Искандар дар Маскав ҳам Хатлонӣ буд

Фарҳанг ва адаб 05.11.2010 09:48

khatloni_14

ёди ҷавонмарде дар шеъру ҷавонмарге дар зиндагӣ

Искандари Хатлониро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ мешинохтам, вале ғоибона. Аниқтараш, тавассути "Садои пои вожаҳо"-яш, ки китоби рӯимизии аҳли хонадони мо буд.  

 

Ва мо, бачаҳои деҳотӣ ба василаи нигоштаҳои сеҳрангезу адабпарвари ӯ низ, ки гоҳ-гоҳ дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасиданд, таълим мегирифтему ба шоирию нависандагӣ ва журналистика дилбастагӣ пайдо мекардем. Бахусус, нигоштаҳои айёми дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" кор карданаш, ки ба солҳои охири мактабхонии ман рост омада буд, таъсири дигар доштанд, ба маънии мусбаташ, албатта.

Ҳамин буд, ки мани ҳаводору дилбастаи ашъори рангини Искандар дар пеши худ мақсад гузоштам: ҳамин ки барои идомаи таҳсил ба пойтахт равам, ҳатман ба идораи ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат"рафта, бо ӯ аз наздик ошно мешавам. Ҳамин тавр ҳам кардам, вале чи мегӯед, ки ин ҳама дар саҳифаҳои хотироти ман чун орзуҳои айёми мактабӣ боқӣ монданд. Ба ман дар идораи ҳафтанома гуфтанд, ки Искандар аллакай дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия аст. Ӯ гуреза, ё ин ки муҳоҷири маҷбурӣ набуд. Баъди бархӯрдҳои хунини шаҳрвандӣ низ ба он ҷо ҷиҳати кору маблағе ба даст овардан нарафта буд. Балки дар он ҷо ба ҳайси журналист фаъолият мекард. Шаҳрвандии кишвари Русияю Тоҷикистонро дошт.

Зеро дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ Искандари Хатлонӣ Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийро хатм карда, он ҷо кору зиндагӣ менамуд. Инро ман баъдтар аз наздикону пайвандонаш фаҳмидам. Ин бахти баланд он солҳо на ба ҳар кас насиб мегардид. Искандар бошад, нахустин нафаре буд, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси хабарнигори радиои бурунмарзии "Ин ҷо Маскав", ба дили имперотурии ИҶШС (СССР) рафтаву сипас, солҳои тӯлонӣ дар радиоҳои "Би-Би-Си" ва "Озодӣ" кор карда, яке аз чеҳраҳои намоёни шеъри форсии тоҷикӣ шинохта шуд ва дар адабиёт мавқеи устувор пайдо кард. Аммо агар ҷанги шаҳрвандӣ ва нобоварӣ ба фардои нек намебуд, эҳтимол баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ба Ватан бармегашт.

Тифоқо, солҳои донишҷӯӣ зарурате пеш омаду ба шаҳри Маскав сафар кардам. Ҳангоми озими ин шаҳр шудан, яке аз дӯстони Искандар рақами телефонашро дода, хоҳиш кард, ки ба ӯ пайғом расонам. Расидан замон, ростӣ, нобоварона ба Искандар занг задам, вале дар дил бо худ мегуфтам, ки ман куҷову Хатлонӣ куҷо, шояд бо ман сухан нагӯяд. Хушбахтона, гумонам ботил баромад. Ӯ баробари шунидани лафзи тоҷикӣ шоду мамнун гардида, зудтар наздаш омаданамро хоҳиш кард. Ҳатто боисрор талаб намуд, савганд ҳам дод, ки тезтар наздаш оям.

Искандар маро ҳамчун бародари қарин, ки гӯё пас аз пазмониҳои зиёде ба дидор расида бошем, пазируфт, меҳмондорӣ кард, зиёфат орост, шеър гуфт, суруд хонд. Ин рафтори ӯро дида, он замон гуфтаи дӯсташ, ки рақами телефонашро дода буд, ёдам омад: "Дар Маскав аз Искандари Хатлонӣ дида тоҷиктар нафаре нест!". Воқеан, Искандар дар Маскав ҳам Хатлонӣ буд.

