ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ ДОРАНД

Фарҳанг ва адаб 29.01.2010 14:00

Мусоҳибаи Қосими Бекмуҳаммад бо Эсен Усубалиев, муовини раиси Маркази мустақили таҳлилӣ ва мутолиотии "Дин, ҳуқуқ ва сиёсат" (Қирғизистон)

- То ҷое банда иттилоъ дорам, Маркази мустақили таҳлилӣ ва мутолиотии "Дин, ҳуқук ва сиёсат" ва шахсан худи Шумо муддатҳо боз рӯи тарҳи нави ба истилоҳ геополитикие, ки дар он Қирғизистон ва Тоҷикистон дорои нақши фавқулъода фаъол хоҳанд буд, кор мекунед. Имкон дорад, ки дар мавриди ҷузъиёти он барои хонандагони маҷалла иттилоъ бидиҳед?

- Зимнан Шумо нахустин рӯзноманигоре мебошед, ки ба истиснои ҳамкорони Маркази мо дар бораи ин тарҳ иттилоъ касб мекунед ва агар андеша ва дидгоҳҳои мо мавриди таваҷҷуҳ ва ҳимояти дӯстони тоҷик ва бахусус мақомоти расмӣ ва ниҳодҳои мутолиотии Тоҷикистон қарор бигирад, ҷои қадрдонӣ ва ташаккур хоҳад дошт.

Таври маълум, даврони "кашфи" Осиёи Марказӣ баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нишон дод, ки сиёсатҳои бархе аз кишварҳои тавонманд, ки бо мардумони минтақа дорои алоиқу иртиботи таърихӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ мебошанд, рақобат ва ҳамчашмӣ барои нуфуз дар Осиёи Марказиро ба бор овард, ки дар натиҷа на танҳо дар заминаи иртиботи кишварҳои тозаистиқлол бо ҷаҳони хориҷ, балки дар мавриди ҳамкориҳои дохилии онҳо низ мушкилоти фаровоне эҷод гардид.

Масалан, Туркия бо доштани умумияти қавмӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ бо бештари мардумони минтақа натавонист ба ҳастаи асосии ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил шавад. Вуҷуд надоштани марзи муштарак бо минтақа ва ҳамчунин нажодмеҳвар будани сиёсати пантуркизм, ки худ ба худ ширкати Тоҷикистонро ба унвони намояндаи нажоди форс истисно мекард, амалан имкони ба муваффақият даст ёфтан дар Осиёи Марказиро надошт.

Вале ҳамзамон сиёсати Ирон, ки ҳадафи тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дунбол мекунад, алорағми талошҳои кишварҳои ғарбӣ барои маҳдуд намудани он, боз ҳам тавонистааст батадриҷ хислати собит касб кунад ва дар заминаҳои мухталифи равобити худ бо Осиёи Марказӣ аз дурнамои рушди муносиб бархурдор гардад. Албатта, дар ин росто бояд муровидоти нажодиву фарҳангӣ ва динии миёни Ирон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мадди назар қарор дода шавад.

Дар маҷмӯъ муносиботи Туркияву Ирон бо минтақа, ки ҳарду дорои қаробати нажодӣ, фарҳангӣ ва динӣ бо мардумони Осиёи Марказӣ мебошанд, муваффақ арзёбӣ мешавад, вале боз ҳам то ҳанӯз натавонистааст мабно ва асосеро барои ҳамкории воқеӣ миёни мардумони на танҳо аз назари нажодӣ, балки фарҳангиву динӣ ба ҳам наздик, омода созад. Ҳам Туркия ва ҳам Эрон дар паи пиёда кардани сиёсате ҳастанд, ки манофеи стратегии онҳо тақозо менамояд.

ТАНҲО ТОҶИКИСТОН ШАРИКИ ВОҚЕИИ

ҚИРҒИЗИСТОН АСТ

- Дар робита ба ин мавзӯъ нақши худи кишварҳои минтақа ва махсусан Тоҷикистону Қирғизистон чигуна тасаввур мешавад?

