Шухиҳои Шоҳинбод ва мӯъҷизаи шифонер

Фарҳанг ва адаб 13.02.2011 15:32

Shifoner_03  - Мӯъҷизаи нав! Ман шабона ба хона рафтам. Ба хонаи хоб даромада, дари ҷевонро боз кардам. Дар он ҷо марди луб - луч буд - бо тааҷҷуб нақл кард Асадбек ба ҳамкоронаш.

- Албатта шумо худи ҳамон лаҳза занатонро аз хона пеш кардед - пурсид Хоркаш.

- Чи хел зан? Ман зан надорам. Дирӯз шифонерро аз зани ҳамсоя харидам…

Хабарҳои мухтасар

*Бозори «Баракат» навъи нави суғртаро пешниҳод мекунад. Шумо ва амволи шуморо аз нозири роҳ, санҷишу тафтиш кафолат медиҳад. Барои даҳ рӯз 5 ҳазор сомонӣ супоред…

*Дар шаҳри Қоҳира 60 нафар донишҷӯёни тоҷик барои берун омадан аз Миср аз Сафорат кӯмак дархост карданд. Ҳамзамон 300 нафар донишомӯзон хоҳиш карданд, ки ба Миср баргарданд.

*Омӯзгорони ноҳияи Гулобод якдилона пешниҳод карданд, ки дар Қонуни масъулияти волидон масъулияти бобоҳо, модаркалонҳо, занҳои дуюм, шавҳарҳои захиравӣ низ ҷудогона қайд карда шавад.

Иқтибосҳо

*Агар шумо барои ҳуқуқи ронандагӣ пул диҳед, барои ҳуқуқи шаҳрвандӣ тилло хоҳед супорид.

*Одамон барои унвон, собиқаи корӣ, ордену медолҳо нафақа мегиранд. То ҳол касе барои меҳнат нафақа намегирад.

*Дев, Парӣ, Аҷинаҳо ва демократия фақат дар афсонаҳо мавҷуд аст.

*Аз панири даруни мушқапак боҷ ситонда намешавад.

*Волидон дар шаби аввали арусӣ, кай парвои Қонун дар бораи масъулияти волидон доранд.

 

Агарнома

*Агар занатон ҳар субҳ бо чеҳраи хандон шуморо ба кор гусел мекунаду шом бо оғӯши гарм пешвоз гирад, аз рӯи эҳтиёт як бор шаҳодатномаи никоҳатонро бо нусхаи шиносномаи котибаатон муқоиса кунед.

 

*Агар модаратон ба шумо хӯроки гарм диҳаду ба боғча бурда биёрад, бароятон шабона афсона гӯяд - ин модаркалон аст.

 

*Агар калимаи «Роғун»-ро чун ҳақорати қабеҳ қабул кунанд -ин Узбакистон аст.

 

Партия – шараф – ақл ва виҷдони асри гузашта

Беш аз даҳ сол сохтмони ҳавлии профессор шодравон Карим Абдулов дар шаҳри Чкалов кашол меёфт. Аксари асарҳои профессор зери замзамаи тарақо- туруқи устоҳо навишта шуданд. Баъзан рӯҳафтодагӣ Карим Абдуловро пахш мекард ва мегуфт:

Partiya_01- Магар дар ҳамин ҳавлӣ ман зиндагӣ мекунам ё не. Аслан барои ман миз, қалам, чой ва утоқи гарм бошад бас!

Аммо суръати сохтмон боз ҳам сустар мешуд.

Рӯзе профессор боғазаб коргарон ва муҳандисонро ҷамъ карда гуфт:

- Агар 17 сол пеш мебуд, ҳамаи шуморо дар бюро муҳокима карда, аз партия хориҷ мекардам!

Рӯзи дигар устоҳо бо суръати баланд кор мекарданд. Профессор хурсанд шуд, ки имрӯз низ таъсири сухани партия баланд аст.

Мани нодону кунҷков аз коргари ҷавон пурсидам:

- Шумо аъзои ҳизб - мӣ?

