СИГОР ВАБОИ АСР, БОЯД АЗ ОН РАҲОӢ ЁФТ!

Фарҳанг ва адаб 03.03.2010 14:15

ТАҲЛИЛУ БАРРАСӢ, АҲКОМУ

ПЕШГӮИҲО ВА НАЗАРОТ

Худованди бузургу баландмартаба ва тадбиркунандаву чорасоз, аз рӯи меҳрубонию раҳмат, бандагонашро аз ҳар чизи зараровар боз доштааст. Он зарар ва зиён, чӣ аз тариқи камбуд ва норасоии динию эътиқодӣ, мисли намозу рӯза ва соири ибодот бошад ва ё камбуди ахлоқӣ, мисли бебандуборӣ ва пайравии ҳавову ҳавас. Ё камбуди ҷисмонӣ, мисли зоеъ кардани саломатӣ бошад ва ё камбуди молӣ, мисли талаф додани мол аз рӯи исрофкорӣ ва ё зарари маънавӣ, мисли беҳудагузаронии вақт ва умри азиз.

Ва ё ҳар зарари дигаре, ки барои баданҳою молҳо ва обурӯю иззати бандагон ва соири махлуқоташ бошад, ҳамааш дар назди Худованд яксон буда, дар зери ҳукми зарар қарор дорад. Хулоса, ҳамаи ин зиёну зарарҳои бар бандагон ва махлуқот воридшаванда, дар умум, ҳама зиён бар бандагон ва махлуқоти Офаридгори оламанд ва Худованд офаридаҳояшро бисёр дӯст медорад ва барои онҳо хоҳони хубӣ ва офият аст.

Чуноне ки дар каломи ҷовидонаш- Қуръони карим- дар сураи Аъроф, ояти 157 дар хусуси ҳаромкардаҳояш мефармояд:

"Чизҳои покизаро барои онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бар медорад".

Нопокӣ ва палидиҳоеро, ки Худованд барои бандагонаш ҳаром кардааст, дар умум ҳар чизест, ки нафси латифи инсон онро қабул надошта, манфур мешуморад. Истифодаи ҳаромкардаҳои Худованд, ҳатман барои инсон зарар ва зиёнеро дар пай хоҳад дошт.

Яке аз ин зараррасонҳо сигор ва ё сигарет, ки ба тоҷикӣ тамокуяш меномем, ба шумор меравад ва он дар таркибаш моддаи заҳрогини наркотикие бо номи "никотин" дорад, ки барҳамзанандаи саломатӣ, барбоддиҳандаи молу сарват ва ифлоскунандаи ҳавои солими муҳити зист мебошад. Бо таассуф бояд арз намоям, ки гирифторони ин марази муҳлик аз бани башар дар умум ва аз мардуми мусалмони олам ва ҷавонмардони тоҷик ба хусус, хеле зиёд гаштаанд. Ҳатто дар баъзе минтақаҳои кишвар хоҳарон ва модароне ба чашм мехӯранд, ки ин заҳри кушандаро истеъмол менамоянд. Миллати барӯманд ва шарафманди тоҷик дар даврони Иттиҳоди шуравӣ ба ин заҳри кушанда он қадар таваҷҷӯҳ ва иштиёқе надошт, ки имрӯз дорад. Баъзеҳо онро, ҳатто дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳузури мардум, ҳамчун як чизи одӣ истеъмол менамоянд.

На аз ҳузурдоштагони гирду атроф ҳаё мекунанд ва на эҳтироме ба ҳуқуқ ва ҳузури онҳо доранд. Ин гуна муомилаву рафтор ва беодобии дар муошират миёни миллати мо, ки дорои тамаддуни бостонӣ ва ғановати маънавӣ мебошад, вуҷуд надошта аст.

Боиси таассуфи зиёд аст, ки сигоркашӣ дар миёни баъзе аз ҷавонони ин миллат рӯзҳои охир як навъ анъана ва мӯд шудааст, ки намедонам ин аз нодонӣ ё тарбияи сусти солҳои охир бошад ва ё аз камтаваҷҷӯҳии волидайн нисбат ба фарзандон, ки ин заҳри муҳликро ҷавонони имрӯзии мо ҳамчун рамзи "ҷавонӣ ва мардонагӣ" мепиндоранд. Худро дар сурату намуд ва сару либос ба қисмате аз ҷавонони ғарбӣ, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ ва ҳаёву шарм дар сатҳи пасти ахлоқӣ қарор доранд, монанд мекунанд. Онҳоро пешво ва маҳаки тараққиёт ва саъодати худ пиндошта ба онҳо пайрав мешаванд. Бехабар аз он, ки тамаддун ва фарҳанги ғарбӣ аз фарҳанг ва тамаддуни миллати мо ба куллӣ фарқ мекунад ва ин тамаддун бо хулқу атвор ва одоби шарқиёнаи миллати куҳанбунёди тоҷик созгор набуда, наздикие надорад .

