ПАЁМАДҲОИ РЕНЕСОНС ДАР ҒАРБ

Фарҳанг ва адаб 13.01.2010 14:20

Ренесонс дар ғарб ба таври куллӣ ду паёмад дошт; ислоҳи динӣ (реформи мазхабӣ), 2- пайдоиши "Буржуазия". Ин ду паёмад боиси пайдоиши инқилоби саноатӣ шуданд, ки инқилоби саноатӣ нуқтаи шурӯи дигаргунихои асосӣ дар фарҳанг ва тамаддуни Ғарб ба ҳисоб меравад. Дар ин навиштор мо кӯшиш ба харҷ медиҳем то натиҷаҳои мазкурро баррасӣ кунем.

1- ИСЛОҲОТИ ДИНӢ

Омили аслии ин ҳаракатро метавон "Мортин Лутер" донист, ки худ ба унвони як масеҳӣ, алайҳи поп ва тасмимҳои калисои Рум қиём кард ва ба кӯмаку дастгирии деҳқонон ва шаҳриёрони олмонӣ, калисои "Лутерӣ"-ро таъсис дод ва қудрати калисои Румро маҳдуд сохт ва эълон кард, ки поп наметавонад гуноҳони инсонҳоро сабук кунад ва ё бубахшад. Роҳбари калисо наметавонад воситаи байни Худо ва бандагон бошад ва ба ин эътироз мазҳаби протестонро поярезӣ намуд.

Колван баъд аз Лутер, мазҳаби Протестонро идома дода, кӯшиш намуд, ки бо тарзи нав динро бо пешрафтҳои моддии башар ва технологияи муосир хамоханг созад. Аз ҷумла, ин ки баҳра ва риборо ҷоиз донист.

Ҳарчанд, ки аз тарафи масехият ҳарду амали мазкур рад шуда ва мавриди мазаммат буданд. Бахреша рибо барои судҷӯйӣ ва манфиатталабӣ дар корҳои иктисодӣ ва фаъолиятҳои тиҷоратӣ аз назари Колван мавриди ситоиш қарор гирифта буд.

2-ПАЙДОИШИ БУРЖУАЗИЯ

Назарияҳои нави иқтисодии Колван заминаро барои рушд ва тараққии буржуазия, ки ҳадафаш манфиатталабӣ ва ҷамъоварии молӣ бештар ва анбошти сармоя буд, ёрӣ расонида дар ҷомеаҳои Аврупо ҳоким сохт.

Намунаи барҷастаи ин ҳаракат дар инқилоби саноатии соли 1750 - и мелодӣ дар Англия ва ниҳоятан дар инқилоби 1789 - и мелодӣ дар Фаронса ошкор шуд. Инқилоби саноатӣ аз авоили қарни ҳафтдаҳум дар Англия шурӯъ шуд ва миёнаҳои ҳамин аср ба андозаи назаррас рушд кард.

Ҷомеаи Аврупо, ки дорои иқтисоди суннатӣ ва маишатӣ буд, бо эҷоди василаҳои пешрафта, истеҳсолоти худро дар соҳаи кишоварзӣ чанд баробар намуда зарур буд, ки барои содир намудани ашёи хоми худ ба хориҷа фикр кунад.

Ба ҳамин далил давлат вазифадор карда шуда буд, ки амнияти заруриро барои тиҷорати хоричӣ эҷод кунад ва шароити лозимиро фароҳам созад. Англия ба фикри ишғоли сарзаминҳои нав афтод. Аввалин ва муҳимтарин кишваре, ки қурбонии ин ҳҳадафи шум гардид, қораи Ҳинд буд. Тасарруфи шибҳи қорраи Ҳинд ду ҳадафи асосӣ дошт:

1.Ба даст овардани маводи аввалия ва нерӯи кори

арзон ва фаровон;

2.Паӣдо кардани бозори фурӯши муносиб барои молҳова маҳсулоти анбошта шуда дар дохили кишвар.

Инқилоби саноатӣ аз кишвари Англия ба давлатҳои дигар низ сироят кард. Олмон, Фаронса, Ҳуланд, Белгия ва Амрико низ ба кишварҳои саноатӣ паӣвастанд. Паӣвастшавии ин кишварҳо рақобати бештареро барои дастёбӣ ба сарзаминҳо ба вуҷуд овард. Зери истеъмор қарор додани кишварҳо оғоз гашт.

Ингуна сиёсатҳо идома паӣдо карданд, саранҷом бо мушкил рӯ ба рӯ шуданд. Кишварҳои мавриди ҳуҷум қарор гирифта мухолифатҳои хешро эълон доштанд. Бедорӣ ва истиқолиятталабӣ сабаб гашт то кишварҳои истеъморгар ба фикри чораи дигар бошанд. Дар ин марҳила буд, ки истеъморгарон аз шеваҳои ҷадид истифода намуданд.

Дубора роҳбари калисо ва калисо ба маӣдон оварда шуд ва барои ваӣрон намудани фикрҳо, ақидаҳои исломӣ ва миллӣ, калисоҳои зиёде сохта шуданд. Ингуна сиёсатҳо зери унвони калисо, муассисаи илмия, Мадраса, донишгоҳ, ва бемористон барои мамлакатҳои зери тасарруф қарор гирифта шуда буд. Зери унвони ингуна сиёсатҳо сиёсатҳои пушти пардаӣ амалӣ мегаштанд. Ҳамагӣ вазифа доштанд, ки фарҳанги асили худиро махдуш (воруна) сохта барои миллатҳои маҳрум ба тарзи дигар вонамуд созанд.

Фарҳанги кишварҳои истеъморгаро бартар нишон диҳанд. Бартарии кишварҳои истеъморгаро таблиғ кунанд. Бинобар эътирофи бисёре аз таблиғгарони масеҳӣ, онҳо бағаӣр аз кишварҳои исломӣ дар дигар ҷомеаҳо низ аз ингуна сиёсатҳо истифода бурдаанд.

Яке аз таблиғггарони ғарбӣ бо номи "Луренс Броун" дар ин бора мегӯяд: " Дини ислом дини даъват аст. Ислом баӣни Насоро ва ғаӣри он мунташир мешавад. Мусулмонон чандин мартаба бо Аврупо ҷангиданд ва ба муносибатҳои зиёде Аврупоро таслими худ сохтанд.

Мо аз мактабҳои мухталифе ваҳшат доштем вале пас аз диққати фаровон фаҳмидем, ки ин ҳама тарси мо беҷо аст. (идома дорад).


Абдуллоҳи Қодирӣ
сиёсатшинос
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97