Шухиҳои Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 23.01.2011 03:08

Ариза ба Асадулло Раҳмонов

Ariza_ba_RahmonovМӯҳтарам Раис, мо чанд нафар сокинони пойтахт ба шумо талаби қатъӣ пеш мегузорем. Қариб ҳар рӯз вақти тамошои телевизион роҳати мо тамошочиён халалдор мешавад.

Навкак кайф карда реклом тамошо карда истодаем, ки Шумо дар байнаш филм ё консерт мегузоред. Илтимос монед, мо бо роҳат рекломро тамошо кунем. Ва боз агар илоҷ бошад дар барномаи ахбор низ пас аз ҳар як абзатс реклом монед. Масалан, «Тибқи моддаи 69, раиси ноҳияи Гулобод аз вазифа озод карда шуд. Реклом: Корхонаи истеҳсоли қоғази ташноб боз даҳ ҷойи кор таъсис дод, Хоҷагии деҳқонии «Файзобод» кишти дубораро анҷом дод. Реклом; Бозори «Баракат» гашнич ва пиёзи истеҳсоли Хитойро ба фурӯш баровард. Лутфан, дар мобайни эълони Обу ҳаво низ реклом тиққонед.  Имрӯз дар водиҳо барф меборад. Реклом: Супермағозаи «Тоҷ» пайпоқҳои пашминро арзон мефурӯшад...

 

Хабарҳо дар чанд сатр

*Тимсоҳҳои Миср ширкатҳои ҳавопаймоиро барои кашолкорӣ ба суд медиҳанд.

*Роҳзанҳои баҳрии   Сомалӣ барои наҷоти баҳри Арал 2 миллион доллар кӯмак намуданд.

*Усома Бен Лодан пешбарӣ шуданашро ҳамчун номзад ба раиси Парлумони Ироқ рад кард.

*Ба сабаби омода набудани Замин ва пурра пардохт нашудани қарзи Бонки ҷаҳонӣ мӯҳлати Рӯзи Охират аз соли 2012 ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуд.

 

Иқтибосҳо

*Муш медонад, ки ғорат мекунад, аммо ягон бор касе ӯро ба ҷавобгарӣ накашидааст.

*Миллиардҳо орзуи миллиардҳо одам амалӣ намешавад. Зеро дар дунё фақат 197 вазифаи президентӣ аст.

 

Чарима

-Шумо тибқи моддаи 5- и Қонун дар бораи масъулияти волидон 450 сомонӣ ҷарима мешавед,- гуфт судя.

-Бубахшед, ман ҳоло издивоҷ накардаам,- гуфт Асадбек.

-Ин кӯдак тасдиқ мекунад, ки Шумо падараш ҳастед.

-Ман бори аввал ин кӯдакро мебинам.

-Ин дурӯғ мегӯяд, дина дар кӯча маро дида, «писарам,  мошинро тела кунед», гуфт.

 

Ҷазо

-Вай маро ба ҷарӣ тела дод.

-Ному фамилия?

Вай маро хонахароб кард…

-Даҳ бор пурсидам, ному насаб?

-Маро тамоман расвои олам намуд.

-Мушаххас номашро гӯед. Вай.. вай накунед!?

-Виҷдонам!

  

Хайрандеш

Хайрхоҳӣ ва дасти кушоду мадад, мегӯянд калиди қулфи дари ҷаннат аст. Аз рӯи ин мафҳум Каримбой қариб сад калид пайдо кардааст. Имрӯз ӯ даҳ нафар ятими маҳаларо тӯйи суннатӣ мекунад.

Хосиятхоларо як ҳафта пеш ба Дубай фиристод. Акрами қассоб низ бо мадади ин Ҳотами қарни мо ба ҷазираҳои Филиппин барои гузаронидани домодталбон рафт. Ҳоло дар ҷумҳурии мо қонун ба дараҷаи даркорӣ гузаронидани домодталбонро иҷозат намедиҳад.

Аз маҳаллаи Чармгарон  низ имсол 9 нафар бо маблағи Каримбой ба зиёрати хонаи Худо рафтанд.

Модоме ки даҳони хурҷини рақамҳоро боз кардем аз шумораи кӯмакҳои ӯ ба ҳабсхонаи шаҳр чашм пӯшидан мумкин нест.

Имрӯз дар фазои тантанавӣ хишти авали масҷиди маҳалла гузошта мешавад. Тамоми хароҷоти сохтмонро ӯ пардохт кард.

Дар тантана раиси маҳалла гуфт:

Чу некӣ мекунӣ дар Даҷла андоз, 

Ки эзид дар Станбул медиҳад боз.

Саховатмандии Каримбой тамоми матбуотро забт кард. Воқеъан Каримбой Бойбобоев, сардори заводи шароб ва фабрикаи истеҳсоли сигор  беҳтарин соҳибкори саховатпешаи сол эълон шуд.

Аммо одамони баддаҳону ношукр ва бахил кам нестанд. Азизбеки ҳаммаҳаллаи худамон дина гуфт, ки бо пули шароб сохтани масҷид ҳаром аст.

