КӢ БОЯД АЗ БОЗОР СОБИР УЗР БИХОҲАД?! Ё баҳонае барои ёд кардан аз шеъри устод

Фарҳанг ва адаб 21.12.2009 13:52

Маҳфили муаррифии маҷмӯъаи соядастҳои Бозор Собир, таҳти унвони "Марворидҳои ноёби Бозор", ки рӯзи 20 ноябр, мусодиф бо зодрӯзи устод дар толори Иттиҳодияи журналистон дар Дущанбе баргузор шуд, натавонист ҳамаи дӯстдорони шеъри ноби Бозор Собирро гирдиҳам биоварад. Аз ин рӯ барои он дӯстоне, ки барои ширкат дар ин маҳфил шарафёб нашуданд ва дархости бархе аз дӯстон дар ин маврид, ки дар ин маҳфил чӣ гузашт, гузориши маҳфилро пешкаш мекунем.

Ортиқи Қодир: Иқдоми хуб аст, ки бо ибтикори ҳафтаномаи "Миллат" як дастовезе, як армуғони пурарзише, тавре устод Теша Раҷаб арз карданд, ки имрӯз устод Бозор Собир дарвоқеъ хафтодсола шуданд, ба ҷашни ҳафтодсолагии ӯ ин маҷмӯъа як тӯҳфаест. Ва ин рӯзро ба ҳамаи онҳое, ки дар омодасозии ин маҷмӯъа заҳмат кашидаанд, шодбош мегӯям.

Устод Мӯъмин Қаноъат медонанд, ки даврони Шӯравӣ ҷашни театри "Лоҳутӣ" ва шабҳои эҷодӣ умуман бе ҳунармандоне, ки аз санъати ровигӣ бархурдор буданд, намегузашт ва бо шӯъбаи таблиғи адабиёт ҳамкорӣ доштем. Ва ҳам ба мо супоришу амр мешуд, ки дар ин шабҳои шеър иштирок кунем. Дар шаби шеъри яке аз шоирон аз ҷониби роҳбарияти театр ба мо супориш шуд, ки ҳатман як ду-се шеъри ин шоирро аз ёд кунему дар шаби эҷодиаш баромад кунем. Шеъре, ки ба дил нахӯрад, ба дард нахӯрад бисёр душвор аст аз бар карданаш. Ман ҳам як шеър аз ёд кардаму ду шеъри дигари шоирро азм кардам, ки аз коғаз мехонам. Ҳангоми дар толор будан бо устод Бозор якҷо менишастем ва Беранги Кӯҳдоманӣ ҳам он ҷо ҳузур дошт ва худи шоир (номашонро намегирам ҳоло дар қайди ҳаётанд) маро аз саҳна даъват карданд ва ҳамон шеърҳоро хондам. Хондам ва аз саҳна ҳис кардам, ки устод Бозор ким чи хел бо тамасхур бо Беранги Кӯҳдоманӣ чизе гуфтанд. Ва ман дигар ҷуръат накардам пеши эшон нишастан ва пештар нишастам. Ҳамин замон як коғаз ба дасти ман омад (бо ҳарфи худи устод) дар рӯйи коғаз навишта шуда буд; "ба Ортиқ" ва дохилаш:

"Ин сияҳрӯи ту хокистари кишвар бошад,

Ҳар ки ин шеър бихонад, ба Худо хар бошад".

Ин яке аз соядастҳоест, ки ман аз устод дорам ва азизаш медораму ҳамеша дар байни китобашон, ки баъдтар ба ман бо соядаст тақдим кардаанд, нигоҳаш медорам. Баъдан, вақте ки аз Амрико омаданд, истиқболашон гирифтем ва дар хонаи апаи Бибикалон хеле як сӯҳбати хубе шуд. Китоби "Симхор" ба чоп расида буд ва мақолаашон, ки аз Маскав ба дасти ман расида буду дар нашрияҳо чоп шуд, дар он гуфта буд, ки ҳама шеърҳои дигарамро, ки дар ин маҷмӯъа нест, ман аз баҳри онҳо гузаштам ва онҳо шеърҳои ман нестанд. Дар он сӯҳбат ман гуфтам, ки устод ин қадар шеърҳои хубе, ки бо онҳо мо худамонро шинохтем, ба шеъри сафед, ба шеъри нав муҳаббат бастем, як ҳисси худшиносии мо аз ин ҷо сарчашма гирифт, чаро Шумо инҳоро ин қадар сарфи назар кардед? Шӯхӣ кардаму гуфтам, ки намешавад, ки ҳамаи инҳоро ман ҷамъ кунаму китоб… Ӯ ҳозирҷавобӣ карду гуфт, ки ба худат бахшидам ҳама он шеърҳоро. Баъди он дар куҷое, ки Саидқул Билол ё Ибодулло Машраб аз он шеърҳои пештара мехонданд, мегуфтанд, ки ин шеъри ман нест, ин шеъри Ортиқ аст. Хулоса баъди он, ки дар Боргоҳи сухан як шаби шеърашон баргузор шуд, гуфтанд, ки ман устоде надорам дар шеър, дар роҳи шеър гуфтан. Ман гуфтам, ки Шумо охир аслан дар шеърҳои ман шоир шудед, ба ин мартабаҳо расидед ва инро ҳам фаромӯш накунед. Як маҷмӯъае, ки пеш аз вақте ки "Симхор" чоп шуд ба ман тӯҳфа карданд ва ин соядасташон ҳам хеле азиз аст, ки гуфтаанд:

"Гӯянд, ки шеър мояи дарду ғам аст,

Шоир нашавад касе, ки ӯ беалам аст.

Ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост,

Чун хуни чакида аз димоғи қалам аст".

Чи қадар шоирона ва чи қадар зебо. Баъдан, вақте ки "Аз гули хор то симхор" чоп шуда буд, он ҷо ҳам як соядасте барои ман навиштаанд, ки:

"Базми шеъре бе ту нагзашт нагзарад ҳам,

Тӯю суре бе ту нагзашт нагзарад ҳам.

Ҷашни пире бе ту нагзашт нагзарад ҳам,

Чукбурӣ бе ту нагзашт нагзарад ҳам".

Хулоса, ба ин монанд соядастҳои зиёде аз устод маҳфуз аст.

Имрӯз, ки ба хотири ҷашни зодрӯзи устод ҷамъ омадаем, фикр мекунам, ки дар роҳи адабиёт шеъри наве, ки ба андеша мардумро водор мекард ва ба худшиносӣ ҳидоят мекард, аз устод Мӯъмин Қаноъат шурӯъ шуд ва дигарон ин мактабро идома доданд ва ман бисёр хоҳиш мекунам, устоди азиз дар ин маҳфил бо суханашон ҳусни дигар бубахшанд.

