ҶОМЕАИ ИСЛОМӢ ВА АЪМОЛИ ҒАЙРИИСЛОМӢ

Фарҳанг ва адаб 25.12.2009 15:07

МАФҲУМИ ҶОМЕАИ ИСЛОМӢ

Ҷомеа дар мафҳуми исломии худ бар асоси қонуни илоҳӣ бино меёбад. Ба таври маълум беш аз 90%-и аҳолии кишварро мусулмонон ташкил медиҳанд. Агар ҷомеае, ки бештари аҳолии онро масеҳиён ташкил мекунанд, "ҷомеаи масеҳӣ" ва ҷомеае, ки аксарияти бошандагонашро яҳудиён ташкил мекунанд, "ҷомеаи яҳудӣ" бошад, пас ҷомеаи мо тоҷикистониён "ҷомеаи исломӣ" мебошад. Дар ҷомеаи муосири мо анъана ва расму оини исломӣ аз ҷониби шаҳрвандон риоя мешавад.

Барои мисол дар шурӯи ҳар коре "бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим" гуфта мешавад, ҷанозаву дафну хайру худоӣ ба усули мусулмонӣ адо мегардад, аксарияти мардум намози панҷвақта ва ҷумъаву идайнро мехонанд, тартиби салом доданро ба наҳваи исломии "ассалому алайкум" ва "алайкумуссалом" анҷом медиҳанд, издивоҷ бо духтарони орӣ аз бакорат роиҷу маъмул нест, одатан маҷлису маҳфили занон аз мардон ҷудост ва дигару дигар анъанаҳо. Ҳатто дар номгузорӣ номҳои мусулмонӣ нисбати номҳои қадимаи форсӣ роиҷтаранд. Агар аз ин нигоҳ хулосагирӣ намоем, мебинем, ки ин ҳама як ҷузъе аз маҷмӯаи қонуни илоҳианд ва ҷомеаи имрӯзаи мо як навъ "ҷомеаи исломӣ" ба шумор меравад.

ҚОНУНИ ИЛОҲӢ

Аз онҷо, ки ҷомеаи исломӣ бар қонуни илоҳӣ пойдор аст, бунёни назми ҷаҳониро дар асли тавҳид ҷустуҷӯ мекунад. Дар ҳамин асос, мафҳуми ҷомеа ба тоифа, нажод ё қабила пайванд набуда, балки густураи ҷаҳонӣ дорад. Аз назари ислом зиндагӣ як маҷмӯаи баҳампайваста аст, ки ҳамаи унсурҳои ташкилдиҳандаи сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ ва фарҳангу тамаддунии он бахше аз ин маҷмӯаи мураккаб ба шумор мераванд. Қонуни илоҳӣ бошад, қонунест, ки муқаддаму мушаррафтар бар ҷомеа буда, онро назорат менамояд на баръакс.

Пештар ёдовар шудем, ки ҷомеаи исломии пойдор бар қонуни илоҳӣ бунёни назми ҷаҳониро дар асли тавҳид ҷустуҷӯ менамоянд. Тавҳид бошад инсонро ба аъмоли ахлоқӣ вомедорад. Бинобар ин ҳадафи ислом ҷаҳоншумул аст ва моҳияти ин ҳадаф ахлоқӣ ва динӣ мебошад, на имтиёзоти сиёсӣ ё иқтисодӣ. Бар асоси ҳамин назария ва амалия буд, ки мусулмонони садри ислом дар садади назми ҷадиде буданд, ки аз низоми мисриён, юнониён, форсҳо, румиён ва ҳатто ҳиндиён фарқкунанда бошад.

Аммо ҷомеа орӣ аз костагиҳо нест. Падидаҳои ба истилоҳ номатлуб дар ҷомеа ба монанди ришвахорӣ, зинокорӣ, дашном додан дар ҷомеа ҷой дорад, ки албатта, аз ҷузъи ҷомеаи исломӣ будан наметавонанд. Зеро ислом ин аъмолро мамнӯъ медонад ва сазовор нест, ки дар байни мардум роиҷу маъмулӣ бошанд.