То лаҳзаи мулоқот бо ӯ дар мавриди синну солаш чандон маълумот надоштам. Танҳо аз рӯи нигоштаҳояш тасаввур мекардам, ки ҳудуди 50-55 сол дорад. Чеҳраи ӯ аз синну соли ҳақиқиаш ҳам ҷавонтар менамуд. Осори ғарибӣ дар ӯ чандон асар накарда буд. Басо нуронӣ ва чеҳракушод менамуд. Ҳамсӯҳбати худро новобаста ба синну сол то ба охир гӯш мекард.

Қаду қомати базебу тарзи либоспӯшии ба худ хос дошт, ки ҳар бинандаро мафтун мегардонд. Орӣ аз ҳама қолабҳо умр ба сар мебурд.

Ҳамон замон манзили зисти ӯ дар тангкӯчаи "Болшой Тишинский" буд. Бисёр одию хоксорона ва моломоли китобу маҷаллаю рӯзномаҳо буд. Меҳмонии ман аз шом то саҳар давом кард. Шабе буд пур аз тарона ва шеъру хотироту андеша.

Искандар воқеан зеҳни қавӣ ва хотироти рангин дошт. Ҳангоме бо тоҷикӣ, дарӣ ва ё форсӣ сӯҳбат меорост, ҳеҷ кадоме аз онҳоро бо якдигар махлут намекард.

Мегуфтанду мегӯянд, ки то ба ҳол дар пояи ӯ тарҷумон надорем. Махсусан, ин андешаро онҳое иброз медоштанду медоранд, ки ӯро хуб мешинохтанд ва ҳамроҳаш дар Афғонистону Русия кор кардаанд.

Ҳамон шаб ӯ барои ман хабареро, ки барномаи "Вести"-и шабакаи телевизионии Русия дар мавриди Тоҷикистон, аниқтараш, сабабҳои суқути тайёраи Хуҷанд-Дубай пахш кард, баробари баранда бо забони тоҷикӣ тарҷума кард.

Хуллас, аз забону адабиёт ва ҳаводису воқеоти ҷаҳон огоҳии бештар дошту мунтазам мехост онҳоро боз ҳам зиёдтар кунад. Ин шаҳодат аз он медод, ки истеъдоди дарвоқеъ фавқулоддаи ӯ дар заминаи холӣ ба вуҷуд наомадааст.

То як поси шаб сӯҳбат кардем. Ӯ дар хусуси Тоҷикистон ҳарчи бештар фаҳмидан мехост. Ҳанӯзам он суханҳоеро, ки Искандар гуфта буд, ҳеҷ аз лавҳи хотирам зудуда намегарданд:

"Дар ҳақиқат, аз даврае, ки ба хизмати аскарӣ омадам, ҷисман берун аз Тоҷикистонам, - гуфт ӯ. - Вале ҷонам, рӯҳам, равонам, ишқам, умедам, дилам берун аз Тоҷикистон нест. Гоҳи ба хоб рафтанам ба дасти рост, ба пои рост, паҳлӯи рост ба ёди шаҳомати бузурги миллати тоҷик ҳар лаҳза худро дар як пайванди наздику ногусастание бо кишварам, бо миллатам ҳис мекунам. Худро бе Тоҷикистон тасаввур карда наметавонам.

Ва, албатта, ҳаводиси рухдодаю пешомади он маро бетараф гузошта наметавонанд. Ҳамчунин, тақдири он тоҷиконе, ки дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия дар ғурбатанду кору зиндагӣ доранд, оромам намегузорад. Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамчун шаҳрванди давлати Русия ва Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистону Русия, билхоса, аз Давлату Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки бо бахши консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Маскав механизми тарзи иҷрои қарордоди душаҳрвандиро, ки миёни ҳар ду давлат ба тасвиб расидааст, ба анҷом расонанд ва тоҷикро аз таҳқиру поймоли ҳуқуқҳояш раҳо созанд.

Дар баробари Ҳукумати Русия пурталабу сахтгир бошанд. Аз он бойис, ки дар қаламрави ин сарзамин ҳамқавмон аз муносибати хунукназаронаи пулиси Маскав доимо сарсону саргардонанд. Махсусан, ашхоси ноилоҷ, ки барои бурдаи ноневу пайдо кардани ҷойи кору таҳсил ба ин ҷо меоянд, хеле ва хеле азоб мекашанд. Мехостам, ки боре лоақал, дар кӯчаи Маскав як мансабдори Тоҷикистон танҳо бимонад, бидуни ҷондор ва ба чанголи пулисе биафтаду шиносномаи ӯро тафтиш карда, ҷаримааш бандад. Ин як тараф истаду ӯро таҳқир намояд. Баъд мефаҳмад, ки тоҷик дар пойтахти давлати Русия чи қадар беиззатию беҳурматӣ мебинад, таҳқир мешавад, ҳуқуқи инсониаш чи тавр поймол мегардад. Инро дар пӯсти худаш эҳсос мекунад...".