Мӯъмин Қаноат: - Мо ҳамеша умед бар он доштем, ки дар зодрӯзи Бозор Собир ҷашни мавлудашонро дар ҳузури худашон таҷлил бикунем. Ҳамеша ормони мо ҳамин буд ва аз замони шастсолагишон мо ҳамин ормонро доштем. Ва ин ҳамчун як орзу, як таманно як чизе ормонӣ шуд. Ин аст, ки мо ҳоло аз эҷодиёташ, аз хислатҳою аз соядастҳояш, ки ба таври шухӣ менавиштанд, бадоҳатан мегуфтанд, ёддоштҳоро гирдоварӣ мекунем. Дуриҳо моро ба ҷое овардааст, ки ҳатто ниёз ба соядастҳояшон дорем. Агарчӣ ин чизҳоро ҷиддӣ нагуфтаанд, онро барои як дилхушӣ мегуфтанд, як чизе, ки меомад, фавран мегуфтанд ва офаридаи андешаи шоирии Бозор нестанд инҳо. Агар имрӯз ҳузурашон ба мо муяссар мешуд, гапҳои мегуфтании ҷиддитар ҳам доштем мо ва ҳоло ин фурсат фаро нарасидааст. Бо умед зиндагӣ мекунем, ки ҳамин фурсат, шояд баъди чанд вақти дигар муяссар мешуда бошад, ки дар маҷмӯъ дар мавзӯи зиндагиномааш, андешаҳои ватанхоҳӣ ва миллатпарвариашон, андешаҳои нав дар шеър, шакли нави шеърӣ, мояи шеърро нав кардан ва ҳоказо андешаронӣ бикунем. Чи аҷаб аст, ки дар шеъри модерни русӣ ва тоҷикӣ нуфуз пайдо кард, дар шеъри тоҷикӣ аз солҳои шастум, баъд аз он ки Симпозиуми шеъри форсӣ дар Душанбе доир шуд ва Нодири Нодирпур ташриф оварда буданд ва устод, доктор Хонларӣ суратгар омада буданд, шоирони барҷастаи иронӣ омада буданд ва аз Афғонистон низ ҳузур доштанд, дар шеъри мо як такопӯ, як ҷустуҷӯву навоварӣ дар шаклу дар мояву дар тасвиру дар шеър як кӯшишҳое ба вуҷуд омад. Ва аҷаб аст, ки Бозор дар ҳамин таҳаввулоте, ки дар шеър падид омада буд, чандон майл пайдо накард, ки шояд, ки ҷанбаи тоҷикии ҳамон равандҳо қавӣ набуд, иронияташон қавӣ набуд. Дар мавриди шеъри Аҳмади Шомиён, шеъри миёнарави Нодири Нодирпур, Сипеҳрӣ суханҳо бисёр шуд, вале Бозор дар ҳамин сабк зиёд тамоил пайдо накард, майли зиёд пайдо накард. Яъне, ки барои Бозор чизи дигар шояд муҳим буд, худи зиндагии тоҷикона, андешаи тоҷикона, шеъри рӯдакивор ва барномаи Бозор ҳамин шеъри рӯдакивор буд, ки ҳама шоирони баъдинаи форсигӯ ҳамон шеъри рӯдакивори форсиро бисёр орзу мекарданд, ки шеъри зиндагӣ бошад, ормонӣ бошад, зебо бошад, нав бошад, мусиқӣ дар он танин дошта бошад, ҳама чизро дошта бошад ва ибтидо бошад. Яъне дар ҳар марҳила бояд касе ибтидо гузорад. Дар нуҳзати нав як кас бояд поягузор бошад. Дар ҳамин давраи ҳувияту худогоҳии Пушенколу Белахмадулина, Роберт Рожденсенский шоироне, ки навпардоз буданд, дар диди зиндагӣ ва шинохти зиндагӣ, ки шеъри ҷадвалии сиёсиро онҷо намепазируфтанд дигар, дар ин давра Бозор тамоюли андеша кард, ки чаро напазируфт(?). Чун дар шеъри нави иронӣ эҳсоси ғурбат ва ғарибӣ аст аз макон, замон, фарҳанг, ахлоқи иронӣ, эҳсоси ғурбат аст, бегонагӣ аст, яъне, ки ӯ шеъри форсӣ нест, дар ботин. Шеъри оварда аст. Бозор инҳоро қабул накард, зеро аз нигоҳи ахлоқиаш бегона буданд. Напазируфт он чизеро, ки дар шеъри русӣ пайдо шуд, шеваҳои шеъри Хлебников, ки Темур Зулфиқоров дар усули он эҷод мекард. Бозор ба ҳеч равия майл накард. Сари ин чиз мо бояд андеша кунем ва биандешем, ки чаро? Ва ҷавоб пайдо кунем. Лекин мо мавзӯъҳои ҷиддитар дорем дар таҳрири шеъри Бозор ва ҳам он шоирони навоваре, ки ҳам дӯстони ман буданд, ҳам шогирдони ман. Лоиқу Бозору Гулрухсор. Як шакли дигар дорад. Онҳое, ки дар сохтори режим, низоми Шӯравии коммунистӣ ҳувияти нав эҷод карданд, бузургтарин корро карданд. Баргашт ба асли худ, ҳувият, аз назари таърихӣ бедор кардани андешаҳои миллӣ, ки мо кистем, аз куҷо ва то куҷо ҳастем. Ва дар баробари ин шеърро нав карданд, ки аз асри худ бегона набошад. Рӯдакивор бошад шеър. На мисли Анварӣ бошад, на ин бошад ва на ун бошад, танҳо рӯдакивор бошад шеър, ки ҳама шоирони баъдина орзу мекарданд, ки сухан рӯдакивор некӯ бувад. Бузургтарин шоир гуфтааст: "Суханҳои ман рӯдакивор нест". Моҳияти шеъри Бозор ҳамин аст, ки шеър бояд рӯдакивор бошад, тоҷикӣ бошад, на шикаставу рехтаҳое, ки дар Амрикои лотинӣ эҷод карда буданд ё на он чи дар хиёбонҳои Порис эҷод карда буданд. Балки он чизе, ки рӯида буд аз Зардушти бузург, то ба Бозору инҳо. Он аст дигар, ки сари ин мавзӯъ бояд ҷиддитар сӯҳбат кунем ва сӯҳбатҳои оянда сари ин мавзӯъ бояд, ки бошад. Шояд мавзӯъи дигар, ки надоштем, омадем ба соядастҳо, ки ин кори ҷиддие набуд барои Бозор. Ё ради бало мекард аз оне, ки думболагираш буд ё танз мегуфт. Инҳо ҳама танзанд.

