НАBРӮЗ ОҒОЗИ ХУШБАХТИСТ

Фарҳанг ва адаб 19.03.2010 20:52

Наврӯз кӯҳантарин ҷашни кишоварзист, ки бо омадани он давраи кишту кор оғоз меёбад. Ҳанӯз се ҳазор сол қабл ин ҷашни бостониро бо шукӯҳу ҷалоли хосае ҷашн мегирифтанд. Бо оғози Наврӯз мардум ба саҳро баромада ба кишту кор ва ба ниҳолшинонӣ шурӯъ мекарданд, ки ин рӯзро "рӯзи деҳқон" низ ном мебаранд. Дар Авасто оид ба рӯзи кишоварзон, ки марбут ба Наврӯз аст, ишораҳои зиёде шудааст. Аз ҷумла омадааст:

"Зардушт баробари тарғиби хирадмандиву ҷаҳоншиносии ахлоқии хеш мардумро ба парвариши зироат, деҳнишинӣ, соҳилнишинӣ, рушди кишоварзӣ ва издиёди галлаву рама даъват намуда, бардошти ҳосил аз киштаҳоро бузургтарин саъодати инсон ва пайрави ҳақиқии оини порсоӣ дар зардуштия медонад" Дар ин бора дар Готҳо чунин омада:

-"Эй Маздо, манам он касе, ки, кишоварзонро аз газанду осеби девистон нигаҳбон хоҳам буд, кишти зархорро аз офату ноамнии вуҳуш нигаҳдор бошам. Онон, ки эй Маздо ин заминро хор медоранд, ки бар ту ва он пайравони оин басе гиромӣ аст, аз гурӯҳи зиёнкорон аст".

Дар адабиёти паҳлавӣ омада, ки вақте Зардуштро пурсиданд, ки беҳтарин ҷои замин куҷост, ӯ посух дода, ки "хуштарин замин ҷоест, ки касе бештарин ғалла ва гиёҳу дарахтони мевадор бикорад, дар замини хушк об падид кунад, бештар парвариш ёфта ва бештар зоду валад намоянд, ҷое, ки сутурон дар он замин бештар бошанд".

Наврӯз торихи бисёр кӯҳан дорад ва онро ҳамчун ҷашн ҳанӯз дар қарни ҳафт, дар замони зардуштиён таҷлил менамуданд. Дар замони давлатдории Ҳахоманишҳо-асрҳои 6-7 пеш аз милод ва Сосониҳо-асрҳои 3-7 пеш аз мелод Наврӯз ҳамчун ҷашни муқаддас таҷлил мегардид. Таърихшиноси Рими қадим Страбон дар бораи ҷашни Наврӯз менависад: "Ҳанӯз дар замонҳои қадими хеле дур мардумони Варорӯд дар оташкада ҷамъ меомаданд. Дар ин рӯзи муқаддас тоҷирон дӯконҳои худро баста, косибон аз кор фориғ мешуданд ва гирди ҳам омада якдигарро бо ғизоҳое, ки дар оташ пухта мешуд, меҳмондорӣ мекарданд".

Пайдоиши Наврӯзро ба ҳарорату оташ, ки манбаи нумӯ ва пайдоишу ихтироот аст ва он ба неруи офтоб сахт бастагӣ дорад, мансуб медонанд. Ва ин ҷашни бостониро ба Зардушт алоқаманд мекунанд, ки соле як маротиба ҷашн гирифта мешуд. Тибқи ривоёти расида дар асри 6 пеш аз мелодӣ, вақте Зардушт ба Аҳурамаздо ва Кайхусрав сӯҳбат мекард ва болои тахт нишаста ба осмон баланд шуд, ба ҳар кас хушбахтиву инъом эҳдо мекард ва ин рӯзро бо номи "Рӯзи умед" ёд намуданд, ки дар маънӣ рӯзи нав ва умед ба оянда буд.

