САҲМИЯҲОИ ҲАЛОЛ ВА ҲАРОМ ДАР РОҒУН

Фарҳанг ва адаб 09.01.2010 19:07

Ё касби эътимоди мардум доир бар сармоягузорӣ дар иншооти сарнавиштсоз

Тайи рӯзҳои охир дар интернет бештар мақолаҳое ба чашмам мехӯрд, ки сари мавзӯи "доғ", яъне Роғун зиёд нашр мешуд ва аксарашро мутолиа мекардам. Дар ин манбаъҳои хабарӣ рӯзноманигорон ва коршиносони мустақил менависанд ва ҳамчунин дидгоҳҳои мардумро нашр мекунанд. Ин матолиб бештар доир ба як навъ нобоварӣ ё шубҳа дар сармоягузорӣ ва харидории саҳмияҳои Роғун буд. Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки аксарият бар он назаранд, ки мо агар хоҳем мустақилияти комил дошта бошем.

Бояд аввал аз истиқлоли иқтисодӣ ва дақиқтараш ба истиқлоли энержӣ даст биёбем, дар ғайри он истиқлоли мо нокомил хоҳад монд ва ҳамчунин ҳама сари он меандешанд, ки чи гуна аз саҳмияҳо харидорӣ кунанд ва чи гуна барои расидани маблағ ба НБО "Роғун" эътимод бубанданд. Аввалан, ман низ ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми раҳбари давлат пуштибонӣ мекунам ва албатта ҳамин мавзӯъ маро водор сохт, ки чанд андешаи худро пешкаши мутасаддиёни ин лоиҳа кунам, то боварии мардумро касб намуда, мардум бештар дар ин лоиҳа сармоягузорӣ намоянд.

ҶАЛБИ АНДАКИ САРМОЯИ ХОРИҶӢ ЗАРАР НАДОРАД

Мо аз ҷалб насохтани хориҷиҳо барои сармоягузорӣ дар ин бахш фоидае ҷуз, бо дастони худ пеши роҳи сармоягузорони хориҷиро гирифтан, ба даст намеорем. Дар дунё таҷрибаи роиҷбуда доир ба лоиҳаҳои барои ҳаёт муҳим барои амнияти ҳар кишвар ин аст, ки қисмати каме аз саҳмияҳои ин лоиҳаро ба хориҷиҳо мефурӯшанд, ки соҳибони саҳмияҳо таъсир дар қарорҳои Шӯрои саҳҳомон надошта бошанд. Барои мисол дар Имороти Муттаҳидаи Араб саҳмияҳои бонкҳоро, (барои мисол Бонки Исломии Дубай ва ё Бонки Миллии Иморот Дубай) хориҷиҳо танҳо дар ҳудуди 10 то 15% ҳаққи харидорӣ доранд. Албатта ин кор танҳо мансуби бонкҳо нест, дар бисёри ширкатҳо ва дар бахшҳои гуногуни иқтисод, ки ба ин тарз сармояҳои хориҷиро ба иқтисод дохил менамоянд, вуҷуд дорад. Албатта бо доштани 10-15% саҳмия, хориҷиҳо ягон таъсир дар қарорҳои Шӯрои мудирони корхона нахоҳанд дошт. Бо ин васила ҳам сармояи хориҷӣ дохили кишвар мешавад ва инчунин идораи саҳмияҳои бештар дар ихтиёри шаҳрвандони дохили кишвар мебошад. Ба фикри ман ин иштибоҳ ҳаст, ки ягон ҳиссаи саҳмияҳои Роғунро дар ихтиёри хориҷиҳо надиҳем, бигзор ба ҳаҷми андак аз 5 то 10 % маҷмӯи саҳмияҳои Роғунро ташкил кунанд, аммо билохира сармоя дохили кишвар мешавад. Агар шароити иқтисоди кишварамон хуб мебуд, манъ намудани хориҷиҳо ба фоидаи кишвар буд, аммо дар шароити бади иқтисодӣ ва таъсироти бӯҳрони молии ҷаҳонӣ бар иқтисоди кишвар мо агар тавонем андаке хориҷиҳоро низ ҷалб намоем, ба фоидаи худи мо хоҳад буд. Ҳамчунин ин васила барои боварии мардуми дохили кишварро дар ин лоиҳа касб кардан аст, ки дигар лозим ба ягон намуд ташвиқот ва реклама намемонад.