Ва шукри Худо, ки сари ҳамин мавзӯъ ҳам сӯҳбат оростем, ки ин ҳам ғанимат аст. Яъне, ки як дафъа Бозорро ёд мекунем. Се сол қабл омада буд, ки ҳафт моҳ ин ҷо буд. Кӯшишу талош кардем, ки дигар ин ҷо бимонанд. Вале мондагор нашуданд, ки чанд сабаб дошт. Чун андешаи ӯ тапанда буд ва бисёр ҳасос буд, ба сиёсати Тоҷикистону ҳамин мавзӯъҳо хеле ҳасосияти зиёд дошт, чандон майли мондан ҳам накард. Модом, ки сину солаш ба ҷое расид, баъд ором мешаваду ба замин фуруд меояду боз як андеша мекунад, ки ояндааш чӣ бояд шавад. Аммо имрӯз бояд тадбир ҷӯст, ки чӣ бояд кард ояндаи ин миллатро, ки ин қадар душмани зиёд дорад, ин миллати парешону парокандаву бе сарнавишт, ки чизеро ҳоло ҳам намебинам, ки чӣ чизе бояд кунем, ки андешаашро дигар кунем, ё хилъаташро дигаргун кунем, чизеашро бояд дигаргун кард, ба ҳамин вазъ намешавад. Ва ҳамин дарде, ки шоирон мекашанд, ҳамин аст. Онҳо ҳис мекунанд, ки чизе намерасад ба мо, ё миллат пир шудааст ё ҷаҳон нав шудааст. Ё ҷаҳон куҳан шудаасту ин миллат ҷавон аст, чизе ҳаст. Як таззоде дар хилқат, хислат, дар хулқу хуи ин миллат вуҷуд дорад. Мо як дафъа гиребони худро ҳам бӯй кунем, ки бӯи кӣ меояд. Ҳама ҷурму гуноҳҳоро ба ҳамсояву ба гардани дигарҳо ҳамл накунем, бор накунем, як дафъа бояд, ки даруннигарӣ кунем, ки мо кӣ будем, чӣ будем, ҳоло кистем. Ин муҳимтар аз ҳама чиз аст, муҳимтар аз шеър ҳам ҳаст, муҳимтар аз сиёсат ҳам, ин муҳим аст барои мо. Хайр аст, ки Бозор ҳар куҷое, ки бошад, моро як дафъа такон медиҳад, ки биандешем, андеша кунем, роҳи ҳамоишро пайдо кунем. Роҳи нигоҳдории миллатро, ояндаи миллатро бояд андеша намоем. Ёдаш ба хайр, дар ҳар куҷое, ки бошад моро ба худ меорад, огаҳӣ медиҳад, бо як занг, бо як садо огаҳӣ медиҳад, ки ҳушёр бошем. Кош он рӯзе фаро мерасида бошад, ки дар ҳузури худашон ҷашнашонро таҷлил мекарда бошем, суханҳое мегуфта бошем, ки дар ҳузури худашон бошанд, ба унвони худашон бошанд. Ташаккур ба шумо, ки ин нишастро ташкил кардеду мардумро даъват кардед. Бе ҳеч даъвати расмӣ мардум гирд омаданд, ҳар кас, ки шунид, омаданд ва ин ҳама ба хотири Бозор.

Султони Ҳамад: -Вақте раҳбарияти ҳафтаномаи "Миллат" аз ман таҳрири силсилаи мақолаҳо дар бораи соядастҳои устод Бозор Собирро хоҳиш кард, то баъдан онро ба шакли як маҷмӯа ба чоп бирасонанд, рости гап, ман бо як хушнудӣ онро қабул кардам. Зеро Бозор Собир аз ҷумлаи он шоиронест, ки ашъорашонро барои тасвирҳои зебо, мазмуни баланд, забони хеле содда доштанашон хеле зиёд дӯст медорам. Таҳрири маҷмӯаи "Марворидҳои ноёби Бозор" бароям чандон кори душвор набуд. Зеро ҳар як мақолаи он аз самими дил, бо як ҷаҳон меҳру муҳаббати бепоён ба устод аз сӯйи муаллифонаш навишта шуда буд. Ман кӯшиш кардам, ки ҳамин самимият, ихлоси беандоза ба устод, нафаси гарми дӯстдоронаш дар тамоми матолиб баъди таҳрир низ боз хубтар эҳсос шавад. Дар ин маҷмӯа 19 мақола ба табъ расидааст, ки муаллифонаш мардуми касбу кори гуногун, сар карда аз деҳқони одӣ то журналисту нависандаву шоир ва файласуф буданд. Бояд гуфт, ки бори аввал дар адабиёти мо китобе дар бораи соядастҳои адибе ба нашр мерасад. Маъмулан соядасти шоир шеърест, ки онро дар миёни ашъори ӯ нахоҳӣ ёфт. Баъзан шоир бо як сабукӣ ва ё шӯхӣ чизеро барои алоқаманди шеъраш бадеҳатан менависад, ки онҳоро ӯ агар дар танҳоӣ рӯзҳову шабҳо кӯшиши барои худ навиштан кунад, наметавонад. Соядастҳои устод Бозор Собир, дар ҳақиқат, марворидҳои ноёбанд.

Умуман, баъди рафтани устод Бозор Собир аз Тоҷикистони азиз, ба гумонам шеъри ноб низ аз адабиёти тоҷик рахт бастааст. Шояд ғалат мекунам. Вале ба ҳар ҳол ҷуръат намуда, бо як порчаи назмӣ ба устод чунин муроҷиат мекунам:

Аё устоди шеъри ноб Бозор,

Биё, бо худ ту шеъри ноб боз ор.

Хаёли ман бибурдияш, ки ин дам,

Наёбемаш на дар дӯкон, на бозор.

