ДИНИТАРИН СОЛ ё муҳимтарин таҳаввулоти динии Тоҷикистон дар соли 2009

Фарҳанг ва адаб 30.01.2010 15:37

Соле, ки сипарӣ шуд, ба назари ман динитарин сол дар ҳаёти баъд аз истиқлоли Ҷумҳурии мо буд. Зеро маҳз дар ин соли 2009 буд, ки давлати Тоҷикистон аз пушти пардаҳои дунявият чеҳраи динии худро ба ҳамагон намоён кард. Ин амалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соли бузургдошти Имоми Аъзам эълом намудани соли 2009 ва баргузор намудани симпозюми бузурги байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба нақши осори Имоми Аъзам дар гуфтугӯи тамаддунҳо анҷом дод.

Дар ин чорабинии сатҳи буланди давлатӣ ва аз навъи худ нодир, барои нахустин бор пойтахти Тоҷикистон дар як вақт меҳмони ҷамъе бузург аз донишмандони динӣ ва диншиносони гуногуне аз гӯшаву канори дунё шуд.

ДИНИЯТИ ДУНЯВИЯТ Ё ДУНЯВИЯТИ ДИНДОР

Дар оғози садаи бист то ба ҳол дар доираҳои динии исломӣ ҳамеша ин баҳс матраҳ буду ҳаст, ки Ислом на танҳо динест дидаҳояш бар охират, балки дини ин дунёӣ низ ҳаст. Динест, ки дунявият низ дорад ва омадааст дар баробари ақидаву ахлоқ ба пайравони худ аз умури дунё низ бигӯяд.

Ҷомеътарин суханро дар ин замина ҷомеашиноси марҳуми иронӣ Доктор Алии Шариатӣ зада буд, ки ба қавли ӯ Ислом инсонро дар оғӯши моддиёт ба худопарастӣ хондааст, на дар гурехтан ва дар дурӣ гузидан аз дунёву неъматҳои дунёӣ.

Аммо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эъломи соли 2009 ҳамчун Соли бузургдошти Имоми Аъзам баҳси дигареро зинда намуд, ки метавон онро "динияти дунявият" ё "дунявияти диндор-religious secularity" номид. Одатан мафҳуми "дунявият, секулоризм ва ё ба таъбири арабии он ал-ъилмония ва ё ал-ъалмония" ба маънои динҷудоӣ, ғайри динӣ ва ё гоҳҳо ба мафҳуми динситезӣ ва ё зиддинӣ низ қаламдод мешуд.

МАМНУЪИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ДИНӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон бо Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълом намудани соли 2009-ро дар хилоли ин сол ду ҷамоати динии амалкунандаро аз фаъолият боздошта машруъияти онҳоро ғайри қонунӣ хонд. Яке гурӯҳи Салафия ва дигаре Ҷамоати таблиғ. Акнун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳардуи ин ҷамооти динӣ ғайриқонунӣ буда, пайравӣ аз он ва фаъолияти он пайгарди қонунӣ ва муҷозот дар пай дорад.

Ба назари ман Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду ҳадафи асосӣ ин ду ҷамоатро аз фаъолият боз дошта, онҳоро ғайри қонунӣ эълом намуд. Аввал ба ин хотир, ки дигарон фикр накунанд, ки таҷлил аз як шахсияти динӣ ба маънои исломигардонии ҳукумате (islami sation of the government) ҳаст, ки сарқонунаш ба арзишҳои секулорӣ такя мезанад.

Аз сӯйи дигар ва муҳимтар аз аввалӣ ин корро ба хотире анҷом дод то ба дигарон бифаҳмонад, ки фароғи идеоложие, ки баъди шӯравӣ дар мо эҷод шудаастро метавонад бо такя задан ба мазҳаби асили таърихии худ, яъне мазҳаби Имоми Аъзам пур намуд ва ниёзе ба гурӯҳҳои нави динӣ, ки одатан аз фазоҳои дигаргуна ба сӯйи мо меоянду тағйироте анҷом медиҳанд, вуҷуд надорад.

Дар маҷмӯъ метавон дастовард ва ё роҳоварди Соли бузургдошти Имом Аъзам эълом намудани соли 2009-ро ба сӯйи мардум рафтани Ҳукумат ва наздиктар шудану эътимодсозӣ намудан байни Ҳукумат ва мардум қаламдод кард.

СИМОИ ДИНИИ ПОЙТАХТ

Ҳодисаи дигаре, ки дар иртибот ба диндории мардуми мо дар соли 2009 анҷом ёфт тасмими мақомоти Ҳукумати Ҷумҳурӣ, оид ба сохтани масҷидe дар шаҳри Душанбе мебошад, ки дар қаламрави собиқ шӯравӣ бузургтарин масҷид аст. Қарор аст, масҷиди мазкур дар масоҳати 7.5 га замин ва бо пешниҳоди раисҷумҳури кишвар рӯйи харитаи Тоҷикистон сохта шавад. Ин масҷид дар баргирандаи маркази байналмилалии ҳифзи Қуръони карим ва донишгоҳи байналмилалии исломӣ хоҳад буд. Бунёди ин масҷид на танҳо ҳусни наве ба Душанбе зам мекунад, балки симои Душанберо низ динӣ хоҳад намуд.

ҚОНУНИ ҒАЙРИМУНТАЗИРА ОИД БА ДИН

Дар нимаи аввали соли 2009, қонуне оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ба тасвиб расид, ки ба эътиқоди коршиносон дар иҷрои намоз маҳдудиятҳо эҷод намуд. Ин қонун дар баробари ғайри мунтазира буданаш интиқодоти зиёди диндорони кишвар ва ҳатто Ҳукумати ИМА-ро дар пай дошт.

ХУЛОСА

Хулоса соле, ки сипарӣ шуд бо ҳама каму костиҳо соле буд, ки муҳимтарин таҳаввулоти диниро дар пай дошт ва на танҳо ин, балки соле буд, ки нисбат ба ҳама дигар таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоиву иқтисодӣ таҳаввулоти динияш бештар буд, барои ин дар оғоз гуфтем, ки ин соле буд, динитарин сол. Бо умеди муваффақиятҳои ҳарчӣ бештар дар соли оянда ин солро падруд мегӯем ва ба ҳама соли нави милодиро табрик.


Саъдии ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97