ОВОЗИ АТО ШУНИДАН АЗ ДУР ХУШ АСТ

Фарҳанг ва адаб 24.04.2010 15:24

ОВОЗИ АТО...

"28 фаврали соли равон дар интихоботи Порлумон овози интихоботии Ато Мирхоҷа гум шуд" (Аз овозаҳо)

Комисиюни Марказии интихоботӣ, барои пайдо кардани овози гумшудаи интихобкунанда Ато Мирхоҷа гурӯҳи корӣ таъсис дод. Аз рӯи тафтишоти пешакӣ овози Ато Мирхоҷа ба тарафдории номзад Назриев соати 7.40 дақиқа дар мавзеи 65 - умин километри шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб дар деҳаи Вуж гум шудааст. Овоз аз 16 ҳарф иборат буда, ранги шаффоф дошт. Аслан шоири маъруф сокини шаҳри Душанбе аст. Аммо Ато аз овони кӯдакӣ демократияи кӯҳро нағз медид. Устод барои тарафдории номзадаш ба баландтарин қуллаи Помир баромад.

Дар он ҷо овоз шунаво, шаффоф ва аксдор мебарояд. Муфатиш ошкор кард, ки шоир Ато Мирхоҷа аз овони 9-моҳагӣ барои зинда монданаш овоз додааст. Яъне собиқаи овоздиҳии шоир 56 сола аст.

Умуман, завқи интихобкунии Ато низ бениҳоят аҷиб ва хуб аст. ӯ аз байни чор зан беҳтаринашро интихоб намуд. Дар интихоби таом низ тамоми ҷузъиёти демократияро риоя мекунад. Бист сол боз аз байни оши палав, манту, шурбо ширчойро якдилона интихоб мекунад. Баъди муҳоҷирати эҷодӣ ба Душанбе аз байни 27 нашрия, се сохтор ва як Иттифоқ фақат "Нақлиёт"-ро интихоб намуд. Дар демократияи дӯстӣ низ Ато интихобкунандаи беҳтарин аст. Ҳамаи номзадҳое, ки дар интихоботи дӯстӣ Ато Мирхоҷа интихоб кардааст, дар садоқат ғалаба карданд.

Комиссиюн аниқ намуд, ки соати 8 бегоҳ овози Ато дар қуттӣ мавҷуд буд. Ҳайати комисиюн аниқ кард, ки овози интихоботии Ато Мирхоҷа аз ҷиҳати сифатнокӣ комил аст. Зеро шоир арақ намехурад, нос ва сигор намекашад. Дашному ҳақорат низ дар таркиби овоз мушоҳида нашуд. Вале Ато ба шахсе овоз додааст, ки ду моҳ пеш номзадиашро боз хондааст. Аммо қарори бозпас гирифтани номзад аз ҳавзаи интихоботӣ то деҳаи Вуж аз рӯйи имконот бояд то моҳи сентябри соли 2014 расад. Дар чунин деҳоти кӯҳистон бисёр интихобкунандагон ҳоло ҳам ба тарафдории Брежнев овоз медиҳанд.

Ахиран комиссия қарор қабул кард, ки овози интихоботии гумшудаи Ато Мирхоҷа иборат аз 16 ҳарф ва 5 овози садонок бэътибор дониста шавад. Ба шоир Ато Мирхоҷа харҷи роҳи Деҳаи Вуж- Душанбе ҷуброн карда шавад.

ЭЪЛОН

Ба диққати шаҳрвандон, корхонаҳо хешу табор расонда мешавад, ки оилаи Асадбекова Холисамоҳ, ки 20 сол пеш дар Идораи ақди никоҳ таъсис дода шуд, барҳам мехӯрад. Ҳамаи арзу шикояти хушдоман, хусур, хусурбачаҳо, боҷаҳо, янгаҳо то се рӯз қабул карда мешаванд.

МАРГИ МУТАНТАН

-Ман мурда истодаам - гиряолуд гуфт Асадбек ба занаш дар шифохона.

