ВИРУСИ ХАТАРНОКИ FP-69

Фарҳанг ва адаб 23.01.2010 14:40

ҶУДОӢ

- Ҳамсояҷон, хайрият сагатонро нест кардед - гуфт Асадбек ба ҳамсояи наваш.

- Ман саг надоштам, бо ҳайрат гуфт ҳамсоя.

- Як сол боз дар дари ҳавлиатон лавҳаи "Эҳтиёт, саги бадҷаҳл" овехта буд?

- Ҳа фаҳмидам. Ман ду рӯз пеш аз занам ҷудо шудам!

КОРАФТОДА

Нимашабӣ Асадбек бо либосҳои қимматбаҳо аз тӯй бармегашт. Дар хамгашти кӯча мусофире дучораш омада пурсид:

- Бубахшед, дар ин наздикӣ идораи милиса ҳаст?

- Не, дӯстам! Аз ин ҷо идораи милиса хеле дур аст.

- Дар ин наздикиҳо ягон одам нест?

- Мутаассифона, дар ин нимашабӣ ба ғайр аз ману ту дигар ҷонзоде нест!

- Боз узр мехоҳам, телефони наздиктарин дар куҷост?

- Дар шаҳри мо ягон нуқтаи телефонӣ нест!

- Набошад ҳамён, болопӯш, кафшҳои наватонро бо соати тиллоӣ кашида диҳед. Ман ғоратгар, бо ғазаб дод зад мусофир.

ЗУКОМИ ИШҚ

- Раиси мӯҳтарам! Аҳволам хароб, табам баланд. Иҷозат диҳед аз кор равам - бо илтиҷо пурсид Асадбек.

- Равед табобат кунед - гуфт Раис.

Дар нисфирузӣ дар даромадгоҳи тарабхона ногаҳон Раис бо Асадбек дучор омад. Асадбек бо духтари зебои қадбаланд даст ба гардан сайругашт мекард. Асадбек роҳи гурез надошт. Раис табассум карда гуфт:

- Бо чунин таби баланд дар бистар хоб рафтан даркор…

ТОЛЕЪБАЛАНД

- Болопӯши нави Холисамоҳ - зани Асадбек чашми ӯро хира кард.

- Дирӯз дар паҳлӯи партовгоҳ пайдо кардам. Бинам, андозаи худам, гуфт занаш Холисамоҳ.

- Ҳафтаи гузашта аз таги дари ҳавлӣ кафши қиматбаҳо ёфтӣ, тасодуфан андозаи пои ту баромад. Ду ҳафта пеш аз сари роҳ камзӯли нав ёфтӣ, боз андозааш рост омад. Мани бадбахт дирӯз аз таги болишти хобам либоси таги мардона ёфтам, ҳамон ҳам бадбахтона андозаи калон, бо ҳасрат гуфт Асадбек ба занаш.

АСАЛИ ТОЗА

- Аз дӯкони Асадбек асалро гиред. Вай асали тоза дорад. Занбӯрҳои Асадбек чун кӯҳнавард аз қуллаҳои баланд ғизо мехӯранд - таъкид кард раис ба ронандааш.

- Асадбек, чаро Раис фақат асали шуморо таъриф карда мегирад, бо тааҷҷуб пурсид Додарбек.

- Чунки аз ман бепул мегирад. Ман ҳам барои он, ки ба худам зарар нашавад, ба асали Раис 80 фоиз қанд омехта мекунам.

ТЕЛЕФОН

- Наход барои гап задан бо телефон дусад сомонӣ ҷарима шавад, бо ҷаҳл пурсид Асадбек аз писараш.

- Ман сари ҷилави мошин гап задам.

- Барои ҳангоми рондани мошин сари ҷилав 10 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст, дод зад Асадбек.