Шамсулҳақи Ориёнфар, ройзани фарҳангии Давлати Исломии Афғонистон: - Баъд аз суханони устод Мӯъмин Қаноъат ва дӯстон, ки умре бо Бозор буданд ва назди онҳо парварда шуданд, ҳарфи дигаре барои гуфтан намемонад. Аммо ду нуктаро баҳри шумо арз мекунам. Бегумон Бозори Собир яке аз шахсиятҳо ва фарҳангиёни аввал дар Тоҷикистон аст. Агар ин ҷо бошад ё ҷои дигар яке аз шахсиятҳои Тоҷикистон ҳаст. Ва агар дар Афғонистон пурсон шаванд, ки аз шоирони тоҷик киҳоро мешиносанд, ба ҷумлае, ки ном бигиранд, ба сурати Мӯъмини Қаноъат, Бозори Собир, Лоиқи Шералӣ ва Гулрухсор афроди аввалианд. Ҳадди аққал бо номашон ошноанду фарҳангиён бо зиндагию осору ашъорашон. Ман то ҷое, ки ошноӣ дорам, фикр мекунам, ки Бозори Собир дар ҷомеаи Тоҷикистон чанд асаргузорӣ доштанд. Аввал ин ки аз лиҳози шеър яке аз шоирони матраҳ, яке аз сутунҳои шеъри муосири тоҷик аст, ки метавонад роҳнамою пешво бошад. Ва аз он ки муддате дар Афғонистон буданд, солҳои 1960 ва дар он давраҳо яқинан бо забону адабиёти форсӣ, хати форсӣ ва бо ошноӣ ба осори шуарои Афғонистону ирониён бегумон асаргузор буданд ва ба ин асос мебинем, ки яке аз касоне, ки навовариро аз лиҳози сохтор ва муҳтаво дар шеъри тоҷик овард, яке аз навоварон Бозори Собир аст. Ва ҳарфи дигар, ин ки дар бедории тоҷикон баъд аз таҳавулоти фурӯпошии Шӯравӣ, яқинан аз тариқи "Растохез"-у дигар ҳаракатҳои демократӣ Бозори Собир нақши асаргузор доштанд. Яке аз рӯшанфикрон ва яке аз мутафаккирин ҳам метавонад ҳисоб шавад. Дар солҳои охир мо медонем ва шумо ҳам медонед, ки устод Бозор мавзеъгириҳои мутафовит доштанд. Гоҳ-гоҳе барафрӯхта мешуданд ба ҳамсояҳо, афғонистониҳо, ирониҳо, амрикоиҳо, русҳо ва гоҳе аксарро ҳам мавриди интиқод қарор медоданд. Ман сарфи назар аз он ки чӣ мегуфтанд, танҳо ҳамин аслро ба унвони яке аз имтиёзоти Бозори Собир мешиносам. Ҳамин асли эътирозро, ки ин чиро нишон медиҳад? Аввал ин ки шоирон афроди одӣ нестанд. Ва агар шоир аз ҳодисае бигзарад, барафрӯхта мешавад, дигаргун мешавад, наметавонад таҳаммул бикунад. Тафовут ҳам аз ҳамин хотир аст, ки ба фаввора меояд, аз дарунаш як чизе ҷӯш мезанад. Шоирон одамони ҳасосанд, шояд ҳаводису рӯйдоде ҳаст, ки шоирро ба ҳаракат меорад, ҳарфҳое гуфта бошад агар, аммо асли худи ҳамин изҳори назарҳои муттафовит, мавзеъгириҳои муттафовит худаш байни шахсияти муттакомили Бозор аст. Дар асли материализми диалектика ҳам ҳамин аст, ки инсон ва ҳама мавҷудот дар ҳоли таъғир аст. Инсон як мавҷуди мутакомил аст. Яъне инсон бояд таъғир бикунад. Ҳамин ки Бозори Собир мавзеъгириҳои муттафовит мекарданд, яке аз вижагиҳои ин масъала ин аст, ки шаҳомати баёни дидгоҳҳои худро доштанд. Шояд мо ҳам дар мавориде назари мухолиф дошта бошем, вале намегӯем, аз парда ба масъала нигоҳ мекунем. Яке аз имтиёзоташон аст, ки чизеро дармеёфтанд ё ба зеҳнаш меомад, метавонистанд бигӯянд, шаҳомати баёнро доштанд. Ва ҳарфи дигар ин аст, ки садоқати ҳамин масъаларо доштанд, масъаларо унвон мекарданд. Ва ҳарфи масъалаи дигар ин аст, ки худи баён нишони такомули шахсият аст. Инсоне, ки муттакомил набошад, дар як ҷо бимонад, имрӯз мисли бист сол фикр кунад, сангвора аст. Инсони муттакомил ҳамин аст, ки имрӯз то фардояш дидаш дигар мешавад. Муносиб аст, ки мавзӯъеро ёд кунам, ки Алии Шариатӣ мегӯяд, ки ман дар донишгоҳи Сорбон мехондам, Гурвич яке аз устодони равоншиносӣ моро таълим медод ва барои мо як вазифа дод, ки як конфронс гузаронем. Ман конфронсро омода кардам, вақте дар синф се-чаҳор сад нафар буд ва мехондам, як чизеро нақл кардам, ки гуфт бош ҳамин ҷо, ин мавзӯъ ғалат аст, аз куҷо гирифтӣ инро? Ин нақлу қавли нодуруст аст. Ман-ку аз китоби худи ин гирифта будам. Ман як қисм шудам, ки ҳоло пеши шогирдон бигӯям, ки аз китоби худатон гирифтам, мабодо бад набошад, ман ин сӯй он сӯй тири худро бурдам ва гуфтам, ки аз як манбаъ гирифтам, не, гуфт, ки бигӯ, аз кадом манбаъ гирифтӣ ва ҳатман ту таҳқиқ кардаӣ. Ва охир маҷбур шудам ва гуфтам, ки аз китоби худатон гирифтам, ин назари худатон аст. Гуфтанд, ки ман ин китобро кай навиштам? Гуфтам, соли 1950. Гуфт, ҳоло соли чанд аст? Гуфтам, панҷоҳу шаш. Гуфт, шаш соли дигар ман зиндагӣ кардам ва агар ман ҳоло ҳам ба ҳамон фикр мебудам, ин ба он маъност, ки ман мурда будам. Ман шаш сол зиндагӣ кардам, такомул кардам, андешидам ва дуруст аст, ки ҳамон назарам буд, имрӯз назари дигар дорам. Бо назардошти ин формулаи илмӣ, ки асли такомули андешаҳо боварманд аст, мебинем, ки ҳамон нуктаеро, ки заъфи шахсият ба Бозор медонанд, имтиёзаш аст, ки муттакомил аст, таъғир мекунад, диди нав ба бовари нав мерасад. Ва ҳарфи ҷолибе, ки Ортиқи Қодир пештар гуфт, ки маро гуфт, ки шеърҳои пешинаам ҳамааш аз туст. Чунин аст одами муттакомил, марҳилае мерасад, ки ҳарфҳоеро дар гузашта гуфтааст, фикр мекунад, ки ба нуқтаи баландтаре расидам ва ин аз имтиёзоташ ҳаст. Аз ин рӯ мо ба ӯ ҳурмат мегузорем ва солрӯзашро табрик мегӯем, барои ҳама донишмандон, Худованд умрашро дароз дошта бошад. Ташаккур.