-Ту марди ҷасур будӣ! Дар умрат аз ягон бало наметарсидӣ. Чӣ қадар қаҳрамониҳо нишон додӣ! Чӣ илоҷ ҳамаи инсонҳо дер ё зуд мераванд, тасаллӣ дод занаш.

-НЕ, ман наметарсам! Лекин духтур маро маҷбур карда истодааст, ки вақти мурдан суруд хонда ба он дунё равам! Ин барои шӯҳрати шифохонаи онҳо даркор будааст.

МУБОРИЗА БО ГУЛИ ЛОЛА

Бо Фармони Вазорати кишоварзии Узбакистон дар ҳамаи дашту тепаҳои ҷумҳурӣ ба таври оммавӣ гули лолаи баҳорӣ нобуд карда шуд. Мутахассисони вазорат собит карданд, ки тухми гули лола ба таври қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон омадааст. Вазорат ҳамзамон изҳорот пахш кард, ки ин маърака ғарази сиёсӣ надорад.

АЛОМАТ

Корди калони кунд аз дасти Асадбек хато хӯрд. Вале ӯ чолокона кордро дар ҳаво дошта ба сақф афтидан намонд,-ин аломати бад аст. Агар корди кунд ба замин ғалтад меҳмони шумшакл мояд.

-Дадо! Дадо! Модаркалонам аз қишлоқ омаданд.

-Канӣ бо қаҳр пусид Асадбек

-Дар ошёнаи панҷум пешпо хурда афтид. Ба шифохона бурданд!!

РИЁЗИИ НАВ

-Ду зарби ду чанд мешавад?

-Панҷ рафиқ сардор!

-Дафъ шав хасис!

-Асадбек ду зарби ду чанд мешавад?

-Мисли пештара. Панҷ шуданаш даркор.

-Гум шав нобакор!

-Канӣ Акрамбек ту ҳисобот деҳ!

-Ду зарби ду се мешавад шеф!

-Офарин! Ду қисматашро ба ҷевони ман монда, яктоашро барои худат гир! Рав кор кун!

ИМТИҲОНОТИ СОЛИ 1937

Дар Донишгоҳи Осиёимиёнагии "Комисарони Шарқ" имтиҳони қабул мерафт

Раҳимбоев хурсандона аз имтиҳон баромад

-Чанд пурсиданд довталабон

-Ду, бо шодӣ ҷавоб дод Раҳимбоев.

-Аз баҳои ду чӣ хурсанд мешавӣ?

-Боқимонда номзадҳоро ишкел зада ба ҳабсхона бурданд!!!

ДАРИ НАҶОТ

Асадбек аз деҳае мегузашт. Мардумон заминро чуқур мекофтанд. Аз ғояти кунҷковӣ салом надода пурсид:

-Дар ин ҷо чӣ мековед?

-Дарвозаи халосӣ аз буҳрон! Ин даричаи наҷот аст!

-Илтимос маро ҳам наҷот диҳед. Ман низ аз 5 бонк қарздорам!!

-Бе ҷаноза даромадан мумкин не, бо қаҳр фаҳмонд саркор.

ИҶОРА

Дар толори иҷораи либосҳои арусӣ намунаҳо нав оварданд.

Холисамо барои арӯси писараш қимматтарин либосро Иҷора гирифтанӣ шуд

-Ин фата бо домани зарин ва ҳалқаҳои тиллоӣ чанд аст?

-Сесад доллар!

-Инаш чӣ қадар меистад? Ба либоси одитар ишора карда пурсид.

-5 ҳазор доллар!

-Чаро ин қадар қиммат!

-Ин либос бо арӯси 18 сола якумрӣ ба иҷора дода мешавад!!

