АЗ САРЗАМИНҲОИ НОГУШУДА нигоҳе ба сурудаҳои Ҳабибулло Файзулло

Фарҳанг ва адаб 18.03.2010 15:46

Ҳангоме сухан аз шеъру шоир дар миён аст, нахустин суоле, ки ба зеҳн мерасад ин аст, ки ин даста аз мардумро, ки шоирашон хондаанд, чӣ афзалияту манзалатест, ки аз дигарон мутафовиташон месозад.Мардумони дигар дар хилоли рӯзгори худ хоставу нохоста ба ин тоифа бархӯрд мекунанд, аз офаридаву нигоштаи онҳо лаззат мебаранд ва гоҳо баъд аз қироати порашеъре як орзуи ҳасратолуде дар ботини эшон пайдо мешавад, ки эй кош, онҳо ҳам метавонистанд мисли шоирон сухан бигӯянд, дунёро мисли онҳо бубинанд. Воқеан, ҳайратангез аст, ки мо ҳама дар як обу ҳаво танаффус мекунем, дар синаи як сарзамин зиндагӣ мекунем, аммо диди мо, сатҳи талаққӣ ва бардошти мо аз муҳити перомун, мазоҳири зиндагӣ аз диди шоирон комилан фарқ мекунад.

Ағлаб дар ҷавори мо, пешорӯи мо чизҳое ҳастанд, ки мо вуҷуди онҳоро эҳсос намекунем ё зуҳури онҳо таваҷҷуҳи моро ҷалб намесозад.

Вале шоирон ин мавҷудоти пешипоуфтодаро нодида намегиранд ва ҳангоме, ки бо шавқу шӯр саргузашту ҳастии онҳоро ҳикоят мекунанд, мо таконе дар ботин эҳсос мекунем ва гоҳо ангушти надомату пушаймонӣ бар лаб мениҳем, ки чаро мо қаблан манзараи тарсимкардаи эшонро надидаем.

Бале, дасти ҳамагири шоир аҷзои мухталифро ба ҳам пайванд медиҳад ва чунин манзараҳои маҷзубкунанда месозад. Аз ин дидгоҳ агар ба суоли "шоирон кистанд?" посух биҷӯем, метавон гуфт, ки шоирон мусофирони сарзаминҳои ногушуда, биёбонҳои сӯхтаи роҳгуманд.

Дар ин мусофират эшонро на роҳбаладест, на барномаи сафари аз пеш таъиншуда ва на ҳадафу мақсади мушаххасе.

Танҳо зеҳни эшон аст, ки онҳоро ғайриихтиёрӣ ба нуқоти гуногун ба тамошо мекашонад. Дар оғози ин мусофират худи шоир намедонад, ки ӯро чи манозире дар пеш аст. Куҷо таваққуф мекунад, бо кӣ дидор мебинад, аз чи сарчашмае об мехӯрад, барояш маълум нест. Тааҷҷуб аст, ки дар ин сафар ӯ ҳамроҳу роҳтӯшае ҳам надорад. Танҳо вожагон ҳастанд, ки дар кулбори зеҳни ӯ мунтазири пайванду иттисоланд. Пайванду иттисол, ҳамдӯшиву ҳамхонагӣ бо вожагоне, ки шояд бо ҳам ҳаргиз ҳамҷавору ҳамсоя ва мусоҳиб набуданд. Маҳз, зеҳни зояндаву чашми ҳамабини шоир аст, ки дар лаҳазоти ҳассос тасмим мегирад, ки кадом вожаро ба куҷо ва бо чӣ калимае якҷо биншонад, ҳамхонавода созад то мазмуни тоза, маънии бикр, арзи вуҷуд намояд. Ин лаҳзаи пайванд ниҳоят ҳассос ва зудгузар аст. Ба қавли Нимо Юшиҷ ин кор "лутфу завқ мехоҳад". Инҷо гузиниш, интихоби дурусту саҳеҳу ҳунармандонаи калимаҳо ниҳоят муҳим аст. Ин лаҳзаи офариниш аст, лаҳзаи зодан аст. Офаридану зодани сухани баланд, шеъри баланд, ки дар навбати худ ба ҳар шоире ҳам муяссар нест.