- Ман сари ҷилав бо зани нозири роҳ чақ-чақ кардам…

РОҒУН

Вазорати молия хабар медиҳад: Ҳамаи саҳмияҳои НБО-и "Роғун" ба фурӯш рафтанд. Ин мӯъҷизаи иқтисодӣ қимати саҳмияҳои "Газпром", "ВТБ" "Лукойл", "Ҷенерал моторс"-ро ним пул кард. Иқтисоддонҳои олам дар сад соли охир бори аввал чунин амалиёти босамари молиявиро шунидаанд. Аммо ҳеч кас сирри баланд рафтани қимати саҳмияи Роғунро намедонист. Ҳар кас тахмин мекард. Яке аз кӯҳҳои Бадахшон ёфт шудани лаъли дусадкилограммиро тахмин мекард. Дигаре дар Хатлон пайдо шудани кӯҳи тиллоро овоза мекард. Фақат ҳақиқати ҳолро Тоҳирбек-менеҷери телефонҳои мобилии ҷумҳурӣ медонисту дам ба дарун мегашт.

Ахиран ӯ дар нишасти матбуотӣ хабар дод:

- Ҳамаи муштариёни телефонҳои мобилӣ - занони мамлакат маблағи якрӯзаи гуфтугӯи телефониро ба ҳисоби НБО "Роғун" гузарониданд…

ҲАЙВОНОТНОМАИ ЁУМ

Харгӯш аз зулми Гург ба дод омада буд. Ҳар рӯз Гург Харгӯшро торсакӣ зада мегуфт:

- Кулоҳат канӣ?

Харгӯш бо дидаи гирён назди шоҳи ҳайвонҳо- Шер рафта, шикваи дил намуд. Шер Гургро даъват карда, насиҳат кард:

- Аблаҳ! Ақаллан дигар баҳона ёфта, Харгӯшро торсакӣ бизан. Охир Харгӯш модарзод кулоҳ надорад.

Рӯзи дигар Гург Харгӯшро дучор омада гуфт:

- Рав, об биёр!

- Оби гарм ё хунук - пурсид Харгӯш.

- Лаънатӣ! Канӣ кулоҳат?! -гуфта торсакии обдор ба сари Харгӯш фаровард Гург.

СИМКОРТИ ТАШНОБ

- Додари азиз, аҳволам хароб. Илтимос, дари ташнобро кушоед!

- Шумо одами босавод барин. Ана хонед барои кушодани дари ташноб ба телефони 23456 панҷ бор SMS фиристонед.

Мусофир се SMS равон карда, оҳи сард кашид.

- Додарам, корам шуд! Акнун гӯед, ки ҳаммом дар куҷост?

- Ба телефони 3443 даҳ SМS ирсол кунед!

Мусофир ин дафъа даҳ SMS равон карда, хурсандона пурсид:

- Акнун роҳи ҳаммомро гӯед.

- Шиматро каш, гуфт дарбон.

ФАЛОКАТ ДАР АҒБА

(Лутфи воқеӣ)

31 декабри соли гузашта бар асари тарма дар ағбаи Шаҳристони шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд "Миллат", "Тоҷикистон", "Нигоҳ" , "Аргументы и факти" зери тарма монданд. Роҳсозон ва нозирони роҳ барои корҳои наҷотдиҳӣ фавран чораҳои таъҷилӣ андешида, қарор доданд, ки то об шудани барф, моҳи май рӯзномаҳоро наҷот диҳанд. Дар натиҷаи ин фалокат қариб 6 ҳазор нафар хонандагон ҷароҳати вазнини маънавӣ бардоштанд. Аз ситоди идораи "Тоҷикматбуот" хабар доданд, ки то моҳи май ба рӯзномаҳо ягон хатар таҳдид намекунад. Ба хонандагони ашаддӣ тавсия дода шуд, ки ба тармаи хамгашти аввали ағба 2 километр поёнтар аз шоҳроҳ ба мошини пачақшудаи зери тарма муроҷиат намоянд. Фалокат дар биржаи фурӯши саҳмияҳои рӯзномаҳо ҳаёҳуи воҳимаангез ба амал овард. Қимати саҳмияҳо се баробар афзуд. Коршиносон дар ин фалокат террорро сарфи назар карданд. Аммо тахмин меравад, ки дар арафаи соли нав ва интихоботи навбатӣ рақибони сиёсӣ аз ягон имкони табиӣ даст намекашанд.

