ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНИ МУОШИРАТИ РӮЗНОМАНИГОРОН

Фарҳанг ва адаб 02.03.2010 13:34

Забони тоҷикӣ. Забоне, ки аксарияти мутлақи мардуми ин марзу бум бо он такаллум мекунанд. Забоне, ки дар ин кишвар мақоми давлатӣ дорад. Забоне, ки айни гуфтори дарист ва дар ширинӣ аз ҳиндӣ ҳам ширинтар аст. Мақоми он давлатист, аммо дар баъзе нишастҳо дар ин ватан ҳоло ҳам мақоме дигарро дорад. Шояд касе бошад, ки иддао кунад, ки боз ҳамон масъалаи забон. Вале бояд фаромӯш накунем, ки "дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон, сарҳадди тоҷик забони тоҷик аст".Ин иқдом дар мақомоти аршади давлату кишвар амалӣ гаштааст ва Худо хоҳад дар оянда дар дигар сатҳҳо ҳам пиёда мешавад.

Ҳафтаи гузашта дар атрофи мизи гирд дар толори Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон бархе аз рӯзноманигорони кишвар бо даъвати Институти гузоришҳои ҷанг ва сулҳ, лоиҳаи таъйидшуда аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо "Дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва маърифати дифоъи ҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи марказӣ" ва Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Мавзӯъи мизи гирд "Дифоъи ҳуқуқии журналистони Тоҷикистон" муайян шуда буд. Ин мизи гирд дар умум ба гуфтаи бархе аз рӯзноманигорон, ки дар он нишаст ҳам иброз доштанд, ба монанди як ҳисоботи солонаи Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) барои журналистон ё ниҳоду созмоне дигар сурат гирифт. Аз мушкилоти расонаҳо гуфта шуд. Танҳо дар ҳамин нишаст буд, ки рӯзноманигорон аз мушкилоти гаҳ-гоҳи радиои "Имрӯз", Симои мустақилли Тоҷикистон ва амсоли ин машокил дар ҳузури ҳамдигар сухан гуфтанд.

Касе, ки дар он ҳамоиш ширкат надошт, шояд пас аз хондани ин сатрҳо бигӯяд, ки "хеле хуб-ку".

Аммо муҳимтарин нуктае, ки инҷо мехоҳам бигӯям ин аст, ки рӯзноманигор Неъматуллои Нуруллоҳ бо нишони эътироз аз баргузории мизи гирд бадар рафт. Ин рӯзноманигори боҷуръат аз ҷой бархоста изҳор дошт: "Ман бо эътироз аз ин ки мизи гирд бо забони давлатӣ сурат намегирад ва Қонуни забон риоя намешавад, хориҷ мешавам"! Гардонандаи мизи гирд Н. Қаршибоев - сарвари Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақилли Тоҷикистон пас аз берун рафтани рӯзноманигор Н. Нуруллоҳ иброз дошт, ки "рӯзноманигоре, ки ду забони хориҷӣ намедонад, таваккалаш ба Худо". Ҳамин нукта буд, ки боиси пур кардани ин гӯша шуд.

Мӯҳтарам гардонандаи мизи гирд, ки дар баробари як Институт ва як лоиҳаи таъйидёфтаи Иттиҳодияи Аврупо Ассотсиатсияи таъсискардааш низ аз муташаккилини он буд, шояд аз ёд бурда буд, ки ин ҷо Тоҷикистон аст ва забони давлатӣ дар ин кишвар дигар тоҷикист. Ҳатто дар овезае, ки дар он номи созмону институти дастгири мизи гирд бо ҳарфҳои бузург навишта шуда буд, забони тоҷикӣ ғариб буд. Овезае бо англисӣ ва русӣ. Оре, гуфтааш дуруст аст, ки "бо забоне, ки гап зад, забони муоширати байни миллатҳост". Вале магар бо рӯзноманигорони тоҷик бо забони дигар сухан гуфтан шарт аст ё воҷиб? Ёдатон бошад, ки тоҷикӣ боз кайҳо мақоми давлатӣ дорад ва шахси рақами яки кишвар дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ҳам бо ин забон ҳарф мезанад. Пештар агар мақомот ба тоҷикӣ таваҷҷуҳи кам дошт ва матбуот бештар мутаваҷҷиҳ ба он буд, имрӯз акси он мушоҳида мешавад. Дар паноҳӣ аз мақомот дар ҳузури рӯзноманигорони тоҷик ба хотири "забони муоширати байни миллатҳо" будани забоне аз забони давлатӣ сарфи назар мешавад. Агар сарвари Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон ба хотири намояндагони созмонҳои хориҷӣ бо "забони муоширати байни миллатҳо" сухан гуфтанро бартар медонад, ба ёдаш меорам, ки онҳо дар Тоҷикистонанд ва тарҷумонҳояшон хоста-нохоста забони мардуми ин кишварро бояд бидонанд. Гуфтаниҳо зиёд аст, аммо дар урфият гуфтаанд: "оқилонро ишора".

Бо умеди нишастҳои оянда бо забони давлатӣ.


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97