Бигир Долята Ака

Фарҳанг ва адаб 31.01.2011 12:31

ё наузанбиллоҳ ман ба куҷо афтодам?!

 Матлаб барои Озмун

GaishnikiПас аз эълони Озмун нахустин танзҳо ба идораи нашрия расиданд. Аз байни се танзи муаллифон Асрори Довуд, Камоли Дӯст ва Нуруллоҳи Абдуллоҳ Лаку ПАК танзи ҳаҷвнавис Нуруллоҳи Абдуллоҳро ба қазовати «ЁУМ» гузошт.

Дар атрофам мардуми бисёре ҷамъ омадаанду мани гаранг намедонам чӣ тавр воқеаи ба сарам омадаро ба онҳо шарҳ диҳам...

Саҳар баробари аз хоб хестан, дасту рӯямро шуста ба сари дастурхон омадаму... аз ҳайрат даҳонам воз гашта, ҷоғи поёнам қариб ба чойники пурчой бармехӯрд. Хайрият, ки духтарчаам ҷоғи афтодаистодаро дар вақташ нигоҳ дошта, меҳрубононаву бо табассум бардошта ба ҷояш баргардонд.

Дар рӯи дастурхонамон тамоми нозу неьмати дунё муҳайё буд. Аҳли оила ҳама бо табассум, дастҳо пеши бар, мунтазири нишастани ман, рост меистоданд. Кӯдакон шикоят намекарданд, ки дафтар надорему кафшамон даридааст. Духтарам намегуфт, ки қалами чор сол пеш харидаи кошсиёҳкунакаш тамом шудааст. Модарашон ҳам қошу қавоқ намеандохт, ки се рӯз боз равған надорему кӯдакон маззаи шакарро фаромӯш кардаанд.

Мани ҳайратзада, чизе хӯрда-нахӯрда либосҳоямро саросема пӯшида ба кӯча баромадам.

Дар берун фаррошамон, ки ҳавлии биноро моҳе як маротиба, об назада мерӯфт ва ҳар бор мо хавотир мешудем, ки мабодо ин чанг аз зери суми аспони лашкари Чингизхон нахеста бошад, ё қишлоқчаи дар ҳамсоягии бинои мо бударо заминҷунбӣ вайрон накарда бошад, имрӯз ҳамаро об зада рӯфтааст. Вай баробари маро дидан ҷорӯбашро чун яроқи афсари дар пост истода ба қадаш рост нигоҳ дошта салом дод ва ҳатто бо табассум то дарвоза гусел кард.

Баробари ба рӯи роҳ баромаданам, маро гадобачаҳо ба ҳалқа гирифтанд.

- Амакҷон, мошинпулӣ дорӣ? Агар надошта бошӣ, мо ба ту медиҳем,- мегуфтанду табассум мекарданд.

Бачаҳои испанддудкун атрофи маро он қадар сердуд карданд, ки ман ба ташвиш афтодам, ҳамин замон мошини сӯхторхомӯшкунак омада моро зери тӯфони об мегирад. Дудкунакон бо як овоз ба ман дуо медоданд, ки чашми душманҳо кӯр, ҷину аҷина аз ман дур шаваду корам ҳамеша омад кунад.

- Амакҷон, пул лозим нест,- мегуфтанд онҳо ва табассум мекарданд.

Дар сари роҳи калони мошингард, кӯдакакони мошиншӯй бо сатилчаҳояшон пеш - пешам давида ба ман ваъда медоданд, ки ҳозир барои амакашон маршруткаи беҳтаринро нигоҳ медоранд.

- Чаро маршрутка?- мегуфт яке,- ман ҳозир ба амакам мошини беҳтарини шаҳрамонро дуздида ҳадя мекунам... Дигаре бо табассум маро бовар сохтанӣ мешуд, ки худи соҳибони мошинҳо дар орзуи онанд, ки ягон кас мошини ӯро дуздида ба камбағале ҳадя кунад...

Кӯчаҳо озода, мошинҳо тоза, одамонро намегӯед, одамон низ тоза! Дар автобусу троллейбусҳо дасти касе саҳван ба ҷайби дигар кас намедарояд... Агар дарояд ҳам соҳиби ҷайб вонамуд мекунад, ки чизеро пай набурдааст. Мефаҳмад, чизи ҷайби вай ба ҳамон соҳиби дасти бечора лозим будагист. Дашному ҳақорат нест. Занҳо бо нимовоз ҳамсояҳояшонро фақат таъриф мекунанд.

Кормандони БДА ҳар мошинро нигоҳ дошта, ба ҷои «Бте Доляи Аката»-и пештара, «Бигир Долята Ака» мегӯянд ва ноаён ба киссаи пеши бари ронанда пул мегузоранд.

Агар касе ба тарафи дигари роҳи мошингард гузаштан хоҳад, тамоми мошинҳо, бе ҳақорати милиса, дар ҷояшон меистанд ва ронандаҳо аз мошин фаромада, дастҳо пеши бар, пиёдагардонро бо табассум, то он сӯи роҳ гусел мекунанд...

Роҳбарони корхонаҳо коргаронашонро дар беруни дарвоза истода пешвоз мегиранд ва ҳамаашон дар даст плакати бо ҳарфҳои калон - калон навиштаи «ХАЙРА МАҚДАМ» доранд. Бо ҳар коргар ҷудогона оғӯшу дастфишорӣ карда, ваъда медиҳанд, ки маошашонро ҳар қадаре, ки хоҳанд зиёд мекунанд...

