Сӯҳроб таҷассуми хислати Ҳошим Гадо аст

Фарҳанг ва адаб 27.10.2010 09:50

hoshim-gado

Ӯ ҚАРЗДОР АЗ МОСТ, Ё МО ВОМДОРИ ӮЕМ?

Ҳанӯз ду моҳ қабл ҳунарманди машҳури кино ва театри тоҷик, барандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, соҳиби нишони "Ситораи Президент", устод Ҳошим Гадо китоби тозаи хешро бо номи "Сӯҳроби ман", ки ба забони русӣ ("Мой Сухроб") иншо шудааст, бо соядаст бароям ҳадя намуд. Чандест бо ин устоди бузурги санъати тоҷик ошноӣ дорам ва ҳар боре бандаро бубинад "ту зеби актёрӣ дорӣ, ҷойи ту саҳнаи киност" гуфта, лутф мекунанд.

Албатта барои банда шунидани ин гуна ҳарфҳо аз профессор Ҳошим Гадо бойиси тафохур аст ва ба худ аҳд карда будам, ки дар бораи ин нобиғаи саҳна, Сӯҳроби Ӯ ва нақши Ҳошим Гадо дар рушди санъати кино ва театри тоҷик чизе навишта бошам. Ва инак фурсат расида, қалам ва "Сӯҳроби ман" рӯйи даст гирифтам то нуктаҳое болои коғаз бирезам, аз бузургии устод Ҳошим Гадо, аз ҳунари волову нотакрори Ӯ, аз Сӯҳроби хунинтану ормонӣ рафтаи Ӯ, аз он ки бузургон дар бораи ин Тоҷики Бузург чӣ андеша доранд. Як ихлосманди устод бо исми Ирина Эляшева аз Чехистон барояш навиштааст:

"Ман дур аз Шумо ҳастаму Шуморо дар филми "Рустам ва Сӯҳроб" сӣ бор, сесад бор ва шояд бештар аз ин дидаам. Ман дар ҳусни зебои Шумо мемирам. Марди ҳақиқӣ ("супер- мужчина") Ҳошим- Сӯҳроб!"

Тобистони соли равон китоби хотироти устод Ҳошим зери унвони "Сӯҳроби ман" аз тариқи нашриёти "Шӯҷоиён" ба чоп расид. Ин китоби бузургҳаҷм аксҳои зиёдеро, ки таърихи зиндаву гӯёи рӯйи саҳна омадани нақши Сӯҳроб аст, дар хеш ғунҷоиш дода, он расмҳо аз тавлиди филми "Рустам ва Сӯҳроб", аз заҳмати сангину бедорхобиҳои офарандаи нақши мондагор - Сӯҳроб қисса мекунанд. Устод Ҳошим Гадо ҳунарманди баландовоза, зодаи деҳи Порвори ҷамоати Дашти Ҷам буда, бо маҳорату истеъдоди волои худододаш дар замони султаи Шӯравӣ, ки шӯҳратёр гардидану ному иззат касб кардан, ба хусус дар санъати кино хеле душвор буд, ба авҷи шӯҳрату овоза расид. Ӯ он замон дар Тоҷикистон ва дар миёни элитаи фарҳангии 15 кишвари Шӯравӣ аз эҳтироми баланд бархӯрдор буд, Ӯ азизу ошнои ҳама буд, мо тоҷикон дар ҳар гӯшаи Ватани бекарону бузурги хеш- Иттиҳоди Шӯравӣ бо ному кори ин ҳамшаҳрии баландболову боистеъдоди хеш ифтихор мекардем. Номи Ӯ дар радифи номҳои Михаил Улянов, Вячеслав Тихонов, Олег Басилашвили, Арман Ҷигарханян, Кирилл Лавров ва дигар арбоби санъати кинову театри Шӯравӣ қарор дошт. Филми "Рустам ва Сӯҳроб", ки устод Ҳошим дар ин филм нақши асосӣ- Сӯҳроби ялро бо маҳорати олӣ офаридааст, номи ин Тоҷики кӯҳистониро берун аз қаламрави хоки паҳновари Шӯравӣ бурд. Нақши Шоҳ Эдип дар намоишномаи "Эдип" саҳифаи рангину тозаеро дар фаъолияти санъаткори беҳамто, устод Ҳошим Гадо боз кард. Ҳунарманди бузург, Қаҳрамони Кори Сотсиалистӣ, барандаи Ҷойизаи Ленинӣ Кирилл Лавров пас аз тамошои намоишномаи "Эдип" гуфта буд:

