Эшони Нуриддинҷон аз имомхатибӣ истеъфо дод

Фарҳанг ва адаб 28.01.2011 16:02

NuriddinjonЭшони Нуриддинҷони Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси тоҷик ва имом- хатиби масҷиди ҷомеъи Муҳаммадияи шаҳри Ваҳдат масъулияти доштаашро ба бародараш яке аз дигар чеҳраҳои маъруфи олами рӯҳоният дар Тоҷикистон Мавлавӣ Маҳмудҷони Тураҷонзода во гузоштааст.

Дар ин бора ба «Миллат» Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, қозикалони собиқи ҷумҳурӣ ва яке аз бародарони дигари эшон хабар дод. Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода гуфт, ки алъон бародари аршадаш Эшони Нуриддинҷон ба симмати ноиби хатиби масҷиди ҷомеъи Муҳаммадияи шаҳри Ваҳдат, яъне муовини Мавлавӣ Маҳмудҷон фаъолият дорад. Сабаби аз мақомаш канор рафтани Эшони Нуриддинҷонро Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар он медонад, ки бародари бузургаш ширкат кардан дар маҷолиси расмиро чандон хуш надорад ва ба ин гуна расмиёт одат накардааст, аз ин рӯ қарор шудааст, ки Мавлавӣ Маҳмудҷон вазифаи имом- хатибиро бар дӯш дошта бошад.

ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН  КИСТ?

 Қаҳоров Нуриддинҷон, маъруф бо исми Эшони Нуриддинҷон  20 марти соли 1953 дар деҳаи Туркобод  ноҳияи Кофарниҳон дар хонадони Эшони Тураҷон таваллуд шудааст.

Нуриддинҷон таълимоти ибтидоиро дар назди бобояш домулло Абдусамади Ромитӣ гирифта, сипас илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ омӯхтааст. Баъд аз он барои омӯхтани илми  тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мерос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони ҳиндустонӣ рафта ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирдӣ кашида, то ин улумро аз худ кард. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи № 9 ноҳияи он замон Орҷонкидзеободро бо баҳои аъло хатм карда, ба таълиму тадрис ва ваъзу иршоди мардум шуғл варзидааст.

Эшон ба ҳайси як воъиз ахиран шуҳратёр шуда, садҳо фитаву наворҳои Эшон ба самъи муридону ҳаводоронашон дар дохили кишвар ва хориҷи он расида, мавриди истифодаи ҳамагонӣ қарор гирифт.

Соли 1976 оиладор шуда, соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар кишвари Қазоқистон муҳоҷир буд. Эшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васалм) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (салаллоҳу алайҳи васалом) ҷоиз аст?» (с. 2000)  ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (2003) таълиф кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97