Шӯхиҳои навбатии Шоҳинбод

Фарҳанг ва адаб 30.10.2010 09:32

_probki

НАСИҲАТ

- Илтимос, арақ нанӯшед, бо одамони тасодуфӣ дар чойхона ҳар хел гапҳои фаҳш назанед. Ба кӯча, туйю маъракаҳо рафтанӣ шавед, либосҳои нав пӯшед. Аз одамони бегона пул напурсед. Чӣ қадар даркор бошад, ман пайдо мекунам, - насиҳат кард Раҳим.

 

Асадбек насиҳати писараш, Раҳим-тоҷири маъруфро гӯш карда, ёдаш омад. Чил сол пеш ба Раҳимҷон айнан ин гапҳоро гуфта буд. Фақат фарқ дар он аст, ки Асадбек писарашро як бор хонадор кард. Аммо падараш баъди вафоти модари Раҳим 5 бор зан мегирад…

ХИДМАТ

-Мӯҳтарам даъватшаванда, аввалан ба Шумо барои иҷрои қарзи Модар Ватан - хидмат дар Қувваҳои мусаллаҳ миннатдорӣ баён мекунам. Вале, барои санҷидани дониши сиёсӣ ва ҳисси ватанпарастӣ як савол медиҳам. Чаро хидмат дар урдуро Хидмати Модар-Ватан мегӯянд? - пурсид Комиссари ҳарбӣ.

- Барои он ки ҳамаи падарон дар муҳоҷирати Русия мебошанд, - ҷавоб дод даъватшаванда.

САБУКПО

Барои чи духтари ҳамсояи мо кафшҳои баланди пошна оҳанинро мепӯшад?

- Барои он, ки ӯро сабукпо нагӯянд.

САЛОМ

-Ба Шумо салом гуфтанд!

-Кӣ?- пурсид Асадбек.

-Ман худам, -гуфт Хоркаш.

-Ба шумо саломи гарму ҷӯшон!

-Аз кӣ?

-Аз худам, -тантанавор гуфт Хоркаш.

Субҳи барвақт боз Асадбек ба Хоркаш дучор омад.

-Ба Шумо салом расонданд!

-Ба касе, ки салом расондааст, расонед, бар падараш лаънат - бо ғазаб гуфт Асадбек.

-Ба шумо падаратон, аз деҳа салом расонданд,- хандида гуфт Хоркаш.

ШИКОЯТ

Бинӣ аз болои Чашмҳо ба Ҳазрати Сар номаи шикоятӣ навишт. Дар аризаи Бинӣ омадааст, ки миллион сол боз баъди табдили Одам аз маймун Бинӣ ҳамаи бӯйҳои бадро ба худ кашида, Чашмро ҳифз намудааст. Бинӣ аз Чашмҳо товони заҳмату зарар талаб мекунад.

Дар номаи ҷавобии Чашмҳо ҳиссаи Биниро дар пешгирии бӯи бад зикр карда, ҳамзамон ба Додгоҳи Олии Сар арз карданд, ки Бинӣ бо Гулӯ корхонаи муштараки дуди сигор ташкил карда, фазои экологии атрофи Чашмҳоро вайрон мекунанд.

Адвокати Бинӣ ин иддаоро рад карда гуфт, ки баровардани дуд аз тариқи Бинӣ фақат барои наҷот додани Шуш мебошад.

Додгоҳи Олии Сар масъаларо ҳал карда натавонист. Дар натиҷа Чашмҳо корпартоӣ карданд. Бинӣ дар торикӣ ба девор бархурда шикаст.

МУРОФИА

Мурофиаи судӣ аз рӯи аризаи даъвогии Хар нисбати ҷаноби Фридрих Энгелс бо сабаби ҳозир нашудани ҷавобгар ба моҳи оянда гузошта шуд. Хотиррасон мекунем,ки ҷаноби Фридрих Энгелс эълон кардааст, ки Одам дар натиҷаи меҳнат аз ҳайвон пайдо шудааст. Хари ҷабрдида миллион сол боз шабу рӯз меҳнат карда, ба Одам табдил намешавад. Адвокати Энгелс пеш аз мурофиа гуфтааст: "Хар агар Макка равад ,боз ояд ҳамон Хар аст." Даъвои ҷаноби Энгелс аз нигоҳи илмӣ дуруст мебошад. Хар дар асл хуб меҳнат мекунад, аммо дар байни Харҳо мусобиқаи сотсиалистӣ ташкил нашудааст. Зеро як адиби машҳури тоҷик исбот кардааст: "Одам бо мусобиқа шуд Одам."

