САБАБҲОИ ИХТИЛОФ БАЙНИ МАЗОҲИБ

Фарҳанг ва адаб 27.02.2010 15:17

Якпорчагӣ ва ваҳдат ҷавҳари суханони Паёмбари гиромӣ, саллалоҳу алайҳи ва олиҳи, аст, ки мусулмононро даъват намудааст, то аз тафриқа ва ҷудоӣ барҳазар бошанд. Худованди муттаол мефармояд: "Ва бо якдигар ситеза ва кашмакаш макунед, ки суст ва баддил шавед".(Сураи Анфол, ояти 46). Муттаассифона дар асре, ки гузашт ҳаёти мусулмонон дар акнофу атрофи дунё ба гунае буд, ки тафриқа ва ҷудоӣ онҳоро аз ҳам дур сохта ба хотири андаке каҷфаҳмӣ аз эътимоди якдигар берун гаштаанд.

Вале дар асл агар ба аҳкоми шаръӣ назар афканем, ба хубӣ мебинем, ки мусулмонони қораи дунё анқариб дар ҳаштод дарсад масоили динӣ ба як назаранд. Ихтилофи назар дар масоили динӣ бо он сабаб аст, ки аксари бародарони мусулмон аз аҳкоми фиқҳӣ ва мазҳабӣ огоҳии комил надоранд. Махсусан тафриқа миёни бародарони суннӣ ва шиаро аз он медонанд, ки шиаиён дар вузӯ ба ҷои шустани поҳо, ки аҳли суннат ба он эътиқод доранд, бар поҳояшон масҳ мекашанд ва ё масҳ кашидан бар маҳсиро, ки аҳли суннат, махсусан ҳанафиҳо ба ҷо меоранд, қабул надоранд. Аҳли шиа дар мавриди дигар ҳангоми намоз дастонашонро боз медоранд ва мисли бақияи мусулмонон онҳоро намебанданд ва ё дар намоз аҳли шиа бо садои баланд "Бисмиллоҳ" мехонанд, ки инро соири мазоҳиб қабул надоранд.

Ҳамин ғалатфаҳмиҳои кӯчак боис шуда, ки миёни мазоҳиб ихтилофи назар ба вуҷуд ояд, дар сурате ки тамоми аҳком аз манбаи аввал, яъне Қуръон гирифта шуда, ҳам аҳли суннат ва ҳам шиа тибқи дастуроти илоҳӣ амал менамоянд.

Мекӯшем дар ин мақола чанд нуктаеро, ки миёни мазоҳиб ихтилофи назар аст, рӯи сафҳа биёварем ва хонандаи арҷманд ва нуктасанҷу закӣ худ ба ин матолиб баҳо диҳад ва фикри солимро аз ботил ҷудо созад.

Яке аз масоиле, ки уммати исломӣ дар бораи он ихтилоф кардаанд ва фатвоҳои гуногун дар борааш содир шудааст, масъалаи "Бисмилоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим" аст. Ихтилоф миёни мазҳабҳо ин аст, ки оё "Бисмиллоҳ" ҷузъи сураҳои Қуръон аст ё на ва хондани он дар намоз лозим аст ва ҳукми он чист?

Фатвоҳо дар ин масъала мухталиф аст:

1.Ҳанафиҳо: Тарки "Бисмиллоҳ" ҷоиз аст, чун ҷузъи сураҳо нест ва оҳиста тиловат кардани он пеш аз сураи "Фотиҳа" мустаҳаб аст ва ва пеш аз сураи дувум беҳтар ин аст, ки онро нахонад. Бисмиллоҳ на дар "Фотиҳа" ва на дар сураҳои дигар оят намебошад.

2.Моликиҳо: "Бисмиллоҳ" ҷузъи сураҳо нест ва тарки он дар намоз мустаҳаб ва анҷоми он макрӯҳ аст.

