МУҲАММАДРАҲИМИ САЙДАР ДАРГУЗАШТ

Фарҳанг ва адаб 04.01.2010 15:47

Дод зи дасти фалаки ҷомакабуд,

Дӯстони маро зи ман якояк бирабуд…

Дӯсти донишманд ва ҳампешаи мо Муҳаммадраҳими Сайдар, шоми 3 январи соли 2010 дар синни 57-солагӣ ҷаҳони моро падруд гуфт. Муҳаммадраҳими Сайдар, ки аз бемории диабети қанд азият мекашид, дар яке аз бемористонҳои Русия аз дунё чашм пушидааст. Ҳайъати эҷодии нашрияи «Миллат» ин андӯҳи гаронро барои миллати тоҷик таслият арз мекунад.

Анҷумани байналмилалилии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз», ки ҳам Муҳаммадраҳими Сайдар узви ин Анҷуман буд, аз марги ин нависандаи пуркору донишманд бо андӯҳи гарон барои мардуми Тоҷикистон ин талафоти азимро таслият мегӯяд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97