Ифрот зодаи ҷаҳолат аст

Фарҳанг ва адаб 27.01.2011 16:26

Ё ислом аз ифрот дар ибодат ҷилавгирӣ мекунад

talibanДини мубини Ислом дини комил ва ҷомеъ буда, охирин ойини илоҳӣ дар рӯи замин аст. Қонунҳои Ислом ҳамоҳанг бо офариниш ва фитрати башарӣ буда, фарогири ҳамаи паҳлӯҳои зиндагӣ мебошанд. Яке аз махсусияти вижаи дини Ислом эътидол ва миёнаравӣ аст.

Худи Қуръони карим, уммати Исломро уммати васат (миёна) номидааст. (сураи Бақара, ояти 142) Дини Ислом  ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро маҳкум мекунад, қатъи назар аз он ки ифроти динӣ бошад ё ғайри динӣ, Олитарин ва беҳтарин амали инсон бандагӣ ва ибодат аст, Худованд мефармояд: «Ҷин ва инсро наофаридам, магар барои ибодат» (сураи Зурриёт, ояти 56)

Бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳе, ки ибодат дорад, шояд инсон фикр кунад ҳарчӣ ибодат кунам ва шабу рӯзи худро ба он бигузорам беҳтар аст. Аммо аз бештари ояту ҳадисҳо маълум мешавад, ки ифрот дар ибодат ҳам кори нописандидаест.

Худованд мефармояд; «Пас ҳар вақте намозро адо кардед, аз барои талаби ризқ пароканда шавед ва Худоро баъд аз намозҳо бисёр ёд кунед то, ки комёб шавед», (сураи Ҷумъа, ояти 10).

Ҳазрати Анас (р) мефармояд: Се нафар назди  ҳамсарони Паёмбар (с) омада, аз чи гунагии ибодати Паёмбар (с) пурсон шуданд. Вақте барояшон хабар доданд, тоату ибодати худро бо тоату ибодати  Паёмбар (с) муқойиса намуда диданд, ки тоату ибодати онҳо хеле андак аст. Онҳо ба худ гуфтанд, «мо куҷо ва Пайғамбар (с) куҷо»  Аз ин хотир яке аз онҳо гуфт: «Ман шабро то субҳ намоз мехонам». Дигаре гуфт: «Ман то абад рӯза мегирам». Севумӣ гуфт: «Ман аз зан гирифтан худдорӣ намуда, ҳаргиз зан намегирам». Паёмбар назди онҳо омада фармуд: «Шумо будед, ки чунину  чунон гуфтед? Қасам ба Худо ман нисбат ба шумо худотарстарам ва ботақвотар , вале гоҳҳо рӯза мегирам ва гоҳҳо ифтор мекунам, қисмате аз шабро намоз мехонам ва қисмати дигареро мехобам, ва бо занҳо издивоҷ мекунам, пас касе аз суннати ман рӯй мегардонад, аз ман нест». (ривояти ал- Бухорӣ)

Вақте Ислом аз ифрот дар ибодат, ки шарифтарин амали инсонист ҷилавгирӣ, мекунад, бадеҳист, ки дар дигар амалҳо низ ифротгароиро намепазирад. Ҳазрати Абуҳурайра дар ҳадисе аз Паёмбар (с) мефармояд: «Масоил ва аҳкоми дин осон аст. Ҳаргиз касе дар дин ташаддуд накардааст, магар он, ки мағлуб гардидааст, пас миёнаравӣ карда ва он чӣ метавонед анҷом диҳед, мардумро ба савоби Худованд башорат диҳед  ва дар ибодати саҳар ва ибодати нисфирӯзӣ ва охири шаб кӯшиш кунед.» (ал- Бухорӣ)

Фармудаи Паёмбар: («Ал-қасда, ал-қасда таблуғу»),  «Миёнаравиро ихтиёр намоед, албатта  ба мақсад мерасед.»  (ал- Бухорӣ) шоҳиди ин ҳақиқат аст. Донишмандони Ислом ин фармудаи Паёмбарро ба унвони як асли асосӣ ва фарогири ҳамаи паҳлӯҳои зиндагии инсон медонанд.

Ба иттфоқи донишмандони ҷомеъашинос сабаби аслии ифротгароиву тундравӣ ин ҷаҳолат ва ҳолати ногувори ҷомеъа мебошад.

Солҳои ахир дар ҷаҳон баъзе созмонҳои хосе пайдо шудаанд, ки аз вазъи иқтисодӣ ва ҳолати мусалмонон  истифода бурда, дар дохили худи мусалмонон ҳар гуна гурӯҳ ва ниҳодҳои динӣ ташкил кардаанд, ки хушунат ва ифротталабии онҳо аз  ҳеҷ кас пӯшида нест, баъзе аз ин гурӯҳҳо ҷавонони содаи мусалмонро бо идеологияи вайронгарӣ ва тахрибкорӣ барои фаъолиятҳо ва мақсадҳои палиди худ истифода мекунанд, ва онҳоро барои анҷом додани корҳои хушунатомез ба ҷониби худ ҷалб мекунанд то онҳо бо хаёли худ ҳуқуқи аз дастрафтаи худро аз ҳукумат ва ҷомeъа боз ситонанд. Ва албатта бойиси хушист, ки фаъолияти  чанде аз ин созмонҳои мазҳабии тундгаро бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвари мо мамнӯъ эълом шудааст.