Аз ин нигоҳ, Ҳабибулло Файзулло шоири фақиди тоҷик ҳунарманди муваффақ буд. Ҷанбаи тахаюл дар ашъори ӯ ниҳоят қавист. Пойи зеҳн, чашми заррабини вай ба сарзаминҳое расида, ки касро ба ҳайрат меоранд. Шеъри ӯ шӯру мавҷу талотум дорад, аносири табиат, зиндагии мардумони деҳ дар ҳар саҳфаи ашъораш мавҷ мезанад.

Албатта, ҳар касе тибқи завқу салиқа, дилбастагиву масоили мавриди алоқаи худ даст ба домони девони шоирон мезанад ва аз шеър кӯмак мегирад. Агар гурӯҳе дар дунёи пуршитобу фарози шеър ҷавонии хешро ҷустуҷӯ кунанд, дастаи дигар орзӯ доранд дар вуҷуди абёт, дар оинаи шеъри шоирон нишоне аз симои дӯстдоштании модару падари худ пайдо кунанд. Бархе дигар китоби шеър ба даст мегиранд, то мазоҳири шигифтангези табиатро назора кунанд. Орзуҳо, таваққӯъ ва интизориҳо аз шеър сершумору мухталиф аст ва қобили шумор ҳам нест. Мақсуди мо таъкиди ин нукта аст, ки мероси ҷавонии Ҳ. Файзулло машҳуни ин ҳасанот аст ва ҳар ниёзманде метавонад аз шеъри ӯ эҳтиёҷоти хешро бароварда созад.

Албатта, дидаҳову офаридаҳои ӯ аз ҳар нигоҳ зиёданд. Ҳунари шоирии вай вижагиҳои хос дорад, ки дар ин мухтасар мо ба баъзе онҳо ишора мекунем.

Ҳабибулло ошиқи сарсахти табиат буд. Ин аст, ки тарсиму бозтоби аносири табиат дар шеъри ӯ ниҳоят муассиру ҷаззоб аст.

Махсусан, шеърҳои ӯ аз таркибҳои тоза, ташбеҳоту истиороти бикр лабрез аст.

Дар миёни ашъори ӯ шеърест мавсум ба "Баргҳои тирамоҳ". Мазмуни шеър ба таври умум тасвири ҳолати равонии инсонист. Воқеияти зиндагист, ки дар ҳар як фасле аз сол одамӣ мафтуни мазоҳиру саҳнаҳои дилангези табиат ба ёди фасли баъдӣ мерасад. Дар шеъри ёдшуда шоир айнан ҳолати мавсуфро тарсим мекунад. Зимни васфи зебоиҳои тирамоҳ ёде аз баҳорон мекунад:

Шохаҳо пурбод бо сад рангу бӯ,

Ҳамчу пирони хамидақоматанд.

Моҳ ҳамчун ҳалқаи гӯшвораест,

Ки ба гӯши боғҳо овехтанд.

Чи қадар зебост гӯшаи боғ, ки бо ҳалқаи гӯшвораи маҳтобӣ музайян шудааст.

Шоир мутаассиру мафтун аз ин фасли файзу саховат ногоҳ ба ёди баҳор меафтад, мехоҳад дар даруни ағбаҳо "абрӯи сиёҳгӯш" бичинад.

Бо умеди навбаҳорон зиндаам,

То чу кабки рав кашам болу парам.

Домани он ағбаҳои барфпӯш,

Чинам абрӯи сияҳгӯшу парам.

"Рамузи селоб" шеъри дигарест, ки касро ба тааммулу андеша водор месозад. Равшан аст, ки сел ҳамчун як рухдоди маъмул ва мухарриби табиат мудовим ҳамсафару ҳамдӯши зиндагии башарист. Ин падидаи зиштрӯ дар тамоми адвори адабиёти пирсоли мо таваҷҷӯҳи шоиронро ба худ ҷалб сохта ва шуаро ҳар як ҷузъиёти онро ба гунае тасвир кардаанд. Дар тарсиму бозтоби симои харобиовари сел, махсусан, Соиби Табрезӣ ниҳоят чирадаст будааст.

