Шикояти Мағалмоҳ

Фарҳанг ва адаб 09.10.2010 12:28
3120

Ҳасрат

- Шавҳарам хӯрок мехӯрад, хоб меравад, телевизор тамошо мекунаду боз дар диван дароз мекашад. Безор шудам - ҳасрат кард Рафидамоҳ ба дугонааш Мағалмоҳ.

- Дугонаҷон, аз ман ҳам ҳамин хел буд. Диван, телевизору тахтаи шоҳмотро фурӯхта халос шудам.

Пас аз як ҳафта боз дугонаҳо дучор шуданд.

- Раҳмат дугонаҷон, ман аз рӯи маслиҳати шумо амал кардам.

- Дивану телевизорро фурухтед?

- Ҳа, дивану телевизорро бо шавҳарам яклухт фурӯхта халос шудам.

- Кори чатоқ кардед, маро хабар мекардед, мехаридам…

Мефурӯшам

Асадбек дар рӯзи аввале, ки раиси шаҳри Гулобод таъин шуд, ба тамошои шаҳр баромад. Дар бинои рӯ ба рӯи идораи онҳо бо ҳарфҳои калон «МЕФУРӮШАМ» ба чашм расид. Каме дуртар болои дари дӯкон низ эълони «МЕФУРӮШАМ»-ро овехтаанд. Ба бозор даромад. Дар ҳамаи дӯконҳо «ФУРӮХТА МЕШАВАД» навиштаанд. Раис ба утоқи кории сарвари бозор омад. Сабил монад, дар дари ӯ низ «ФУРӮХТА МЕШАВАД» задаанд.

- Чаро тамоми биноҳо, дӯконҳо, растаҳо, муассисаҳо фурӯхта мешаванд - бо асабоният пурсид аз муовинаш.

- Раис мебахшед, инро намедонам. Лекин дар пушти пиджаки шумо коғазе овезон аст.

Раис аз қафои пиджакаш коғазро канда хонд:

«ФУРӮХТА МЕШАВАД»…

Тафаккурсанҷ

Дар хонам мо - ман баробари хондани саҳифаи «ЁУМ» механдам, писарам баъди як соат механдад. Хушдоманам шом механдад. Завҷаам баъди ду рӯз механдад. Ақли инсон мисли 5 панҷаи инсон баробар нест.

Захира

- Ҷаноби Асадбек Гадоев, чаро шумо аз анбори хоҷагӣ 5 тонна ғалла дуздидед - пурсид судя.

- Чор тоннаву 150 килограмм, ҷаноби судя - бо табассум ҷавоб дод Асадбек.

- Фарқаш нест. Ман боз саволамро такрор мекунам. Аҳли оилаатон ин қадар ғалларо истеъмол намекунад. Чаро ба миқдори хеле калон дуздӣ кардед?

- Аввалан ин дуздӣ нест. Ман супориши раиси ноҳияро иҷро кардам. Он кас маро даъват карда, «ду сола ғалларо захира кунед» гуфт…

Модагови эрка

Тоҷики нав (Мафҳуми «тоҷики нав» ба калимаи русӣ мувофиқ нест. Дар мо «тоҷики нав» гуфта, муҳоҷири меҳнатиеро, ки аз Русия сиҳату саломат баргаштааст, меноманд. Шарҳи «ЁУМ») гӯсола хариданӣ буд. Имрӯз дар бозори чорвои шаҳри мо фақат филро пайдо карда наметавонед.

- Ин гусолаат чанд – пурсид Асадбек.

- 5 ҳазор сомонӣ, арзон намешавад.

- Марҳамат пулҳоро шуморед - бепарвоёна гуфт Асадбек.

- Лекин илтимос, гусола парвариши хоса талаб мекунад. Бедаву хӯрокиҳои омехта додан зарур - таъкид кард фурӯшанда.

- Ман гусоларо дар оғил не, дар ҳавлии барҳаво ҷо медиҳам. Субҳ ширу қаймоқ, наҳор ҳасибу панир, шом беҳтарин сабзавоти ситрусӣ. Ҳар рӯз дар ҳаммом- буғхона оббозӣ медоронам…

- Баа…бааа… Модагов даркор нест - чорпоя садо баровард зани фурӯшанда…

Газ

- Асадбек аз ду чиз; заминларза ва хушдоманаш сахт метарсид. Замин дар даҳ сол як бор меларзад. Аммо ӯ дар назди хушдоманаш ҳар рӯз меларзад. Супориши хушдоманашро зуд иҷро мекард. Субҳи барвақт хушдоманаш Рафидамоҳ супориш дод, ки плитаи гази хонаро таъмир кунад. Хайрият устои газ Улфатшоҳ дӯсти ӯ буд. Ӯ саросемавор рақами идораи газро барчид:

- Ало, ин идораи таъмири газ? Илтимос, усто Улфатшоҳ даркор!