Сарварон ва пайравони ин гурӯҳҳои тундрав аҳком ва қавонини Исломро бо  фикрҳои шахсии худ ташреҳ ва тавҷеҳ медиҳанд, ки хилофи усулу қавоиди Ислом аст. Онҳо ба ҷавонон мегӯянд, ки дин чунин иқдомотро  ташвиқ мекунад. Бо ин усулу шеваҳои пасту нораво метавонанд ҷавононро ба доми фиреб биандозанд.

Ифротгароӣ қатъи назар аз дину мазҳаб дар талоши бе суббот кардани амнияти ҳар давлат аст.  Бо амалҳои табоҳкоронаи худ мӯҷиби марги ҳазорон мардуми бегуноҳ мешаванд. Он иқдомот ва корҳои ғайри инсоние, ки ба номи Ислом анҷом медиҳанд, оқибат исломро, ки мазҳаби таъомул, инсоф ва адолату эътидол аст хадшадор мекунад, ва манофеъи мусалмононро ба таври ҳамаҷониба дар маърази хатар қарор медиҳанд. На танҳо ҷомиъаи Ғарб, ки ба зоҳир Худопарасту ба китоби осмонӣ бовар доранд, балки сангпарастону чӯбпарастон Ислому Қуръонро ба ифротгароӣ таъна мезананд.

Ҳамчуноне зикр шуд, яке аз сабабҳои аслии паҳншавии ифротгароӣ хусусан байни ҷавонон ин ҷаҳолат  ва надонистани дину мазҳаб ва таърихи худ аст. Кишвари Тоҷикистон, ки  беш аз 97-дар сади онро мусалмонон ташкил мекунанд ва таъриху фарҳанги мо бо Ислом тавъам аст, дар солҳои ахир аз дасти гурӯҳҳои  ифротӣ ранҷ мебарад. Ҳукумат ва мақомоти дахлдор бояд дар роҳи халосӣ аз ин падидаи номатлуб аввал ба таълиму тарбияи ҷавонон машғул шаванд.

Дар мактабҳои миёна ҷавонону наврасонро аз  Исломи асил огоҳ созанд, дар донишгоҳҳо бо донишҷӯён дар бораи эътидол ва ақидаи дурусти Ислом ва муъомила бо дигар мазҳабу адён баҳсу гуфтугӯ кунанд, зеро бисёр аз ҷавонон ба иллати адами ноогоҳӣ аз фарҳангу мазҳаби худ ба фикру назарияи ингуна гурӯҳҳои тундраву ифротгаро гаравиш пайдо мекунанд.

Дар роҳи тарбияти ҷавонон имомхатибон ва воъизон низ нақши бузурге мебозанд, дар гуфтугӯ ва мавъизаҳои худ намозгузоронро аз рӯҳи эътидол ва таълими адолати  Ислом огаҳ созанд. Дар Маркази исломӣ ва масҷидҳо шароитҳоеро муҳайё кунанд, ки бо истифода аз  донишмандони улуми динӣ курс ва семинарҳои омӯзишӣ ташкил карда, онҳоро аз Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (с) мутобиқи мазҳаб таълим бидиҳанд.

Инчунин расонаҳои хабарӣ бояд дар ҳалли ин мушкил ҳиссагузорӣ кунанд, барномаҳое ташкил кунанд, ки ба воситаи саволу ҷавоб ва ё таълими аҳком ва масоиле, ки ба хушунат ва зӯровариву даҳшатафканӣ алоқамандӣ доранд, баён кунанд ва рӯҳи  эътидолписандиро ба ҷавонон илқо карда  ҳақиқати Исломро ба онҳо муаррифӣ бикунанд.  Фақат бо ҳамин роҳ метавонем ҷомеъаи худро устувор нигоҳ бидорем.

Бо гуфтани маҳз, ки китоби мо Қуръон аст, ва Қуръон китоби комилтарин ва каломи илоҳист ва ғайра ҳеҷ мушкилро ҳал намекунем. Кадом қонуни иҷтимоии дурусте, ки дар кишварҳои пешрафта (қатъи назар аз дини онҳо) вуҷуд дорад ва ё маъмул аст, ки  Ислом ва Қуръон ба сурати куллӣ ё ҳатто бо зикри ҷузъиёт ба он ишора накарда бошад?! Фармудаи Қуръон чунин аст: «Ба адолати фардӣ ва иҷтимоъӣ ҳукм кунед» (сураи Мойида, ояти 42), «Илм биомӯзед» (Тоҳо, ояти 114), «Маъоши худро аз роҳи дуруст талош кунед», (сураи Бақара, ояти 168), «Аз ифротгароӣ бипарҳезед», «Байни худ ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоъиро барпо кунед», «Ваҳдат ва сулҳро барқарор нигоҳ доред», «Ҳуқуқи зан ва фарзандонро ба ҷо биоред», (сураи Бақара, ояти 233), «Таъовун ва бародариро барпо кунед», (сураи Мойида, ояти 2).

Миллат ва ҷомеъае, ки воқеъан пайрави Қуръон бошад, аз ифротгароӣ ва хушунат даст бар канор мекашад,  эътидол ва миёнаравиро ихтиёр мекунад.

Муҳаммадфаррухи Абдуллозода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97