Шеъри Ҳ. Файзулло низ дар навбати худ дар ин бахш беназир аст. Шеър аз шаш банди чаҳорпораӣ иборат аст.

Дар банди аввал:

Навбаҳорон баъди борони зиёд,

Мавҷи дарё рӯи соҳилро бишуст.

Зери гил монданд ҷӯю сабзаҳо,

Киштҳои ғарқи ҳосилро бишуст.

Дар банди аввал ҳамон гуна, ки дида мешавад, ибораи "мавҷи дарё" калимаи селро иваз намудааст ва ин манзараест, ки бо гузашти замонҳо ва такрори мустамар зеҳну ҳуши инсонҳоро мӯътод намудааст ва вокуниши мардум дар қиболи он оҳу афсӯси хомӯшонае беш нест, вале ҷони бетоби шоир аст, ки музтарибона тамошогари идомаи ҳаракати девонавору вожгунсози сел аст. Шоир баъдан аз дарахти "посбони хоки соҳил" ёдовар мешавад, ки бар асари сел вожгун мегардад.

Дарахте ба рӯи об афтода, дар офтоби сӯзон решаҳои урёнаш месӯзанд. Ба ин тасвир таваҷҷӯҳ кунед:

Муғчаҳо дар шохаҳо бишкуфтаанд,

Чун нигоҳи тифлҳои норасӣ.

Навдаҳо ғарқи гулу бишкуфтаанд,

Кош расад бар доди бедодӣ касе.

Шоир поёни умри он посбондарахти вожгунгаштаро хеле ҷолибу дилчасп, ҳунармандона, воқеӣ тасвир мекунад. Ӯ ба дарахт табиати инсонӣ мебахшад. Баъдан ба дарахт зиндагӣ, ҷону равон қоил мешавад. Ҷоне, ки инак дорад қатра-қатра аз решаҳои ӯ таровиш мехӯрад ва фурӯ мерезад.

Қатра-қатра метаровад ҷони ӯ,

Гӯйё аз тор-тори решаҳо.

Аз замин аз пояи бунёди худ,

Лаҳза-лаҳза чун нафас гардад ҷудо.

Махсусан, банди охири шеър, ки як ҷамъбасти ибратбахши фалсафист, ниҳоят зебост. Онҷо, ки зиндагӣ бо селоб ташбеҳ мешавад.

Оби рӯд сабзондаву афтондааст,

Ин дарахти гулфишон ҷон медиҳад.

Зиндагӣ монанди селоби баҳор,

Умри мушкил, марги осон медиҳад.

Нуктаи дуввум, ки дар шеъри Ҳ. Файзулло ниҳоят бориз аст аносири рустоӣ, зиндагии деҳотиён аст, ки шоир хеле дӯсташон медошт ва аз рӯи самимияту меҳрубонӣ, дӯстдорӣ бахше аз ашъори хешро ба васфи ҳолату масоили хурду бузурги зиндагии онҳо бахшидааст.

Қисмати умдаи зиндагии шоир дар оғӯши шаҳр сипарӣ шуда, вале як умр ба ёду хаёли деҳа ва мардуму мазоҳири рангини эшон зиста аст.

Зимни мурури китобҳои шеъри адиб мо ба саҳнаҳои дилкашу марғуби рустоӣ, олами паррандагон, амокини муқаддас, пирони барнодиле, ки гарму сарди дунёро чашидаанд, бармехӯрем.

Деҳа маҳз бо вуҷуди онҳо рангу бӯ дорад. Низоми зиндагӣ вобаставу мадюни онҳост. Бо дигар сухан онҳо таърихи зиндаанд ё ба қавли шоир "достони ёдҳоянд". Ин пирони равшанзамир мушкилу сахтиҳои замони ҷангро пушти сар намудаанд. Бас марги фарзандон дидаанд ва инак сари ҷойнамоз ба рӯҳи поки шаҳидон дуруду дуо мефиристанд. Дар қитъаи "Кампирҳо" чунин омада:

…Бишуд мӯтон сафед аз дудаи ҷанг

Дили худро дар оташ озмудед.

