ГУРЕЗ АЗ "ФОРСӢ" - НОТАВОНИИ ТОҶИКӢ

Фарҳанг ва адаб 24.12.2009 15:00

Ё умед аз Додихудо Саидмиддинов барои поксозии забон ва ҳамгунсозии вожагон

ИМПЕРИАЛИЗМИ ЗАБОН

Бо тадвини нави Қонуни забони тоҷикӣ хушгумонон бар он боваранд, ки дигар акнун забон ба ҷойгоҳи зарурии худ бароварда шудааст, дигар каҷзавқону каҷандешон наметавонанд ба забони ошуфта, ошуфтагиҳои нав ба бор оваранд ва дигар метавон дар рӯёрӯи истилогарони забонӣ ва аҳримани ҷаҳонишавӣ муқовимати шоиста кард.

Хушгумонони адвори илмиву идории Тоҷикистон, ки забони адабии тоҷикиро «бой», «забони илм» меангоранд ва бо ин лағзиши худ андешаҳои поксозии забони тоҷикиро канор мебаранд, сангҳоеро монанд, ки ба пойи забон баста шуда, барои зери об фурӯ рафтанаш хизмат мекунанд.

Онҳо ба дарки ин нукта қодир нестанд, ки то як наҳзати миллӣ дар роҳи поксозии забони тоҷикӣ ва омӯзиши саросарии он ба миён оварда нашавад, вазъи ногувори забоне, ки номаш ҳатто давлатӣ ҳам бошад, беҳ нахоҳад шуд. Забони тоҷикӣ беш аз 80 сол дар шароити империализми забонӣ қарор гирифта, ба саркӯбии сиёсӣ гирифтор шуда буд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои аз миён бурдани забони миллиятҳо ва ақаллиятҳо барномарезии систематикӣ ҷараён дошт, ки зери шиори «ягонасозии забонҳои халқи Иттиҳоди Шӯравӣ», татбиқ мегашт. Дар амалӣ кардани ин сиёсати забонӣ даҳҳо забони ақаллиятҳои миллӣ (забонҳои ақвоми Урал, Сибир ва бархе аз қабоили Қафқоз) нобуд шуда, забонҳои дигар миллиятҳо, аз ҷумла забони форсии тоҷикӣ ба беморӣ гирифтор шуда буданд. Паёмади талхи забони тоҷикиро танҳо дар сурате метавон эҳсос кард, ки шахс бедуни корбурди зиёд аз фарҳангҳои тафсирӣ ба мазмуни навиштаҳои гузаштагон дарнаравад ва ҳангоми навиштани матолиби илмӣ, барои баёни андешаҳо нотавонӣ эҳсос карда, рӯ ба забони русӣ оварад ва ё ночор истилоҳоти русиро бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ, ба тоҷикӣ созгор намояд. Зикри ин нукта лозим аст, ки коммунизмсозони шӯравӣ бо барсохтани илми забоншиносии советӣ, аз миёни ақаллиятҳои миллии ғайрирус забоншиносони сиёсатпешаеро ба воя расондаанд, ки бо дасти онҳо устухони забонро хароб карда, онро аз решаву пояи бунёдиаш ҷудо намуда буданд. Барои илмиву назариявӣ бозтоб намудани вайронкориҳои худ, забоншиносони сиёсатпешаи марказ (ғолибан муштамил аз яҳудитаборони унвондор), бо ибораҳое мисли «сода кардани забони адабӣ», «ба забони халқ наздик кардани забони адабӣ», «оммафаҳм гардондани забони адабӣ», «аз архаизмҳо пок кардани забон», «аз ҳисоби забони русӣ бой кардани забон», «калимаҳои русӣ – интернасионалистиро ба забон дохил кардан» ва амсоли он «теорияҳо» ва «консепсияҳо» - ро иҷод намуда буданд. Онҳо дастуру китобҳои дарсии забони модариро ба наҳве тартиб дода буданд, ки як шогирди мактаб, тайи даҳ соли омӯзиш, наметавонист гуфтору навиштори солиму дурусти адабӣ дошта бошад. Ва ҳоло падидаи ноошно будани вожаҳои забони форсӣ – тоҷикӣ дар савияи зеҳнии як тоҷики таҳсилгирифта ва ҳатто унвондор, гувоҳи гӯё аз фалокати рӯ ба нобудии тадриҷӣ будани забон мебошад.

Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамаи кишварҳои озодшуда, дар талошанд, то забони миллиашонро ба асли хеш баргардонанд. Бинобар ин дар ҳамаи давлатҳои навташкили рӯи вайронаҳои давлати Шӯравӣ иҷод шуда, барои поксозӣ ва азнавсозии забони давлатӣ, тадбирҳои гуногуни расмие меандешанд. (аз қабили қонунҳо, консепсияҳо, барномаҳо ва ғайра.) Аммо дар ин амр гумон намекунам, ки кишварҳое чун Қазоқистон ва Қирғизистон ноил ба комёбӣ шаванд, зеро нахуст забонҳои қазоқӣ ва қирғизӣ, чун забони форсии тоҷикӣ пояе пойдор дар забону адабиёти классикӣ надоранд ва дуввум ағлаби гӯишваронаш дузабона буда, нисбат ба забони модарӣ бо забони русӣ хубтар гап мезананд. Ҳамин аст, ки забонсозони ин ду кишвар ночор бояд аз омехтагиҳо бо забонҳои туркии Туркия, русӣ ва форсиву арабӣ, забони адабии худро бисозанд. Аммо ба гумони яқин дар шароити ҷаҳонишавӣ дар кишварҳои дузабона, забонҳои барсохта (маснуъӣ), аз тарафи забони ғолиб, дар айни замон аз тарафи забони русӣ фурӯ бурда хоҳанд шуд. Забони тоҷикиро низ дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, хатари фурӯбарии забони русӣ таҳдид мекунад ва раванди нобудшавии тадриҷии забони тоҷикӣ шояд беш аз сад соли дигар идома дошта бошад.

ЗАБОНИ ДАВЛАТ - ЗАБОНИ МУОШИРАТИ ҲАМА

Аз диди мо ангезаҳои нобудсози забони тоҷикӣ, нахуст ночизшумории ибораи «забони русӣ забони муоширати байни давлатҳои собиқ шӯравӣ» мебошад, ки дар Қонуни забон ба таъкид омадааст, зоҳиран бегазанд менамояд, вале маҳз ин ибора дар асл манзалати забони давлатиро дар мақоми давлатдорӣ фуруд меоварад. (Воқеан, забони муоширати байни одамон ниёз ба сабти қонунӣ надорад. Яъне ду кас дар Тоҷикистон, ё дар Чукотка агар забони суахелӣ, ё непалиро донанд, бигзор муошират кардан гиранд. Чи ҷойи манъ кардан, ё иҷозат додан ба гуфтори байнихудӣ аст.) Дуввум, нотавонӣ дар густариши наҳзати миллӣ барои поксозӣ ва омӯзиши саросарии забони адабии тоҷикӣ. (Ақаллан наҳзати имрӯзае, ки дар сатҳи танзими расму ойинҳои миллӣ ва истифодаи чароғҳои каммасрафи барқӣ, дар ҷараён аст.) Дар истихдоми маъмурони давлатӣ ва кормандони соири муассисаҳои ҷумҳурӣ афзалияту бартарият набахшидан ба донандагони забони адабии тоҷикӣ ва мазаммати қатъӣ раво надидан ба онҳое, ки бо забони адабии тоҷикӣ гуфтору навиштори бад доранд. (Чуноне ки дар замони шӯравӣ ба корманди русидон имтиёзи вижа муқаррар буд). Яъне ба таври шоиста боло бурдани нуфузу ҳайсияти (престижи) забони давлатӣ. Чаҳорум гурез аз дастовардҳои посдорони забони форсии Ирон дар вожагузинӣ ва муодилёбии дурусти ишон барои истилоҳоти фаннӣ ва боз чандин ангезаи дигар. Дарвоқеъ, бо нигоҳи сатҳӣ мафҳуми «забони русӣ забони муоширати байни миллатҳову халқиятҳои мамлакат», ки дар Сарқонун омадааст, кадом осебе ба забони давлатӣ намеоварад, вале каме жарфтар биандешед, хоҳед дарёфт, ки маҳз он ибора забони давлатиро дар чашми афроди бегоназабон тира ва беэътибор нишон хоҳад дод. Ин амр ба шаҳрвандоне, ки тоҷикзабон нестанд, барои беаҳамиятӣ зоҳир кардан ба забони давлатӣ роҳ мекушояд. Мисли ҳозир дар ташкилотҳои хориҷӣ, ки аксарияти кулли маъмуронаш таҳҷоиҳо мебошанду ғолибан бо аҳолии тоҷикзабон кор мебаранд, вале забони муошират ва корбурд, забони русӣ пазируфта шудааст. Ва ҳоло ҳамаи ташкилотҳои байналмилалӣ дар шартҳои худ барои истихдоми кормандон, ба ҷуз аз донистани забони англисӣ, донандагони забони русиро дар навбати аввал тарҷеҳ медиҳанд. Ҳамин аст, ки аксарияти ғолиби кормандони ташкилотҳои хориҷӣ, ки табааи Тоҷикистон мебошанд ва бо аҳолии маҳаллӣ сару кор доранд, забони тоҷикиро намедонанд ва ё бо лакнат гап мезананд ва бархе аз ишон тоҷикиро каму беш ҳам донанд, бо забони тоҷикӣ сухан гуфтанро ҳатто ор низ медонанд.