РИШВАХОРӢ

Ислом ришвахориро билкул ботил медонад. На танҳо ришва ситондан, балки ришва додан дар ислом ҳаром ба шумор меравад. Дар ҳадисе аз паёмбари акрам (с) гуфта шудааст, ки "Ар-рошӣ ва-л-мурташӣ фи-н-нор", яъне ришвагиру ришвадеҳ дар оташанд. Манзур оташи дӯзах аст, ки ришвагиру ришвадеҳро месӯзаду месӯзад. Чаро чунин гуфта шудааст? Шояд дар аввал ба назар бирасад, ки агар ришвагиранда гунаҳкор аст, пас чаро ришвадеҳ низ дар дӯзах месӯзад? Аммо воқеият ин аст, ки заминагузори аслӣ барои амалиёти "ришва" иқдоми ришвадиҳанда аст. Ҳар ду ҳастанд, ки ҷомеаро ба фасод мекашанд, раҳи истеъдодҳоро мебанданд. Барои мисол, агар як нафар барои бо ҷойи кор таъмин намудани касе аз хешовандонаш талош намояд ва ба ҷойи он, ки дар он вазифа нафари масъулиятшинос ва доно бошад, хеши худро ҷойгузин намояд (албатта тавассути ришва додан), пас ӯ роҳи истеъдодеро баставу ҷомеаро бо амали ношоями хеш ба бунбасти фасод бурдааст. Пас ин ҷиноятест дар ҳаққи на танҳо як кас, балки дар ҳаққи ҷомеа бо маънои васеи он. Кодекси ҷиноии муосир низ ҳарду ҷонибро маҳкум менамояд.

ЗИНОКОРӢ

Дар ҳоле ки аксарияти мардум мусулмононанд ва бояд тибқи таълимоти шаръӣ зиндагӣ кунанд, дар миёни халқ ин рафтори ношоям ва мамнӯъ роиҷ аст. Дар матбуот дар ин бора зиёд гуфта мешавад ва шабона дар хиёбонҳои шаҳр занони сабукпо ва мардони лаиму вайронкор ошкоро "роҳзанӣ" мекунанд. Онҳо низ даъвои мусулмон будан мекунанд ва ба иловаи ин кори ношоям дар дигар ҳолатҳо расму оини исломиро аз қабили рӯзаву намоз ба ҷой меоранд. Ин дар суратест, ки Қуръон мефармояд; "ба зинокорӣ наздик нашавед, ки он кори ниҳоят фаҳшу ношоям аст". Дар баробари ин ҳамаи ононе, ки даст ба ин кор мезананд, медонанд, ки зинокорӣ амале баду палид аст, аммо боз ба ин роҳ мераванд. Ҳамаи онҳо медонанд, ки маразҳои палиду нопоктарин, ки дар одамӣ мечаспанд, маҳз аз зинокорӣ пайдо мешаванд, вале роҳашонро ба ин мусибат ҳар лаҳза ҳамвортар месозанд. Шариат барои ин амал ҷазоҳоеро ба монанди сад дурра задану сангсор кардану қатл муайян кардааст ва мебояд, ки ҷомеаи мусулмоннишин аз ин чунин амали фаҳшу пасту палид озоду раҳо бошад.

ДАШНОМ

Мутаассифона, аз ҷумлаи аъмоли дигарере, ки имрӯз дар байни мардум омавӣ шудааст, дашном додан мебошад. Ин амал то дараҷае шоеъ шудаву интишор ёфтааст, ки ҳар рӯз ҳатман ё дар хиёбон, ё дар бозор, ё дар нақлиёти мусофирбар ба гӯш мерасад. Аз ҳама бадтар ин аст, ки дар майдончаҳои назди иморатҳои маскунӣ аз забони наврасон дашномҳое садо медиҳанд, ки гӯшношуниданд. Албатта, ин ҳама дар шаъни миллате, ки беш аз 1000 сол ҷомеаи исломӣ доштааст, зебанда нест. Дар таълимоти исломӣ дар ин бора гуфта мешавад, ки дашном амали баду нописандида аст. Паёмбари акрам (с) мегӯяд, ки "ло тасуббу-д-даҳра", яъне даҳрро, дунёро дашном надиҳед. "Дашном додани бародари мӯъмин фисқ ва қатли он куфр аст", омадааст дар ҳадиси набавӣ. Модом ки дашном додан фисқу фуҷур аст, пас чаро дар байни ҷомеаи беш аз 90%-аш мусулмон дар ин сатҳ роиҷу маъмулӣ шудааст:

ХУЛОСА

Масъулияти ҳар як фарди болиғу ҳушёри мусулмон мебошад, ки ба қазияҳои дар боло матраҳшуда таваҷҷуҳ намояд. Ин ҷомеаро агар афроди боҳушу боимону бонангу номус ислоҳ нанамоянд, ояндаи он ҷомеа пур аз фасод мешавад. Ҷомеае пур аз ҳаромзодагону фасодкорону дашномбадаҳанҳо.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97