Наврӯз ҷашни ростиву покист ва неруҳои аҳриманӣ дар ин рӯз бисёр ғамгину малул мегарданд. Дар ривоёте, ки дар "Авасто" омадааст, дар ин маврид маълумоти зиёде сабт аст, ки аз оини фурӯтаниву меҳр, ишқи пок, порсоии муқаддас, зудудани афкори шуми қалбҳо ва кинаву хусумат ва соири хасоиси аҳли башар гуфтаниҳои пандомезе нигошта шудааст. Чунончӣ, бо таваллуди Зардушт ҳамаи қувваҳои аҳриманӣ ба ҳарос уфтоданд, аз пайки некиву ростӣ дар вартаи табоҳӣ қарор гирифтанд. Девони бадкору афсунгар, ки дар олами зулмот буданд, аз ваҳшат сахт ларзиданд ва ба фикри нобуд сохтани Зардушт қабл аз фурӯғаш афтоданд. Се танро аз байнашон баргузиданд, то оташсӯзие дар хонаи кӯдак анҷом диҳанд. Оташсӯзии бузурге эҷод карданд. Вақте модараш бо саросемагӣ барои наҷоти Зардушт вориди хона шуд, ӯро дар миёни анбӯҳи оташ хушу хандон ба бозӣ машғул ёфт. Девони палид нафаҳмиданд, ки оташ оташро намесӯзонад ва зоти пайғамбарӣ омехта бо оташу нури таҷаллист ва ҳар касе ин нурро касб кунад, росткор ва солики роҳи изадон шавад.

Дар солҳои 272-273 Ҳурмузд писари Шопур дар ҷадвали тақвимӣ тағйирот ворид намуд, ки бо шарофати он Наврӯз ҳар сол дар оғози фасли зебои баҳор ҷашн гирифта мешуд. То ислоҳоти Ҳурмузд як моҳ сӣ рӯзро дар бар мегирифт ва ба 6 панҷрӯза тақсим мешуд. Дар панҷрӯзаи аввал Наврӯзро подшоҳон, панҷрӯзаи дуввум мардуми хайрхоҳ, панҷрӯзаи севвум ходимони подшоҳон, панҷрӯзаи чаҳорум сарватмандону ашрофзодагон, панҷрӯзаи панҷум тоҷирону косибон, панҷрӯзаи шашум деҳқонон ҷашн мегирифтанд. Баъд аз ин ислоҳот Наврӯз соле як маротиба муддати 6 рӯз таҷлил мегардид. Шоҳ рӯзи аввал хоҳишоти мардуми одӣ, рӯзи дуввум деҳқонон, рӯзи севвум аспсаворону сипаҳсолорон, рӯзи чаҳорум аъзоёни хонаводаашро ғайр аз писарон, рӯзи панҷум писаронашро ва рӯзи шашум ашхоси бонуфузи ҷамъиятро ба ҳузури хеш мепазируфт ва ба арзу доди онҳо гӯш медод.

Тавре дар "Наврӯзнома"-и Умари Хайём омадааст, торихи пайдоиши Наврӯз аз замони яке аз подшоҳони қадими сарзамини Форс-Пешдодиён сарчашма мегирад. Анъанаи таҷлили Наврӯз бо номи Ҷамшед ёд мешавад, ки дар ин бора дар Шоҳнома ва дигар осори гаронбаҳои таърихиву адабии асрҳои мухталиф зикрҳое гардидааст. Махсусан дар "Шоҳнома" зикр шудааст, ки асри тиллоии мардум замоне буд, ки ҳафсад солагии подшоҳии Ҷамшед таҷлил мегардид ва он рӯз Наврӯз буд. Ҷамшед дар ин рӯз ба мардум ба ҷои пӯсти ҳайвонот, ки ҳамчун пӯшока истифода мекарданд, пӯшидани либосро аз абрешиму тикаҳои мухталиф ёд дод ва онҳоро ба касбу машғулиятҳо тақсим намуд, қавоиду қонунҳоро, ки тибқи онҳо бояд мардум зиндагӣ кунанд, ба танзим даровард. Дар "Авасто" гуфта мешавад, ки маҳз Ҷамшед дар Хоразм аввалин маротиба оташи муқаддаси зардуштиро фурӯзон кард. Вақте Ҷамшед барои худ аз тиллои холис тахт сохт (мувофиқи ривоёт ин аввалин тахт дар таърихи башар буд) ва онро ба кӯҳи баланде боло бурд, ҳангоми тулӯи офтоб тилло дар зери шӯои офтоб дурахшид, он рӯзро Наврӯз гуфтанд ва аз ҳамон рӯз онро ҳамчун оғози сол таҷлил намуданд.