- Бале, гӯш мекунам, Асад.

- Улфат, гази хушдоманам бӯ мекунад…

- Ин ба мо дахл надорад, ба шифохона муроҷиат кунед. Агар плита бӯ кунад, худи ҳозир меравам…

Ватанпарвар

Генерал барои санҷидани ҳисси ватандӯстии сарбозони нав сӯҳбат орост.

- Шумо сарбоз барои чи ба хидмат омадед?

- Аввалан Модар - Ватанро дифоъ мекунам. Дуюм дӯстони нав пайдо мекунам. Сеюм аз нигоҳи ҷисмонӣ обу тоб меёбам. Панҷум аз насиҳати ҳаррӯзаи модар халос мешавам. Шашум маро зӯран аз кӯчаи назди бозор боздошта оварданд…

Дар музей

Музеи адибонро аз ҳар ду самт самбӯсахонаҳо, дӯконҳои фурӯши арақ иҳота кардаанд. Сари қадам нафаҳмида баъзан ба ин ҷо даромада, арақи тоза мепурсанд. Ман ҳам дар ин ҷо шароби молдованӣ пурсидам.

- Ин ҷо музеи нависандаҳо ҳаст. Дӯкони арақ дари ҳамсоя - фаҳмонд корманди музей.

- Узр, ман ин адибонро намешиносам - ба девори пури аксҳо ишора карда пурсидам.

- Пеш мо акси адибонро меовехтем. Ҳоло ин акси хонандаҳо ҳаст. Барои акси ҳамаи адибон се гектар бино лозим аст. Аммо хонандаҳо фақат 34 нафар мондаанд -шарҳ дод корманд.

Шарм

- Асадбек, илтимос ба мағозаи «Осмон» рафта, қаҳва биёр - фармуд сардор.

- Ман он ҷо намеравам. Шарм медорам. Он ҷо занакҳо ҳастанд...

- Наход дар қарни ХХ1 мардаки каппа -калон аз занакҳо шарм дорад. Ту луб луч не-ку?

- Ман аз вай занакҳо пул қарздорам.

Эълон

Дипломи гумшудаи рақами 3456 –и Донишгоҳ бо пули нақд барои Қушоқов Каврак харида шудааст, аз эътибор соқит дониста мешавад. Ҳамзамон ШКД ноҳияи Гулобод Қушоқов Кавракро самимона ҷустуҷӯ менамояд.

Амалиёт

Дар натиҷаи амалиёти «Кӯкнор - 2010» дар ноҳияи Гулобод 6 нафар сокинон дастгир шуданд, ки Қонуни танзими расму оинҳоро дағалона вайрон карданд. Аз аҳолии кӯчаи Мастонгул 19 ҳазор доллар мусодира шуд, ки тибқи хабари фаврӣ ин маблағ барои хариди маводи мухаддир захира шудааст. Ҳамчунин 36 сар модагови дучори зукоми хук боздошт шуд. Амалиёт идома дорад.

Маънӣ

-Дадо, дирӯз Президенти Русия дар бораи маҳбусони сиёсӣ гап зад. Маҳбуси сиёсӣ аз маҳбуси муқаррарӣ чӣ фарқ дорад?

- Чи хел содда карда гӯям?! Масалан, ду нафар дузд, яке дар сари қудрату дигаре аз кӣ буданаш хабар дошта бошад, дар Русия маҳбуси сиёсӣ маҳсуб мешавад…

 

Хабарҳои мухтасар

* Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ Раисони Ҳукумати Чин дар даҳсолаи охирро барои озод намудани ин ҷумҳуриҳо аз азобу машаққати истеҳсолкунӣ ба ҷоизаи Нобелӣ пешниҳод карданд.

* Олимони Бритотиё ахиран кашфиёти илмии асрро эълон карданд. Сабаби ҷовидонӣ интихоб шудани Шер -шоҳи ҷангал бо дасти худаш хӯроки худро пайдо кардан будааст. Дар ибтидои асри Динозаврҳо худашон шикор намекарданд. Тринизаврҳо барои онҳо сайди тайёрро меоварданд. Ҳамзамон олимон сабаби пурра нест шудани динозаврҳоро истифода накардан аз хокаи дандоншӯии «Бленда мед» медонанд.

*Соҳибкори узбактабори Русия тими футболи «Арсенал»-ро шахсӣ кард. Баъди як рӯз рақибаш Миллер барои паст задани Усмонов нимҷазираи Бритониёро харид.

Наҷмиддини ШОҲИНБОД

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97