ҚИРҒИЗИСТОНИ ИСЛОМӢ ВА ИСЛОМИЁНИ ҚИРҒИЗ…

Фарҳанг ва адаб 22.04.2010 14:28

Осиёи Марказӣ аз минтақаҳои мусулмоннишин ва аз дидгоҳи сиёсӣ дар солҳои ахир ҳассос мебошад. Бо вуқӯъи инқилоби ҷадид дар Қирғизистон номи ин минтақа муҷаддадан сари забонҳо шуду васоити ахбор аз "инқилоб дар Осиёи Марказӣ" дарак доданд. Одатан, мафҳуми Осиёи Марказӣ монанди Ховари Миёна дар "ахбори гарм" шунида мешавад. Агар Ховари Миёна бо қазияи Фаластин иштиҳор ёфта бошад, Осиёи Марказӣ асосан бо ҳамсояи Афғонистон будан ва ҷойи зуҳуру гоҳо ҳузури "исломгароён" шӯҳратёр шудааст.

Инқилоби ҷадид дар Қирғизистон ва сари қудрат омадани ҳукумати нав бори дигар дорои аҳамияти стратегӣ будани минтақаро дар бозиҳои бузурги сиёсӣ бармало кард. Пештар коршиносон ҳадс мезаданд ва имрӯз ошкоро мегӯянд, ки сар задани инқилоб дар кишвари осиёии пасошӯравӣ бе мудохилаи хориҷӣ берун аз доираи имкон ҳаст. Дар сари кишварҳои мудохилагар чун асри гузаштаву чанд соли ахир ду абарқудрат: Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дониста мешаванд. Посух ба суоли "сабаби мудохила чист?", танҳо ва танҳо ин мебошад, ки ОМ ва ҷузъи ҷудонащавандаи он Қирғизистон мавқеи муҳимми стратегӣ ва саршор аз сарватҳои табиисту комҷӯён дар пайи соҳибии онанд. Кӣ ва кадом давлат ё қудрат намехоҳад, ки дар чунин як минтақа нуфуз дошта бошад?

НАҚШИ НЕРУҲОИ ИСЛОМӢ ДАР ТАҲАВВУЛОТИ МИНТАҚА

Дар ОМ пештар аз ҳама Тоҷикистон дар авоили солҳои навадуми асри бист шоҳиди инқилобу даргириҳои мардумӣ шуд ва ҷанги шаҳрвандии панҷсола камари иқтисоду амнияту аслияти онро тақрибан шикаставу афсурда кард. Дар Узбакистон инқилобиюн онгуна саркӯб шуданд, ки дигар яъсу ноумедӣ мардумро маҷбур ба итоати якумраи рақибшон кардааст. Туркманистон ҳеч гуна халалу инқилобро надид ва маҷрои зиндагонии мардумаш феълан ҳам бад нест. Қирғизҳо бори дувум аст, ки ҳукуматашонро чапа мекунанд ва ҳамоно хостори демократия ва ҷомеаи озод ҳастанд. Ҷомеае, ки аслан бояд дар ин садсола барояшон танҳо орзу бошад. Мисли орзуи коммунизм, ки ба он кассе нарасид…

Дар ҳаводиси Тоҷикистону Узбакистон аз як ҷониб асосан неруҳои исломӣ мавқеъ доштанд, вале дар Қирғизистони ҳамсоя он ба наҳвае дигар аст. Фаолияти сиёсии исломиҳо аслан дар ин кишвар ба ҳадде камранг аст, ки симои онҳо умдатан дар нишасту маросимҳои динӣ дида мешавад.

Акнун бубинем, ки оё Ислом дар Қирғизистон ҳамчун як мавзӯъ ё мавриди сиёсӣ будан метавонад ё хайр?

ИСЛОМИ СИЁСӢ ВА СИЁСАТИ ИСЛОМӢ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Ба назари Қодир Маликов, мудири Маркази мустақилли пажӯҳишӣ-аналитикии дин, ҳуқуқ ва сиёсат дар Бишкек Ислом дар Қирғизистон то ҳанӯз объекти сиёсат дар ин ҷумҳурӣ нест. Агарчанде, бо мурури замон объекти сиёсат хоҳад шуд ва то ин дам муқаддимоти он фароҳам шудаву нахустин талошҳои кор бо ҷомеаи мусулмонон анҷом гирифтааст.

Алексей Всеволодович Малашенко, муаллифи китобу мақолоти зиёд дар бораи исломи муосир ва коршиноси қазияҳои ОМ ва Қафқози Шимолӣ мегӯяд, ки таъсири исломи сиёсӣ дар Қирғизистон дар қиёс бо Тоҷикистону Узбакистон бисёр заиф аст. Дар шароити бад шудани авзоъи маишӣ ва ва тунд шудани шиддати сиёсиву иҷтимоӣ, имкон дорад, ки ҷавонон таҳти шиорҳои исломи радикалӣ зуҳур намоянд. Ба вуқӯъ пайвастани "инқилоби сабз" дар ин кишвар аз эҳтимол дур аст, аммо дар ҳаёти сиёсӣ Ислом нақши худро ҳатман мебозад.