Вале дар яке аз шумораҳои гузаштаи "ЁУМ" Хар аз нияти Одамшавӣ ба сабаби як силсила террорҳо дар шарқи кишвар худдорӣ намуд.

ҚУТОС,ҲЕРОИН ВА БОБОҶОНИЁН

ё ҳафтаномаи "Суғд" даҳсола шуд.

Маро соли 1997 бо ҳамроҳи сад сар қутос аз Помир ба Хуҷанд оварданд. Қутос ҳайвонест, ки дар хунукии 50 дараҷа ҳам хӯрокашро пайдо карда метавонад. Он сол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи қутоспарварӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва Масчоҳ роҳандозӣ шуд. Қутосҳо мурданду ман шукри Худо ҳоло ҳам зинда ҳастам. Дар Хуҷанд чанд муддат намояндагии рӯзномаи "Садои мардум"-ро ба уҳда доштам. Рӯзе маро ба ҳукумати вилоят даъват карда, фаҳмонданд, ки ваколати ман қатъ гардидааст. Гӯё сардабир гуфта бошад, ки намоянда бояд сокин ва зодаи Хуҷанд бошад. Бо даъвати соҳибкори маъруф, марди маърифатпарвар Лутфулло Ёқубӣ чун муҳаррири эълонот ба кор сар кардам.

Мавҷи озодии сухан ба шимоли Тоҷикистон низ расид. Барои мардуми мо нон, рӯған ва биринҷу сухан бошад, бас аст. Аммо нархи орду рӯған боло мерафту сухан қурбашро гум мекард .Рӯзномаву маҷалаҳо, матбааҳо ва нашрияҳои хусусӣ чун занбурӯғи пас аз борони баҳорӣ рӯйиданд.

Ҷанобони хориҷӣ ҳам барои амалӣ кардани лоиҳа ва шӯстани маблағҳо бедареғ кӯмаки молӣ менамуданд. Рӯзе журналисти маъруф Абдумаҷиди Бобоҷониён ҳамроҳи шоир Ҷӯра Юсуфӣ назди ман омаданд.

Устод Бобоҷониён нахустсардабири "Тирози ҷаҳон" дар тарбияи рӯзноманигорон саҳми бузург доштанд. Ҳамзамон дар таъсиси матбуоти озод фаъолона ширкат варзиданд. Фақат як одати барои он солҳо бад доштанд. дурӯғ гуфта наметавонистанд. Барои ин ӯро аз сардабирӣ бо хоҳиши худаш пеш карданд.

-Доруфурушӣ бас будагист! Биё дар газета кор кун,-гуфт устод Бобоҷониён.

-Дар газета бемалол гӯшаи доруфурӯшӣ мекушоӣ, -илова кард Юсуфӣ.

Рӯзи дигар дар чойхонаи "Панҷшанбе" дар ҳайати се нафар газетаи "Суғд" таъсис гардид.

Аввалин муққариз ва хонандаи "Суғд" профессор Карим Абдулов буд.

Зеро ӯ чун корманди ҳукумати вилоят бисёр андешаҳояшро дар матбуоти расмӣ чоп карда наметавонист. Силсилаи мақолаҳои сиёсиаш хонандагони зиёдро пайдо кард.

Дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон профессор ба идораи ҳафтанома омад. Шахсе ба идора мақола оварда буд. Ва хоҳиш кард, ки аз имзояш калимаи "ов"-ро партофта "зода" нависанд. Профессор айнак ба чашм монда бо ғазаб гуфт:

-Додар, туро падарат назодааст- ку! Ҳамин "оф" дар фамилияат чӣ халал мерасонад. "Оф"-ҳо гум шуданду нофҳо урён шуданд...