Абурайҳони Берунӣ мутафаккир ва ҳакими бузург оид ба ҷашни Наврӯз менигорад: "Баъзе аз уламои Ирон мегӯянд: Сабаби ин, ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас, собиа ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчӣ пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд ".

Дар таҷлили ҷашнгирии Наврӯз қиссаву ривоёте гуфта шуда, ки ҳар кадом аз воқеияте дарак медиҳад, Аз ин ки ба саҳнаи торих ворид гардиданашро ҳазорсолаи панҷуми пеш аз милод гуфтаанд, тардиде нест. Гузаштагони мо ҷашнгирии Наврӯзро фоли нек медонистанд ва ҳамасола доираи таҷлили онро густариш медоданд.

Мардуми ориёитабор расм доштанд, ки дар ин ҷашни муқаддас гузаштагонашонро ёд меоварданд ва худро рӯҳан дар паҳлӯи онҳо қарор медоданд, аз зиндагии онҳо, ки бо пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек ба сар бурдаанд, ёдовар мешуданд ва ин таълимоти бузург ва саршор аз ақлу хирадро меомӯхтанд ва барои пасояндагон дар авроқҳои сангину чармин ба мерос ёдгор мегузоштанд.

Пас аз марги Зардушт Доро худро намояндаи Ахуромаздо медонист. Тамоми шоҳони Ҳахоманишӣ афкори зардуштиро қабул ва оинашро пазируфта буданд.

Яке аз зинаҳои доираи комил Спента Армаитӣ дар оини зардуштӣ мебошад. Маънои таҳтуллафзиаш хиради комил аст, вале дар таҳқиқоти муҳаққиқон онро фурӯтаниву меҳр, ишқи пок, порсоии муқаддас ва ғайра тарҷума кардаанд. Маънои истилоҳияш расидан ба хушбахтӣ ва даст ёфтан ба номи неки абадист, чун оромишу меҳри ҷаҳон, ки аз тариқи ҳамкории инсон ба Ахуромаздо ҳосил хоҳад шуд, ифода менамояд. Дар аксари таҳқиқотҳо Спента Армаитаро меҳр варзидан ба ҳама чизу ҳама кас, ба ҳама некиҳову зебоиҳои зиндагӣ пиндоштаанд, зеро он ҷаҳонорост ва фурӯғаш ҳамаи зарарҳои қалби инсонро тобон месозад, олми гетиро мисли Хуршед мунаввар мегардонад.

Агар ба таърихи гузаштаи мардумони Ховари наздик ва Миёна назар афканем, ба хубӣ мебинем, ки ҳатто дар замоне, ки дини ислом дар ин сарзаминҳо ҳукмрон гардид, натавонист дар тӯли қарнҳо суннатҳои наврӯзиро, ки мардумони ин сарзаминҳо дар хуну пӯсти худ ҷо дода буданд, барҳам занад, баракс як ҷузъи ҷудонашавандаи таъриху тамаддун ва сунани мардумони мусулмон қарор гирифт. Имрӯз дар тамоми кишварҳои мусулмонӣ Наврӯз бо номҳои мухталиф таҷлил мегардад.

Тибқи ахборе, ки аз Берунӣ расидааст, гуфта мешавад, ки дар асри 8 тафовути солшумории шамсиву қамарӣ ба ҳадде расида буд, ки ҷамъоварии хироҷ, ки тибқи муқарарот аз соли нав шурӯъ мегардид, ба даврае рост омад, ки ҷамъоварии он ғайриимкон гардид ва ин сабаб шуд, ки дар тақвими солшуморӣ дар замони Халифа Мутаваккил (843-861) ислоҳот ворид карда шуд.