- Тавре мову шумо медонем, дар Осиёи Марказӣ сатҳи дохилии ихтилофот вуҷуд дорад, ки умдаи он ба рақобати Қазоқистон ва Узбакистон барои пешвоии минтақа иртибот гирифта, мусалламан на танҳо ба Қирғизистон, балки Тоҷикистон низ таъсир мегузорад. Солҳои рушди мустақилонаи кишварҳои минтақа нишон дод, ки аз он фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворие, ки замоне дар Шӯравӣ вуҷуд дошт, ҳоло танҳо ҷуз шиор чизе боқӣ намондааст.

Дар баробари Қирғизистон ва Тоҷикистон кор гирифтан аз сиёсати асосёфта ба зӯр ба як таҷрубаи маъмули даврони пасошӯравӣ мубаддал шудааст. Фишорҳои пайваста аз тарафи Узбакистон ва Қазоқистон дар робита ба таҳвили маводи энержӣ ба ин ду кишвар, масоилу мушкилоти марзӣ, ҳамчунин кӯшиши таҳмили низоми барои Қирғизистон ва Тоҷикистон зиёнбори фаъолияти таъсисоти асосии гидротехникӣ ба сурати бисёр возеҳу рушан муносиботи мавҷуд дар минтақаро бозгӯ мекунад. Дар чунин шароит Қирғизистон ба ин натиҷаи воқеӣ мерасад, ки дар Осиёи Марказӣ ба истиснои Тоҷикистон шарики дигаре надорад, ки битавонад барояш муносиботи дорои ҳуқуқи баробар ва одилонаро замонат диҳад.

Ин воқеият, ки Туркия ва Ирон ба унвони ду маркази таърихии нуфуз рӯи Осиёи Марказӣ натавонистаанд аз зарфияти худ барои эҷоди фазои васеъи иртиботу ҳамкорӣ миёни мардумони аз назари нажодӣ, фарҳангӣ ва динӣ ба ҳам наздики минтақа истифода кунанд, ин ҳақро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ медиҳад, ки худашон бар асоси қаробати тамаддунӣ ибтикори роҳандозии раванди наздиксозии фарҳангӣ ва сиёсии давлатҳоеро ба даст гиранд, ки ба ҳавзаи иштирокоти форсҳо ва туркҳо мутааллиқ мебошанд.

Ин нақшро ду халқи қадими минтақа - тоҷикҳо ба унвони намояндаи нажоди қадими форс ва қирғизҳо ба унвони намояндаи нажоди қадими турк дар Осиёи Марказӣ метавонанд бар ӯҳда бигиранд. Ин ду халқ ҳаққи таърихӣ доранд, то ибтикор ба ташкили чунин форумро бикунанд ва аз ин тариқ дар рушди ҳамкорӣ ба хотири шукуфоии мутақобилу муштараки кишварҳои мутааллиқ ба тамаддуни умумӣ саҳм бигиранд. Худи вазъ Қирғизистону Тоҷикистонро ба миёнҷигарии байни ду маркази ёдшудаи нуфуз водошта, зарурати воқеии ташкили абзор ва механизми коршиносиву машваратӣ дар заминаи ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ миёни мардумони нажоди турк ва форс ба манзури субот ва рушду шукуфоии муштаракро ба миён меоварад. Қирғизистону Тоҷикистон бояд рисолати таърихии худро иҷро кунанд.

АҲДОФИ ФОРУМ

- Дар чаҳорчӯби ин форум чӣ заминаҳое метавонад мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад?

- Ба назари мо ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ин форум метавонад бахшҳои аслии зерро фаро гирад:

* гуфтугӯи миёни фарҳангҳо;

* умумияти фарҳангӣ ва динӣ дар раванди сохти давлатдорӣ;

* иқтисод ва тиҷорат;

* энержии об (гидроэнергетика);

* сармоягузорӣ;

* ҳамлу нақл.