3.Шофеиҳо: "Бисмиллоҳ" ҷузъи сураҳост ва дар намозҳои ҷаҳрӣ (намозест, ки дар он сураи "Фотиҳа" ва замми он бо садои баланд хонда мешавад) бо садои баланд хондани оят воҷиб аст ва дар намозҳои хуфйӣ (намозест, ки дар он "Фотиҳа" ва замми он бо садои оҳиста хонда мешавад) оҳиста хонда мешавад.

3.Ҳанбалиҳо: "Бисмиллоҳ" ҷузъи сураи "Фотиҳа" нест (ва ҳамчунин ҷузъи сураҳои дигар ҳам намебошад) ва дар тамоми ракъатҳо оҳиста хонда мешавад.

4.Ҷаъфариҳо: "Бисмиллоҳ" ҷузъи сураҳост ва дар намозҳои ҷаҳрӣ баланд хондани он лозим ва дар намозҳои хуфйӣ баланд хондани он мустаҳаб мебошад ва бояд дар намоз қироат гардад.

ОЁТ ВА РИВОЁТИ ҶАҲРИ "БИСМИЛЛОҲ"

Саълабӣ дар тафсираш менависад, ки "Бо садои баланд хондани "Бисмиллоҳ" дар намоз суннат аст ба далели ин ояти Қуръон,ки мефармояд: "Бихон ба номи Парвардигорат" (Сураи "Алақ", ояти 1). Пас Худованд Парвардигорашро амр карда, ки Қуръонро бо "Бисмиллоҳ" бихонад ва фармуда: "Ба ростӣ растагор шуда ҳар он касе, ки покӣ варзид ва номи Парвардигорашро ёд кард" (Сураи "Аъло",оятҳои 14 ва 15).

Дар ҳадиси машҳуре Абуҳурайра чунин ривоят мекунад: Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва олиҳи, фармуданд: "Ҷабраил барои ман намозро чунин таълим дод: қиём кард,сипас бароямон такбир гуфт ва баъд аз он "Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим"-ро бо садои баланд дар ҳар ракъат хонд". (Сунани Доруқутнӣ, 1/305-307,Тафсири Саълабӣ,1/107).

Паёмбар, саллалоҳу алайҳи ва олиҳи, фармуданд: "Ҳар ки "Бисмиллоҳ"-ро дар намоз тарк кунад, ҳатман ояте аз Қуръонро тарк кардааст". («Дурр-ул-мансур»-и Суютӣ,1/7 аз Саълабӣ).

Аз Ҷаъфари Содиқ ривоят шуда, ки гуфтааст: "Бисмиллоҳ тоҷи сураҳост". («Тафсир»-и Қуртубӣ, 1/92).

АҲОДИСИ МАКТАБИ АҲЛИ БАЙТ

Имом Содиқ (р) фармуд: "Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим сазовортарин оятест,ки онро баланд мехонам ва он ҳамон оятест, ки Худованд дар бораи он фармуд: "Ҳангоме, ки Парвардигоратро ба ягонагӣ ёд мекунӣ, онҳо (мушрикин) пушт мекунанд ва аз ту рӯй мегардонанд". («Тафсир»-и Қумӣ,1/28, Тафсири Айёшӣ, 2/295). Ва фармуд: "Баланд хондани "Бисмиллоҳ" дар намозҳо воҷиб аст". («Тафсири Нурус-сақалайн», 1/10).

АҲОДИСИ УММИ САЛАМА

Имом Шофеӣ (бо санади саҳеҳ) аз Умми Салама ривоят мекунад: Паёмбар (с) ҳар вақт сураи "Фотиҳа"-ро мехонд, бо "Бисмиллоҳ" оғоз мекард ва онро як оят меҳисобид ва баъд "Алҳамду лиллоҳ"-ро мехонд ва он гоҳ онро шаш оят меҳисобид. (Талхис-ул-хабир, 3/316, Саҳеҳи ибни Хузайма, 1/248) ва ғайраҳо.

Умми Салама мегӯяд: Паёмбар (с) ин гуна тиловат мекард: Бисмилоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим, Алҳамду лиллоҳи рабби-л-ъоламин…Онҳоро дона-дона ҷудо карда тиловат мефармуд. (Мусаннафи Ибни Абӯшайба,2/402) ва дигарон.