Ҳамакнун ки дар таҳрири нави Қонуни забон, дипломатнамоён ва бархе аз нохудогаҳони табории порлумонӣ забони паёмҳои бозаргониро (рекламаро) гӯё демократӣ намуда, дар муқобили ибораи «забони давлатӣ», таркиби «...ва ё забони русиро» илова кардаанд, ба истилоҳи мардум, ба осиёби тоҷирони ин бозор оби фаровон рехтанд, ки ҳоло чун пешин навиштаҳои кӯчаву хиёбон ва забони расонаҳои ҳамагонӣ дубора ба русӣ баргашт. Ин талошҳои тоҷирону соҳибони радио ва ҳафтаномаҳои асолатбохтагони таборӣ барои дар сатҳи пешин нигоҳ доштани забони русӣ, гувоҳи гӯё аз дузабона будани тоҷикон аст.

Аммо наҳзати поксозӣ ва пойдории забони ягонаи адабӣ ҷузъи муҳимтарини наҳзати ваҳдати миллӣ мебошад. Барои воҳиди ягона будани миллат забони ягонаи миллӣ ҳатмист. Яъне муоширати байни дарсомӯхтагони донишӣ ва фарҳангиёну равшангароён, новобаста аз зиндагӣ дар музофотҳову вилоятҳо, бояд бо забони адабӣ сурат пазирад, на бо гӯишҳои маҳаллӣ. Ончуноне ишора шуда буд, барои поксозии забон аз аносири забонҳои бегона ва калимаҳои таҳтулафзии баргирифта аз забони русӣ зимнан ёфтани муодилҳои онҳо, боиста медонем Кумитаи забони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияҳо низ маъмурони худро дошта бошад. Ҳангоми ба корҳои давлативу маъмурӣ истихдом намудани коршиносон, ба сатҳи навиштору гуфторашон бо забони давлатӣ, аҳамияти вижа дода шавад.

ГУРЕЗ АЗ «ФОРСӢ» -

НОТАВОНИИ «ТОҶИКӢ»

Гоҳ дар миёни ҳамдиёрони мо ба ашхосе метавон дучор омад, ки аз вожаву калимаҳои дар кишвари ҳамзабонони иронӣ роиҷ, вале аз ёди тоҷикон фаромуш шуда, ниҳоят гурез доранд. Чунин одамони нохудогоҳ ғолибан аз табори иронинажодон нестанд (гаҳе ба таркиби «забони форсии тоҷикӣ» бо чашми бад менигаранд) ва ё бинобар парвардаи мактаби забоншиносии шӯравӣ будан, ба осебҳои расондаи сиёсатпешагони Маскав, ки дар пеш аз ишон ёдовар шудем, то ҳанӯз бовар намекунанд. Онҳо, ки парвардагони мактаби забоншиносии сиёсатолудаи шӯравианд, ҳанӯз ҳам аз диди он равияи зиёнбор пӯёи роҳи адабу забони тоҷикӣ мебошанд ва мепиндоранд, ки забони адабии барсохтаи муосири тоҷикӣ қудрати пурраи баёни андешаҳоро дорад ва ниёз ба поксозиву бознигариву ислоҳот надорад. Донишманди Ирон, доктор Сайид Алӣ Муҳаммади Саҷҷодӣ, ки 13 сол пеш ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, зимни ситоишҳои зиёди пурҳаяҷони бародарони тоҷикаш ва таърифи баъзе вижагиҳои забони форсии Фарорудон (тоҷикон), ба таври умда тоҷикиро чунин дарёфтааст, ки гумон меравад хеле равшабинона аст: «Ин забон ҳамон порсии дарӣ аст, аммо ба кӯдаке мемонад, ки солҳои сол дар хонаи бегонае зиста аст ва наметавонад чунон ки бояд ба қоида сухан бигӯяд. Раиси Ҷумҳурашон, оқои Эмомалӣ Раҳмонов мегуфт, ки солҳо тул хоҳад кашид, ки мо забони модариамонро чунон ки бояд дарёбем ва дуруст ба кор барем.»

