Биё, брем ба консерт, Мулломаҳмадҷон

Фарҳанг ва адаб 01.10.2010 09:43
9080

 

Самӣ-нағмасарои

дили мусулмонон

 

Қарор аст дар санаи 07- 08 октябри соли равон Самӣ ЮСУФ овозхони хушсадои маъруф ба қасди доир намудани консерт озими Душанбе шавад.

Самӣ ЮСУФ соли 1980 дар Теҳрон зода шуда, асли озарӣ дорад, ва дар Бритонё ба воя расидааст. Чеҳрааш башшошу нуронӣ аст, айнак мепӯшад ва риши кӯтоҳи тарбиятшудае дорад.

Падараш композитор ва оҳангсози шинохташудае буда, худаш Академияи шоҳии мусиқии Лондонро хатм намудааст. Инчунин Самӣ ЮСУФ доктори адабиёт низ ҳаст. Дар мусоҳибааш бо Би-Би-Сӣ Самӣ мегӯяд, ки ӯ дар синни шонздаҳсолагӣ роҳашро дар ҳаёт интихоб намуда ҳамроҳ бо дӯстонаш ба ин хулоса омадааст, ки мусиқиро дар хидмати расонидани паёми Ислом қарор диҳад.

Ҳамин тасмим дар солҳои навҷавонӣ буд, ки боис шуд Самӣ бо печ додани мусиқӣ бо «нашид» ва ё таронаи исломӣ муваффақ шавад, дар дили мусулмонон роҳ ёбад ва дар як муддати кӯтоҳ маҳбубияти беназире дар Ховари миёна,Туркия ва дигар кишварҳои олами Ислом касб намояд.

Дар соли 2003 Самӣ албоми «Ал-муаллим»-и худро баровард, ки ба ишқи Муҳаммадпайғамбар саллалоҳу алайҳи ва салам бахшида шудааст. Тамоми таронаҳои Самӣ ЮСУФ моломоли маонии динӣ ва рӯҳи шарқӣ бо омезиши бесобиқае бо мусиқӣ буда, бо садои марғуладори Самӣ ва бо забонҳои арабӣ, англисӣ, туркӣ ва форсӣ иҷро шудаанд.

Тарзи дурусти

талаффузи номи Самӣ

Бо ин ки номи Самӣ ЮСУФ дар забони мо ҳамонгуна, ки маъруф аст бо «а» баъди «С» талаффуз мешаваду навишта мешавад, вале зоҳиран ин тарзи дурусти талаффузу навиштани номи ӯ ба тоҷикӣ нест. Бо ҳарфҳои англисӣ воқеан ҳам номи ӯ «SAMI» навишта мешавад, вале бо форсӣ ба ҳарфҳои «син» ва «алиф», ки инро ҳар форсизабон «СО» мехонад. Пас талаффузи дурусташ Сомӣ ЮСУФ мешавад на Самӣ ЮСУФ. Дар Тоҷикистон номи Самӣ вуҷуд дорад, вале он аз калимаи арабии «САМЕЪ» меояд, ки дар талаффузи тоҷикон ба «САМӢ» табдил шудааст. Ба форсӣ ва арабӣ «САМЕЪ» бо «СИН+МИМ+Ё+АЙН» навишта мешавад.

Сомӣ ЮСУФ ва

«Мулломаҳмадҷон»

Сомӣ Юсуф ба забонҳои англисӣ, форсӣ ва озарӣ тасаллут дорад. Маҳз ҳамин форсигӯ будани ӯ сабаб шуд, ки аз миёни оҳангҳои форсӣ таронаи маъруфи «Биё брем ба Мазор Мулломаҳмадҷон»-и овозхони фақиди афғонӣ Сорбонро пайдо намуда клипи машҳур ба олами «Ҳасби рабби ҷаллаллоҳ Аллоҳу Аллоҳ»-ро биофаринад ва шӯҳраи офоқ гардад. Тақлидкорие, ки бештар аз аслаш таъсиргузору ҷолиб буд. «Ҳасби раббӣ ҷаллаллоҳ» асосан ҳамон оҳанги маъруфи Сорбон «Биё брем ба Мазор Мулломаҳмадҷон» аст. Ҷойи гила аз ин ҳунарманди маъруф аст, ки дар ин клипи машҳури худ, ки аслан оҳанги форсӣ аст, саҳнаҳое дар Лондону,Туркия ва Мисру Ҳиндустонро ҷой дода бо чаҳор забон: англисӣ,арабӣ,туркӣ ва урду оҳанг сохтааст, вале саҳнаеро дар Душанбеву Кобулу Теҳрон бо чанд сатр ба форсӣ дар клипаш ҷо надодааст. Чаро?