РИВОЁТИ АНАС ВА ТАРКИ МУОВИЯ

Дар мавриди қироати "Бисмиллоҳ" дар афкори Анас ду назар мавҷуд аст. Яке ин ки мегӯяд: "Пушти сари Паёмбар(с), Абӯбакр, Умар, Усмон ва Алӣ (р) намоз хондам ва ҳамаи онҳо "Бисмиллоҳ"-ро бо садои баланд тиловат мекарданд". (Мустадраки Ҳоким,1/234, Ал-мустахриҷ ъала-л-мустадраки Ҳофизи Ироқӣ,с. 49).Ва дар ҷои дигар мегӯяд: "Ҳамроҳи Паёмбар (с), Абӯбакр, Умар ва Усмон (р) намоз хондам ва онҳо ҳамеша намозро бо "Алҳамду лиллоҳи рабби-л-ъоламин" оғоз мекарданд ва "Бисмиллоҳ"-ро на дар аввали қироат зикр мекарданд ва на дар охири он". (Мудавванатул куброи Молик,1/61-67, саҳеҳи Бухороӣ, 1/81)ва дигарон. Бояд зикр намуд, ки Имом Шафеӣ дар бораи ин ҳадиси Анас гуфта: "Ҳашт нафар аз муҳаддисони бузург бо Молик ибни Анас, ки ин ҳадисро дар "Мувватаъ"-и худ ривоят кардааст, мухолифат намуда ва хилофи онро ривоят кардаанд". Яке аз далоили воқеият надоштани ин ҳадис бо лафзҳи гуногун ривоят шудани он аст. Сохтагӣ будани ҳадиси фавқ аз ин ҷо низ собит мешавад, ки дар он аз Алӣ (р) ном намебаранд. Пас созандаи ин ҳадис душмани Алӣ (р) буда ва ба хотири душманӣ ва мухолифат бо он ҳазрат чунин ҳадисеро сохтааст.

Анас ибни Молик мегӯяд: Муовия дар Мадина намоз гузорид ва ҷаҳр дар қироат намуд ва дар он намоз "Бисмиллоҳ"-ро пеш аз "Фотиҳа" тиловат кард, вале баъд аз он барои сураи баъдӣ "Бисмиллоҳ"-ро нахонд ва ҳам такбирҳоро низ тарк кард… Вақте намозро тамом кард ва салом дод, муҳоҷирину ансор, ки мутаваҷҷеҳи ин амали ӯ шуда буданд, аз ҳар тарф фарёд заданд, ки эй Муовия! Оё намозро дуздидӣ ва ё фаромӯш кардӣ? Бинобар ин дар сураи баъдӣ "Бисмиллоҳ"-ро барои сураи баъд аз "Фотиҳа" низ хонд ва такбиротро низ анҷом дод.("Ал-умм"-и Имом Шофеӣ,1/130. "Китобул-муснад"-и Шофеӣ,с.36).

Аз ин хабар бармеояд, ки Муовия "Бисмиллоҳ"-ро тарк карда ва дар сарзамини Шом дур аз саҳоба ин равишро амалӣ мекарда ва чун ба Мадина омада ва бо ҳамон равиш намозро анҷом дода, бо эътирози саҳобагон рӯбарӯ шуда ва маҷбур онро ба ҷо овардааст.

СОИРИ АХБОР

Абуҳурайра, Абдуллоҳ ибни Умар, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Умар ибни Хаттоб, Бурайда, Ибни Аббос ва шогирдони ӯ, тобеъин ва дигар саҳобагон ҳар гоҳ намоз мехонданд, "Бисмиллоҳ"-ро бо садои баланд қироат мекарданд. (Санадҳое, ки пештар зикр намудаем).