Теша Раҷаб: Бо Бозор сӯҳбати телефонӣ доштам ва гуфтам, ки дар Душанбе маҳфиле ҳасту мардум ҷамъ мешаванду чӣ гуфтанӣ дорӣ? Гуфт: Нафаҳмидам, чӣ гап аст? Гуфтам: "Миллат" ҳамин гуна тасмим гирифтааст ва ташаббус нишон додааст. Бозор на хуб гуфтанду на бад. Ман боз гуфтамаш: Ҳеч ҳарфе барои гуфтан надорӣ? Гуфт: Барои заҳматашон аз номи ман миннатдорӣ баён бикун. Ташаккур ба "Миллат"! Иншооллоҳ бо дуои устодоне, ки ин ҷо нишастаанд, махсусан, устод Мӯъмин Қаноат кош "Миллат" ба дараҷаи миллат бо ҳамин гуна дастгириҳо бирасад.

Ба Бозор телефонӣ гуфтам, ки Устод, ду сол боз рӯзномаҳо устод Бозор Собир гуфта, махсусан рӯзномаҳои мустақил ғоибона зодрӯзи Шуморо ҷашн мегиранд, Шумо омаданӣ ҳастед ё не? Ӯ ҳеч чизе нагуфт.

Вақте гап дар бораи нобиғаи миллат меравад, ин ҷо тавре дуруст қайд карданд оқои Шамсулҳақи Ориёнфар, як гуна имтиёзҳоро ба ин гуна ашхос донан даркор, то ки ҳамеша моро, миллати моро такон бидиҳанд. Барои касоне, ки мехоҳанд дар бораи Бозор бидонанд, гуфтаниам, ки як повест навиштаам: "Лаҳзаҳое бо ҷӯраам Бозор Собир". Ҳамин китобро бахшида ба ҳафтодсолагиаш навиштам ва додам, ки бихонад ва чӣ эроде, ки дорад, бигирад, зеро мо аз интернат-давраи мактабхонӣ ҳамроҳ будаем. Тамоми хислатҳое, ки дорад Бозор ва чӣ хубию гандагие, ки дорад ман беҳтар аз дигарон мефаҳмам. Бозор китобро Хонду гуфт, ки ба ман ҳайкал даркор нест ва бо ҳамин ду соли дигар ин китоб ба нашр нарасид, дидам, ки ҳафтодсолагиаш омад, ногузир ҳамин сол ба нашр додам. Дар бораи зодгоҳи Бозор як чизро бароятон аниқ намоям, ки ӯ аслан дар деҳаи Суфиён таваллуд нашудааст, Бозор даҳсола буд, ки Суфиён омаданд. Ӯ аслан дар Файзова, Дараи Токҳо таваллуд шудааст, ки зеботарин мавзеъ аст.

Ҳар бузургмарде дар зиндагӣ саргузаште нодир дорад. Як саргузаштро ёддовар мешавам, ки дар вақташ устод Мирзо Турсунзода барои он ки ба Душанбе биоянд, хари ҳамсояашонро дуздида, фурӯхта ба интернат омадааст. Вақте ки устод Мирзо Турсунзода бо ман дар баҳс мешуданд, мегуфтам, ки Мирзо ҳамон сирҳоятонро фош кунам?! Ва бо ҳамин дигар ӯ бо ман дар баҳс намешуд. Баъдан, худи писараш ҳамин хардуздиро қисса кард. Бозор ҳам вақте ба хондан мехост биёяд, роҳпулӣ надошт. Ва маҷбур мурғи худашонро пинҳонӣ аз хонавода мефурӯшад ва ба интернати Ҳисор меояд. Чунин буданд устодон ва аз ҷумла Бозор, ки ба ҳама муҳтоҷӣ нигоҳ накарда, роҳи ҳали масъаларо пайдо карда, дар ҷустуҷӯйи илму адабиёт роҳ пӯйиданд. Мегӯянд, ки чашмаро ҳеҷ рӯпуш карда намешавад, ҳазор тон сангро ба рӯи чашма бирезед ҳам, боз аз як ҷое он ҷӯш зада мебарояд. Ва Устод Бозор ҳам мисли ҳамин ҷӯшиши чашма аст. Ман ба ҳама иштирокчиён миннатдорӣ баён мекунам, ки ба хотири Бозор ба ин ҷо гирди ҳам омаданд ва дар ҳақиқат соли таваллуди Бозор соли моҳӣ аст, яъне соли 1939 ва имрӯз Бозор 70 сола шуд.

Рустами Ваҳҳоб: Сӯҳбатҳое, ки шунида шуд ба назарам муҳимтарин нуктаҳоро дар бораи шахсияти устод Бозор Собир ва шеъри ӯ рушан кард. Ба хусус сӯҳбати чун ҳамеша пурмӯҳтавои устод Мӯъмин Қаноат ин ҳақиқатро бори дигар таъйид менамояд, ки таҳаввулоти чанд соли ахири назми тоҷик имрӯз мисли даҳаи шаст ва ҳафтоди асри гузашта ниёзманди баррасиҳои муфассалтар, дақиқтар ва илмитар аст. Аммо нуктаи муҳим, ки баён гардид ин аст, ки дар назми мо ҳамеша ҷараёни солим ва созанда, ки реша дар заминаи беҳтарин суннатҳои адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо дорад, имтиёз дошта, идомати он ба воситаи тавонотарин шоирони мо, аз ҷумла онон, ки номбар гардиданд, таъмин шудааст. Яке аз парчамдорони ин ҷараён бешак устод Бозор Собир аст.

Ҳар боре, ки банда осори пешкисвати ин насли шоирони тоҷик устод Мӯъмин Қаноат, ба хусус достони "Сурӯши Сталинград"-и ишонро мутолиа мекунам, бори дигар итминон ҳосил менамоям, ки метавон бо баёне сода ва дастрас барои умуми хонандагони тоҷик як ҷаҳон маъно ва эҳсосоти олиро ҳатто дар фишурдатарин қолаб баён намуд. Ба ғайр аз вуҷуди ҳатмии мояҳои ҳунарӣ лозимаи ин кор ва рамзи ин муваффақият ба назарам он аст, ки шоир нисбат ба мухотаби худ, ба хонандаи худ садоқат ва самимият дошта бошад, рӯи суханаш ба сӯи ӯ бошад. Аз ин назар устод Бозор Собир муваффақияти камназир дорад. Ӯ бо забон, баён ва эҳсоси хонандаи худ сухан мегӯяд. Ба истилоҳ, набзи андеша ва эҳсоси хонандаи худ, ҷомеаи худро, мизони дарки ҳунарӣ ва завқии ӯро бисёр дақиқ ташхис менамояд.