- Нафаҳмидам, муаллим?!

- Дирӯз профессор бо хориҷ кардан аз партия шуморо тарсонд, хуб кор кардед!

- Албатта, майлаш пул надиҳаду аз партия хориҷ накунад. Ман ҳар шаб то 20 партия биллиард мезанаму то сад доллар бурд мекунам…

Эълон дар Домодедово

- Ба диққати мусофироне, ки бо хати сайри Маскав- Қафқоз парвоз мекунанд, маводҳои таркандаи худро аз қайд гузаронанд.

Тасҳеҳ

*Дар шумораи гузашта дар мусоҳиба бо Устод Бозор Собир дар калимаи «мурдан» ба ҷои ҳарфи «М» ҳарфи «Х» хонда шавад.

*Дар гузориши нозири БДА дар ҷумлаи «Автомашина бо суръати баланд аз болои знаки сурх гузашт» - ба ҷойи «знак» калимаи «занак» хонда шавад.

 

Мағалмоҳ-наркобарон

Мағалмоҳ ду рӯзи дароз барои ду каф орд ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашт. Аммо касе орд надод. Бегоҳӣ ба ҳавлӣ даромад. Дар тоқчаи назди ошхона ду бастаи селофаниро дид. Кунҷковона кушод. Хайрият Худо ба додаш расид. Зуд орди селофанҳоро, ки як кило баромад, хамир кард. Аҷаб орди хуб будааст, зуд зувола шуд. Танурро гарм карда, нон баст. Нонҳо то танур нарасида суп- сурх шуданд…

Ҳавлии Мағалмоҳ мавзалеи Ленинро мемонд. Мардум барои навбат талош мекарданд. Нозири минтақавӣ низ навбатро барои нон танзим карда наметавонист. Аз шаҳрҳои дур низ барои нони Мағалмоҳ ҷадал доштанд. Чанд нафар қумандонҳо омада бе навбат нон гирифтанд…

Аммо Мағалмоҳро ҳабс карданд. Аз куҷо медонист, ки дар бастаҳои селофании наберааш оварда орд набуд…

Ҷашн

Jashn_02Дар ҷашни журналист ва кӯҳнаварди номӣ ва давандаи бодпо Асадбек аз тамоми ҷумҳурӣ мардум ҷамъ омад. Дар толор ҷои нишаст набуд. Ҳама беқаророна соҳибҷашнро интизор буданд. Ниҳоят ба толор таҳти доду вой Асадбек даромад. Баробари ба минбар баромадан, чанд нафар акси Асадбек дар даст ба минбар давиданд. Аммо муҳофизон онҳоро намонданд. Бо муқаддимаи кутоҳ раиси шаҳр тарҷимаи ҳол ва 50 солагии фаъолияти ӯро қайд кард.

- Ин одами машҳур чӣ корҳо кардааст - пурсидам аз марди ҳампаҳлӯям.

- Инашро намедонам. Вале аз тамоми мардуми ҷумҳурӣ қарздор аст. Бо баҳонаи ҷашн ӯро пайдо карда ҳамин ҷо оварданд…

 


Ман ҷосус

- Ман ҷосуси Амрико будам. Виҷдон азоб дод. Мехоҳам таслим шавам - иқрор кард Асадбек.

- Шумо ба Маскав рафта, таслим шавед - фаҳмонд навбатдор.

- Ман пули сафар надорам - гуфт Асадбек.

- Ин ба мо дахл надорад!

- Шумо силоҳ доред?

- Бале, ду мил силоҳи хидматӣ аст - гуфт Асадбек.

- Ба утоқи 20 таслим кунед!

Инак як сол боз Асадбек таслим шуда наметавонад. Ба гапи дуруғгӯй касе бовар намекунад.

 

Ҷевон

- Моли корхонаи мо хеле хушсифат аст. Ин ҷевон аз чӯби дарахти сурх сохта шудааст - таъриф кард фурушанда.

