва Ҳофиз бо ин намуд фақру камбизоатӣ мушкиле надоштанд, балки онро месутуданд. Аз осораш медонем, ки Саъдӣ ҳатто ба зиёрати чунин бузургон мерафт:

Бузурге дидам  андар кӯҳсоре,

Қаноат карда аз дунё ба ғоре.

Чаро гуфтам ба шаҳр андар наоӣ,

Ки боре банде аз дил баргушоӣ.

Бигуфт он ҷо парирӯёни нағзанд,

Чу гил бисёр шуд пилон билағзанд.

 Хуб, гапи Саъдӣ ин аст, ки ҳифзи бузургӣ дар шаҳре, ки парирӯёни нағз дорад, кори душвору сангин аст, ҳамон гуна, ки бисёрии гил пилҳоро мелағжонад, пас барои ҳифзи бузургӣ боястӣ ба ғоре дар кӯҳе паноҳ бурд.

 Ва ё Ҳофиз, ки мегӯяд:

 Ҳофизо дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,

То бувад вирдат дуъову дарси Қуръон ғам махӯр.

 Ҳофиз ҳам тақрибан ҳамон нуктаро таъкид мекунад, ки аз фақру шабҳои тор ғам нахӯр чун дуъову дарси Қуръон вирди ту ҳаст ва вирд ин зикре ҳаст, ки дар таълимоти сӯфия онро пайваста ба ҷо меоранд.

 Иқбол дар ин масъала на бо Саъдӣ мувофиқ буду на бо Ҳофиз, балки бар онҳо хӯрда мегирифт, ки чунин фақрро сутудаанд. Ҳатто таъназанон Ҳофизро «Имоми миллати бечорагон» хондааст. Иқбол ин фақрро «фақри урёнӣ» меномид ва ба гурехтан аз он даъват мекард:

 Бигзар аз фақре, ки урёнӣ диҳад,

Во талаб фақре, ки султонӣ диҳад.

 Иқбол вақте мегӯяд, ки аз «фақри урёнӣ» бигзаред ё бигрезед ӯ ҳамин фақре, ки Саъдиву Ҳофизу бузургони диёри мо бо он созиш доштанро мавриди накӯҳиш қарор дода дар муқобил ба «фақри султонӣ» даъват менамояд. Оре!!! Чун вақте одам ба ғоре дар кӯҳе паноҳ мебарад ӯ бо урёниву гуруснагӣ панҷа нарм мекунад.

Иқбол вақте «фақри султонӣ» мегӯяд ӯ аслан даъват ба ҳамон фақри ҳазрати Алӣ мекунад. Дар шеъре ба забони урду мефармояд:

 «Дорову Сикандар се ву марди фақир уло,

Ҳеч иски фақирӣ ме бӯйи Асадуллоҳӣ»

 Аз Дорову Сикандар он марди фақир беҳтару авлотар аст, ки дар камбизоативу нодорияш бӯйи Асадуллоҳист.  «Асадуллоҳ»- лақабе, ҳаст, ки ҳазрати Муҳаммади Мустафо салллоҳу алайҳи ва салам ба Ҳазрати Алӣ дар ҷанги Хайбар дода буд.

Алӣ разияллоҳу анҳу як ҳаётро бо фақр гузаронд. Вақте ба курсии хилофат низ, ки расид боз ҳамон гуна фақир боқӣ монд. Иқбол аз ин намуд  фақр хеле хушаш меомад ва ба он даъват мекард:

 Сарварӣ дар дини мо хидматгарист,

Адли Форуқиву фақри Ҳайдарист.

 Аз ҳазрати Алӣ разияллоҳу анҳу шеъре низ ривоят шудааст, ки мегӯяд:

 «Разийно қисматал Ҷаббори фийно,

Ланал ъилму ва лилҷуҳҳоли молу,

Фаинналмола язҳабу ъан қарибин

Ва инналъилма ябқо ло язолу»

 Аз қисмати ва ё тақдири илоҳӣ розием, ки бар мо илм доду бар ҷоҳилон мол чун молу дороӣ зуд аз байн мераваду илму доноӣ безаволу боқист.

Хуб, ин буд чанд нуктае, ки дар партави фирору гурезҳои Бозор Собир маро ба ёди Аллома Иқбол бурду бо шумо хонандагони азиз дар миён гузоштам. Ба ҷойи хулоса ин нуктаро мехостам ёдоварӣ намоям, ки фирору гурезҳо дар ҳаёт хубанд ва бояд ҳам бошанд. Муҳим аст, ки дар ҳаёту зиндагӣ аз чизе фирор намоем ва ин гурез ба зиндагии мо обу ранги тозае мебахшад ва дар он рӯҳу равони тозае медамад, аммо муҳимтар аз он ин нукта ҳаст, ки мо ба кадом самт ва ба сӯйи чӣ дар гурезему дар ҳаракат?

 Агар  гурезам, куҷо гурезам?

В- агар бимонам, куҷо бимонам?

Боқӣ қазоват аз хонанда.

 Саъдии ЮСУФӢ 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97