Хатарбортарин минтақа, ки исломи радикалӣ метавонад дар он буруз намояд, ин водии Фарғона мебошад. Ин водӣ дар хоки се кишвари минтақа имтидод дорад ва манофеи кишварҳо маҳз дар ҳамин водӣ ба ҳам мехӯранд. Қисмати баҳсбарангези он дар ҳудуди Узбакистон ҷой дорад ва сар задани ҳар гуна нооромӣ дар ҳар мавзее аз ин водӣ таъсири худро ба саросари минтақа мерасонад.

Ислом дигар дар хуну раги мардуми ин минтақа даромадаву ҷой гирифтааст. Онро ҳаргиз аз мардум ҷудо кардан намешавад. Шадидтарин тазйиқот (репрессия) нисбат ба диндории ин мардум дар аҳди Сталин сурат гирифт ва хостанд, ки рӯҳонияти сокинони ин минтақаро ҳатто бо роҳи рушди фасоди ахлоқиву фаҳшу фоҳишагӣ аз байн бубаранд, аммо нашуд, ки нашуд. Рӯҳонияти мардуми ин минтақа маънои аморатхоҳӣ ё доштани хилофатро надорад, балки мардум мехоҳанд ҳаёти осоишта дошта бошанд, серу пур бошанд. Дар воқеъ ин мардум розиянд, ки зери ҳар ҳукумате, навобаста ба динӣ ё секуларӣ будан, зиндагонӣ кунанд. Танҳо хоҳони як чизанд: Давлате, ки амнияти хубу иқтисоди устувору пешрафта дошта бошад.

Аз ҳамин рӯ, агар ҳаёти иҷтимоии ин мардум беҳтар шавад, онҳо фирефтаи ҳеч гуна қудрати ҷаҳонӣ ҳам нахоҳанд шуд ва ҷойи Толибони ОМ нахоҳад шуд. Дар акси ҳол, ҳукуматҳои минтақа бояд омода бошанд, ки пойгоҳи ҷадиди Ал-Қоида маҳз водии Фарғона хоҳад буд.

ҲАЁТИ ИҶТИМОӢ ВА НАҚШИ ИСЛОМ ДАР ОН

Коршиносон ба такрор мегӯянд, ки Ислом дар ҳаёти иҷтимоӣ дар кишварҳои мусулмоннишини ОМ нақши калидӣ мебозад ва раванди сохти давлатдории миллӣ аз диёнати мардумони ин кишварҳо бетаъсир намемонад.

Коршиноси умури дин Қодир Маликов бар ин назар аст, ки нақши рӯҳониён дар истиқрору оромӣ дар Қирғизистон камранг нест ва ба хабаргузории "Кабар" гуфтааст, ки дар рӯзҳои табаддулоти давлатии 7-8-и апрел дар ин кишвар имомони масоҷид ва роҳбарони мазҳабӣ мебоист дар навбати аввал мардумро ба оромӣ фаро мехонданд.

Ӯ бар ин назар аст, ки феълан Қирғизистонро хатарҳое аз қабили ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамалоти террористӣ, мухолифатҳои миёни адёну мазҳабҳо таҳдид мекунад. Чизе, ки метавонад ингуна хатарҳоро пешгирӣ кунад, фаҳмонидани ин масоил барои мардум аз ҷониби рӯҳониён мебошад. Ӯ дар фаҳмонидани пайомади чунин хатарҳо барои мардум Калисои православии русиро бозигари нақши муҳим медонад. Ин коршиноси қирғиз тахрибкориро аз мусулмонӣ дурр медонад ва мегӯяд, ки аъмоли ҷиноӣ ва харобкорӣ аз сифатҳои фарди муъмину мусулмон нестанд.

КАМРАНГИИ ИСЛОМИ СИЁСӢ ВА ЭҲТИМОЛИ ЗУҲУРИ ИСЛОМИҲОИ ТУНДРАВ

Агарчанде камрангии исломи сиёсӣ ё сиёсати исломӣ дар Қирғизистон барои ҳама возеҳу равшан аст, вале имкони суъистифода шудани рӯҳониён ва муътақидон ба ояндаи пирӯзии Ислом дар кишварҳои минтақа метавонад, аз авомиле бошад, ки боиси шиддат ёфтани норизоятии мардум аз ҳукумати вақт шавад ва ягон неруи пурқуввати бегона ҷиҳати таъмиқи манофеи худ дар ин хитта "Ал-Қоида"-и худро пойгоҳ диҳад. Масалан, ононе, ки исломиёни тундрав қаламдод мешаванд, аз қабили Ҳизбуттаҳрир ё Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ, ки гаҳ-гоҳ аз вуҷуди хеш дар ин қисмати водии Фарғона аз худ дарак медиҳанд. Ё ба таври содатар бигӯем, замина вуҷуд дорад. Ки гуфта метавонад, ки ба Вазиристон мубаддал шудани водии Фарғона аз имкон берун аст? Албатта, дар ин водӣ, ки мардум бори фақру нодорӣ мекашанд, ҳар таҳаввулотеро мунтазир шудан имкон дорад…


З. ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97