Дар дили ӯ ҳазор Хуросон нуҳуфта буд…

Фарҳанг ва адаб 14.10.2010 10:36

Ин зиндагӣ ин қадар ташвишҳо дорад, ки ҳама чиз фаромӯш мешавад. Гоҳе лабханд задан, гоҳи дигар гиря кардан ва ҳамин гуна ҳатто гоҳе ғизо хӯрдан ҳам. Ҳамасола дар шурӯъи фасли пойиз, ки мусодиф ба маргу зиндагии Искандар аст.

Оре, Искандари Хатлонӣ, дӯст, бародар, ҳампеша, шоир ва билохира фарзанди фарзонаи ин миллат аст, Алишер бародари Искандарро мебинам, ки хоксорона саре ба расонаҳо мезанад ва моро аз фаро расидани фасли хушу ҳам сияҳи Искандар огаҳ мекунад. Мисле ки Искандар аз ин миллат ҳанӯз қарздор бошад. Дар ҳоле ки миллат вомдори ӯст.

Раҳматкарими азиз нақл кард, ки дар Ҷабулсироҷи Афғонистон дар як тарабхона наҳор мекардем, сарошпаз чун фаҳмид, ки аз Тоҷикистон ҳастем, гуфт, ки мо Тоҷикистонро бо исми Искандари Хатлонӣ мешиносем. Искандар хабарнигори ВВС буд ва он замон Тоҷикистонро дар кам кишварҳое ба ҳайси як давлат мешинохтанд. Аммо Искандари Хатлонӣ тавассути гузоришҳои мақбул ва дилчаспи худ тавонистааст, кишвари азизамонро дар миёни ҷомеаи форсизабон муаррифӣ кунад.

Ростӣ, хостам дар борааш чизе бингорам, аммо мутаассифона доштани шинохти камтаре дар бораи ӯ ва зиндагиномааш ин имкони пуршарафро аз ман гирифт. Агарчӣ соли 1990 буд, ки аввалин маҷмӯъааш бо хати форсиро, ки ҳанӯз бӯйи матбаа медод, бароям бо соядасте тақдим кард. Мутаассифона, он вақт бо ин хат ошноии камтаре доштам ва баъдан ҳам он китобро гум кардам, ки боз ҳам фурсати тиллоиеро бо хотироти тиллогин барои ҳамеша гум кардам, ки медонистам чӣ соядастеро бароям арзонӣ дошт.

Чанд сол муқаддам дар "Миллат" матлабе ба хотираи Искандари Хатлонӣ дар ҳамин айём нашр шуд. Мӯйсафеди лоғарандоми рангзард идораи "Миллат"-ро суроғ карда омад. Мӯйсафеди ғамзада падари Искандар буд. Ба хотири миннатдорӣ моро суроғ гирифта буд.

Падар ашк мерехту ёди ҷигарбанди дилбанд мекард ва ҳар замон сипос мегуфт моро, ки фарзанди ӯро ёд кардем. Ба падар гуфтем, сипос шуморо бод, ки ҳамчунин фарзонаписарро барои миллат арзонӣ доштед. ӯ талх гирист. Ба гиряҳои талхаш ҳанӯз ҳам дил месӯзад. Ончунон, ки он рӯз ва рӯзҳои дигар ва ҳатто имрӯз ҳам натавонистам сатре дар ин маврид бинвисам. Соле пас аз он рӯз падар ҳам рахти сафар аз ин дунё барбаст ва ҳамин гуна фурсат даст надод, ки мо барои лаҳзае меҳмони падари ҷигархун бишавем, то ӯ қиссаҳои нокардаашро дар бораи фарзонаписараш бикунаду мо бишнавем. Ҳамин гуна зиндагӣ фурсатҳоеро аз мо мегирад ва мо бехабар мемонем.

Имрӯз, 13 октябр боз ҳам зодрӯзи Искандари Хатлонист, ба ифтихори ин рӯз аз миёни нигоштаҳо охирин иншоро дар бораи ӯ аз сомонаи "Озодӣ" пайдо мекунам, ки бо муҳаббат ва бо дард нигошта шудааст, ва онро ба хотири Искандар не, ба хотири ин миллат, ки фаромӯш накунад, ки бақояш пайванд бо фарзандони фарзонааш ҳаст, мунташир мекунем. Вагарна дигар зодрӯз ва ҳам марг барои Искандар ҳеч аҳамияте надорад, падари мӯйсафедаш ҳам дигар нест, ки барои иҷрои вазифаамон аз чанд чақрим роҳ барои изҳори миннадорӣ пеши мо биёяд. Агар мо имрӯз ва фардо ҳам аз фарзандони ин миллат ёд мекунем, танҳо ба хотири гиромидошт аз онҳост на ба хотири тамаъҷӯйӣ.