Зиёд сари шеъру шоирӣ баҳс кардем. Аз тозатарин чакидаҳои хомааш пурсон шудам.

- Шоирӣ шуғли дӯстдоштатарини ман аст, ки фикр мекунам, дар тору пудам ҷойгузин шуда, - гуфт ӯ. Албатта, бештари лаҳзаҳои ҳаётамро сарфи он мекунам.   Андаке таваққуф карда афзуд:

- Зеро мутмаинан ба сарнавишти тӯлонии умр бовар надорам. Ва умедвор ҳастам, ки рӯзҳои неку фараҳафзо дар пеш аст. Муҳимтар аз ҳама бо кӯшишу эҳтимоми Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Комиссияи оштии миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ орзуи ҳамаи мову шумо - сулҳи пойдору Созишномаи умумии истиқрори он ба имзо расид. Ва баҳри татбиқи саривақтиву пурраи он, бойистӣ, аз як гиребон сар барорем. Боқӣ, ҳама мушкилоти дар рӯзгорамон ҷойдошта, тавассути ин амали неку хайр пушти сар хоҳад шуд.

Ман имрӯз афсӯс мехӯрам, ки он гуфтугӯе бо Искандар доштаам, аввалину охирин буд ва бароям, такроран мегӯям, ки бисёр азиз аст. Зеро дар давоми таҷрибаи беш аз бистсолаи корӣ бори нахуст мушоҳида кардаам, ки аз як нигоҳ ҳамсӯҳбатам пай мебарад, ки чӣ мехоҳам ва чӣ мепурсам. Хуллас, барои сӯҳбаташ омодагии қаблӣ дидану номгӯи пурсишҳо мураттаб додан ҳеҷ зарурат надошт. Ӯ, бешак, муждаи фардои миллат буд.

Ду нишон аз ӯ нишон аст. Якум, дарахти шеъраш, ки аз чашмаи мусаффои қалби пур аз меҳраш об хӯрдаю дуюм, духтараш Анӯша. Модари Искандар Анӯшаро дар гаҳворае, ки айёми тифлии ин фарзанди шоираш гузашта, ба воя расонидааст. Падар дар дили Русия ба ӯ забони форсии тоҷикиро омӯзонидааст, ки бо хубӣ ҳарф мезанад.

Искандар, дар ҳақиқат, умри кӯтоҳи худро сарфи эҷоди воқеӣ кардааст. Дар ашъори ватанхоҳиву ватанпарастӣ алҳол аз ӯ пештозтар адибе надорем. Нигоштаҳояш тақдиру дарду давоҳои миллату Ватани азизамонро ифода карда, бо рӯҳи замона мувофиқанд ва хуб ҳам садо медиҳанд. Аз ин рӯ, Искандар зиндаасту ба ҳушдори мо ҳар замон мегӯяд:

Ба ҷуз меҳри Ватан ишқи дигар нест,

Ба фарзандони бо азму вафодор.

Чу марде бе кафан мирад, ғаме нест,

Худо, аз бе Ватан мурдан нигаҳ дор!

Шигифтангез он аст, ки ҳунари ӯро то ба ҳол қадр накардаанду илҳоми худододашро, ки Афғонистону   Иронро тасхир кардааст, нодида мегиранд. Вагарна, чаро пас аз даҳ соли беискандарӣ зимомдорони давру адабиётшиносон роҷеъ ба қатли асроромези шоир ва тавони ҳунари ӯ хомӯшӣ баргузидаанд?

Шояд ман хато кунам, вале гумон намекунам, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон боре расман ба додситонии Маскав бобати фаҳмидани натиҷаи ниҳоии қазияи қатли шоири миллат ва то ба куҷо доман кашидани он номае ирсол карда бошад? Ва оё дар ин самт коре ба пойин расидааст ё не? Мавзӯъро бояд пайгирӣ кард. Зеро қатли нафаре ҳамчун Искандари Хатлонӣ ба генотсиди як миллат баробар аст, на каму на беш!