«Мӯъҷизаи Теҳрон» ё зарангии Сомӣ ЮСУФ

Сомӣ дар оғози муаррифӣ шуданаш дар Ҷаҳони Ислом бо албумҳову садову оҳангҳои ҷолибаш ҳувияти иронӣ доштанашро махфӣ нигаҳ медошт ва бештар худро ҳамчун як туркнажоди суннимазҳаб нишон медод. Ин кор дар шӯҳратёр шуданаш дар ҷаҳони арабу турку дунёи урдузабонон ӯро сахт кӯмак кард. Ирониҳо бо далоили гуногун, ки намехоҳам дар инчо ба он бипардозам дар Ҷаҳони Ислом обрӯву қабулу пазириши чандоне надоранд. Ончӣ то ҳамин наздикиҳо аз ин ҳунарманди саршинос ва ҳанҷараи камназир маъруф буд, мусулмони бритониёӣ аз асли озарӣ буданаш буд. Вале акнун, ки Сомӣ дили мусулмононро тасхир намудаасту ба соҳили шӯҳрат расидааст дар мусоҳибаҳояш бо бахши англисии Би-Би-Сӣ асрор ҳувайдо мекунад ва бо такрор зодаи Теҳрону иронӣ буданашро иброз медорад.

Шоҳи мусиқии

роки исломӣ

Баъди эътирофи ҷаҳонӣ ҳосил намудан расонаҳои ғарбӣ Сомӣ ЮСУФ-ро ҳамчун шоҳи мусиқии роки исломӣ хонданд. Лақаберо, ки шояд Сомӣ ЮСУФ барои худ написандад.Би-Би-Сӣ бошад Самӣ ЮСУФ-ро «Muslim super star-Абар ситораи мусулмон» унвон кард.

Сомӣ ЮСУФ ва

ахлоқи овозхонӣ

Сомӣ шахси диндор, мазҳабӣ ва аз ҳама муҳимаш як чеҳраи ахлоқӣ ҳаст. Ҳунару дин ва шӯҳрату покдоманиро бо ҳам омезиш додаст, дар ҳоле, ки воқеъияти рӯзгори мо шайтониву мусиқиро дар ҳам печидааст. Ахиран дар сӯҳбате, ки бо телевизёни CNN-амрикоӣ анҷом дод, як нуктаи бағоят муҳиму омӯзандаеро гуфт, ки аз забони як аҳли мусиқӣ садо доданаш хеле ҳам ҷолиб аст. Ӯ мегӯяд: «Ин, ки шумо дар клипҳои ман Сомиеро мебинед, ки ба як нобино дар убури роҳ кӯмак мекунад ва аз ҷой бархоста калонсолтареро дар мошин ҷой медиҳад, ин фақат барои сохтани як клип нест. Ин асли Сомӣ аст, ман сохтакорӣ намекунам ва воқеан ҳам дӯст медорам ба мардум кӯмак намоям. Сомие, ки дар клипҳоям ҳастам дар воқеияти зиндагиям ҳам ҳамонам».

Сомӣ ва кӯмаки

ӯ ба зарардидаҳои

обхезии Покистон

Далеле, ки сидқи гуфтаҳои Сомиро исбот мекунад, ин иқдоми рамазонии ӯст. Сомӣ бо шунидану дидани хабарҳои обхезӣ дар Покистон ва мутаасиру хонабардӯш шудани ҳазорҳо аҳолии ин сарзамини мусулмоннишин камари ҳиммат басту консертҳое доир намуда, маблағғҳои онро ба зарардидаҳо фиристод. Ба саволи провокативии хабарнигорони ғарбӣ, ки «наметарсӣ маблағҳоят ба дасти даҳшатгардон биафтад?» бо далерӣ посух дод, ки «мо бояд байни даҳшатгардону мардумони одии хонабардӯш шуда фарқ гузорем ва эҳсоси масъулият намоем».