Аммо ба ҳар сурат Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муваззаф аст, ки барои муаррифии ҳарчӣ бештари Искандари Хатлонӣ иқдомҳоеро рӯйи даст бигирад. Зеро танҳо ҳамин ду мисраъ шеъри ӯ кифоят мекунад, ки ӯро чун Қаҳрамони Тоҷик бишносем:

Пиндоштӣ магар, решаи пайванди ман гусаст,

Дар хуни ман ҳазор Хуросон нуҳуфтааст.

Сардабир

ХУДОЁ, БЕВАТАН МЕМИРАМ ОХИР…

21-уми сентябр даҳумин солрӯзи қатли фоҷеабори Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигори саршиноси тоҷик дар Маскав аст. Искандари Хатлонӣ, шоири тозагӯ ва хабарнигоре хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би-Би-Си гузориш медод, рӯзи 21 сентябри соли 2000 дар манзилаш дар Маскав ба тарзи ноҷавонмардона ба қатл расид. Аммо шеъри зебо ва хушоянди Искандар ҳамчунон дар хотираҳо зинда аст:

Худоё, беватан мемирам охир,

Ва бе гӯру кафан мемирам охир.

Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,

Парешонҳолу тан мемирам охир.

 КУШТОРИ МАРМУЗ

Ин мисраъҳо бозгӯи он аст, ки шодравон аз марги худ хабардор буд. 21 сентябри соли 2000- ум Искандари Хатлонӣ дар ғарибӣ дар манзиле дар гӯшае аз шаҳри Маскав бо як бераҳмӣ ба қатл расид. Марге, ки то ҳол омилону қотилони он ифшо нашудаанд. Ҳатто парвандаи қатли Искандар ду сол баъд аз ҳодиса боздошта шуд ва то кунун дақиқ нест, ки чӣ касе ва чаро боғи адаби Тоҷикистонро аз як дарахти танӯманд маҳрум сохт.

Бо он ки, ба гуфтаи Алишер Идизода, бародари Искандари марҳум қазияи мармузи қатли бародараш ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтааст, аммо Қимат Розиева, ҳамсари Искандари ҷавонмарг мегӯяд, "ман инро пайгирӣ кардам, аммо то охир ин муамморо ошкор накардам. Баръакс саволҳои бисёре пайдо кардам. Парвандаро ба иллати наёфтани қотил боздошта буданд, вале ман се-чор бор шикоят бурдам ва боз барқарор карданд ва тафтиш бурданд. Искандарро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам ва ҳар гоҳе, ки Маскав меравам, ҳатман аз додситонӣ дар ин бора пурсон мешавам".

 ХОМӯШИИ МАҚОМОТИ РУСИЯ

Ба таъкиди Мухтор Боқизода, раҳбари Созмони гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон, талошҳои ин ниҳод дар ростои расидагии қазияи қатли Искандари Хатлонӣ ба иллати саҳлангории сохторҳои масъул дар шаҳри Маскав бенатиҷа мондааст.

ӯ мегӯяд, "дар мавриди куштори бераҳмонаи Искандари Хатлонӣ борҳо ба мақомоти Русия муроҷиат кардем ва хостори расидагии қазия ва пайдо ва дастгир кардани қотили ӯ шудем. Як комиссия ҳатто ташкил шуда буд ва мо унвонии ин комиссия нома ирсол кардем, вале аз чӣ бошад, ки ҳама чиз ба ҳукми хомӯшӣ рафт, касе аз ин қазия ёд накард. Гарчанде, ки мо ҳатто аз додситонии Тоҷикистон низ дархост кардем, то бо муроҷиат ба сохторҳои масъули Русия дар пайдо кардани қотили Искандар кумак кунанд, аммо мо ягон посухе нагирифтем ва ин қазия ҳамин тавр сокит монд".