Саҳаргаҳ хеста барвақт аз хоб,

Ба пойи ботаҳорат бо дили пок.

Ба рӯи ҷойнамоз андар сукутед,

Ба ёди ҳар шаҳиди хуфта дар хок.

Шумо бо чашми оламдидаи худ,

Миёни олами деҳ оламастед.

Миёни паррандагоне, ки дар фазои деҳотӣ, дар бару дараи он буду бош доранд, маъруфтаринаш кабк аст, ҳам паррандаи зебост ва ҳам дӯстдоштанӣ. Камтар хонаеро дар деҳот метавон пайдо намуд, ки кабк надошта бошад. Ҳабибулло Файзулло дар чанд шеъраш аз ин мавҷуди зебои худовандӣ сухан мегушояд. Гоҳо ба онҳо рӯҳу равон, забони инсонӣ мебахшад ва ба лаҳни онҳо саргузашташро, дарду ранҷашонро бозгӯ мекунад. Дар шеъри "Нолаи кабки Норак" адиб бо чирадастии хосе, ки вижаи ӯ буд, саҳнаеро аз зиндагии кабки рав тарсим менамояд. Ин паррандагони беозору ба инсон наздик бо ғаму андӯҳ забони шикоят боз мекунанд. Онҳо, ки солиёни дароз дар паноҳи сангҳову зери буттаҳо чӯҷаҳои хешро мепарваранду хешро аз ҳуҷуму ҳамлаи ногаҳонии бозҳо ҳифз менамоянд, акнун дар масири худ ба душмане бераҳмтар аз бозҳо дучор омадаанд, ки насли онҳоро бо амон қир мекунад.

Андар паноҳи сангҳо, гулбуттаҳои хор

Мо чӯҷаҳои хешро парво намудаем,

Доғи сиёҳи синамон аз чанги бозҳост,

Дар чанги марг хешро эҳё намудаем.

Кабкҳои рав зимни бозгашти тирамоҳӣ инсонҳоро мебинанд, ки дар роҳи онҳо камин гирифтаанд. Аз чаҳор сӯ марг онҳоро таҳдид мекунад:

Сад дидаи камон ба мо таҳдид мекунад,

Чанголи боша мезад ногаҳ ба бол чанг,

Дар роҳи мо чу нақши по монад нишонае

Бишкуфта доғи хуни мо дар буттаҳову санг.

Дар банди поёнии шеър адиб аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки худое накарда рӯзе аз кабк ба ҷуз ном чизи дигар боқӣ намемонад. Ҷанбаи дигаре, ки дар шеъри Ҳабибулло Файзулло ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, тасвирҳои зиндаву ҷаззоби адиб аст. Барои тасдиқи фикр аз қитъаи "Фаввора" метавон мисоле зад. Шоир назорагари фаввораест, ки аз дили санг ҷӯш мезанад ва чи зебо рангҳои хуршедиро, дурахшиши нурро дар тани атласпӯши фаввора мебинад.

Фаввора аз дили санг

Хуршеди бомдодон

Ҷӯшад нафас кашида…

Кокулфишон дурахшад

Андар танаш чу атлас

Тиру камон дурахшад.

Дар ҷои дигар фарорасии шабро ҳангоми ғуруб чи зебову дилкаш тарсим намуда:

Рафт хуршед бар ғуруби хеш,

Шаб сияҳболи худ зи нав бикшод.

Маъмулан, борону фазои боронӣ тамоми адибону шоиронро дар тӯли зиндагии эҷодиашон таҳти таъсири худ қарор додаст ва зери таъсири ин бас ашъори хубу некӯ сурудаанд, ки Ҳабибулло Файзулло низ аз ин радиф мустасно набуд. Мо бо зикри як банд аз шеъри зебои "Дидори орзуҳо" ин мухтасарро ба поён мерасонем. Онҷо, ки шоир тамошогари шоназании кокулони борон аст:

Бар кокулони борон

Чун бод шона мезад

Ҳар қатраи фитода

Чангу чағона мезад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97