РӮЙ СӮЙИ КАЪБА ДОРЕМ МО? ё зарурати шинохти қибла

Фарҳанг ва адаб 11.06.2010 14:05

Ислом ҷавонтарин ва охирин дини осмонӣ аз ҷониби Офаридгор барои тамоми банни Одам фурӯ фиристода шудааст. Китоби Худованд Қуръони Маҷид бузургтарин ва мукаммалтарин дастуру ҳидоят барои бани башар аст, ки асрҳо мардумро роҳнамоӣ намудаву бо ҳар дастоварди наве олимон ва бузургони соҳаҳои гуногуни илмро дар ҳайрат меандозад. Мутаассифона, баъзе муҳаққиқону олимони бо?арази ғайримусулмон ва дар бархе маврид мусулмонҳои ғарбзада пайваста кӯшиш доранд, то аққалан як иштибоҳе дар ин Китоби Маҷид ва суханону рафтори Пайғамбари акрам (с) пайдо намоянд.

Аммо бо вуҷуди талошҳо ва кофтуков?ои мухталиф то ҳанӯз натавонистаанд, ки муваффақ шаванд. Баръакс баъди ин пажӯҳишҳо аксар ноумед гардида, қисме дар бузургӣ ва ҳақ будани сухани Худованд ба зону зада, дини Исломро пазируфтаанд.

МӮЪҶИЗАИ ҚИБЛА

Мисолҳо дар ин бора зиёданд аммо мақсад аз навиштани ин матлаб танҳо дар бораи яке аз мӯъҷизоти Қуръон, яъне Каъбаи Мукаррама рӯшанӣ андохтан аст. Мусулмонон имон ба тамоми китобҳои осмонӣ ва ба хусус, Қуръон ва фармудаҳои Расули ӯ (с) бе шакку шубҳа имон доранд. Бинобар ин тамоми гуфта?ои каломи раббониро ҳақ мешуморанд. Аммо бо исботи ин гуна кушоишҳои илмӣ боз далели қавиест дар муқобили суханону афкори душманону бадбинони ин дини барҳақ. Чанде пеш ба як мақола, ки дар як ҳафтаномаи "Ас-салом" бо забони русӣ ба чашмам хурд ва бо умеди он, ки нафъе барои мардуми мусалмони тоҷик бошад ӯро ба забони тоҷикӣ гардонидам. Ин боз як кушоиши илмиест дар рӯй ба сӯи қибла гардонидани мусулмонон, ки Худованд чаҳордаҳ қарн пеш амр фармуда буд. Дар баробари итоъати амри Офаридгори хеш боз хусусиятҳои фоидаовари онро пешкаши хонандагон мегардонем:

"Дар ҷаҳон бисёре аз асрори нуҳуфтаи Ислом ва пайравони он барои мардум мавҷуд аст. Яке аз ин асрор Каъбаи муқаддас аст. Асрҳост, ки мусулмононро ин суол ки: чаро бояд ҳангоми намоз хондан рӯ ба сӯйи Каъба орем ва чаро замини атрофи Маккаро Худованд аз дигар заминҳо мақомашро болотар гардонид ва ӯро "ҳарам"- мамнӯъ номид? Барои пайдо намудани ҷавоби ин ва дигар муаммоҳо асрҳо таҳқиқоти илмӣ ва санҷишӣ аз ҷониби олимони гуногун анҷом гирифтааст. Заҳлул Наҷҷор (тав. 1933) яке аз бузургтарин муҳаққиқони мадракҳои илмии мавҷуда дар Қуръон такя ба ин ҳадиси Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва салам) намудааст.

"Макка ин ин хурдтарин пораи замин дар болои об ва тамоми хушкӣ аз инҷо паҳн гаштааст".

Олими мисрӣ, профессори Донишгоҳи ҷуғрофиёи Қоҳира дуктур Ҳусайн Камолиддин (1913-1987) ин гуфтаро тақвият дода, илман исбот намуд, ки нахуст дар натиҷаи ҷунбишҳои вулқонӣ хушкӣ дар ҳамин ҷо пайдо шуда ва аз ҳамин ҷо пайдо ва паҳн гаштааст.То он дам замин сар то сар пур аз об буд".

Инчунин дар асоси таҳқиқоти тӯлонӣ ва тарҳрезиҳои дуру дароз исбот гардид, ки Каъба ва Макка маркази асосии олам мебошанд ва исботи ин он қадар мушкилие надорад. Агар тамоми қитаъҳоро бо ҳам бипайвандем худ айён мешавад. Ин тадқиқоти илмӣ нахустин бор соли 1977 расман эълом шуд. Олимон ба чунин қарор омаданд, ки дар ҷое, ки имрӯза нимҷазираи Арабистон қарор дорад, дар қадим бузургқитаъи Гондвана мавҷуд будааст ва аз ин ҷо ба ҳафт қитъаъ тақсим гардид. Тақрибан 180 миллион сол пеш дар натиҷаи ҳаракатҳои тектоникии глобалӣ материки Гондвана пош хӯрдан гирифт ва ба ин шакли имрӯзааш, ки мо одат намудаем омада расид.

