«ҚАЗОҚИСТОН-АСРИ XXI»

Фарҳанг ва адаб 15.04.2010 12:34

Рӯзи 14 уми апрел дар Маркази матбуоти ҷумҳурияии «Иттилоот ва муошират» маҳфили рӯнамои маҷаллаи маълумотии «Қазоқистон – асри ХХ1» бо иштироки намояндагони дипломатӣ, вазоратхонаҳои кишвар, донишмандон ва хабарнигорони дохиливу хориҷӣ доир гардид. Адолати Мирзо, раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон - «Афрӯз» зимни муаррифи ин маҷалла иброз дошт, ки ин интишори маҷаллаи мазкур иқдоми нахустинест, ки «Афрӯз» ҳамакнун бардоштааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф муталеъ сохтани мухотабони форсизабон ба фазои иттилоотии кишварҳо будааст.

Ӯ афзуд, ки кори аввал ҳатман орӣ аз иштибоҳ нест ва дар тарҳҳои минбаъда, ки Анҷуман ният дорад идома бидиҳад, ин иштибоҳот ислоҳ хоҳанд шуд ва барои ислоҳи ин камбудҳо изҳори назарҳои коршиносон ниҳоят муҳим аст.

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Абутолип Ахметов аз нашри маҷалла изҳори хурсандӣ кард ва иброз намуд, ки «мутмаинам, ки тарҷумаи форсии ин нашрия дар афзоиши теъдоди дӯстони Қазоқистон дар миёни ҷавомеи форсизабон мусоидат мекунад.»

Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии кишварамон низ рӯнамоии ин маҷалларо табрик гуфт ва афзуд, ки воқеан ин иқдом қобили дастгирист.

Бояд гуфт «Қазоқистон –қарни ХХ1» маҷаллаи маълумотиест, ки бо забони русӣ ва ҳам хати форсӣ нашр шудааст. Маҷалла ҳовии маълумот дар мавриди Қазоқистон, ба хусус расонаҳои ин кишвар буда, дар ростои бар маснади Раёсати САҲА баргузида шудани Қазоқистон нашр шудааст. Маҷалла бо кӯмаки молии Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон нашр шудааст. Шарҳи бештарро дар ин маврид дар шумораҳои оянда думбол кунед.



©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97