Аммо дар хусуси ин ташаббуси хуби рӯзномаи "Миллат" ва рӯзноманигори донишманд Султони Ҳамад бояд гуфт, ки агарчи ин маҷмӯа ҳовии осори асосии устод Бозор Собир нест ва танҳо аз "соядастҳо"-и ишон фароҳам шудааст, аз чанд ҷиҳат дорои аҳаммият мебошад. Аввалан, тавре ки пештар гуфта шуд, ин соядастҳо беҳтарин баёнгари ҳамон садоқат ва самимияти Бозор Собир нисбат ба хонандагони ашъори ишон, тавозӯъи ӯ дар баробари ҳар як хонандаи одии ашъораш аст. Ҳамчунин ин намунаҳо қобилияти бадеҳагӯии шоирро ошкор мекунад, ки дар ҳама давру замон, яке аз меъёрҳои ҳунари мумтози шоирӣ дониста мешуд. Дигар ин ки дар бисёре аз ин соядастҳо назари Бозор Собир нисбат ба адабиёт ва шеър баён гардидааст. Аз ҷумла ҳамин байт: "Дар ҳама давр шеъри одӣ хуш аст, шеъри ман аз забони Шодӣ хуш аст". Ҳам ин байт худаш одӣ аст ва ҳам мерасонад, ки шоир шеъри "одӣ"-ро бештар меписандад. Ҳатто аз рӯи соядастҳое, шоир аз шоирони дигар ба орият гирифтааст, мавзеъи ӯро дар таъйини "шеър" метавон ташхис дод. Аксари ин пораҳои шеърӣ бисёр устодона, ҳунармандона, ва ороста бо саноеъи зарифи адабӣ ҳастанд, аммо ин саноеъ ва зарофатҳои ҳунарӣ тавре дар шеър корбаст шудааст, ки ҳиҷоби маъно намешавад, рӯи маъно сояи ғафси худро намеандозад, балки чун шишаи шаффоф нигоҳи моро аз худ ба осонӣ ба сӯи маъно гузар медиҳад. Ҳамон тавре, ки дар шеъри худи Бозор Собир ҳаст.

Аҳаммияти дигари ин ташаббус ин аст, ки ин бор мо дар маҳфили шодбоди устод Бозор даври як кори хуби анҷомшуда, агарчи хурд ҳам бошад, фаро хонда шудаем. Яъне ҳамин маҷмӯаи соядастҳои ишон, ки бешубҳа қимати муайяни худро дорад. Ва ин фурсати муғтанам аст, ки аз дӯстон ва бародарони хабарнигори худ мухлисона хоҳиш кунем, ки минбаъд дар интишори баёноти ишон бомулоҳизатар бошанд ва чун нисбат ба устод Бозор Собир, ки дар ғурбат ба сар мебаранд, бо фазои фикрӣ ва отифии ҷомеаи рӯз иртиботи мустақимтар доранд, дар интишори ин баёнот ҷониби ишонро бештар риоят кунанд ва ҳар сухан ё пораи шеъреро, ки аз устод Бозор Собир ба даст мерасад ва муаррифи дурусти ҷаҳонбинӣ ва ақидатии ишон буда наметавонад, ба саросемагӣ ба дасти чоп надиҳанд. Ба ин маъно дар ҳамаи сӯҳбатҳои қаблӣ ҳам ишораҳое шунида шуд.

Шоири мутааҳҳид (дорои паймони иҷтимоӣ) агарчи метавонад дар лаҳзаҳое баёноти мухталиф дошта бошад, аммо охируламр ногузир ба даври меҳвари аслии ақидатӣ ва ҷаҳонбинии худ бармегардад. Масалан, ҳамон шеъре, ки чанде қабл рӯзномаи "Нигоҳ" аз устод Бозор чоп карда буд, (дар бораи муқоваматҳои Ирон ва раиси ҷумҳури Ирон бо ҷаҳони ғосибон ва зӯргӯён), тамоми баёноти манфии қаблии устод Бозор дар ин мавзӯъро ба ҳадди сифр мерасонад. Зеро аз ин шеър садои баланд, расо ва ростини Бозор Собир, ки бо мӯҳтавои аслии маҷмӯъи осори ӯ ҳамхонӣ дорад, шунида мешавад. Ҳамчунин охирин ватанияи ишон, ки назирае ба шеъри Симини Беҳбаҳонӣ аст, нишон медиҳад, ки ҳамаи баёноти Бозор Собир дар хусуси дилсард шуданаш аз Тоҷикистон ҳарфҳое мавридӣ ва шикояти дӯстонае ҳасту бас. Чун мо мӯътақид ҳастем, ки Бозор Собир яке аз беҳтарин шоирони Тоҷикистон буд ва ҳаст, бояд аз ҳамин мавзеъ ба баёнот ва осори ишон кор бигирем ва бар асли осори асосии адабии ишон қазоват кунем.

Дар охир бори дигар аз баргузоркунандагони ин маҳфил ташаккур мекунам ва устод Бозор Собирро ба муносибати зодрӯзашон табрик мегӯям.

Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадор: - Агар иҷозат бошад ҳамчун як хонандаи одӣ мехоҳам изҳори назар кунам, зеро агар сиёсатмадор дар бораи шеъру шоирӣ сухан бигӯяд, ин бо он монанд ҳаст, ки дар ҳамин нишаст гуфтанд, ки устод Бозор шеъри касеро шунида гуфтааст, ки ҳоли адабиёт бо ин гуна шеърҳо чӣ мешавад? Ва агар сиёсатмадор дар бораи адабиёт сӯҳбат кард, ҳоли адабиёт ҳамон мешавад. Барои ҳамин дар бораи адабиёт адиб гап занад ё хонанда беҳтар аст.