БОНГИ ХАТАР

Вируси хатарноки FP-69 дар Ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд. Аз Вазорати тандурустӣ хабар доданд, ки мавсими сирояти FP-69 моҳи январ аст. Аммо баъзан ин вирус моҳи июл низ аз худ дарак медиҳад. Табибон пешгӯӣ мекунанд, ки вирус охири моҳи феврал шадидан хурӯҷ мекунад. Хушбахтона, ба ин вирус тифлон пиронсолон ва занони ҳомиладор хеле кам сироят мешаванд. Барои тадбирҳои эҳтиётӣ ЁУМ сармутахассиси ин вирус, табиби мардумӣ Асадбекро ба идораи рӯзнома даъват намуд. Бале, хеле дуруст қайд кардед, ки вирус хеле хатарнок аст. Хусусан имсол барои авҷу хурӯҷи он тамоми шароитҳо муҳайё аст. Дар марҳилаи аввал вирус тамоми узвҳои мансабро фалаҷ мекунад. Сипас ба узвҳои дил, гурда ва рагҳои хунгард зарба мезанад. Ба вирус асосан раисони шаҳру ноҳияҳо, вазирону муовинон, ки нақшаи андоз, хазинаи иҷтимоӣ ва фурӯши саҳмияҳоро иҷро намекунанд, мубтало мешаванд.

- Мӯҳтарам Асадбек, номи пурраи вирусро шарҳ медодед?

- Вирус аз калимаи Фармони Президенти Ҷумҳурӣ тибқи моддаи 69 гирифта шудааст. Дар натиҷаи хондани ин фармон фишори хун баланд гардида, ба рагҳои хунгузар зарба мезанад. Роҳи нафаскашӣ суст мегардад. Дар натиҷа одамон аз ин шахсони сироятшуда мегурезанд. Шахсони сироятшуда аз гирифтани тӯҳфа, эҳтиром маҳрум мешаванд. Дар марҳилаи ибтидоӣ ин вирусро табобат кардан мумкин аст. Солҳои пеш доруи ин вирус дар аптекаҳои ҳукумат фурӯхта мешуд. Ё худ баъзе корчалонҳо усули бо доллар, евро табобат кардани онро тавсия медоданд. Вале ҳоло аз ин усул роҳи халосӣ нест. Беморони ин усул чанд генерал ҳоло дар шифохонаи Вазорати адлия дар ҳолати вазнин қарор доранд.

- Ҷаноби Асадбек, барои пешгирии ин вирус кадом тадбирҳо заруранд?

- Аз ҳама муҳимаш бештар дар ҳавои кушод байни мардум гаштан зарур аст. Вале табобати асосӣ ва муҳим сари вақт ба нафақа ва ё истеъфо баромадан лозим аст. Баъдан нақшаи буҷаро пурра иҷро намудан кафолати тандурустӣ аст. Чанд сол пеш омили сироятии иҷро накардани нақшаи пахта авҷ гирифта буд. Аммо ҳоло қариб сад омили нав пайдо шудааст.

- Баъзе одамон дар хориҷи кишвар низ табобат мегиранд, бале?

- Воқеан дар хориҷи кишвар табобат хеле гарон аст. Масалан, барои пешгирии вирус аз вазифаи вазирӣ қариб як миллион доллар аст.

- Хонандагони азиз! Шумо аз рӯйи шарҳи Асадбек бо ин вируси хатарнок шинос шудед. Дар охир Шӯъбаи кор бо кадрҳои Ҳукумат таъкид мекунад: Вируси FP-69 ба саломатии шумо хатарнок аст!!!

ИҚТИБОСҲО

- Тафовут байни зани сабукпо ва депутат дар чист?

- Зани сабукпоро ҳар рӯз интихоб мекунанд.

***

Ҳасрати Хар: Агар ман ҳам шох медоштам, ин қадар заҳмат намекашидам.

***

Никоҳ - афви Одаму Ҳаво аст, ки баъди миллион сол эълон шуд.

***

Олимони Донишгоҳи технологӣ Машинаи Вақтро ихтироъкарданд. Акнун ҳар рӯз дар таги дари Донишгоҳ вақти ба дарс омадани донишҷӯён қайд мешавад.

***

Русҳо модарро вақти ҳақоракт ва ҳангоми дифои Ватан ёд мекунанд.


Наҷмиддини ШОҳИНБОД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97