Бо таваҷҷуҳ ба консепсияи муқаддамотии форум бояд гуфт, ки пешниҳодоти боло заминае хоҳад буд, то бо истифода аз он битавон ба иҷрои тарҳи асосӣ барои Қирғизистон - муносиботи иттиҳодгароёна бо Тоҷикистон дар арсаҳои барои ҳарду кишвар дорои аҳамияти калидии стратегӣ - иқтисодӣ, тиҷорӣ, гидроэнергетикӣ, сармоягузорӣ ва ҳамлу нақл даст ёфт.

Тоҷикистон нақши кишвари транзитӣ барои роҳ ёфтан ба Ирон, сармояҳо, зарфияти иқтисодӣ ва илмии онро бар дӯш хоҳад дошт. Гузашта аз он, эҷод ва густариши муносиботи иттиҳодгароёна дар заминаҳои обу энержӣ, ҳамлу нақл, иртиботот (коммуникатсия) ва мӯҷтамаъи (комплекси) саноати кишоварзӣ, ба фаъол шудани Мувофиқатнома дар бораи Шӯрои ҳамгироии байнидавлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидат намуда, метавонад ба дастоварди асосии стратегии ду кишвар дар шароити печидаи геополитикии Осиёи Марказӣ табдил гардад.

ҲАМСОЯҲО ЧИ ХОҲАНД ГУФТ?

- Шумо аз тарафи дигар кишварҳои минтақа дар баробари чунин ибтикор чӣ вокунишеро қобили тасаввур медонед?

- Ба эҳтимоли зиёд кишварҳои минтақа ин ибтикорро напазируфта ва мавриди интиқодоти шадид низ қарор хоҳанд дод. Вале чунин ранг гирифтани кор ҳам метавонад дар ростои манофеи Қирғизистон ва Тоҷикистон бошад, то талошҳои худро барои пиёда кардани манофеъашон мутамаркиз намоянд ва ҳамзамон аз байналмиллалӣ (интернатсионалӣ) кардани ин форум сарфи назар накунанд, албатта бо дар назар гирифтани ин нукта, ки чунин кор вақти хеле бештареро хоҳад гирифт.

Зимни рушди ҳамкориҳои наздики дуҷониба бо ҷалби Эрон, ҳамзамон анҷоми иқдомоти расонаӣ барои таблиғу тарвиҷи ҳарчи бештари ин андеша метавонад фурсати лозимро барои роҳандозии фаъолияти муассири ин форум фароҳам созад.

Дар айни ҳол бояд аз заминае ёдоварӣ кунам, ки барои ҳамкорӣ аҳамияти зиёд дошта ва онро метавон шартан "Умумияти фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар раванди давлатсозии Қирғизистон ва Тоҷикистон" ном ниҳод.

Рушди ду кишвари аз назари зарфият баробари Осиёи Марказӣ - Қирғизистон ва Тоҷикистон баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нишон медиҳад, ки дар шароити аз байн рафтани нақши раҳбарии мустаъмарадори (метраполияи) собиқ - Русия, раванди ташкили давлатдории навин гирифтори бунбаст шудааст.

Модел ё худ навъи ташкил ва рушди давлатдорӣ, ки аз кишварҳои ғарбӣ гирифта шудааст, нопойдории худро дар шароити ҷомеаҳои суннатии Осиёи Марказӣ нишон дод. Ҷорӣ кардани фаъолонаи шакли давлатдории демократии ғарбӣ, ки вижагиҳои фарҳангӣ, миллӣ ва мазҳабии мардумонро дар назар нагирифта, баръакс, ҳадафи тахриби ҷомеаҳои суннатӣ ва ниҳодина кардани идеалҳо ва арзишҳои тамаддуни бегонаро дунбол менамояд, ба таври ногузир инзиҷори бештари аҳолиро ба бор меоварад. Бар изофаи ин, аксари идеяҳои ғарбӣ барои бештари мардумони минтақа номаҳфум ва бегона боқӣ мемонанд. Дар шароити ислоҳоти номуваффақи демократӣ ва вазъи сангини иқтисодӣ моделҳои ғарбии сохти давлат ва ҷомеа дигар ҳомие нахоҳанд дошт.

