Аз Бозори ҳангомаҷӯй то Бозори пушаймон

Фарҳанг ва адаб 15.10.2010 16:13

МАН ШОИРИ СОВЕТИАМ

  -Фикр мекунем, ки ин барои хонандаи шеъратон бад аст. Ӯро, ки ба пушаймонӣ рӯ ба рӯ кунед.

-Ман шоири советиам, шоири ягон ҷамъияти дигар нестам.

Ман комилан шоири шӯравиам, бинобар ҳамин ҳам, ман дар ин сохтор комилан дигар нақше надорам. Ҳар чӣ гуфтам, ҳангома кардам ва аз худогоҳӣ шеър гуфтаму аз худшиносӣ шеър гуфтаму аз замони Шӯравӣ гуфтам, баъди Шӯравӣ ман нақше надорам.

ИФРОТ КОРИ ТОҶИК НЕСТ

-Устод, ба назари Шумо ҳоло ва дар шароити имрӯз иштибоҳ аст, ки як кас дар шеър ба худшиносию худогоҳӣ даъват кунад?

-Иштибоҳ нест, аммо ҳар чӣ зиёд шавад, ифрот мешавад. Аз худшиносию худогоҳии миллат, ки мо бисёр мегӯем, ҳар рӯз ҷор мезанем, дар рӯзномаҳо аз миллат гап мезанем, аз истиқлолу ватан сухан меронем ва ҳар касе, ки бемаврид дар мавзӯи таърихӣ менависад, ин ифрот аст ва ифрот ҳамеша бар зарари мардум аст. Ҳар чизе, ки аз ҳад гузашт, ин ифрот аст. Ин кори тоҷикон нест. Ин кор дар КПСС-и собиқ яке аз пунктҳои асосии про¬г¬раммаи империалистӣ унвон мешуд, ки мардумро ба ҳа¬маи чизҳо; масалан узбак аз тоҷик ҷудо шавад, тоҷик аз қирғиз ҷудо шавад, дар байни миллатҳо ихтилоф ба вуҷуд биёяд, ихтилофи манманӣ ба вуҷуд ояд, ки онҳо дубора ба ҳам наоянд. Масалан, дар Русия тоҷиккушӣ мекунанд, ҳаминро магар русҳо мекунанд? Ин яке аз пунктҳои программаи саҳюнизм аст. Инро саҳюнистон ташкил мекунанд ва онҳо авбошоне мебошанд, ки тоҷик куштаанд, то дубора ба ҳам ҷамъ шуда, СССР ё сотсиализм насозанд. Ин ки мо қарс зада мегӯем, ки мо тоҷикем, мо қадимием, мо бузургем, мо Фирдавсӣ дорем, мо таърих дорем, мо аз Куруши кабир даъво мекунем, ин ифрот аст.

МОРО СССР ОДАМ КАРД

-Пас Сангак Сафар аз мо бештар медонистааст, ки СССР чизи хуб будааст?

-СССР давлати камбағалҳост ва ҳар касе, ки камбағал аст, медонад, ки СССР чизи хуб буд. Ҳар чи сотсиализм аст, ин давлати камбағалҳост ва СССР бузургтарин давлати камбағалҳо буд. Маро на Ирону на Афғонистон ва на Амрико одам кардааст, ҳамаи моро СССР одам кард. Босавод кард, соҳиби хона кард, духтур кард ва хӯроки бепул дод. Аммо ин корро ҳоло шумо кардан наметавонед. Ҳар кас, ки интелигент аст ва камбағал аст, тарафдори СССР аст. Аз ҷумла ман бо дилу ҷон.

-Яъне Шумо бо Владимир Путин мувофиқед, ки гуфтааст: Ҳар касеро, ки дилаш ба СССР намесӯзад, дил надорад?

-Аммо яке аз ифротгароҳои зидди СССР Путин буд.

ГУРЕЗ АЗ ФАҚРУ ФИРОР АЗ ДИН

-Дар нахустин нишасти шеърӣ ё адабие, ки чанде қабл дар китобхонаи Лоҳутӣ доир шуд, Шумо як гапе гуфтед, ки меҳвари сӯҳбатҳо шуд: «Асосан интеллигентсия ё табақаи рӯшанфикри кишварҳои ҷаҳони сеюм ба ду сабаб ба Ғарбу Амрико мераванд. Гурез аз фақр ва дуввум фирор аз дин». Рафтани шумо ба Амрико гурез аз фақр аст ё фирор аз дин?

-Қасди ман дар Душанбе зиндагӣ кардан буд, чунки дар Душанбе бо гурӯҳҳои мухталиф зиндагӣ доштам. Баъд Маскав рафтам. Дар Маскав шароит набуд, хона набуд, милисаҳо дар маҳбас маҳкам мекарданд. Дар қайди ҳамон ҷо набудем. Дар Маскав қариб даҳ бор хона ба хона кӯчидем. Мо намедонистем, ки ба Амрико меравем. Як намояндаи Салиби сурх дар як сӯҳбат гуфт, ки чӣ хел зиндагӣ мекунед? Гуфтам; аҳвол баду шаш нафар дар як хона ҳастем. Ӯ пешниҳоди сафар ба Амрикоро дод. Гуфт, ки он ҷо ҳам биҳишт нест, вале аз ин саргардонӣ беҳтар аст. Он ҷо беташвиштар аст ва он ҷо зиндагии беҳтар доштан мумкин аст. Ба маслиҳати ҳамон одам ба Амрико рафтем. Ин комилан тасодуфӣ буд. Мо бо гурӯҳи яҳудиёну арманиҳо пайваста ба Амрико сафар намудем. Дар онҷо милиса таъқиб намекунад. Дар Амрико мардум равшанфикранд, имконияти муҳоҷират дорад. Дар Амрико дин ифротӣ нест ва дар ҷамъият ягон нақше надорад. Дин дар Амрико қувват надорад ва тасаввур мекунед, ки дин нест.