Дар мавриди нотавониҳои забони муосири тоҷикӣ борҳо мулоҳизаҳои хешро пешниҳод карда будем (Мақолаҳои нигорандаи ин сатрҳо дар ҳафтаномаҳои «Миллат», «Фараж», «Тоҷикистон», зери ановини «Остонаи марги забони тоҷикӣ», «Хатари марги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои зиндонӣ») ва барои овардани мисолҳои зиёди дигар, дар ин фурсат маҷол нест, вале ба хотири бепоя гумон накардани далоили мо, овардани чанд намунаеро зарур донистем. Дар навбати аввал танҳо ду вожаро ба забони русӣ меоварем, ки муодилашонро дар забони тоҷикӣ пайдо намудан муҳол аст. Ба унвони мисол номи ду ранги зайлро бо забони русӣ оварда, кӯшиш мекунем шакли тоҷикии онҳоро дар забонамон дарёбем: «палевый», «салатный». Гумон мекунам дар ёфтани муодили онҳо наметавонем комёб шавем, зеро калимаҳои номбурдаи русӣ, ки ба тобиши рангҳои зард ва сабз далолат мекунанд, мисли тобиши рангҳои дигар дар забони тоҷикӣ муодил надоранд. Бинобар ин на танҳо як шахси оддӣ, балки як суратгару нақшнигор, ба ҷуз аз 7-10 ранг, дигар тавон ба баёни тоҷикии даҳҳо тобишҳои ҳар ранге надорад. Аммо ин рангҳоро форсигӯёни Ирону Афғонистон чун ҳазорсолагонамон бо таркибҳои зебои «зарди шакарӣ» (палевый), «сабзи насворӣ» (салатный) баён карда, ановини рангҳои дигар, мисли гулгун, азрақ, нахудӣ, пистаӣ, дудӣ ва ғайраро, мисли мо аз ёдҳо фаромуш накардаанд. Набояд аз дида дур дошт, ки бо роҳи дар фосилаҳо нигоҳ доштани забони форсии тоҷикӣ, аз забони форсии Ирон, (ба гунаи дигар дар инҳитот-изолятсия нигоҳ доштани забони форсии Вароруд), мо имкониятҳои зиёди солим гардондани забонамонро аз даст додаем. Гӯё дар ин маврид Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфта бошад :

Ҳар ки шуд аз ҳамзабони худ ҷудо,

Бенаво шуд гарчи дорад сад наво.

Ҳоло низ нерӯҳое вуҷуд доранд, ки саддгузорӣ мекунанд то забони мо обишхӯри забони адабии форсии Ирон набошад. Аз ҳамзабонони хеш, ки имрӯз дар фановарӣ ба сатҳи Урупо наздиканд, барои наҷоти забони тоҷикӣ косаи об гирифтанро куфр мегуморанд.