САҲМИЯҲОИ БЕБОЗОР

Пеш аз фурӯши саҳмияҳо аввал бояд бозори саҳмфурӯширо дар кишвар боз кард ва ин бозор бояд озод ва шаффоф фаъолият кунад, ки сармоягузорон саҳмияҳои худро тавонанд дар вақти дилхоҳ ба дигар нафарон фурӯшанду пули худро бозпас бигиранд ва бо ин тарз дигар нафароне, ки хоҳишманди харидории саҳмияҳо ҳастанд, тавонанд бихаранд ва дар лоиҳа сармоя гузоранд. Албатта бозори озод баҳои саҳмро одилона нишон медиҳад, ки арзишаш вобаста ба фаъолияти "Роғун" аст ва ин нишон медиҳад, ки дорандаи саҳмия аз доштани саҳмия чӣ қадар даромад ба даст меорад. Бо доштани бозори саҳмфурӯшӣ боварии мардум ба лоиҳа бештар мешавад, зеро дорандаи саҳмия метавонад дар вақти дилхоҳ саҳмро бо пули нақд мубаддал намояд.

Дар ҳоли ҳозир, ки мо бозори саҳм надорем, бояд барои ба даст овардани боварии мардум агар ин саҳмияҳоро дар яке аз бозорҳои саҳмфурӯшии ҷаҳонӣ, мисли бозори Дубай, Ҳонг Конг ва дигар бозорҳо танҳо рӯйхат менамуданд, бидуни гузоштан дар савдо (Only LISTING in share Market), ки ин муҷиби боварии мардуми дохил ва хориҷ ба иқтисоди кишвар мешавад. Албатта ин кор боварии мардумро дар дунё ба иқтисоди Тоҷикистон меафзояд ва сармоягузорон рӯзона дар тамоми дунё ҳангоми сар задан ба ин бозор дар қатори дигар ширкатҳои бузург номи Роғуни Тоҷикистонро медиданд, ки ин ҳам як навъи реклама барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба дигар лоиҳаҳои кишвар мешавад.

ҲАЛОЛ ВА ҲАРОМ ДАР САҲМИЯҲО

Бо шаҳодати тамоми хориҷиҳо мусалмон ва ё ғайри мусалмон, тоҷикон дар диндорӣ дар тамоми собиқ Шӯравӣ дар ҷои аввал ҳастанд. Аз ин рӯ ҳукумати кишвар кӯшиш намояд, ки саҳмияҳоро бо қонунҳо ва талабҳои дини мубини Ислом ва фиқҳи Ҳанафӣ содир намояд. Бо ин роҳ метавонад раъйи тамоми донишмандони исломии кишварро барои ҷоиз ва ҳалол будани сармоягузорӣ дар ин лоиҳа бо содир намудани як фатво ба даст хоҳад овард. Бояд зикр намуд, ки агар саҳмияҳо бо талаботи шариати Исломӣ созгор набошад, шояд мардум бо хоҳиши худ сармоягузорӣ накунанд. Аз масъулини ин лоиҳа хоҳиш мешавад, аз донишмандони фиқҳи иқтисоди муосири тоҷикро барои мутолиаи тамоми ҳуҷҷатҳо ва санадҳои содир намудани саҳмияҳои "Роғун" шарик намоянд, то битавонанд фатвои дуруст содир кунанд.

Аммо чанд шарт ва муқаррароти умумӣ ҳаст, ки донишмандони фиқҳи муосир доир ба содир намудани саҳм нашр кардаанд, ки масъулин метавонанд онро риоя намоянд. Шартҳо ин аст:

1. Ҳадаф, кор ва ашёи тавлидии ширкати содиркунандаи саҳмия бояд ҷоиз ва ё ҳалол бошад. Яъне сармоягузорӣ ва ё харидани саҳмияҳои ширкат ва корхонаи тавлидкунандаи ашёи ҳаром, ҳаром аст.

Аммо ҳадафи НБО "Роғун" тавлиди барқ аст, ки аз нигоҳи шариат монеае надорад.

2. Ҳалол будани зам намудан ва изофаи хароҷот ва масорифи содир намудани саҳмияҳо дар арзиши саҳм бо фоиз (%) ва ё маблағи муайяни муносиб (Матлаб аз масориф ва хароҷот, албатта масориф ва хароҷоти воқеиро дар бар гирад).