АГАР БО ЧАШМИ ХУД НАМЕБИНЕМ, ПАС БИЁЕД БО ЧАШМИ ДИГАРОН БИНЕМ

Алиризои Қазва, Ирон

"Искандари Хатлонӣ, ки зиндагиро бармаҳал падруд гуфтааст, ба зумраи он шоироне тааллуқ дорад, ки баъди сари худ шаклҳои шеърии асил мерос мондааст. Ин гуфтаҳоро метавон ба ғазалҳои ӯ нисбат дод, ҳарчанд равияи шоириаш бештар дар "шеъри сафед"-и тамоили нозук ба чашм мерасад. Ғазали "Ҳазор Хуросон"-и ӯ, ки ба китоби таълимии Ирон ворид гардидааст, аз камолоти ғазалҳояш гувоҳӣ медиҳад".

Файз Муродӣ, рӯзноманигори афғон, Маскав

"Ҳар фарди босаводи Афғонистон, ҳар фарди китобхони Афғонистон бо шеъру гуфторҳои Искандари Хатлонӣ ошно аст. Хатлонӣ маҳбуб-ул-қулуби мардуми Афғонистон буд".

Тӯраҷи Атобакӣ, устоди Донишгоҳи Утриш, Ҳуланд

"Шоир, шоири ҷавон, пӯё, хушфикр. Бо алоқа ҳам Меҳани худашро дӯст дорад ва ҳам дунёро барои ҳамагон мехоҳад. Чунин буд Искандар. Ва мутаассифам, ки дунёи бузурги мо таҳаммули як одаме мисли Искандарро надошт. Чаро дар ин дунёи бузург ҷое барои одаме мисли Искандар наметавонад бошад? Ин пурсиши ман аст".

Носири Ориён, рӯзноманигор, аз Олмон:

Рафт он, ки офтоби ҳунарро мадор буд,

Дар рӯзгор нодираи рӯзгор буд.

Рафт он, ки аз Шаҳиду Саноиву Рӯдакӣ

В-аз Мавлавӣ ба мулки сухан ёдгор буд.

Рафт он, ки оҳ аз дили ӯ шӯъла мекашид,

Бар ҷони хастааш, ки зи ғам доғдор буд.

Бисмиллоҳ Рашидӣ, Афғонистон

"Искандари Хатлонӣ фаро расидани марги бевақташро ҳис мекард. Замоне ки дар минтақаи "Рубиловский Шоссе" зиндагӣ менамуд (соли 1996), ки фасли баҳор ва таровату сарсабзӣ буд ва дар лаби дарё бо ҳам гардиш мекардем, дидам, ки ӯ маъюсона ва парешонҳол ба сӯи сабзазор ва дарё менигарад. Сабаб пурсидам, бисёр амиқ андешиду гуфт:

- Ман акнун бо суруди бузургмарди даврони таърих ва даврони шеъру адаб, яъне Умари Хайёми Нишопурӣ бароят посух мегӯям:

Абр омаду боз бар сари сабза гирист,

Бе бодаи арғувон намебояд зист.

Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,

То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист?

Барояш гуфтам: Чаро сабзаи хоки ту? Суруди Хайёми бузург ишора ба ҳамаи мавҷудоти табиат мекунад, яъне тамоми мардум дар ин роҳ равон аст, на шахси ту.

- Ман сад дар сад бовар дорам, ки ҷашни панҷоҳсолагиамро пирӯз нахоҳам шуд, ки дар оғӯши дӯстону наздикон, фарҳангиён ва ҳаммеҳанони худ баргузор кунам.

Дубора сурудаи худашро, яъне шеъри "Ҳавои рафтанро дорам"-ро хонд:

Дар шомгоҳе абролуд

Ҳавои рафтан дорам...

Огоҳтарини ёронам нест,

Танҳо меравам...

Гуфтанд:

Сипардан натавонӣ,

Тавони рафтанро

Бояд вом бигирӣ,

Ё бимонӣ,

Ё бимирӣ,

Чорае дигар надорӣ.

Агар хобидаӣ,

В-агар бедор...

Боре

Ман паймон нашкастам,

Раҳонидам,

Раҳо бахшидам,

Рафтаму ворастам.

Дар он замон Искандари Хатлонӣ 45 сол дошт ва ба ваъдаи худ вафо кард: дар 46-солагӣ, 20 сентябри соли 2000- и мелодӣ баробар ба соли 1379 хуршедӣ ҳаётро падруд гуфт".

Самариддин АСОЗОДА, сардабири

рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97