Чуноне, ки аллома Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Қуввати мағриб на аз чангу рубоб,

Не зи рақси духтарони беҳиҷоб.

Қуввати мағриб аз илму фан аст,

Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.

Аз Худованди меҳрубон хоҳиши онро дорам, ки мардуми бошарафи миллатам, ба хусус ҷавонон ва наврасони азизро, аз ин вабои даҳшатноки аср дар паноҳаш нигоҳ дошта, ҳидояти роҳи рост, дониши хубу ахлоқи нек ва солимии ҷисмонию маънавиро насибшон гардонад, зеро аз миллати носолим насли носолим ва мубтало ба бемориҳои гуногун ба дунё хоҳад омад ва барои ҳамин ҳам "илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ" бояд.

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ СИГОР, ТАМОКУ Ё ТАНБОКУ

Мардумони маҳаллии қит¬ъаи Амрико аз замонҳои қадим, ба хосияти гиёҳи "Танбоку" ошноӣ доштанд. Соли 1492 мелодӣ Христафор Колумб ва ҳамроҳонаш ба ҷазирае дар миёни Амрикои шимолӣ ва ҷанубӣ расиданд. Онҳо диданд, мардуми бумии "маҳаллии" он ҷо гиёҳи аҷиберо ба рӯйи оташ рехта ва дудашро ба даруни шиши худ фурӯ мебаранд. Христафор Колумб нахуст тасаввур кард, ки минтақаи ҷодугаронро кашф кардааст. Вақте аз наздик ошно шуд дид, ки он чизи дигаре будааст, ки ҳатто тасаввурашро ҳам накарда буд ва ҳангоми бозгашт миқдоре аз баргҳо ва донаҳои он гиёҳро бо худ ба Испониё овард ва ба ин тартиб он ба Аврупо роҳ ёфт. Мардуми Аврупо нахуст номи онро "Тубоку" ва мо дар Осиё онро "Танбоку" меномем ва дар забони форсӣ "Тутун" низ меномандаш ва дар байни мардуми тоҷик бо номи "Тамоку" шӯҳрат дорад. Умуман агар ба ривоҷ ва густариши тамоку дар таърих бингарем мебинем, ки фотеҳин ва ё кишваркушоёни испонёии Амрико, аз бумиёни он сарзамин ин гиёҳро омӯхтанд ва худи лафз ё калимаи сигор аз забони испонёӣ буда, ки аз танбокуи бумиёни он марзу бум гирифта шудааст ва эҳтимолан аз забони молиёӣ бошад. Тамоку тавассути португалҳо вориди Осиё гардид ва аз он ҷо ба Ирон ва пас аз Ирон ба минтақаҳои мо расид, ки тақрибан ба солҳои 1590 то 1605 мелодӣ рост меояд. Дар Ирон ривоҷ ва густариши он тавассути Шоҳ Аббоси Сафавӣ ба авҷи аълои худ расид ва то кунун ба ҳамон шакл дар ҳоли густариш аст.

Сигор ва тамоку ё танбоку инсонро ба бемориҳои гуногун мубтало менамояд.

Дар сигор тақрибан чаҳор ҳазор(4000) моддаи кимиёвии хатарнок ҳамчун омуниёк "ammoniaque" (газе аст беранг, ки бӯи тунд ва ашковар дорад) ва сурб ва орсинк мавҷуд аст. Аммо моддаи коҳ сабаб мегардад, то истеъмолкунандаҳояш ба он ҷалб шаванд. Никотин аз баргҳои гиёҳи тамоку ба даст меояд. Никотин як моддаи заҳрогин буда, равғанмонанд мебошад ва хеле таъсири зиёд дар таҳрик ва саркӯбии бадан дорад. Як дона сигор дарбаргирандаи 8 то 20 милиграмм никотин аст, ки танҳо як милиграмми он ҳангоми кашидани сигор дар бадан ҷазб мегардад. Никотин пас аз ворид шудан ба ҷараёни хун мустақиман ва сареъ ба мағз мерасад ва сипас дар тамоми бадан мунташир мегардад. Пас аз 10 -15 сонияи фурӯ бурдани дуди сигор ба дарун, моддаи никотин ба мағзи сар мерасад ва нахуст мағзро карахт карда, оромиш мебахшад ва онро ба ин мавод мӯътод менамояд ва дар ҳолати идома пайдо кардани ин раванд мағзро карахт намуда ва қувваи ҳофизаро суст ва фаромӯшхотириро ба бор меорад. Никотин сабаби дар хун зиёд шудани одриналинд гашта ва заработи қалбро зиёда мегардонад ва инчунин сабаби коҳиши инсулини қанди хун мегардад. Никотин сабаб мешавад глюкозаи беш аз маъмул дар хун вуҷуд дошта бошад, бинобар ин, боиси он мегардад, ки шахс камтар эҳсоси гуруснагӣ кунад. Маводи никотин дар хун чунон таъсири манфӣ дорад, ки калорияи бадани шахси солимро беш аз маъмул хоҳад сӯзонд ва шахси сигорӣ бинобар истеъмоли давомноки он вазнашро кам менамояд. Тибқи тадқиқот ва пажӯҳиши табибони аврупоӣ дар Лондон, истифодаи рӯзмарраи сигор шахси сигориро мубтало ба бемориҳои зерин мекунад.