ДАЪВОИ ШОКИРҶОН ҲАКИМОВ

Суди ноҳияи Лоҳутӣ ба сабаби ҳозир нашудани ҷавобгар нисбати аризаи даъвогии Шокирҷон Ҳакимов -муовини Раиси Ҳизби сотсиал -демократ баррасии парвандаро қатъ намуд

Чуноне ки қабл аз ин иттилоъ дода будем,16 феврал дар ҳафтаномаи маъруфи "Миллат"мусоҳибаи пеш аз интихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагон Шокирҷон Ҳакимов чоп шуда буд. Вале дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тарма нашрияро беасос боздошт. Ин ба хонандагон-интихобкунандагон заррари ҷиддии маънавӣ расонд. Тарма, боқимонда 12 нашрияро пахш накарда, фақат "Миллат"-ро боздошт. Аз ин рӯ, даъвогар Тармаро ба суд дод. Вале азбаски то дидани парванда Тарма об шуд-баррасии парванда қатъ гардид. Ҳимоятгари Тарма-Ҷаноби Борон иқрор шуд, ки дар ҳақиқат ҳафтаномаро дар таги тарма дида буд.

ҲАҚИҚАТИ ТИФЛОНА

Агар мусобиқаи ҷаҳонии дилсӯзӣ ташкил мешуд, сардори меҳрубони мо ғолиби мутлақ мебаромад. Қариб ҳар рӯз аз шароити зисту зиндагонии коргарон хабар мегирифт. Ҳатто вақташро дареғ надошта, дар ғами ҳамкорон баъзан то рӯз менишаст. Имрӯз ба хонаи мо хабаргирӣ омад. Тӯхтасин Аҳрорович сардори хоксор аст. Аз ин рӯ, дар вақти хабаргирӣ гӯшти мурғ, моҳии зағораю гулмоҳӣ тановул мекунад. Мо дастурхон оростем. Лекин ташвишамон гурбачаамон-Мурка буд. Гурбачаро ба ҳамсоя додем. Бобик-сагамонро ба саҳро бурдам. Кабки ҳилоли моро Шерафкан ба ӯҳда гирифт.

Тӯхтасин Аҳрорович ҳамроҳи муовини аввалаш Карим Холович ва мудири анбор Бозор Шомович омаданд.

Далерxони хурдсоламон дар даромадгоҳи хона гулдастаро ба меҳмонон тақдим кард. Ва шеъри дар ҳаққи сардорамон навиштаи шоири халқии маҳалларо қироат кард. Сардорамон атфолро дӯст медорад. Далерро гарм бӯсида, сари зону гузошт:

-Агар хато накунам, ту Далерҷони полвон ҳа?

-Бехато ман Далерҷон.

-Маро мешиносӣ?-ба забони кӯдакона пурсид муовини аввал.

-Мешиносам.!

-Канӣ, гӯй мо кӣ ҳастем?

-Шумо Хари калон, вай амакам Ҷиғилдон. Инаш Аҳмақи дупо.

Ҳамин лаҳза модараш ӯро торсакие зада, боғазаб гуфт:

-Беодоб. Кӣ ба ту ин гапҳои гандаро ёд дод?

-Дадом аксҳояшонро нишон дода, номҳояшонро гуфтанд…

ИҚТИБОСҲО

Намак барои баъзе одамон ҳамон вақт ширин мешавад, ки агар ба захми душманонаш пошанд.

***

Хушдоманам буҷаи оилавии соли 2010-ро тасдиқ кард. Маблағи барои ман ҷудошуда ба моддаи буҷаи давлатӣ барои таъмири китобхонаҳо баробар аст.

***

Замин дар ҳақиқат мисли тӯби футбол мудаввар аст. Ва 200 сол боз байни Амрико ва Русия лагад мехӯрад.

***

Баъди хондани тарҷумаи ҳоли Нона Бурджинадзе, Юлия Тимошенко ва Роза Отунбоева баданам бидир-бидир меларзад. Акнун ҷуръати ба занам амр додан надорам.

***

Одамони замони ибтидоӣ барои риояи мақоли "На сих сӯзад, на кабоб"-гӯштро хом мехӯрданд.



©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97