- Нархаш чанд - пурсид харидор.

- Се ҳазор сомонӣ.

- Инаш чӣ қадар қиммат дорад - пурсид харидор.

- Инаш 15 ҳазор сомонӣ - ҷавоб дод фурушанда.

- Чӯби муқаррарӣ, чаро ин қадар қиммат - пурсид Холисамоҳ.

- Дар дарунаш марди луб-луч аст. Якҷоя фурӯхта мешавад…

 

Шавҳар

- Ман нафаҳмидам, шумо ба фикрам, иштибоҳ кардед? Дар ин ҷо навиштед, ки аз шавҳари 23-юми худам ҷудо шудам. Шояд сеюм бошад,- пурсид шиноси нави Рафидамоҳ, ки ҳанӯз таннозу зебо буд.

- Не, иштибоҳ нест.

- Ман 23 бор шавҳар кардам.

- Наход дар як сол 23 бор шавҳар кардан мумкин аст - бо даҳони боз пурсид Асадбек

- Бале, дар як сол. Канӣ Шумо… куҷо гурехтед…

Ака

- Ному насаби он одами таги дар истодагӣ кӣ ҳаст - пурсид нозир.

- Номашро намедонаму ӯро «ака» мегӯем.

- Номи он занак чӣ ҳаст?

- Мо ӯро «апа» мегӯем.

- Муҳосибатон чӣ ном дорад?

- Мо ӯро «хола» мегӯем.

- Номи раисатон чӣ ҳаст…

- Номашро намедонаму мо ӯро «Хар» мегӯем…

 

Саёҳат

- Марҳамат, ба ман роҳхати истироҳатгоҳи Шарман - шейхи Миср диҳед!

- Сафар ба Миср ҳоло хатарнок аст - таъкид кард, корманди ширкати саёҳӣ.

- Лутфан, 5 адад диҳед - гуфт Усома Бен Лодан.

 

Ҳасрат

Рафидамоҳ ҷавоҳироташро болои миз гузошта ба дугонааш Моҳира таъриф кард:

- Ана ин гӯшвори тиллоӣ аз шавҳари аввалам. Ин дастбанди алмосӣ аз шавҳари дуюмам. Ангуштарии ёқутӣ аз ошиқи дӯстдоштаам…

- Дугонаҷон, чаро як чашматон сип-сиёҳ?

- Ин аз шавҳари навам…

Диктатура ва девор

- Занак, хапу дам шин. Илоҳӣ «Опел»-ат шиканад. Шабу рӯз маро аҳмақ карда, моли Олмонро таъриф мекунӣ. Моли беҳтарин аз Хитой аст. Соли 1959 бобои ман кафши раҳакии хитоӣ барои ман харид. То соли 1978 онро пӯшидам.

- Гапа кам кун. Дирӯз кафши хитоӣ харидам. Имрӯз ба партовгоҳ партофтам!

Chine- Ҷони занак, моли Хитой агар зовудӣ бошад, хушсифат аст…

- Аз заводаш барои ман радио оварданд. Ду рӯз баъд вайрон шуд...

- Занак, ин заводи ту мегуфтагӣ дар Мурғоб аст. Ту моли хитойро паст назан. Жемпери бобокалони мо ҳоло ҳам истодааст. Вале камзули олмонии ту баъди як ҳафта дарид.

- Моли Олмон сад бор аз Хитой беҳтар!

- Бефаҳм, девори Хитой панҷ ҳазор сол устувор аст. Девори Берлин 40 сол напойид…

 

Тангемако

- Медонед, ман аз сафари хидматӣ баргашта, дар хонаи хобам чиро дидам - суол кард Асадбек ба ҳамкоронаш.

- Маълум, занатонро бо ҳамсоя дастгир кардед?

- Нафаҳмидед!

- Шумо даруни ҷевони хонаи хобатон марди луб- лучро пайдо кардед - гуфт Хоркаш.

- Не, ман дар хонаи хоби занам Тангемро дидам…

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97