1.Фишори хуни боло.

2.Масдудшавии рагҳои хунгард ва ғализии хун, ки ба сактаи қалбӣ оварда мерасонад.

3.Камшавии витамини С дар бадан.

4.Камшавии системаи эминии бадан.

5.Саратони гулӯ(ҳанҷара) ва даҳон.

6.Бранхит ва омфезим.

7.Захми меъда.

8.Камшавии вазн.

9.Камшавии ҳиссиёти бӯёӣ ва таъми хӯрок.

10.Бемориҳои гуногуни пуст.

11.Безурриётӣ дар мардон.

12.Оби марвориди чашмро афзоиш медиҳад.

13.Биноиро заиф месозад.

14.Харобшавии дандон ва лисаи он.

15.Пук шавии устухонҳои ҷисм.

16.Камшавии рағбати ҷинсӣ дар мардон.

17.Резиши мӯй.

Хотирнишон мекунам, ки таҳқиқотҳои ахири табибон муайян намудааст, ки агар дар хона зани ҳомила бошад ва ҳамеша дуди сигорро нафас гирад, шояд ҳамин кор имконияти 56 фисад сабаби марги тифлро дар батни модар муҳайё кунад ва агар он тифл зинда таваллуд шавад ҳам солим набуда ва ҳатман, ба бемориҳои гуногун мубтало аст.Тадқиқоти дигари табибон нишон додааст, ки марду зани сигоркашро хатари аз байн рафтани ҷанини писар мавҷуд буда ва эҳтимоли духтардоршавии он зан бештар аст. Пас аз таваллуд ду маротиб бештар дар маърази бемориҳои гуногуни саратон қарор гирифтани тифл аз эҳтимол дур нест. Ин тадқиқот аз сӯи доктор Дилитлигроф дар давоми солҳои 1998 то 2003 дар мавриди 9000 зани ҳомила сурат гирифтааст. Дар идомаи тадқиқоташ доктор чунин меоварад, ки модарони дар даврони ҳомиладорӣ сигоркашанда ва ё ба дуди сигор наздик, нисбат ба модарони аз ин мараз дар амон монда, 90 фисад аз писардор шудан маҳрум мемонанд. Дар хусуси мардони сигорӣ доктор меафзояд, ки чун ҷанини писар ба маводи никотин тобовар нест, 50 фисади камтари чунин мардон нисбат ба мардоне, ки сигор намекашанд, эҳтимоли писардор шуданро доранд ва агар писардор шаванд ҳам, дар даврони ҳомилагии зан хатари сиқти ҷанин(бачапартоӣ) зиёдтар мешавад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва башарият аз бемории табобатнашавандаи саратон дар изтиробанд, зеро гирифтори ин беморӣ роҳе ҷуз марг надорад, магар касеро ки Худованд раҳм намояд ва ё сабаберо барои сарватманде, ки молу дороияшро дареғ намедорад, барои бақои каме ҳам бошад, аз тариқи дармонҳои кимиётеропея ва дигар роҳу усулҳои табобатӣ кӯмак намояд, ки он ҳам бошад ба бақои ӯ кам кӯмак менамояд ва на ҳамаи ин дармонҳо комёбанд ва инро қариб, ки ҳама медонанд.

Ҷавони азиз, бародар ва хоҳаре, ки сигор ё тамоку мекашиву гирифтор ба ин беморӣ ҳастӣ, оё боре ба навиштаҷоти болои қуттии он, ки бо ҳарфҳои хоно "Кашидани сигор сабабгори бемории саратон аст" навишта шудааст, диққат намудаӣ? Ин таъкиди вазорати тандурустии кишвари содиркунандаи ин заҳри қотил аст. Дар қутии сигор, ба мисли навиштаҷоти болои чизҳои ҳалол ва муфид, ки дар тавсиф ва нафърасониашон ишораҳо мавҷуд аст, зикр нашудааст ва қабл аз кушодани он туро огоҳ карда истодааст, ки истифодаи ин мавод истеъмолкунандаро ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла саратон, бурда мерасонад. Пас чаро худро бо дасти худ қурбонии ин маводи муҳлик месозӣ? Худованд дар Қуръони карим, дар сураи Бақара ояти195 мефармояд:

"Хештанро бо дасти хеш ба ҳалокат наандозед."


Муҳаммадиқболи САДРИДДИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97