ДАРЕҒО, КИ САЙДАРРО ГУМ КАРДЕМ

Фарҳанг ва адаб 07.01.2010 13:59

Дар оғози соли нави милодӣ аҳли қалам ва андешамандони тоҷикро Муҳаммадраҳими Сайдар бо рафтани ногаҳону нобаҳангомаш дар ғам нишонд. Дар фурудгоҳи Душанбе фарҳангиёну адибон ва рӯзноманигорони тоҷик, тобути ӯро бо ашки чашм ва дили ғамбор истиқбол карданд. Муҳаммадраҳими Сайдар, нависандаи хушсалиқа ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, гӯяндаи рози ниёзи яку ним миллион муҳоҷири тоҷик, узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд, ки рӯзи 3 январи соли 2010, бар асари бемории диабети қанд дар синни 57-солагӣ дур аз ватан дар яке аз бемористонҳои шаҳри Тулаи Русия ҷон дод.

Муҳаммадраҳими Сайдар бо вуҷуди он ки беш аз ду даҳсола боз берун аз ватан кору фаъолият дошт, аммо ҳамеша дилаш ба ёди Тоҷикистон метапид. Ӯ бори охир ду соли пеш Душанбе омада буд, вақте ки барои ширкат дар нахустин Форуми байналмилалии расонаҳои форсизабон даъват шуда буд. Аз хушҳолӣ меболид. Баъди анҷоми Форум ба аёдати модари пираш рафту омад ва зимни худоҳофизӣ ва гӯё, ки медониста бошад, ки барои охирин бор аст, ки модарашро мебинад, гаштаву баргашта аз даъвати мо изҳори шодӣ мекард ва мегуфт, модарамро дидам. Ӯ шод буд, ки ҳамчунин анҷумане барпо шудааст ва ҳам бори дигар баҳонаи дидори ёру дӯст пайдо шудаву ӯро шамидани накҳати ватан насиб гаштааст.

Он вақт ин қадар мутаваҷеҳи хушҳолии ӯ нашудем, аммо акнун аст, ки он лаҳза чун навори кино аз пеши назарҳо бо табассуми малеҳи дӯсти ғуррамарг мегузарад.

Муҳаммадраҳими Сайдарро дар зодгоҳаш, деҳаи Шаҳринави ноҳияи Ғарм, ба хок супурданд.

Ёдаш ба хайр!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97