РИСОЛАТИ ШОИР

-Ба назари Шумо шоире, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад бояд як рисолате дошта бошад ва он иборат аз чӣ аст?

-Мавзӯъи шоири имрӯза мавзӯъи шоири советӣ нест. Шоири имрӯз дар ҳамин сохтор, дар ҳамин ҷамъияти имрӯз, ки фаро гирифта шудааст, дар ҳамин ҷамъият шеър мегӯяд. Мавзӯъи шеъри имрӯз аз чӣ иборат аст? Муҳоҷирати мардумон ба Русия, ифтихори миллӣ ва ситоиши ҳукумат. Кадомаш беҳтар аст?

Коҳи кӯҳнаеро бод мекунем, ки як замоне бод карда будем. Аз таърих менависад, аз қаҳрамониҳои таърихӣ менависад, аз ифтихор менависад, ҳама ба як мавзӯъ ҳуҷум мекунанд. Ин мешавад ифрот. Дар Тоҷикистони ҳозир миллати пир мондааст, миллати ҷавон дар Русия аст. Ситоиши истиқлол намешавад. Бой ҳама чизро дорад ва истиқлолият барои ӯ истиқлол аст. Аммо истиқлол барои миллати камбағал чӣ аст? Як фоҷеа. Ҳарчӣ аз истиқлол ҷор занад, аз моли худаш, аз замини худаш ҷор мезанад. Барои халқи бечораи кӯчаву бозор истиқлол ҳеч чиз аст. Аробакаши бозорро истиқлолият чӣ дод? Мардикорро ягон чиз дод? Комилан ягон чиз надод.

ИСТИҚЛОЛ БА МАН ҲЕЧ ЧИЗ НАДОД

-Барои худи шумо Истиқлол чист?

- Барои ман истиқлол фоҷиа аст ва ба ман ҳеҷ чиз надод.

БА ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ БАРМЕГАШТАМ

- Агар Шумо дар Амрико мебудед ва Тоҷикистон дар ҳайъати СССР мебуд, бармегаштед?

- Бо камоли хушнудӣ. Агар дар Маскав якхонагӣ медоштам, ба Амрико намерафтам.

ЧАРО НАМЕОӢ?!

- Акнун, ки дар Душанбе хона доред, чаро намеоед?

-Акнун бачаҳо бегона шуданд ва онҳо дар ин ҷамъият тобу тоқат надоранд. Инҷо империализм аст. Инҷо капитализми соддалавҳона аст. Онҷо шакли мутараққии капитализм аст. Бачаҳо ба он одат кардаанд. Ва мо бо хотираҳои гузашта зиндагӣ мекунем.

- Магар ин барои як шоир бад нест?

- Бисёр бад аст.

- Пас чаро аз ин берун намешавед?

- Агар ҷавон мебудам, берун мешудам. Ақаллан панҷоҳ сол медоштам. Бист соли умрам дар Амрико беҳуда гузаштааст.

- Пас фикр намекунед, ки аз ин ба баъд ҳам беҳуда мегузарад?

- Аз ин ба баъд роҳ сӯйи гӯристон аст.

- Назари шумо ба алоқамандии дин ба шеър чист?

- Нафақат шеъри шоирони шумо, балки ҳамаи рӯзномаҳои шумо диниянд (ришу мулло). Ана ин кори хуб нест.

- Ин тақозои замон аст, бозор дорад, харидор дорад.

- Дин ҳамин дирӯз авҷ гирифт. Дар замони шуравӣ набуд. Медонед барои чӣ дин авҷ гирифт? Ин дин ҳам барномаи саҳюнистӣ буд. Ин барои он буд, ки аз хотираи мардум СССР- ро дур намоянд. Ба воситаи дин СССР–ро аз мағзи мардуми меҳнаткаш шӯстанд. Дин ба сивилизатсия ягон чиз дода наметавонад. Дин ба ҷамъият чӣ дода метавонад? Дар иқтисодиёт дин нол аст. Он халқе, ки дар замони феодализм буд, он замон донишгоҳ набуд, фарҳанг набуд, аммо дин буд. Дин бояд дар шеър набошад. Он ҷое, ки сиёсат, мактаб, маориф аст, дин нест. Ҳар давлате, ки пешрафта аст, дар он дин нест. Ҳар давлате, ки ақибмонда аст, дин дорад. Дар он замон ҳокими дараҷаи аввал дин буд. Ман атеистам. Атеисти двайной (дуболо) ҳастам. Атеисти советӣ ва амрикоӣ.

Мусоҳибон: Саъдии ЮСУФӢ, Адолати Мирзо

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97