ХУШДОМАНИ ТИЛЛОИИ АСАДБЕК

Фарҳанг ва адаб 12.06.2010 14:30

ҶОМАИ САЙЁР

Агар касе ҷома ва тоқӣ бихарад, Асадбек медонист, ки дар маҳалла касе қазо кардааст. Додарбек ҷома ва тоқиро харида, ба хонаи Мулло Умар рафт. - Чӣ ҷойи тааҷҷуб. Магар ҷомаву тоқӣ харидан мӯъҷиза аст - пурсидам аз Асадбек. - Албатта не. Вале се сол ин ҷомаву тоқӣ 56 маротиба ба дӯкон омада рафт. Одамони азодор барои мулло ҷома ва тоқӣ мехаранд. Муло Умар баъди ду рӯз ҷомаву тоқиро баргашта бо пули нақд ба дӯкон месупорад. Ва ин силсила се сол боз идома дорад.

- Наход дар дӯкони Шумо факат як ҷомаву тоқӣ бошад? - 20 ҷомаву сад тоқӣ дорам. Лекин одамон ҳамин ҷомаро интихоб мекунанду Мулло ҳамин ҷомаро бармегардонад.

ҶОЙ

Асадбек соҳиби тарабхонаро ба наздаш хонда, ба дасташ 20 сомонӣ дод.

- Шумо пешакӣ фармоиш медиҳед - пурсид соҳиби тарабхона.

- Не. Ман ҳамроҳи арӯсам ба ин ҷо пас аз ним соат меоям. Шумо бо эҳтиром ва афсуси зиёд "Ҷойи холӣ надорем"-гӯед.

Асадбек баъди ним соат ба дабдаба аз дасти арӯси нозанинаш гирифта ба дари тарабхона наздик шуд. Соҳиби тарабхона бо эҳтиром ба ӯ салом дод. Асадбек фаҳмид, ки кор аз рӯи сенария меравад ва бо ваҷоҳати амр гуфт:

- Барои мо, лутфан, беҳтарин ҷойро омода кунед!

- Марҳамат, мизи тиллоӣ дар ихтиёри шумост. Ҳоло пешхидмат шуморо роҳнамоӣ мекунад - гуфт соҳиби тарабхона.

Чашмони Асадбек косахонаро тарк карданӣ буданд. Вале худро дошта, боз бо ишораи махсус:

- Шумо маро шинохтед? Шумо ҷои холӣ доред? Ва ноайён чашмакӣ зад.

- Ман возеҳ гуфтам, ки мизи тиллоӣ дар ихтиёри шумост!

Асадбек тоқат накарда, ба гӯши раиси тарабхона гуфт:

- Ман бо шумо маслиҳат карда будам, шумо шартномаи мардиро вайрон кардед?

- Ман тоҷир ҳастам. Шумо бист сомонӣ додед. Хушдомани ояндаатон баъди рафтани шумо 40 сомонӣ дода, ҷойро барои шумо ва арӯсатон банд карданд. Ва таъкид карданд, ки нархи хизматро баланд бардорем. Воқеан чил сомониро низ ба ҳисоби шумо зам мекунам.

ОБУ ҲАВО

- Пагоҳ ҳавои сербориш, тӯфони шадид, сели калон, дар баъзе ҷойҳо тарма ва обхезӣ дар назар дошта шудааст.

Шамоли сахт дарахтонро меғалтонд. Тӯфон хонаҳоро вайрон мекард. Сел роҳҳоро шуста мебурд. Борони сел ҳамоно беист меборид. Мардум бо доду фиғон ба чор тараф медавиданд.

Фақат Асадбек хурсанд буд. Маълумоти обу ҳавои тартибдодааш рост баромад…

ВАЗН

- Аҷиб! Шумо гуфтед, ки 56 кило вазн партофтед. Баръакс шумо хеле бардаму фарбеҳ ҳастед - бо тааҷҷуб пурсид Хоркаш аз Асадбек.

- Расо 56 килограму 500 гром. Ҳамин қадар занам- Холисамоҳ вазн дошт…

АСАБИ ОРОМ

-Табиби мӯҳтарам! Шумо гуфтед, ки арақ асаби инсонро 20 сол пештар ором мекунад. Чаро Асадбек баъди як хафта ҷон дод?

- Асаби мурда хеле ором аст - ҷавоб дод духтур.