Бинобар ин, мусаллам аст, ки кишварҳо ба моделҳои нави алтернативии рушди давлат ва ҷомеа ниёз доранд, то на танҳо вижагӣ ва хусусиёти фарҳангӣ ва миллӣ, балки тааллуқи динӣ ва тамаддунии онҳоро низ дар назар гиранд.

Таври маълум, бештари аҳолии Қирғизистон ва Тоҷикистон пайрави аҳли суннат буда, даромехтагии аносири фарҳангии форсӣ ва туркӣ дар ҳарду мардум низ ба назар мерасад. Мо бар ин боварем, ки фарҳанги ҷудогонаи исломии тоҷикӣ ё қирғизӣ вуҷуд надошта, балки бахшҳои тоҷикӣ ва қирғизии фарҳанги исломӣ мавҷуд мебошад, ки дар радифи дигар миллатҳо бо танаввуъи худ симои куллии тамаддуни исломиро эҷод кардааст.

Бидуни шак, ислом на танҳо дар зиндагии иҷтимоии ҷомеа нақши калидиро иҷро мекунад, балки бо роҳи пешбинии истифода аз ҳуқуқ ва меъёрҳои усулии худ ба раванди сохти давлатдории миллӣ низ таъсир мегузорад.

НАҚШИ ФАРҲАНГИИ ИРОН МУАССИР АСТ

- Дар ин замина нақши Ирон ба унвони яке аз ду маркази таърихии нуфуз рӯи минтақа чи гуна арзёбӣ мешавад?

- Ирон суннат ва таҷрубаи чандқарнии давлатдорӣ ва аз ҷумла дар шароити имрӯзӣ модели муваффақи ҳукумати исломиро дар ихтиёр дорад. Қирғизистон дар сатҳҳои мухталифи иҷтимоӣ ба фарогирии тӯлонӣ ва дарозмуддати асосҳои бунёдини давлатдорӣ, ки бо суннатҳои мазҳабӣ ва фарҳангии мардумони кишвар муғоират надошта бошад, ниёзманд аст.

Рушди ҷомеаи қирғиз дар даврони пасокоммунистӣ набояд бидуни чунин як унсури муҳим, яъне мутолиаи бунёдӣ ва илмии роҳҳои алтернативии тараққии миллат ва давлат дар қиболи шакли демократияи ғарбӣ, сурат бигирад.

Бинобар ин, мусаллам аст, ки Қирғизистон дар мавриди шеваҳои (методҳои) созмондиҳии ҷомеа ва давлат бо дар назар гирифтани унсури ислом ба мутолиот ва донишҳои бунёдӣ дар ин замина ниёз хоҳад дошт. Ва дар ин раванди баландмуддат Ирон ба унвони кишвари дорои иртиботи наздик бо мардумони Осиёи Марказӣ метавонад нақши бузургро бар дӯш бигирад.

Таърих дорои чархиши давраии хоси худ мебошад. Ва шояд маҳз дар қарни 21 Ирон шанси табдил шудани дубора ба маркази ҷозибаи илмӣ ва фарҳангӣ ва дар дурнамо ҷиҳати (ориентири) асосии касби таҷрубаи пешқадам дар заминаи сохти давлати миллӣ барои кишварҳои минтақаро дошта бошад.

- Ташаккур ва тавре Шумо дар ибтидо ишора кардед, умедворем, ки масоили матраҳшуда дар ин мусоҳиба мавриди таваҷҷуҳи масъулини марбута ва марокизи мутолиотии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.


Қосими Бекмуҳаммад
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97