 РӯЗНОМАНИГОРЕ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ

Ҳарчанд куштори бераҳмонаи Искандари Хатлонӣ то кунун бидуни ифшо мемонад, аммо Абдуфаттоҳи Воҳид, хабарнигори тоҷик ва аз дӯстони Искандари Хатлонӣ бар ин аст, ки ёду ном ва пайкори неки Искандар ба унвони як рӯзноманигори сатҳи байналмилалӣ ҳамеша дар дилу дидаи ёру дӯстон ҷо аст: "Искандари Хатлониро аз даврони донишҷӯӣ мешиносам ва фаъолияти ӯ дар Радиои Би-Би-Си ва баъдан то охири умр дар Радиои Озодӣ худ далели хабарнигори қавӣ ва ҳирфаӣ будани Искандар аст. Матлабу гузоришҳое, ки вай дар Радиои Озодӣ омода мекард, дар чаҳорчӯби меъёрҳои журнализми байналмилалӣ ва ҳирфаӣ омода мешуданд. Ҷаҳон дар бораи ҳаёти тоҷикони Русия аз забони Искандар мешунид".

 "ГӯЯНДАИ ШЕЪРИ АСИЛИ САФЕД"

Бо он ки шодравон Искандари Хатлонӣ, як хабарнигори ҳирфаӣ маҳсуб меёфт, аммо ба бовари бисёриҳо дар Тоҷикистон ӯ шоири муваффақе ҳам буд. Абдулҳамиди Самад, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, Искандарро аз беҳтарин шоирони даҳаи 80-и қарни бист бад-ин сӯ дар адабиёти форсу тоҷик хонда ва ӯро гӯяндаи шеъри асили сафед дар адабиёти тоҷик медонад: "Искандар, шоири зиндаёди мо, чӣ афсӯс, ки бармаҳал аз байн рафт, вале аз беҳтарин шоирон ва равшанфикрон буд. Шеъраш бисёр шеъри равшан аст ва ҳам нафис. Масалан:

Маҳтоб дар лаби бом,

Як коса шири гарм аст.

Овози модари ман,

Чу бӯи шир нарм аст.

Ин мисраъҳо хеле шоирона ва нафис гуфта шудаанд. Аввалин шеъри асили сафедро, ки шеъри озод мегӯянд, Искандар гуфт. Шоири навпардоз, навгиро буд. Албатта ғазал ва дигар абёти шеърӣ дорад, аммо талош мекард, то шеъри сафед гӯяд. Дар такя ба шеъри Нимоӣ ё шеъре, ки Сӯҳроби Сипеҳрӣ гуфтааст, эҷод кардааст ва он замоне, ки Искандар чунин шеърҳо мегуфт, мардум дар Тоҷикистон, дар назар дорам муҳити адабиро, ба пазируфтани ин навъи шеърӣ омода набуданд".

 УМРЕ БОБАРАКАТ, ВАЛЕ КУТОҲ

Искандари Хатлонӣ ё Искандар Идиев зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аст ва 12 октябри соли 1954 дар хонаводаи муаллим ба дунё омадааст. Ба гуфтаи Алишер, бародари Искандари Хатлонӣ вай аз даврони мактабӣ ба шеъру шоирӣ шавқу рағбат дошт ва ин буд, ки сарнавишт Искандарро ба Институти адабии Максим Горкии Маскав бурд.

Пас аз панҷ соли таҳсил дар Маскав ба Душанбе баргашт ва муддате ҳам дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" фаъолият кард. Аммо идомаи ҷанг дар Афғонистон Искандарро ба ҳайси тарҷумон ба ин кишвар бурд. Зеро ба гуфтаи дӯстонаш, Искандар на танҳо донандаи забони модарии хеш, балки муваффақтарин тарҷумони забони русӣ ба дарӣ буд.

Дар он замони мудҳиштарин барои мардуми Афғонистон Искандар тавонист шеър бигӯяд ва маҷмуаи "Садои пои вожаҳо"-яш, ки саввумин маҷмуаи шеърии ӯст, дар Кобул дар соли 1988 ба табъ расид. Бозгашти Искандар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ба даврони горбачёвӣ ва инқилобҳои озодихоҳӣ дар бештари ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ рост омад.