Абурайҳони Берунӣ тавзиҳ медиҳад, ки чаро таҷлили Наврӯзро мусулмонон пазируфтаанд: тибқи ривоёт дар ин рӯз фариштаҳо аз оташ офарида шуда Худованд офтобро халқ кардаааст ва подшоҳон гуфтаанд, ки ин рӯзи аввали фасл аст. Дар ин рӯз шабу рӯз бо ҳам баробар мешавад, мардум ба кӯча мебароянд, хушҳолӣ мекунанд, ғизоҳоеро мехӯранд, ки аз орду равғану шакар пухта шудааст ва ҳама аз кору мушкилоти рӯзгор фориғ мегарданд.

Дар яке аз ривоятҳо омадааст, ки ба Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) дар косаи нуқрагине дар рӯзи Наврӯз ҳалво оварданд. Паёмбари гиромӣ пурсиданд, ки ин чи чизе аст, ки барои ман овардаед? Гуфтанд, форсҳо ҷашни бузурге доранд бо номи Наврӯз, ки якдигарро бо ғизову шарбату мева ва соири хӯрданиҳо зиёфат медиҳанд. Паёмбари гиромӣ ҳалворо хӯрданд ва ба ансор рӯ оварда гуфтанд, ки эй кош ҳар рӯз Наврӯз мебуд. Ин қиссаест, ки аз шаҳомату бузургии ҷашни Наврӯз, ки мардуми ориёӣ онро ба ҷаҳониён омӯзондааст, гувоҳӣ медиҳад.

Ривоят аст, ки бо фаро расидани Наврӯз тамоми фариштаҳо ба замин поин мешаванд. Онҳо ба мардум ғановату хушҳолӣ ва умедворӣ эҳдо менамоянд. Фариштагон пайки сулҳу дӯстиро ба мардум мужда меоранд ва онҳоро даъват менамоянд, ки кинаҳоро фаромӯш кунанд ва ҳама ба якдигар бародар бошанд. Дар ин рӯзи муборак поккориву сафокорӣ бо шарофати фурӯд омадани фариштаҳои нек дар байни мардум оғоз меёбад ва ҳар кадом аввалин кореро, ки анҷом медиҳанд, хонаву ҳавлиҳои худро тамиз карда, либоси идона мепӯшанд, назди ҳамдигар мераванд ва бо пайки оштӣ кинаву душманиро аз худ дур мекунанд. Зеро, шахсе, ки заррае дар дил кинаву хусумат ба шахси дигаре дошта бошад, наметавонад дар Наврӯз хушҳолу шодкому хушбахт бошад. Оғози Наврӯз, оғози хушбахтии инсон дар рӯи замин аст.

Солиёни зиёд идеологияи ҳукумрони вақт Наврӯзро ҳамчун ҷашни динӣ муаррафӣ ва таҷлили онро манъ менамуд. Ба ҳар роҳу васила мехостанд мардумро аз асли худ дур созанд ва асолатҳои миллиашонро, ки аз қарнҳои хеле дур мерос мондааст, ба дасти фаромӯшӣ супуранд. Дар ҳоле, ки Наврӯз иртиботе ба ислом надорад ва як ҷашни мардумист, ки эҳёи зиндагии навро дар рӯи замин мужда медиҳад. Дар ин бора таҳқиқотҳои зиёде анҷом ёфта, ки яке ҳам ба дин иртибот доштани Наврӯзро тасбит намекунад. Маҳз ҷашни мардумӣ буд, ки соли ҷорӣ Созмони Милали Муттаҳид расман таҷлилгирии онро дар мамолики шарқи дуру наздик бо қарори худ расмӣ гардонд ва як бори дигар собит гардид, ки Наврӯз воқеан бузургтарин ҷашни башарият дар рӯи замин аст. Ин рӯзест, ки мардум новобаста аз мавқеи иҷтимоии худ бидуни таблиғе ва ё фармоише аз хона берун меоянд ва дар баробари дигарон ба хушҳоливу тараб мепардозанд. Рӯзест, ки чеҳраҳои ғамгин ва хастаи инсон аз асорати ғаму андӯҳ наҷот меёбад. Суруду нағмахонӣ ва гулханафрӯзӣ, ки хилофи аҳкоми шаръист, аз замонҳои қадим бо Наврӯз тавъам буд ва ин рӯзро рӯзи шодиву тараб дар ниҳоди мардум дармеёбӣ, ки ҳамагӣ хушҳолу хандонанд.


Ибодуллоҳи Оқилпур
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97