Устод Бозор аз нигоҳи мо воқеан як шахсияти мураккаб аст. Мураккабии устод дар содагиаш аст ва албатта барои шинохтани устод бисёр заҳмат кашидан даркор нест, чунки самимияте, ки дорад ҳама зоҳиру ботини устодро боз карда ва хеле осон мешавад ӯро шинохт. Мушкилиаш ҳам дар ҳамин аст, ростӣ, мушкилиаш дар он аст, ки на сиёсатмадор аст ва на актёр. Як одами сода, одӣ, бисёр самимӣ аст. Устод Бозор воқеан агар дӯст дорад касеро ё чизеро самимона дӯст медорад ва агар бад дид, воқеан самимона бад мебинад, дигар ҳеҷ халосӣ аз вай нест. Аҷибаш он аст, ки устод дар ҳама ҳолат дар як қолибе намеғунҷад, дар муҳаббаташ ҳам, дар бад диданаш ҳам, ҳатто дар қолаби худаш ҳам. Ҳеҷ кас натавонистааст устод Бозорро дар як қолаб биғунҷонад, ҳатто бузургтарин низоми ҷаҳоние, ки Шӯравӣ буд, бо он қолаби шадиде, ки дошт ва тавониста буд ҳамаро ба як қолибе ғунҷонад, ғайр аз чанд нафаре, ки яке аз онҳо устод Бозор Собир буд. Ин такомуле, ки устод Ориёнфар дар бораи устод гуфтанд, воқеан ҷой дорад, вале назари банда ин аст, ки хати сайри фикрии андешаи устод на ҳамавақт ба сӯи боло буд. Якранг набуд, яксӯ нест, якнавохт ҳам нест ва мисли ҳамон тапиши қалб аст. Шумо бубинед, ки тапиши қалби инсон гоҳ боло асту гоҳ поин. Устод ҳам дар хати сайри фикраш гоҳ боло асту гоҳ поин, Ҳамеша ба боло нест, гоҳ ба тарафи поин ҳам ҳаракат мекунад ва воқеан сабаби инро дар ҳеҷ куҷое ҷустуҷӯ кардан даркор нест. Ҳамчуноне, ки бародар Ортиқ иқтибосе аз суханони устод Нурӣ овард, ки устод Нурӣ гуфтаанд, ки "Бозор шоир аст", ҳамин кофист, ки дар ҳақиқат ӯро ҳамчун шоир бояд шиносем. Агар мо ба устод Бозор ҳамчун шоир муносибат кунем, ҳама тағъиротҳое, ки дар фикр ва андешаи ӯ омадааст ба ҳамааш ҷавоб хоҳем пайдо кард. Ин ҷо дар бораи ҳамдеҳаву ҳамшаҳрӣ будани банда бо устод Бозор сӯҳбат рафт, албатта нисбати чунин шахсиятҳои бузург ҳар кас кӯшиш мекунад, як хотирае ба ёдаш ораду аз сӯҳбати эшон, аз навиштаву гуфтаҳояш як чизе қисса кунад, вале ҳарчанд фикр мекунам, чизи хубе дар ёдам нест. Чунки мутаассифона синну сол. ки зиёд фарқ мекард, мо устодро фақат ҳамчун шоир мешинохтем ва барои мо шогирдони онвақта дастнорас буд. Вале солҳои дар Маскав будан, вақте баъд аз озод шуданашон аз маҳбас дар Маскав қарор доштанд, албатта мо мерафтем ба зиёраташон, аз бародаре шунидем, ки билет гирифтаанду пас фардо озими Амрико ҳастанд, чанде аз бачаҳое, ки дар Маскав буданд талош карданд, ки устодро аз ин ният гардонанд, аммо нашуд. Мо бо ҳамроҳии Зайд Саидов дар ин маврид тасмим гирифтем ва рафтем ба як ҳуҷрае, ки дар ҳақиқат муносиби устод набуд, вале муносиби як муҳоҷири тоҷик буд, ки дар он вақт шароити ҳама ҳамингуна буд, ҳарчанд талош кардем, ки устод аз фикрашон пас гардад, вале бо ҳамон оромиш ва қотеъияте, ки хоси устод аст ҳама далелҳои моро рад мекарданд. На далели миллату бечораву танҳо монданаш кор мекард, на… нашуд аз Файзобод чанд сухане гуфтем, аз ҳамдеҳаву ҳамшаҳрӣ будан, вале гуфт, ки ғамам надеҳ бача, дар вақташ отат ҳам ғамам медод, бас аст. Гарангам накун бисёр. Баъдан аз қиблагоҳам пурсидам, ки чӣ буд, ки устод Бозор ҳамин гуна арз доштанд, гуфтанд, ки чизе набуд ва чизе ба ёдам намеояд, ғайр аз оне, ки баъзан модарашон хоҳиш мекарданду навбати подаашон мерафтам. Ӯ, ки танбалӣ мекард, агар ягон химчае зада бошам, намедонам. Қиблагоҳи мо аз устод Бозор 8-10 сол бузургтаранд, аммо гуфтанд, ки чизе ба ёдам намеояд, ки байни мо бад гузашта бошад. Ба ҳар сурат натавонистем устодро он вақт мутақоид кунем ва онҳо сафар карда рафтанд. Воқеан ранҷиш дошт аз миллат. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки устод Бозор аз нигоҳи ман ҳамчун як хонанда ҳеҷ гоҳ барои дигарон шеър насурудааст, шеърро нанавиштааст, ки дигарон дар борааш фикр кунанд. Устод ҳамеша вақте ки шеърҳояшро мехонед, як сӯҳбат, гуфтугӯе бо худаш дорад, дигарон дар борааш чӣ фикр доранд, чӣ андеша доранд, барояш чандон муҳим нест ва ҳеҷ гоҳ ба андешаи дигарон ҳам созиш накардааст. Бузургиаш дар он аст, ки ҳамеша кӯшиш кардааст, ки дигарон ба андешаи ӯ созиш кунанд. Бо андешаҳояш воқеан як гурӯҳи мардумро ҳам алайҳи худ шӯронидааст, аммо барои устод муҳим нест, агарчи башарият ҳам алайҳаш бишӯрад. Аҷибаш он аст, ки вақте дар бораи дин андеша меронад, баъзеҳоро нороҳат мекунад, аммо он марзеро, ки бояд бигӯянд, ки таҳқир кардааст, он марзро убур накардааст. Душвор аст фаҳмидани андешаи устод, ки фардо чӣ мешавад. Ман ташаккур мекунам аз ҳафтаномаи "Миллат" ва аз ҳама касоне, ки "Миллат" ҳамчун ҳафтанома ва тоҷик ҳамчун миллат аҳамият дорад барояшону ин рӯзро қайд карданд. Чунки барои устод Бозор фарқе надорад, ки зодрӯзи ӯро ҷашн мегиранд ё не. Мо ҳар коре мекунем барои худамон мекунем. Бозор барои худи мо лозим аст. Мо намедонем чӣ қадар мо барои Бозор зарур ҳастем. Вале Бозор ва ба он монандҳо дар ҳақиқат барои мо заруранд, бори дигар барои ҳамаатон ташаккур.