Дар ҷаҳони имрӯз кишварҳое, ки аз нигоҳи саноату технология пеш рафтаанд, бо ихтироъ ва сохтани дастгоҳҳову афзорҳои нав, ба кишвари мо на танҳо дастгоҳу ва афзор содир мекунанд, балки ҳамзамон даҳҳо номҳоро ба забони тоҷикӣ ворид намуда, дар зимн барои баҳрабардорӣ аз тавлидоти худ, даҳҳо вожаҳои дигари забони хешро низ, барои пазируфтан пешниҳод мекунанд. Ва агар соҳибони забони тоҷикӣ, ки бар курсии маъмурияту масъулият нишастаанд аз худ ибтикору ҷаҳди самимӣ нишон надиҳанд, забони аз ниёкон ба мерос гирифтаамон, байни ду-се даҳсола дарҳаму барҳам хӯрда, ба истилоҳи устод Айнӣ, ба забони бӯқаламун табдил меёбад ва ба тадриҷ дар гӯристони забонҳои мурда (дар паҳлӯи забонҳои суғдӣ, хоразмӣ, озарӣ) ҷой мегирад. Аз ин рӯ мо бояд ҳама бархоста, бо андешаву қалам, бо ба кор гирифтан аз истеъдодҳо, бар зидди ҳуҷуми фарҳангии бегонагон садди устувор барпо кунем. Аз ин ки наметавонем дар танҳоӣ ҳамлаи фарҳангии бегонагонро таҳаммул намоем, бароямон ногузиру ҳатмӣ аст, ки аз дастовардҳои забоншиносони ҳушманди иронӣ истифода намоем, зеро онҳо барои нигоҳ доштани забони форсӣ солҳост тадобири дархӯри таваҷҷӯҳ андешидаанд. Ба унвони мисол чанд истилоҳи вобаста ба компутер, интернет ва касбҳои дигареро меоварем, ки вожагузинони мо ҳанӯз дар фикри пайдо кардани муодили онҳо нестанд, вале дар Ирон чандест барояшон калимаву таркибҳои ҷолибу муносиб пайдо кардаанд ва кош мо низ ҳавсала медоштем, то аз дарёфтҳои онҳо баҳраҷӯӣ намоем. Чунончи: E-mail-паёмнигор, индекс-намоя, символ-намод ё рамз, шифт-навбат, факс-дурнигор, файл-парванҷо, флеш-пайкона, микрофилм-резфилм, микрофон-садобар, макет-намунак, ассистент-дастёр, оператор-корвар, тест-озмуна, фильтр-полоя, балкон-айвонак ва ғайра... Мутаассифона забоншиносони тоҷик дар вожагузинӣ бештар ба калкаи калимаҳо (тарҷумаи таҳтуллафзӣ) рӯ меоваранд ва ё барои баёни ҳар лафзе, ки дорои як маънӣ мебошад гаҳе аз ду-се вожа кор мегиранд, ки забонро нозебо мегардонад. Мисли «автобиография»-тарҷумаи ҳол, дар Ирон зиндагинома, «проектор»-дастгоҳи филмнишондиҳӣ, дар Ирон нурафкан, «прайслист»-варақаи баҳодиҳӣ, дар Ирон баҳонома, «индикатор»-ақрабаки нишондиҳанда, дар Ирон номанамо ва монанди он. Бо дарки ин ҳамгироӣ дар амри вожагузиниҳо, доноёни тоҷик, аз ҷумла донишмандони гаронмоя, устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдунабӣ Сатторзода, борҳо ба зарурияти ҳамгун сохтани вожаҳои форсии Ирону Афғонистон ва Тоҷикистон пешниҳодҳо ба миён оварда буданд. Ба ростӣ бартарии мо нисбат ба қирғизҳову қазоқҳо ва соири миллиятҳои аз банди забонсозони шӯравӣ раҳо ёфтаву истиқлолияти забонӣ ба даст оварда дар он аст, ки мо метавонем аз вожаву истилоҳоти дар забони классиконамон вуҷуд дошта, аз дарёфтҳои забондонони кишваре, ки дар оғушаш беш аз 80 миллион порсигӯ буду бош дорад, озоду осуда истифода кунем.

Дархӯри ёдоварист, ки дар интихоби вожаҳо мебояд аз корбурди забони классикони адабиёти форсу тоҷик ба таври густурда истифода кард. Дар ҳақиқат забони адабиёти классикии мо чашмаи хушкнашавандае аст, ки бо истифодаи дуруст аз он метавон барои вожаву калимаҳои нав муодил пайдо кард ва ё вожаҳоеро, ки ба шакли омиёнаву нозебо дар забони адабии тоҷикӣ истифода мешаванд, бо тарзи навиштори суханофаринони бузурги порсӣ ҳамгун сохт. Чуноне ки вожаи маъмули «таҷрибаомӯз», тарҷумаи таҳтуллафзии калимаи русии (ба истилоҳ интернатсионалистии) «практикант» буда, барсохтаву сунъӣ буданаш ҳувайдост. Аммо гузаштагони мо ва форсигӯёни имрӯзи Ирон, бад-ин маънӣ вожаи зебои «корозмо» (корозмоён)-ро ба кор мебаранд.Чуноне ки дар ин мисраъ аз осори Низомӣ омадааст, «Надиданд корозмоён савоб.»