Ман ба ҳамаи ин тоб оварда натавонистаму дар байни хиёбон рост истода, бо тамоми овоз наъра кашидам: Ҳой! Чӣ гап аст?! Ман ба куҷо афтодаам?! Ва бо ҳамин наъра кашида аз хоб бедор шудам...

- Ба куҷо, ба куҷо... Ба куҷо мешуд? Ба хонаи худат! Ба он ҷое, ки на об ҳасту на қувваи барқ, на нон ҳасту на равған...

Ҳа-а... Ҳар чӣ бигӯед ҳам, овози очаи бачаҳо маро ба худ оварда ором кард. «Хайрияте, - гуфтам худ ба худ, - вагарна, ман хавотир шудам, ки мурдааму рост ба биҳишт афтодаам».

Ман ба паҳлӯи дигар гаштаму ба умеди дидани давоми хоб чашмонамро пӯшидам...

 Иқтибосҳо

*Виҷдон то бедор шуданаш ҳаҷм, вазн, бӯй ва ранг надорад.

*Зани ҳақиқӣ бояд шавҳар шинонад, хона иваз кунад ва зани

писари ба муҳоҷират рафтаро ба воя расонад.

*Умед аз ҳама охир мемирад - агар Имон ҳамроҳаш набошад.

 

*Офтобро танҳо баъди ҳар даҳ сол чанд лаҳза бо шишаи сиёҳ 

мепӯшонанд. Доман истифода кардан қатъиян манъ аст.

Хабарҳои мухтасар 

*Тибқи иттилои расонаҳо дар водии Рашт амалиёти «Камол» оғоз гардид. Сӣ нафар гумонбар нисбати ҷамъ кардани шираи камол дастгир шуданд.

 *Ба сабаби ислоҳот минбаъд дар Русия милитсия политсия ва муҳоҷирони меҳнатӣ партизан номида мешаванд.

 *Олимон собит карданд, ки агар фарзанд аълохон бошаду падараш мактабро бо баҳои ду тамом карда бошад, ҷои шубҳаи насл нест.

 *Ширкатҳои истеҳсоли нафти Русия то ёфт шудани кони нафт дар сайёраи Марс боҷи давлатиро барои Тоҷикистон бетағйир мемонанд.

Газак

Духтур беморро тӯлонӣ ташхис карда пурсид:

- Шумо шаробро бо гӯшти гов хӯрдед, барои ҳамин гӯшти кӯҳна шуморо касал кардааст.

- Чи хел гӯшт? - бо ҳайрат пурсид бемор.

- Худатон гуфтед, ки шаробро бо гов хӯрдам.

- Гов газак не! Ҳамсинфам Гов аз Русия омада, ҳамроҳ нӯшидем…

Тиҷорат

BiznesmanСоҳибкори маъруф Асадбекро журналистон иҳота карданд. Ҳама мехоҳанд, ки сирри муваффақияти тиҷорати ӯро бифаҳманд.

- Мӯҳтарам Асадбек, Шумо аввалин миллион сарвати худро чӣ гуна ба даст овардед?

- Даҳ мошини КАМАЗ харида, ба Хитой санг бор карда бурдам.

- Магар бо фурӯхтани санги муқаррарӣ ин қадар маблағ пайдо кардан имконпазир аст, -пурсид мухбир.

- Ман сангро не, мошинҳоро фурӯхтам.

Сармоя

Зан гиря мекард. Баробари даромадани шавҳар ба хона бонг зад:

- Ту ба ман қавл додӣ?!

- Парво накун, боз сад бор қавл медиҳам, зеро ман бидуни қавл чизе надорам.

 Насиҳат

NasihatПисари навраси Асадбек бо хашм ба волидон дод зад:

- Шумо ба зиндагии ман халал нарасонед. Ман худам нағз медонам. Ман мехоҳам озод бошам. Бо ҳамсинфон дар қаҳвахона бишинам. Пиво хӯрда, сӯҳбат намоям. Ба ман насиҳат накунед!

Писар баъди ин камзулашро бо ғазаб пӯшида ба даҳлез баромад.

Асадбек аз қафояш давид.

- Роҳи маро нагир!

- Не, ман ҳам ҳамроҳат меравам. Тарзи зиндагии туро фаҳмида, ҳавас кардам - гуфт падар.

 Қадри зан

- Лутфан бигӯед, нархи як килограмм шафтолу чанд аст, - пурсид Асадбек.

- 12 сомонӣ, - ҷавоб дод фурӯшанда.

- Ман ҳамроҳи занам мегирам, - гуфт Асадбек.

- 50 дирам арзон мекунам.

- Ана дидӣ занак, ту 50 дирам қадр дорӣ, - бо хурсандӣ гуфт Асадбек.

Пас аз харид Асадбек таксиро дошта пурсид:

- То бозори «Корвон» чанд сомонӣ?

- Бист сомонӣ, - гуфт ронанда.

- Ман ҳамроҳи занам меравам!

- Фарқаш не, нарх ҳамин!

- Ана дидӣ, дар ин ҷо қадрат ним пул аст!!!

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97