"Дар бораи саҳнаҳои фоҷиавӣ зиёд шунидаву хондаам, вале баъди тамошои "Эдип", ки нақши асосиро дар он Ҳошим Гадо иҷро мекунад, санъаткори бузургеро дидам, ки як фоҷиаи таърихиро бо тамоми ҷалолу ҳашамат пеши мо гузошт. Имрӯз мегӯянд, ки театр тамошогари хешро гум кардааст, театр мемирад. Театр нахоҳад мурд, то рӯзе, ки ҳунармандони бузурге мисли Ҳошим Гадо зиндаанд." Ин баҳои як тан нобиғаи кинои ҷаҳонӣ ба санъат ва истеъдоди нотакрори устод Ҳо¬шим аст. Ӯ дар театр ва кино нақшҳои зиёдеро офаридааст, ки ҳама он нақшҳо санъати баланди ҳунарварӣ доштани ин марди бузургро бозгӯ мекунанд. Мегӯянд, ки Ҳошим Гадо баъди офаридани нақши Сӯҳроб дар филми "Рустам ва Сӯҳроб", ки коргардон ва таҳиягари он бузургмарде бо номи Борис Кимёгаров мебошад, аз худ рафтаву ҳавобаланду мағрур гашта ва назараш хелеҳоро намегирифтааст. Албатта ҳар кас ба ҷойи Ҳошим Гадо мебуд, бо он шукӯҳу шӯҳрат, бо он ҷойизаву унвонҳои баланди ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқӣ, бо он ному ҷойгоҳи воло, ки Ӯро насиб гашта буд, болоназар мешуд ва то ҷое аз худ мерафт. Шояд касе Ҳошим Гадоро нашиносад, дар бораи Ӯ ҳамин гуна андешаи ғалат дошта бошад, Ӯ табиатан гарданшаху якраву мағрур аст, вале соҳиби қалби поку бекина, сарболову пурғурур аст, мисли рӯду чашмаҳо ва кӯҳсорони баланди зодгоҳаш. Вақте кас китоби хотироти устод Ҳошимро варақ мезанад дар "Сӯҳроби ман" аз азобу заҳматҳои бениҳояти эшон, аз муборизаву ихтилофоти он давру замон, аз ғадру ноадолатиҳои зимомдорони вақт, ки дар нисбати ин ҳунарманди нотакрор раво дидаанд, ба хубӣ огаҳ мегардад. Ва мо мебинем, ки Ӯ дар пеши ҳеч масъул ва зимомдоре сар хам накарда ва ҳамеша дар қавлу андешаи хеш собиту маҳкам истода. Дар замони Шӯравӣ устод Ҳошим волотарин ҷойизаву унвонҳоро аз худ кард, номи Тоҷикро бо санъати хеш баландовоза сохт ва дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳам болотарин унвон нишони "Ситораи Президент" бо амри Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон насиби Ӯ гардид. Моҳе якбору дубор Устоди Бузург Ҳошим Гадо бо ҳамон салобату гарданфарозиву гомҳои устувору вазнин, бо ҳамон халтаи чармини пур аз китобу навиштаҳо, бо чеҳраву қомати болои тоҷикона вориди бинои Муҷтамаъи табъу нашри "Шарқи озод" мегардад Ӯ чун ҳамеша саросема аст, вақт надорад. Ҳамин чанде қабл барои салому ҳолпурсӣ омаду ваъда кард, ки аз "Миллат" як мусоҳиба қарздор аст, ҳатто пиёлаи чойи ба сӯяш дарозкардаро «вақт надорам», гуфта рад кард. Мо аз устод Ҳошим Гадо қарздорем, мо масъулем, муваззафем, ки ин ҳамватани бузурги хешро қадрдонӣ бикунем.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97