Ва ё истилоҳи «баландихтисос» ва таркиби дигари ба ин маънӣ, «мутахассиси варзида», ки тарҷумаи таҳтуллафзии калимаи «высококвалифицированный» (омехтаи русиву англисӣ) буда, дар ифода хеле хашену дурушту мушкил аст, дар «Шоҳнома» бад-ин маънӣ вожаи зебову гӯёи «корозмуда» («корозмудагон») ба кор гирифта шудааст. Фарҳехтагони суханофарини мо барои баёни маънии фарди кордони касбу ҳунар, ки дар забони тоҷикии имрӯза калимаи мушкилифодаи «мутахассис» (специалист) маъмул аст, аз вожаҳои «корогаҳ», «коршинос» кор мегирифтанд:

Ба девон-ш корогаҳон доштӣ,

Ба бедонишон кор нагзоштӣ.

(«Шоҳнома»), ҷ.VII, с. 254

Ду намунаи дар боло овардаамон шаҳодати ҳавсалаи бародарони ҳушманди ирониамон буд, ки чи гуна аз забони ниёконамон вожаҳои зеборо барои бозгӯии мафҳуми имрӯз моҳирона кор бурдаанд. Аммо барои исботи ногузир будани ҳамгунсозии як даста вожаҳои навсози забони тоҷикӣ бо забони ҳамтаборон, муносибтар аст калимаи омеро аз забони русӣ оварем, ки пайвандони хонаводагии забонамон дар Ирону Афғонистон, ҳанӯз ним аср пеш, ба он муодили дуруст пайдо карда буданд, вале мо то ҳол дар баёни ин мафҳум ба лағзиш гирифторем; Калимаҳо, ё беҳтараш таркибҳои русии «авторучка» ва «шариковая ручка»-ро мо дар Тоҷикистон аслан ё шакли русиашро истифода мекунем, чун «афторучка», «шарикавой ручка», ё аз тарҷумаи таҳтуллафзии он кор мегирем, мисли «ручкаи автоматӣ», «ручкаи шарикдор». Аммо ҳамзабононамон барои ифодаи ин мафҳумҳо муодилҳои хеле оддиву гӯё пайдо карда буданд; «(қалами) худранг» ва «(қалами) худкор».

Мебояд ба таъкид ишора кард, ки дар амри эҳё ва густариши забони адабии тоҷикӣ ғанои дарунии онро бояд бо илм, ҳунар, технология ва иқтисоди пешрафта ҳамроҳ карда, ҷойгоҳи вижае барояш ихтисос дод. Мавзӯи забону адаби форсӣ-тоҷикӣ мавзӯест бисёр дақиқ ва камтаваҷҷӯҳӣ барояш аз беаҳамиятӣ зиёнбортар аст.

Дар анҷоми ин сӯҳбат мехоҳем изҳори қаноатмандӣ намоем, ки Додихудо Саидмиддинов, як донишманди донои забоншиносӣ ба раҳбарии Кумитаи Забон писандида шудааст. Ин интихобро дар равшанӣ бахшидан ба роҳи поксозиву беҳсозии забони адабӣ ва ҷиҳоди омӯзиши саросарии он, иқдоми бохирадона медонем. Бародари гиромиро барои муваззаф шудан ба ин кори ниҳоят пурифтихори сарнавиштсоз шодбош гуфта, барояшон комгориҳо орзу менамоем. Бар он боварем, ки ишонро танҳо афроде ҳамраҳӣ хоҳанд кард, ки дар сар андешаҳои бозсозии забони адабиро дошта, дил дар гарави забони гаронмояи форсӣ – тоҷикӣ гузоштаанд. Худо кунад, ки ин Кумита парчамдори поксозӣ ва беҳсозии забон гардад. Ҳамчунон аз нашрияи азизи «Миллат», хоҳиш мешавад, ки дастур ё низомномаи Кумитаи забонро дар саҳафоти худ интишор намоянд, то битавонем дар музофот низ ба муқаррароту салоҳиятҳои он ошно шуда, дар ҳаракати умумии беҳсозии забон саҳми ночизи хешро гузорем.


Зафар МИРЗОЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97