-Аҳмақ, магар бо картошкафурӯшии ман ин қадар саховат кардан мумкин аст.!

 

Савол

-Дадо, мо аз куҷо пайдо шудаем,- пурсид Наҷибҷон аз падараш.

-Албатта моро Худо офарид, - ҷавоб дод падар.

-Дар мактаб муаллима гуфтанд, ки мо аз маймун пайдо шудаем,- дубора пурсид писар.

-Ин танҳо ба модарат дахл дорад, писарам.

Хонанда

Sagi_internet-Саги ман рӯзи дароз дар Интернет бозӣ мекунад,- бо тааҷҷуб гуфт Сафдар.

-Ин мӯъҷиза нест, саги ман Юлбарс газета мехонад,- таъриф кард Хоркаш.

-Ҳамон газетаро, ки саги ту мехонад, сардабираш гурбаи ман аст,- гуфт Салимшоҳ.

 

Ҳамом

 Асадбеку Рафидамоҳи завҷааш ният карданд, ки дар остонаи Соли нав ҳамроҳ ба буғхона дароянд.

-Буғи аз ҳад зиёд ба саломатӣ зарар дорад,- фаҳмонд корманди буғхона.

-Дар як сол ягон зарар надорад,- эътироз кард Асадбек.

-Ба шумо дахл надорад. Ин занак имрӯз бори сеюм ин ҷо меояд.

 

Умр

-Чаро китобро даррондед, - бо хашм пурсид Хоркаш аз Асадбек.

-Хомӯш бош. Ии китоби «Чӣ тавр 100 сол умр дидан мумкин.»

-Шумо қимматтарин китобро нобуд  кардед, - бо таассуф гуфт Хоркаш.

-Ман ҳамаашро дарронда фақат чил саҳифа мондам. Имрӯз хушдоманам китобро барои хондан мегирад.

Пас аз чил сол дар зодрӯзи 80 солагии хушдоманаш Асадбек худро ҳар рӯз маломат мекунад, ки чаро фақат рӯйхати адабиёти китобро даррондааст.

 

Доништалбон

-Амакҷон, лутфан бигӯед, факултаи иқтисодии Донишгоҳ дар куҷост- пурсид Далер аз марди галстукдор.

-Бачам, худам низ ҳамин факултаро кофта истодаам.

-Шумо довталаб- мӣ – пурсид мард.

-Не, ман донишҷӯи курси 4,- ҷавоб дод Далер.

-Чӣ, чор сол боз ягон бор нарафтед!?

-Дадом мерафтанд...

-Шумо амак, ягон писаратон он ҷо мехонад - пурсид Далер.

-Не, ман дар ин факулта мудири кафедра,- ҷавоб дод мард.


Тӯҳфа

KursiҲама шабу рӯз фикр мекардем, ки барои раис дар ҷашнашон чӣ тӯҳфа кунем. Нӯги калобаи мушкилотро  Хоркаш пайдо кард. Асадбеки чӯбтароши номиро ба идораамон даъват кардем. Барои ҷашни 50 солагии раиси мӯҳтарам Азиз Мамадович як курсии шоҳона фармоиш додем. Сари вақт тӯҳфа тайёр шуд. Мо чанд нафар кормандон дар пойгаҳи хушомадгӯӣ рақобати шадид доштем. Ҳар кас кӯшиш мекард, ки садоқаташро ба раис бештар намоиш диҳад.

Асадбек курсиро нишон дод. Олиҷаноб! Аз чӯби дарахти сурх сохта шудааст. Дар ду самти дасттакя сурати шер кандакорӣ шуда буд. Баландии курсӣ низ ба вазифаи раисамон мувофиқ буд. Вале дар ақиби курсӣ ҷо гирифтани сурохаки барқ (разетка) моро ба ҳайрат гузошт:

-Асадбек, инаш чӣ? – пурсид Акрамбой.

-Ин сурохии гузаштани барқ. Вақте ки тибқи моддаи 69 фармон содир мешавад, зуд курсиро ба барқ пайваст кунед!

 

Таваҷҷӯҳ!

Дар арафи Соли нав саҳифаи “ЁУМ” ва ҳафтаномаи “Лаку Пак” (Лаку Пак қаҳрамонони ҳаҷвии афсонаҳои халқи тоҷик ҳастанд. Ба ширкати латтафурӯшии тоҷикию кореягӣ алоқа надоранд) шартномаи ҳамкорӣ ва ба ҳам ҳуҷум накунӣ бастанд.

Тибқи банди 7- и ҳамин шартнома аз 20 январи соли равон Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ҳаҷвияи рӯз дар мавриди сигоркашӣ” эълон менамояд.

Барои ғолибон се ҷойиза ба тариқи зайл  муқаррар гардидааст:

Ҷойи аввал  700 сомонӣ

Ҷойи дуюм  500 сомонӣ

Ва ҳамзамон ду мукофоти ҳавасмандӣ таъсис ёфт.

Саҳифаи “ЁУМ”- “Лаку Пак” тамасхур ва танзи Шуморо интизоранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97