ДУБОРА СОЗАМАТ ВАТАН

Фарҳанг ва адаб 24.12.2009 18:56

Дубора созамат Ватан,

Ба хишти ҷони хештан.

Сутун занам ба сақфи ту,

Ба устухони хештан.

Сатили обу гил маро

Барои сохтори ту.

Ду панҷа хуни дил маро

Барои рангу бори ту.

Барои дар чаҳор сӯ

Навиштани шиъори ту,

Бародарӣ - баробарӣ,

Баробарӣ - бародарӣ.

Агар чу шиша чашми манн,

Ба кор меравад, бимон.

Ба кор меравад агар

Сарам чу санги сохтмон,

Бимон, бимон, бимон.

Дубора созамат Ватан,

Ба хишти ҷони хештан,

Сутун занам ба сақфи ту

Ба устухони хештан.


Бозор СОБИР
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97