3. Ҳалол будани содир кардани саҳмияҳои нав барои баланд кардани сармояи корхона баробар бо арзиши муносиб бо саҳмияҳои содиршуда қаблан. Арзиши муносибро бояд мутахассисони арзишгузорӣ муайян намоянд ва дар асоси он арзиши саҳмияҳоро гузоранд. Ё арзиши саҳмияҳои нав баробар бо арзиши кунунии саҳмияҳо дар бозори саҳм дар савдобуда содир намояд.

4. Аз дидгоҳи шариат ҳалол аст, ки замонати содиркунии саҳмияҳоро корхонаи содиркунанда диҳад ва ҳамчунин муштарӣ низ метавонад замонати харидани ҳама ва ё ҷузъи саҳмияҳоро диҳад. Албатта ин замонатдиҳӣ аз ду ҷониб бояд бе пардохти пул ба якдигар бошад, яъне дар муқобили замонат додан пул пардохт нашавад.

5. Аз нигоҳи шариат ҷоиз ва ҳалол ҳаст, ки арзиш ва қимати саҳмияҳоро тақсимбандӣ намоянд, ки муштарӣ ҷузъи қиматро ҳоло бипардозад ва бақияашро дертар ва ё баъдтар. Бояд ин тақсимбандӣ тамоми саҳмияҳоро дар бар гирад ва масъулияти корхона ба андозае, ки аз саҳмияҳо фурӯхта шудааст, ба ҳамон андоза мебошад, яъне аз саҳмияҳое, ки то ҳол фурӯхта нашудааст масъули онҳо нест.

6. Ҳаром ҳаст аз дидгоҳи шариат, ки саҳмияҳои Вижа содир намуд. Саҳмияҳои Вижа он саҳмияҳоеро мегӯянд, ки дорандаи саҳм аз ҳақ ва авлавияти хос бархӯрдор аст дар вақти додани суд ва фоидаи саҳм ва ҳамчун дар ҳолати тасвияи ширкат аввал дорандаи саҳмияҳои Вижа пулҳои худро мегиранд ва боқимонда (агар монд), дорандаҳои саҳмияҳои оддӣ пулҳои худро мегиранд. Яъне ҳамаи саҳмияҳо бояд баробар аз ҳама ҳуқуқи молӣ ва пулӣ бархӯрдор бошанд. Ҷоиз ҳаст, ки саҳмияҳои дорои ҳаққи овоз додан ва ҳақ ва мумайязот дар идораи корхона дода шавад.

7. Ҳамчунин ҳаром ҳаст, ки саҳмияҳои ТАМАТТУЪ содир намуд. Саҳмияҳои Таматтуъ ба дорандааш ҳақи гардонидани арзиши қимати саҳмияҳоро ба тадриҷ дар аснои фаъолияти корхона аз даромадҳои корхона медиҳад ва ҳамчунин дар вақти тақсими даромад ва фоидаи корхона фоидаи дорандаи саҳми Таматтуъ камтар аз дорандаи саҳмияҳое, ки дар асоси сармояҳои корхона содир шудаанд. Дар вақти барҳам хӯрдани корхона, дорандаи саҳмияҳои Таматтуъ аз ҳаққи аввал гирифтан аз сармояи корхона бархӯрдор намебошад.

8. Шаҳодатнома ва ё санади саҳм аз дидгоҳи шариат ин ҳаққи мулкияти муштараки умумӣ барои дорандаи саҳм дар корхона мебошад. Ҷоиз аст, ки санади саҳм ба номи соҳибаш ва ё зери амри соҳибаш бошад ва ё ҳар шахсе, ки саҳмро дар даст дорад, соҳибаш ҳамон аст.

Аммо суди бештар он аст, ки барои бунёди ин иншооти муҳим, ки ба сангари нангу номус табдил шудааст, аз ифрот ва зиёдаравӣ кор гирифта нашавад, танҳо ба мардум фаҳмонидани муҳимияти кор кофист, ки бар кӯмак бишитобанд. Ва ифрот дар ҳар коре зиён меоварад то суд.

Муҳаммадрӯзӣ АСКАР

Корманди Бонки Ал-Ҳилол

Имороти Муттаҳидаи Араб


Муҳаммадрӯзӣ АСКАР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97