Искандар ба назди оилааш ба Маскав баргашт ва ба фаъолияти хабарнигории байналмиллалӣ пардохт. Вай, ки дар даврони таҳсил дар Донишгоҳи адабии ба номи Горкий, ба унвони хабарнигори бахши бурунмарзии радиои СССР мавсум ба "Ин ҷо Маскав" кор карда буд, дар оғози даҳаи 1990 мелодӣ ба унвони хабарнигори бахши форсии радиои Би-Би-Си фаъолият кард ва аз соли 1995 то лаҳзаи марг хабарнигори муваффақи радиои Озодӣ буд.

 ОСОРИ ИСКАНДАР

Ҳамакнун аз Искандари ҷавонмарг ба ғайр аз "Садои пои вожаҳо", чанд маҷмӯаи шеърии дигар, назири "Парвоз" (1981), "Шукуфа" (1986), ва "Кушоиш" (1988) рӯи чоп омадааст. Аммо Искандар шеърҳои дигаре низ гуфтааст, ки то ба ҳол дар як маҷмӯа гирдоварӣ нашудаанд. Дар ҳамин ҳол Алишер Идизода, бародари Искандар, гуфт, маҷмӯаи наверо, ки ҳама ашъори ӯро аз овони мактабхонӣ то лаҳзаи маргаш дар бар мегирад, таҳия шуда ва интизор меравад дар соли ҷорӣ дар нашриёти "Адиб" нашр шавад.

 НАЗАРИ ХОНАНДАГОНИ СОМОНАИ "ОЗОДӣ":

Шамшод:

Умри Искандар, мисли умри булбул буд. Шеърҳояшро имрӯз одитарин тоҷик новобаста аз муаллифаш медонад. Баландии шеърро бубин, ки ҳофизе аз пардаи телевизиони Тоҷикистон мехонад:

Пиндоштӣ магар решаи пайванди ман гусаст,

Дар хуни ман ҳазор Хуросон нуҳуфтааст.

Аз ин дида дигар шеъри боғуруру пурвиқорро нахондаву нашунидаам.

 

Муҳаммадюсуф :

Соли 1995 тахминан моҳи март буд, ё апрел, дар ёдам намондааст, хабар доданд, ки дар Сафорати Тоҷикистон дар Маскав нишасти ҷониби ҳукумат бо фирориёни тоҷик баргузор мегардад.Аз мо низ хоҳиш шуд, ки иштирок намоем ва таклифу пешниҳоде бошад, расонем. Он вақт вазъи мардуми муҳоҷир ба маротиб аз баъдӣ дида хуб буд, аммо муқовимати кормандони милисаи Русия нисбати тоҷикон акнун шурӯъ мешуд ва мо ҳамаҷониба мехостем, ки ҳукумати Тоҷикистон чора бинад то миллат дар шаҳрҳои Русия хор нагардад. Назди бинои сафорат меистодам, дидам, ки аз дур бо сари хам, дар тан курткаи андозааш васеъ ва дар пой попӯши ба назарам ин ҳам аз андозааш калон Искандар меомад.Наздик шуд ва сар баланд карду сарпӯшашро ба пушт пар¬тофту мо бо ҳам бародарона оғӯш гирифтем ва дар гӯшаш шеърашро хондам.

Даричаи хунамро боз мекунам ва дар рагҳои замона фарёд мекашам! Ҳой мардум! ман-ҳои танхо бас аст, биёед Мо бошем. Табассум кард ва сар ҷумбонда пурсид, чӣ ҳол дорӣ? Гуфтам: Шукри Худованд гаштам ва боз шукр, ки туро дидам. Дар он маҳфил муовини ҳамонвақтаи вазири фарҳанг, ҳунарманди хушсадо Ҷамшед Исмоил, чанд тан аз чеҳраҳои ношиноси ҳукуматӣ ва ҳунарманди дӯстдоштаи ҳамаи мо Убайдуллохи Раҷаб, шоира Гулрухсору Соҷидаи Мирзо ва рӯзноманигорони дар Маскав буда ширкат кардем.Пас аз анҷоми нишаст, ки хушбахтона акаи Убайдулло маҳфили сардшударо гарм карду ҷонибҳоро нарм гардонид, Искандарро таклифи хона кардам ва ваъда дод, ки ҳатман рӯзе меояд, афсӯс, ки умр вафо накард ва дигар мо бознадидем.Ёдат ба хайр дӯсти азиз ва сеҳрқаламу шитобпеша. Ҷоят ҷаннати ҷовидон, эй шаҳиди вақт Искандари Хатлонӣ!

Хуршеди ҲАМДАМ

©2008 - 2022 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97