Боймурод Шарифзода, устоди адабиёт: - Устод Бозор Собир соли 1989 дар факулта дарси озод мегузаштанд, аудитория пур аз донишҷӯён буд, баъзе устодон ҳам дар дарси озод нишаста буданд, устод фанни шеър мегузашт, яъне шеър чист, шеърро чи гуна сара бояд кард, шеъри хуб чи гуна бояд бошад, меъёри шинохти шеър чи гуна бояд бошад, ҳамингуна дарс мегузаштанд. Кори дипломии ман, ки тадқиқи матншиносии ашъори Бозор Собир буд, то соли 1989 187 шеър дошт, ки ҳамин 187 шеърро ман аз ёд медонистам. 120 саҳифа кори дипломӣ навиштем, гумон кардем ҳамин кор кори хуб аст (камоли ҳунар як бобаш буд) таҳрир кам мешавад, баъдтар мебинем, ки он сифатҳое, ки мо кардем, онҳоро хат зада пар¬тофтаанд. Баъд солҳои 1991-1992 ман мавзӯи шеъри Хоқониро гирифтам. Он замон шеърҳои устод Бозорро, ки аз ёд мекардам, гумон мекардам, ки беҳтарин шеъранд. Баъд аз он ки ба шеъри Хоқонӣ ворид шудам, дигар ин шеърҳо дар назари ман наметофт. Лекин баъди даҳ сол вақте ки боз мегардаму шеъри устод Бозорро мехонам, он ҷавҳаре дорад. Устод Қаноат бисёр хуб гуфтанд, ки шахсияти устод Бозор, шеъраш, мавқеи сиёсӣ-иҷтимоиаш ҳамаи ин қобили таҳқиқ аст. Инро бояд аз нигоҳи илмӣ ба риштаи таҳқиқ бикашанд. Домулло Кабирӣ инҷо хуб гуфтанд, ки шеъри устод Бозор кори дилро мемонад. Воқеан шеър, ки худ кори дил аст. Шоир агар пойбанди ақл бошад (ақли фалсафӣ мавриди назар аст), фикр кунад, ки инро нависам касе хафа мешаваду этикаро риоя кунад, он шеър намешавад. Агар аз ҳамин мавқеъ ба шеъри классикӣ нигоҳ кунем, масалан дар кадом ҳолати равоние, ки бошем, аз он матлабе меёбему замзама мекунем. Ба ҳар ҳол ин ҷанбаи ашъори устод Бозор Собир қобили мулоҳиза ва таҳқиқ аст, ин ҷо дуру дароз наметавонам таҳлил кунам ё чизе бигӯям, танҳо ҳаминро мегӯям, ки ташаккур ба шахсоне, ки ҳамин гуна маъракаро оростаанд ва аз устод Бозор Собир ёд карданд. Худо агар умр диҳад, ман солҳои наздик ният дорам, як таҳқиқоте оиди ашъори устод Бозор Собир анҷом бидиҳам. Бори дигар ташаккур.

Сафарбеки Солеҳ, филмсоз: - Чун ман хотироте аз устод гуфтанӣ надорам ва вақти Шуморо ҳам гирифтан намехоҳам, танҳо гуфтаниам, ки устод ҳамеша ҳарфҳояшонро бепарда мегуфтанд. Бозор пеш аз ҳама як тасвиргар аст, як наққош аст. Шеъри соддае, ки устод гуфтааст, аз соддагии ӯ нест, он дар сатҳи хеле болои ақлӣ аст. Бале, шеър аз қалб аст, вале агар қалб ақл надошта бошад, наметавонад ин шеърро бигӯяд. Воқеан устод Бозор дар қарни мо як нобиға аст. Устод Кабирӣ гуфтанд, ки барои ӯ фарқ надорад, ки мо ин ҷо нишастаему ёди ӯ мекунем, не, барои ӯ хеле фарқ дорад, шоир зинда аст бо ҳамон хонандаҳояш, барои ҳамин ҳам ин хело муҳим аст барои устод. Умедворам аз ин дастгириҳо устод рӯҳи нав хоҳад гирифт. Ман соли 1989 як филме сохтам ба номи "Ҳурмуз" ва он ҷо як шеъри устодро гузоштем, ки худашон хонданд, ҳамон шеъри "Забони модарӣ"-ро, ки беш аз 40 кишвари ҷаҳон онро харидорӣ карданд, аммо ба ҷуз шеъри Бозор Собир дигар матн надорад. Ҳамааш дигар тасвир аст. Яъне гуфтанӣ ҳастам, ки ҳар як шеъри устодро вақте шумо мехонед онро мебинед ва ин хеле муҳим аст. Ҳар касс метавонад аз ду-се шеъри устод клипу наворҳои хуб созад ва бидуни ҳеч мағзобкарданҳо. Ба ҳамин хотир мо хушбахтем, ки ҳамин гуна як шоир дорем. Саломат бошед!

Мирзоҳусайни Бадалипур, файласуф: - Чун имрӯз аз Бозор Собир ёд кардем аввалан самимона ва сидқан кормандони нашрияи "Миллат"-ро барои ин тасмим, барои ин хидмат, барои ин шуҷоат, барои ин заҳмат самимона ташаккур мегӯям ва аз устод Султон Ҳамад, ки дар ин кор хеле саҳм гирифтаанд низ як ҷаҳон ташаккур мегӯям, ки имрӯз тавонистанд, ки моро сарҷамъ биёранд то аз устоди шаҳир Бозор Собир ёд кунем. Ман сидқан устод Мӯъмин Қаноатро, ки ҳамеша бо мардум буд, бо мост ва шабу рӯз баҳри ин миллат заҳмат мекашад, хайра мақдам мегӯям. Аз устодони сухан нисбати устод Бозор суханҳо гуфта шуд, ки чизе қариб барои гуфтании ман намонд.

Суқроти юнонӣ гуфтааст, ки тарсам аз он нест, ки мардум маро нашинохтанд, вале аз он тарс дорам, ки ман мардумро нашинохтам ва Конфутсий мегӯяд, ки зиндагии ман намози ман аст. Воқеан устод Бозор Собир дар шеър собит кард, ки зиндагӣ худаш намоз аст. Намозе ба хотири албатта рушду нумӯъи миллат аст… Сухани ман ин аст, ки коре бикунем, ки на танҳо ба сухан, балки ба амал устод ба Ватан биояд. Таманно дорам, ки шоири ғариби мо ба Ватан биёяд.

Ортиқи Қодир, ровӣ: - Дарвоқеъ устод Бозор аз мо озурдааст ва ба ин ҳақ ҳам дорад. Зеро аз Устод барои 9 моҳу 9 рӯз(!) бар зиндон афканданаш то ҳанӯз касе узр нахостааст. Мо бояд аз Устод узр бихоҳем!


Таҳияи
Муҳаммадсодиқи Пирумшоҳ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97