НУҚТАИ ИВАЗ

Имрӯз 100 доллари амрикоӣ дар як рӯз 10 соҳиб иваз кард. Аммо қурбаш хамоно баланд аст. Се нафар дастгир шуданд. Ду нафар захмдорро ба шифохона бурданд. 5 нафар дар ҷустуҷӯ ҳастанд. Аммо 100 доллар боз ғайб зад. Қурбашро пайдо кардан даркор - амр дод сардори милитсия.

Қурбони кисабурро дастгир карданд. Қурби доллар хеле паст шуд…

ҶИНОЯТКОР

Ягона ҷинояткори ҷаҳонӣ, ки 2 миллиард одамонро нобуд кардааст, як ҳазору сесад сол боз дар ҷустуҷӯ аст. Ӯро ҳар рӯз пайдо мекунанду боз гум мекунанд. Одамон барои боздоштанаш ҳабсхонаҳои махсус ташкил кардаанд. Дарҳои оҳанин, даҳҳо қулфҳои замонавӣ ӯро посбонӣ мекунанд. Барои ҷустуҷӯ ва пайдо карданаш алҳол қариб чор миллиард аҳолии сайёра машғул аст. Ҷинояткор дар ҳар як давлати дунё бо номи алоҳида амал мекунад. Барои ҳарчи бештар дастгир карданаш - имрӯз 1570 нафар одамон ба қайд гирифта шудаанд.

Номи ин ҷинояткор Пул аст, ки дар ҷаҳон бо номҳои Доллар, Евро, Марка, Динор низ машҳур аст. Касе, ки ин ҷинояткорро пештар дастгир кунад, ба шӯъбаи тафтишоти ЁУМ фавран хабар диҳад.

МУЗОЯДА

Дирӯз дар ноҳияи Гулобод фурӯш-музоядаи виҷдон баргузор гардид. Дар музояда ҳазор нафар соҳибкорон, ду ҳазор нафар кормандони сохторҳои расмӣ ширкат варзиданд. Музояда бо усули англисӣ-тоҷикӣ доир шуд. 50 адад виҷдони соф ба маблағи 500 миллион доллари амрикоӣ ба фурӯш рафт.

КӮМАК ДАР РӮЗИ САХТ

Ҳамсояи наздик аз бародари дури стратегӣ беҳтар аст. Аввалин шуда аз ҳамсояҳои дилсӯзи мо - Ҷумҳурии Узбакистон ба зарардидагони офати табиии Кӯлоб дасти мадад дароз кард. 60 адад вагонҳои пурбор, ки 1 сол дар ҳудуди Узбакистон боздошта шуданд, ба Хатлон равон шуданд. Ҳамзамон Ҳукумати Узбакистон қарор додааст, ки боз ҳазор вагонро то сели оянда ғун мекунад.

АМРИ ГЕННАДИЙ ОНИШЕНКО

Сартабиби ҳифзи беҳдошти Русия Геннадий Онишенко барои пешгирии вируси фалаҷ тадбирҳои оқилона меандешад. Эмкунӣ дар Русия идома дорад. Аммо вирус ба калонсолон низ ҳамла кард. Аммо барои эмкунӣ ваксина намерасад. Аз ин ру, Геннадий Онишенко амр дод, ки ҳамаи шаҳрвандони калонсоли Русия барои пешгирӣ аз вирус тифлони то 6-солаи эмкардаро бо худ бардошта гарданд.

ГӮГИРДДУЗД

-Мо дар Осиёи Марказӣ мақоми абарқудратӣ дорем! Гапи мо барои дигар ҷумҳуриҳо бояд қонун бошад. Роҳҳои заминӣ, оҳан, ҳавоӣ ба самти Тоҷикистон пурра баста шаванд - амр кард Президент.

Баъди як моҳ Сарвазир гузориш дод:

-Мо роҳи оҳанро бастем. Марзро симхор кашидем. Дар як моҳ орд, гандум, сузишворӣ ба Тоҷикистон ворид нашуд. Аммо нарх ҳамоно муътадил, зиндагии мардум хеле баланд аст. Кор дар сохтмони НБО-и Роғун баръакс зиёдтар шуд.

- Бо пул дар дохили Тоҷикистон митингҳои эътирозӣ ташкил кунед!

- Бале, мо пули калон ҷудо карда, митинг ташкил кардем. Аммо дар митинг ҳама дар ҳаққи Роғун шеърҳо хонданд.

