СКИ: НИҲОДИ ЗАЪИФ, ВАЛЕ ОЯНДАДОР Ё чаро ин созмон ба ҳалли мушкили кишварҳои узв бе тавваҷуҳ аст?

Фарҳанг ва адаб 08.06.2010 13:50

ТАҲАВВУЛИ ТАЪРИХӢ

Рӯзҳои 18-20 майи соли ҷорӣ шаҳри Душанбе мизбони 37-умин нишасти вузарои хориҷии Созмони конфронси исломӣ (СКИ) шуд. Дар конфронси мазкур вазирони хориҷӣ ва намояндагони 57 кишвари узви СКИ ва дигар намояндагону нозирон тақрибан аз 100 кишвари дигар ширкат варзиданд. Экмелиддин Иҳсаноглу дабири кулли СКИ дар нутқи оғозини хеш Тоҷикистонро барои аввалин мизбони конфронси исломӣ дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи марказӣ будан табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни истиқбол аз баргузории нишасти вузарои хориҷии СКИ дар Тоҷикистон хостори нақши фаъол доштани созмони мазкур дар таъмини амният шуд.

Аз ташкили созмони мазкур 40 сол мегузарад вале нахустин бор аст, ки СКИ дар қаламрави ҷумҳуриҳои ОМ ва он ҳам дар шаҳри Душанбе нишасте баргузор мекунад. Ин як таҳаввули таърихӣ барои Тоҷикистон аст, ки аз бардоштани гомҳои бузург дар самти исломии сиёсати хориҷии кишвари Тоҷикистон дарак медиҳад.

Абдулло Юлдошов муовини вазири хориҷии Тоҷикистон дар мусоҳибааш бо телевизиони "Ҷаҳоннамо" баргузоршавии 37-умин нишасти вузарои хориҷии кишварҳои узви СКИ дар Душанберо "муваффақияти дипломатсияи тоҷик" хонд.

ДУШАНБЕ -ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ

Зоҳиран баъди соли 2009-ро ҳамчун соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудан тавассути Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони илмиву фарҳанги кишварҳои исломӣ ИСЕСКО ба хотири истиқболу қадрдонӣ аз ин иқдоми ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанберо ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 эълон намуд.

Аз тарафи дигар ин дар воқеъ як навъ арҷгузорӣ ба хадамоти гузаштагону ниёкони тоҷикон ба илму фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар тӯли торихи ислом низ мебошад.

МУАРРИФИИ БЕШТАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОНИ ИСЛОМ

Гарчанде СКИ дар ҳалли мушкилоти умдаву ҳассос ва асосии кишварҳои исломӣ нақши муассире надорад ва алалхусус дар баҳси обу бунёди тарҳҳои энержие, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, вале баргузории нишасти вузарои хориҷии СКИ дар Душанбе дар муаррифии бештари Тоҷикистон дар Ҷаҳони Ислом нақши муҳим бозид.

Дар вебсайту сомонаҳои гуногун оид ба баргузоршавии нишасти мазкур матолибе ба нашр расид, ки яке аз нукоти муҳимми он "Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Миёна дар мизбонии СКИ" буд.

ИМЕҶИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН

Бо ин ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун як кишвари дунявӣ бо ағлабияти аҳолии мусулмон мешиносанд, вале баъди таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам дар соли гузашта ва баргузории конфронси мазкур ва эълон шудани Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 имеҷи динии Тоҷикистон дар кившарҳои исломӣ бештар шуд.

Чунин иқдомҳо метавонанд нигоҳи мардуму кишварҳои гуногуни исломиро ба Тоҷикистон гармтар кунанд ва роҳро барои ҳамкориҳои гуногун ҳамвор созанд, ки ин албатта ба суди кишвари мост.

СОЗМОНИ КОНФРОНСИ ИСЛОМӢ ОҶИЗ АЗ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

37-умин нишасти вузарои хориҷаи СКИ дар ҳоле дар пойтахти кишвари мо баргузор шуд, ки доғтарин масъалаҳо ва қазияву мушкилоти ҷаҳонӣ умдатан дар сарзаминҳои мусулмоннишин ва кишварҳои узви СКИ ба назар мерасанд. Аз даргириҳои Фаластину Ироқу Сомалӣ то ҷангҳои Афғонистону Покистон ва нооромиҳои Кашмиру нотинҷиҳои Қирғизистон.

Ихтилофҳои сиёсиву мазҳабиву қавмӣ ва ҷиҳатгириҳои минтақавӣ аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки дар олами Исломӣ фаровон ба назар мерасанд ва СКИ дар ҳалли он оҷиз аст.

Гарчанде аъзои СКИ аз лиҳози ҷуғрофиёӣ на танҳо паҳнои бузургеро дар ҷаҳон ташкил мекунанд, балки дар васати олам ва дар мақеи аз лиҳози стратегӣ (Осиё, Аврупо ва Африқо) муҳим ҷойгир шудаанд.

Бештари захираҳои энержии ҷаҳонӣ низ дар Олами Ислом мавҷуданд аммо бо ин ҳама.....

ТАҶАММУЪИ ИҶТИМОӢ

Бо ин ки Олами Ислом бузургтарин манбаъҳову захоирро дар ҷаҳон дорост ва қувваи кори фаровону арзон дорад, вале қалами талхи тақдир бар ӯ рафтааст. СКИ дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид натавонистааст ҳатто як курсии доимӣ доштаву дар миёни созмонҳову ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мавқеъи мӯҳкаму қавӣ дошта бошад.

Бештари кишварҳои узви СКИ ҳанӯз ҳам аз лиҳози пешрафтҳои илмӣ ва фанновариву технологӣ хеле ақиб уфтодаанд ва чолишҳои дараҷаи аввали онҳо таҳсилоти ибтидоиву умумӣ, камбуди оби ошомиданӣ, заъфи системаи тандурустӣ мебошад.

Вале бо ин вуҷуд доштани созмоне барои кишварҳои мусулмон амри муҳиме ҳаст ва бешак метавон гуфт, ки вуҷуди СКИ аз адамаш беҳтар аст, вале наметавон аз ин созмон интизороти фаровон дошт ва дар маҷмӯъ нишастҳои СКИ ба ақидаи ман бештар ҷанбаи иҷтимоӣ доранд то сиёсиву иқтисодиву дигару дигар.


С.ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97