ДАРЕҒО, БОЗ ЯК МАРДИ ҲУНАР ДАРГУЗАШТ

Фарҳанг ва адаб 08.02.2010 18:45

Фаррухи Қосим, ҳунарманди маъруф ва коргардони театри "Аҳорун", шоми рӯзи якшанбеи 7 феврал дар синни 62-солагӣ олами фониро падруд гуфт. Ин ҳунарманд солҳои зиёде аз бемории сактаи мағзӣ ранҷ мебурд. Фаррухи Қосим дар соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони театр ва синамо, Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова, ба дунё омад ва аз он замон сарнавишти худро бо театр пайваст. Фаъолияти ҳунарии ӯ дар театри Лоҳутӣ оғоз шуд.

Вай дар оғоз ба унвони ҳунарпеша нақшҳои мухталиферо иҷро кард, вале батадриҷ ба коргардонӣ алоқа пайдо кард ва чанде аз маъруфтарин намоишномаҳои теотрии он замон дар Тоҷикистонро ба саҳна гузошт. Дар даврони бозсозӣ ва густариши андешаҳои худогоҳии миллӣ, вай аз аввалин ҳунармандоне буд, ки ба осори бузургони адабиёти форсӣ рӯй овард ва дар соли 1990 театри "Аҳорун"-ро асос гузошт.

Гурӯҳи театри "Аҳорун" ба сарпарастии Фаррухи Қосим аз пешгомони ҳунари театр дар даврони пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор меравад.

Осори ӯ, бавижа “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон ғам махӯр”, ки бо оғози ҷунбишҳои миллӣ ва тарҳи пурсишҳое аз ҳувийяти миллии тоҷикон дар авохири даҳаи 1980 мусодиф шуд, мавриди истиқболи фаровони мардум қарор гирифтанд.

Соли 2004 Бунёди Принс Клоуси Ҳулланд яке аз даҳ ҷоизаи солонаи худро ба Фаррухи Қосим тақдим кард ва саҳми ӯро дар ҳунари театр ва адабиёти Тоҷикистон ситоиш кард. Ӯ ҳамчунин соҳиби бархе аз ҷоизаҳои давлатӣ, аз ҷумла унвони "Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон" аст.

Ҷасади ин ҳунарманди фақид дар ҷавори манзили охирати дигар фарҳангиёни тоҷик дар гӯристони Лучоб ба хок супурда мешавад.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97