- Ба ман сирри ин тобоварӣ ва ватандӯстии тоҷиконро пайдо кунед!?

Сарвазир ниҳоят бо илтиҷо ба Душанбе занг зад.

- Ҳамсояҳои азиз. Сири ин дастоварди шумо дар чист?!

-Мо ягон асрори ниҳонӣ надорем. Фақт кӯшиш мекунем, ки ҳамсояҳои худро аз хатар наҷот диҳем - гуфт Вазири Тоҷикистон.

- Чи хел Моро наҷот доданиед?

- Дар ҳудуди Узбакистон 2 миллион тонна сӯзишворӣ. 6 миллион тонна масолехи оҳанин ғун шудаст. Дирӯз як нафар узви Ҷунбиши исломии Узбакистонро дастгир кардем, ки бо 5 баста гӯгирд ба Узбакистон гурехтанӣ буд. Вале боз худи ҳамон рӯз дар шимоли Тоҷикистон як шарикаш бо гӯгирд ба тарафи шумо гурехт…

...Қаторҳо фавран сӯйи Тоҷикистон роҳ гирифтанд…

ХАБАРХОИ МУХТАСАР

Роза Отунбоева то дастгир шудани Қурмонбек Боқиев Президенти якумрии Қирғизистон таъин шуд.

***

Дар ноҳияи Ванҷ фурӯши доруи хоб қатъиян манъ шуд. Зеро аз ҷунбиши мулоими замин мардум зуд хоб мераванд.

***

Ҳукумати Ҷумҳурии Узбакистон аз сабаби фаромадани тарма дар хатти роҳи оҳани Бухоро ҳаракати қаторҳоро ба Тоҷикистон манъ кард.

***

Созмони Салиби Сурх барои офатзадагони шаҳри Кӯлоб хаймаҳо такдим намуд. Дар ин хаймаҳо то 20 сол зиндагӣ кардан мумкин аст. Аммо Вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ талаб карданд, ки то расондани ёрӣ хаймаҳои мӯҳлати истифодаашон 25 - сола зарур аст.

***

Шаҳрванд Асадбек Гадоев ба кормандони милитсия арз кард, ки ҳангоми сафараш аз пойтахт ба Хуҷанд 10 кило ҳероин аз бағоҷи ӯ гум шуд.

***

Кормандони ШКД-ноҳияи Гулобод аз шиками шаҳрванд Замира 30 баста мантуи сахтаъсир пайдо карданд.

ИҚТИБОСҲО

*Яке ба кор саҳми худ мегузорад - дуввумӣ ин саҳмро медуздад.

*Барои кушодани занҷири дари дили зан ба гарданаш занчири тиллоӣ овезед.

*Дар дунё ҳайкали инқилобчиён, сарлашкароне, ки инсонҳоро куштаанд, аз ҳайкали адибон бештар аст.

*Ҳангоми ба ҷарии марг тела додани дӯстатон, ҳади аққал аз боби дӯстӣ ҳарф назанед.

*Дар ҷумҳурӣ 240 ҳазор камбизоати молӣ мавҷуд аст. Соли равон ба рӯйихатгирии камбизоатҳои ақлӣ шурӯъ мешавад.

*Ба даруни курпа нигоҳ карда пой дароз кунед. Зеро на ҳамаи мардон дар ҷевон меғунҷанд.

*Барои хари Лӯлиро об дода пулашро гирифтан, ба Лӯлӣ 20 бор СМС фиристонед.

*Ду кала дар як дег мепазанд - агар яке аз калаҳо мағз надошта бошад.

*Давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявиро сохтан хело осон, аммо мардуми демократӣ, ҳуқуқдор ва дунявиро ёфтан хеле мушкил.

*Хушбахтии Шумо бар пояи бадбахтии касе бунёд шуд.

*Дар ноҳияи Ванҷ осмон баланду замини мулоим меларзад.

*Дар дунё ягон зани хушбахт нест. Дар дунё ягон зани бадбахт нест-миёнабахтҳо хушбахтанд.

*Сабр талх аст - вале ришваи ширин дорад.

*Маош -эътирофи ҳармоҳаи Сардор аст.

*Ҳасрати муфаттиш сари қабри гумонбар: Ӯ аз худ осоре боқӣ нагузошт.

*Мағзи сар манбаи хирад мегардад - агар дар иҳотаи ӯ танаи аҳмақ набошад.


Наҷмиддини ШОҲИНБОД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97