Тоҷикистон соҳиби муфтии нав шуд

Фарҳанг ва адаб 13.10.2010 11:15

5

Саидмукаррам Абдуқодир раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъйин шуд. Баъди даргузашти Амонулло Неъматзода, раиси пешини ин Шӯро дар 6-уми сентябр, ин муассисаи динии кишвар ба таври муваққат тавассути муовини ӯ Домулло Маъруфуллоҳи Раҳим роҳбарӣ мешуд. Ҳамзамон се муовин ва се мушовири раиси Шӯрои уламо низ таъин шуданд. Раиси нави Шӯрои уламо ё ба ифодаи дигар муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодиров хатмкардаи Донишгоҳи байналмиллалии Исломободи Покистон буда, қаблан дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва Кумитаи дини назди ҳукумати кишвар адои вазифа кардааст.

Маркази исломии Тоҷикистон вориси намояндагии Идораи динии мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон, маъруф ба САДУМ аст, ки ҳанӯз соли 1943 бо амри раҳбари ҳамонвақтаи Шӯравӣ Иосиф Сталин ташкил шудааст. Мардум то ба имрӯз ин идораро «қозиёт» ва раҳбарашро «муфтӣ» унвон мекунанд. То соли 1994 раҳбарони ин ниҳод аз сӯи САДУМ дар Тошканд таъин мешуданд.

Аввалин раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон Абдулмаҷиди Қорӣ, аз узбакҳои Фарғона будааст. Баъд аз ӯ Эшони Абдусаттор ва Эшони Абдурашид, аз фарғонагиҳои Тоҷикистон ва аз соли 1965 то соли 1988 Абдуллоҳ Калонзода, аз аҳли Хуҷанд ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ раҳбари ин ниҳод будаанд. Соли 1988 раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода таъин шуд ва ин намояндагӣ соли 1989 ба Қозиёти мусалмонони Тоҷикистон табдили ном кард.

Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, барои сабти номи ин идора дар оғоз ҳеч як аз мақоми ҳукуматӣ масъулиятро ба зимма нагирифт: «Намояндагии Идораи дини назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон, вазорати адлия ва дигар ниҳодҳо ба зимма нагирифтанд. Воқеан ҳам ҳатто масҷидҳоро бояд дар Маскав ба қайд мегирифтанд. Хушбахтона, Иззатулло Ҳаёев, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, гуфтанд, ки худамон бо қарори ҳукумат Низомномаи қозиётро ба қайд мегирем. Тибқи ин низомнома, раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон расман қозии мусалмонони Тоҷикистон унвон шуд».

Ҷаноби Тӯраҷонзода афзуда, ки қозиёти мусалмонон аз Тошканд истиқлолияти моливу хоҷагидориашро ба даст овард, аммо ба хотири ваҳдати мусалмонони минтақа тобеияти расмиашро ба САДУМ нигаҳ дошт. Вай афзуд, ки маҳз дар ин даврон қозиёт идораи молиявии масҷидҳо дар Тоҷикистон, фиристодани донишҷӯён ба хориҷ, нашри адабиёт ва ташкили маросими ҳаҷро ба ихтиёр гирифт. Таъйини қозии мусалмонон низ аз салоҳиятҳои Тошканд гирифта шуд ва акнун имомхатибони 17 масҷиди расмӣ дар Тоҷикистон ӯро интихоб мекарданд.

Соли 1993 идораи қозиёт аз Тошканд ҷудо шуда, ба муфтиёт табдил ёфт, ки раҳбараш Ҳоҷӣ Фатҳуллохони Шарифзода соли 1996 ба таври мармуз кушта шуд. Ба дунболи ӯ Амонуллоҳи Неъматзода ба раҳбарии ин ниҳод омад ва то вафоташ дар моҳи сентябри соли 2010 сарвари ин идораро бар ӯҳда дошт. Аммо дар соли 1997 муфтиёт ба Маркази исломии Тоҷикистон табдили ном кард ва дар назди ин марказ як Шӯрои уламои иборат аз 20 нафар таъсис ёфт. Коршиносон мегӯянд, дар ин муддат Маркази исломӣ он салоҳиятҳоеро, ки дар ибтидои солҳои 90 дошт, аз даст дод ва ба монанди даврони шӯравӣ ба як ниҳоди дастнигари ҳукумат табдил ёфт. Гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд масъулияти Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо боз ҳам меафзояд, зеро акнун барои ҳукумати Тоҷикистон як силсила чолишҳои нави идеологӣ пеш омадаанд.

МУФТИИ НАВ КИСТ?

Саидмукаррами Абдуқодир соли 1963 дар ноҳияи Темурмалик, вилояти Хатлон таваллуд шудаааст. Маълумоти ибтидоии диниро дар назди падараш гирифтааст. Дар сини 20 солагӣ Қуръони каримро ҳифз ва ба Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Тирмизӣ дохил шуда, сипас барои такмили таҳсил ба яке аз давлатҳои исломӣ рафта, дар муддати 8 сол марҳаллаи бакалавр ва магистратураро хатм намуда, дар риштаи ҳадиси Паёмбари акрам(с) номзадии худро ҳимоя кардааст.

Солҳои 2004-2005 устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ. Аз соли 2004 то 2008 ноиби авали ректор оид ба таълим ва тарбия буда, соли 2008 шӯъбаи магистратураи риштаи арабии ДМТ-ро хатм намуда, таҳсили худро дар риштаи аспирантураи Донишгоҳи мазкур идома медиҳад.

Вай бо забонҳои арабӣ, англисӣ, русӣ, ва урду сӯҳбат мекунад. Аз моҳи июли соли 2008 то моҳи августи соли 2010 мудири бахши кор бо ташкилотҳои динии Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои динии Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз моҳи август то ба ҳол ба ҳайси сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97