Сомӣ ва сиёсат

Сомӣ ҳунарманди боҳушу зираке ҳаст. Донишманду огоҳ. Тавре худаш мегӯяд: «Ман медонам, ки менталитети як ҷавони бритониёӣ аз як мисриву туркӣ чӣ тафовутҳое дорад». Ин хеле муҳим аст барои як ҳунарманд, ки ин ҳама тафовутҳоро балад бошад. Ӯ аз таҳаввулоти сиёсӣ ва қазияҳои доғи ҷаҳон ба хубӣ огоҳӣ дорад, вале ҳаргиз ба касе иҷозат намедиҳад, ки аз ному сумъаташ суйи истифода барад ва ё ӯро шахси худаш муаррифӣ намояд. Ҳисобашро аз тамоми бозиҳои сиёсӣ ҷудо кардааст ва ҳамчун як ҳунарманди бо истеъдод худашро матраҳ намудааст. Аммо бо ин ҳама аз таҳаввулоти муҳиме, ки дар ҷаҳони Ислом мешаванд, худро ҳаргиз дар канор намегирад ва мисли ҳунармандони имрӯзӣ машғули майу маъшуқ ва аз хоҷагии ду олам озод нест.

Сомӣ ва

Фаластину ҳиҷоб

Сомӣ дарду сӯз ва ҷавру ҷафоҳое, ки бар мардуми азияткашидаи Фаластин мегузарадро бо сӯзи садояш аҷин намуда, барои онҳо оҳанге бахшидааст, ки бошад, ки дар рӯзи ҷазо соябони сараш шавад. Аз тарафи дигар тақрибан соле пеш ва баъди афзоиши исломбадбинӣ дар кишварҳои Ғарбӣ, ӯ барои бонувони ҳиҷобпӯши мусулмон, ки бахотири ба ҷо овардани фармудаи шариъат таҳқирҳову фишорҳое мебинанд низ оҳанги ҷолиберо клип намудааст, ки аз диданитарини клипҳояш ҳаст, вале боястӣ инглисӣ донист то чӣ гуфтанашро фаҳмид. Сомӣ аз забони ҳиҷобпӯшон ба фишору таҳқироварандагон хитоб намуда аз ҷумла чунин мегӯяд:

What goes through

your mind?

As you sit there

looking at me?

Well I can tell from

your looks

That you think I am

so oppressed

But I don’t need for you

to liberate me

My had is not bare,

And you can’t

see my covered hair.

…………….

But you are not aware,

Under that scarf I wear.

I have feelings and I do care,

So don’t you see?

That I am truly free

This piece of scarf on me,

I wear so proudly.

Бар зеҳну хотират

чӣ мегузарад?

Вақте ба сӯйи

ман менигарӣ?

Аз нигоҳат пайдост,

ки мепиндорӣ

Ман хеле хору залилам,                 

                   вале намехоҳам.

Ту маро озод намоӣ,

сари ман луч нест,

Ва ту наметавонӣ муйи                   

                  пӯшидаи маро бубинӣ

Ва ту огоҳ нестӣ, ки зери

                   рӯймоле, ки мепӯшам

Ман эҳсос дораму

аҳамият медиҳам,

Пас магар намебинӣ?

Кӣ ман воқеан ҳам озодам,

Ва ин порчаи рӯймолро,

Бо ифтихор мебандам….

 

Консерт

барои муллоҳо

Дар торихи тамоми консертҳое, ки дар Кохи Борбад то ҳол баргузор шудаанд, ин бори нахуст аст, ки ин ҳунарманди мусулмон, ки мусиқиро дар оғӯши дин парвариш додааст, консерте баргузор мекунад, ки муллоҳову ҳиҷобпӯшон низ бебок дар сафу навбати консерт меистанду аз ҳунари ӯ лаззат мебаранд. Бодо чунин бодо!!!

Саъдии ЮСУФӢ

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97