Бо кӯшиши устод тафсирҳо ва ташреҳҳои сиёсӣ низ пайдо шуд.

Яке аз ҳамкорони содиқи мо Мирзоҳаким Қобилов буд (рӯҳашон шод бод). Қалами ӯ фавқуллода сирри мӯъҷизавӣ дошт. Ҳоло агар зинда мебуд, Амрико ва Русия ӯро дар мубориза бо терроризм истифода мекарданд. Шодравон Мирзоҳаким касеро, ки таъриф мекард, пас аз се рӯз мемурд. Чанд қаҳрамонаш мурданд. Бисёр ҳаннотон, фиребгарон аз ӯ илтиҷо мекарданд, ки онҳоро таъриф накунад. Он рӯз Мирзо дар як тафсираш "Борис Елтсин бузургтарин сиёсатмадор" навишта буд. Баъди як рӯз хабари марги Елтсин расид. Мо борҳо аз Мирзо хоҳиш кардем, ки дар ҳаққи Усома Бен Лодан як мадҳия нависад, аммо ӯ рад карда буд.

Рӯзе аз ноҳияи Масчоҳ хабар оварданд, ки сарҳадбонон дар марзи Ойбек миқдори калони маводи мухаддири ҳероин дарёфт намудаанд.

Бо супориши ҳафтанома Ҷӯра Юсуфӣ ба ноҳияи Масчоҳ рафт. Шумораи навбатии газета ба чоп омода мешуд, аммо Ҷӯрабой ҳоло дар Масчоҳ буд. Устод Абдумаҷиди Бобоҷониён хоҳиш карданд, ки ман аз нуқтаи алоқаи телефонӣ (он вақт телефони мобилиро фақат Ҷорҷ Буш дошт) ба Ҷӯра Юсуфӣ занг занам.

Телефончӣ маро бо ҳамсояи Ҷӯрабой пайваст кард.

-Бародари азиз, ба Ҷӯрабой гӯед ,ки ҳероинро зудтар фиристонад.

Баъди ин занги телефон ману Ҷӯрабой чанд бор дар идораҳои дахлдор аз куҷо шудани ҳероин хаттӣ гузориш додем.

Ба ҳар ҳол ҳероини Ҷӯра Юсуфӣ сахт¬таъсир баромад. Баъди нашри он ҳафта¬нома сад мактуб гирифт.

ИҚТИБОСҲО

*** Гӯсфанд ҷанг намекунад, барои ин сарҳад, урду, полис ва муҳофиз надорад.

*** Агар замин мефаҳмид, ки ӯро даст ба даст мефурӯшанд, тухми рустаниро бо пул қабул мекард.

*** Асадбек аввал калиди хона, баъд телефон ва аз паси он боварӣ ба занашро гум кард. Нусхаи калидро сохт, телефони нав харид, аммо боварӣ ба Холисамоҳ пайдо нашуд.

*** Дастпонаҳо тиллоӣ ва оҳанин мешаванд. Дастпонаи тиллоиро одатан дар тую маъракаҳо дар даст меове¬занд, оҳанинро фақат дар мурофиаи судӣ.

*** Тухми мурғ аз сабри мурғ чӯҷа мешавад.

*** Бародарӣ, баробарӣ, дӯстӣ аз маҳалҳои гуногунанд.

ХАБАРҲОИ МУХТАСАР

*** Дар натиҷаи музокироти тулонӣ Мирзохуҷа Аҳмадов, 30 нафар аз ҷангиён, "Фараж", "Пайкон" "Нигоҳ" ва боз се нашрияи озод силоҳашонро ба замин гузоштанд.

*** Дар 70 соли пахтакорӣ бори аввал Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон плани пахтаро иҷро намуд. Коршиносон собит кардаанд, ки ин дастовардро пахтакорон дар натиҷаи баста шудани маҷрои дарё барои НБО-и "Сангтуда-1" ба даст оварданд. Дар сурати ба кор даромадани НБО-и Роғун плани пахта 300 фоиз иҷро мешавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97