ДАЛЕЛИ МУНКИРОН

Дар муқобили ин ҳама аҳодис ва ахбори мутавотир фақат ду ҳадис аз Анас ибни Молик ва Ибни Муғаффал ривоят шуда, ки мункири ояти қуръонӣ будани "Бисмиллоҳ" шудаанд. Оид ба ҳадиси Ибни Молик пештар зикр намудаем ва Абдуллоҳ Ибни Муғаффил мегӯяд: "Он ҳангом, ки ман дар намоз "Бисмиллоҳ" мегуфтам, падарам шунид ва ба ман гуфт: "Эй писарам, бар ту бод аз бидъат (дигаргунӣ)!" Боз гуфт: "Ман касе аз асҳоби Паёмбар (с)-ро надидам, ки барои вай чизе мабғузтар аз бидъат дар ислом бошад". Боз гуфт: "Ҳамроҳи Паёмбар (с), Абӯбакр, Умар ва Усмон намоз хондам ва аз ҳеҷ яки онҳо нашунидам, ки "Бисмиллоҳ"-ро гуфта бошанд. Пас ту вақте намоз мехонӣ, онро магӯ, балки бо "Алҳамду лиллоҳи рабби-л-ъоламин "шурӯъ кун".("Муснад"-и Аҳмад,5/55, "Сунан"-и Доруқутнӣ, 1/315) ва дигарон. Саҳобагон ин ҳадисро заъиф хонда, далеле оид ба дурустии он пайдо накардаанд.

Натиҷа чунин аст, ки дар бораи баланд хондани "Бисмиллоҳ" аз 18 тан аз саҳобагон 80 ҳадис ривоят шудааст ва мункири ояти қуръонӣ будани "Бисмиллоҳ" ҳамагӣ ду ҳадиси носаҳеҳ мавҷуд аст, ки мо зикрашро кардаем.

БАСТАНИ ДАСТ ДАР НАМОЗ

Аҳли суннат дар ин мавзӯъ ба чаҳор даста тақсим шудаанд:

1. Дастҳо рӯи сина гузошта мешавад. 2.Дастҳо болои ноф гузошта мешавад; Шофеӣ ва Аҳмад ибни Ҳанбал ва пайравонашон бар ин қавланд. 3. Дастҳо ба зери ноф гузошта мешавад. Ҳанафиҳо бар ин қавланд. 4. Дастҳо бояд кушода бошанд. Моликиҳо бар ин қавланд.

Тамоми чаҳор мазҳаби аҳли суннат дар бораи ҳукми дастҳо назар ва фатвояшон ин аст, ки болои сина,болои ноф, зери ноф ва кушода гузоштани дастҳо дар намоз як амали мустаҳаб мебошад, на воҷиб ва тарки он ба намоз халале ворид намекунад.

РӮЗА ДАР САФАР ВА ҲУКМИ ОН

Фатвоҳо дар ин маврид мухталифанд: ҳанафиҳо ва шофеиҳо дар бораи рӯзаи фарз дар сафар мегӯянд: "Рӯза дар сафар агар машаққат ва сахтӣ надошта бошад, мустаҳаб аст ба далели ояти: "Ан тасуму хайрун лакум".(Ин ки рӯза бигиред шуморо беҳтар аст). Моликиҳо мегӯянд: "Агар машаққат ва сахтӣ надошта бошад, афзал ва беҳтар бар мусофир ин аст, ки рӯза бигирад". Ҳанбалиҳо мегӯянд: "Суннат ин аст, ки мусофир дар сафар рӯза надорад ва рӯза гирифтан макрӯҳ аст, гар чӣ машаққат надошта бошад ба далели ҳадиси "Рӯза гирифтан дар сафар хайр ва савоб намебошад". Ҷаъфариҳо мегӯянд: "Рӯза доштан дар сафар ҷоиз нест ва ҳар ки бо илму огоҳӣ (дар сафар) рӯза бигирад, бояд қазои онро дар ватанаш бидорад".

(Мавод аз китоби "Аҳкоми исломӣ" ба таври фишурда таҳия гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд барои касби маълумоти бештар ба мар¬ҷаъи аслӣ муроҷиат намоянд).


Таҳияи О. ИБОДУЛЛОҲ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97