МАРКАЗИ МАҒНОТИСИИ ЗАМИН ДАР КУҶОСТ?

Ҳусайн Камолиддин инчунин овардааст, ки дар Макка ба хусус онҷое, ки Каъба сохта шудааст маркази мағнотиси (мағнотисиӣ)-и замин ҷойгир аст. Баъди аниқ намудани ин, ки агар қутбҳои мағнотисии замин тағйир ёбанд ҳам, Каъба бетағйир мемонанд, ин ақидаро қабул кард. Ӯ инро ҳангоми пайдо кардани Каъба аз тамоми нуқтаи замин ба исбот расонд.

Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи дуктур Камолиддин меридианаи мағнотисии Замин на аз рӯйи Англия (чуноне, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳисоб мекунанд), балки аз болои Макка мегузарад. Меридианаи Гринвич дар вақти табдили қутбҳои мағнотисӣ ҷойи худро иваз мекунад, аммо меридианаи болои Каъба бетағйир мемонад. Зеро меҳвари мағнотисии замин маҳз аз болои хонаи Худо мегузарад.

Дар Қуръони Карим низ Худованд, таъкид менамояд, ки ҳангоми адои намоз мусулмонон бояд рӯйҳои худро ҷониби Каъба бигардонанд. Дар сураи Бақара, ояти 144 мефармояд: Пас рӯятро ба тарафи Масҷидулҳаром гардон ва ҳар куҷое бошед ба сӯйи он рӯ оваред. Дар ин бора Пайғамбари акрам (с) низ борҳо таъкид кардааст.

Ҳамчунин илм исбот намуда, ки дар бадани инсон низ меридианаҳои мағнотисӣ вуҷуд доранд. Бархӯрди онҳо бо хатҳои мағнотисии замин ё гузаштани онҳо ба ҷисми инсон таъсирҳои мусбат ва манфӣ мерасонад. Маълум аст, ки Пайғамбар (с) кӯшиш менамуд, ки дар анҷоми корҳои нек: ҳангоми сӯҳбат, дуъо, адои намоз ва хобидан бештар рӯ ба сӯйи қибла бошад. Дар анҷоми корҳои ғайримашрӯъ бошад, таъкид менамуд, ки аз қибла инҳироф намоянд…

Фарзияе низ байни олимон маъруф аст, ки гардиши ҳоҷиён дар атрофии Каъба муқобили гардиши ақрабаки соат сурат мегирад ва ин ба гардиши тамоми сайёрагони афлок ҳамранг аст. Аз ин рӯ, донишмандон чунин андеша доранд, ки мазмуни ҳадиси Пайғамбари акрам (с), ки гуноҳони ҳоҷиён ҳангоми тавоф тоза гашта, чун тифли навзод мегарданд, шояд ба ин маъност, ки ҳангоми гирдгардӣ дар атрофи меҳвари замин, иттилооти манфӣ аз доираи андешаи фарди мӯъмин зудуда мешаванд.

Албатта ин гуфтаҳо то ҳадде аз гумон беш нестанд. Лек таърихи ҳазорсолаи Ислом исбот намудааст, ки дар ҳар гуфтаи Офаридгор маънии бузург ва ҳикмати беандозаеро шомил аст.

НАМОЗ БА СӮЙИ ҒАРБ

Масъалаи дарёфти қибла ё ба кадом сӯ намозро адо намудани мусулмонони Тоҷикистон масъалаест, ки то ба ҳол ҳалли худро дар ин ҷомеа пайдо нанамудааст. Бисёриҳо аз надонистани илми ҷуғрофиё ё дур будан аз васоили нави илмҳои нуҷум ва амсоли он то ба ҳол ин масъаларо дар баҳс мекашанд. Ҳатто воқеаеро метавонам аз рӯзгори хеш дар Маскав нақл намоям, ки чандин бор тоҷикон рӯ ба сӯйи ғарб намоз мегузориданд. Вақте онҳоро фаҳмонданӣ мешудем, ки мо дар шимоли Макка қарор дорем ва бояд ба тарафи ҷануб намозро адо кунем, яке аз онҳо маро гуфт, ки ман "Мухтасар" хондаам ва мутобиқи он китоб бояд ба офтобнишаст намоз хонем.

Ҳарчанд таъкид намудам нашуд. Ҳатто мавридҳое буданд, ки дар як хона ба ду гурӯҳ ҷудо шуда ниме ба Аврупо ва ниме ба ҷануб намозро бо навбат ҷамоъат намуда мехонданд. Сабабгори асосии ин носозиҳо бештар ҳамон муллобачаҳои ба қавли худашон "Мухтасархон"-и якраве мебошанд, ки аз илми ҷуғрофиё ва нуҷум, ки бузургони дини ислом қарнҳо пеш омӯхтаву истифода менамуданд, бехабаранд.

Аз ин рӯ, ба таври мукаммал ва барои рӯшноӣ андохтан сари ин масъала кӯшиш менамоем то назари олимони дин ва мутахассисини соҳаҳои вобаста ба дарёфти қибларо дар шумораи оянда пешкаши хонадагони гиромӣ намоем.


Аъзамшоҳи ҚӮҚАНШОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97