ИСЛОМСИТЕЗӢ ВА РУШДИ САРЕИ ТЕЪДОДИ МУСУЛМОНОН

Фарҳанг ва адаб 21.12.2009 13:30

ИСЛОМСИТЕЗӢ ВА ТОРИХЧАИ ОН

Исломситезӣ, ки дар забонҳои урупоӣ ва муҳимтарини онҳо англисӣ бо вожаи "исламофобия" (Islamophobia) ёд мешавад, калимаи нав ё ба истилоҳи забоншиносон неологизм мебошад. Ин вожа барои аввалин бор дар соли 1976 ба кор бурда шуд, вале дар солҳои 80-ум ва 90-уми асри ХХ он қадар зиёд истифода нагардид. Аммо пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 истихдоми ин истилоҳ чунон "рӯзафзун" гашт, ки аз он лаҳза то ба ин дам кам хабари марбут ба қазоёи исломист, ки дар расонаҳои хабарии ҷаҳон аз он ёд нашавад.

Исломситезӣ умуман ба муқобила бо ислом ва фарҳанги исломгароёна гуфта мешавад. Истилоҳи "исломофобия" ё худ исломситезӣ ба маънои душманӣ бо ислом ё хавфу ҳарос аз ислом, аз забони англисӣ ба дигар забонҳои дунё бидуни истисно интиқол ёфт. Нахустин таърифи истилоҳи "исломофобия"-ро Раннимед Траст (Runnymede Trust) аз доираҳои андешамандони муосири англис дар соли 1997 додааст. "Раннимед Траст" дар мақолае ба унвони "Исломофобия: Чолишҳо барои ҳамаи мо" навишта буд: исломофобия - ҳамчун душмани беамони ислом ва хавфу тарсу бадбинӣ дар ростои ҳар як ё ҳамаи мусулмонон мебошад. Сипас нависандаи фаронсавӣ Малле Эмил (Mallet Emile) соли 1994 дар як навиштааш бо номи "Фарҳанг ва ваҳшоният" дар бораи "навъе аз исломофобияи хазанда" сухан гуфтааст. Ба ақидаи ӯ исломофобия мисли хазандаест, ки ба ҳар ҷое роҳ меёбад. Сипас ин истилоҳ маъмулӣ гардид ва пас аз ҳаводиси 11-и сентябри 2001 интишори густарда ёфт.

Донишмандони соҳаи иҷтимоиёт ба монанди Вилҳелм ?айтмайер истилоҳи исломофобияро дар канори падидаҳои нажодпарастӣ, бегонабадбинӣ, антисемитизм ё падидаи бад дидани гурӯҳҳои алоҳидаи мардум медонанд, ки дар баробари оммаи мардуми мусулмон ва ҳамаи динҳову румузи мазҳабӣ ва анъанаҳои исломӣ мавқеи манфӣ дорад.

ТАЪРИФИ РАННИМЕД ТРАСТ

Раннимед Трасти бритониёӣ мавқеи исломофобияро дар маҷмӯаи гуногуни андешаҳои зер медонад: Ислом - тӯдаи яккаи барканор, карахт ва тағйирнопазир аст; ҷудокунандаву ғариб буда, арзишу ҳадафҳои муштарак бо фарҳангҳои дигар надорад ва таъсирпазир несту дар дигар фарҳангҳо таъсиргузор ҳам нест; ислом аз (тамаддуни) ?арб пасттар, ваҳшӣ, ғайриақлонӣ, саҳроӣ ва зидди занон аст; ислом динест, ки бо хушунату адовату таҳдид созгору ҷонибдори терроризм ва дар ҷанги тамаддунҳо фаол аст; ислом идеологияи сиёсиест, ки барои ҳадафҳои сиёсӣ ва низомӣ истифода мешавад.

Ин андешаи ботили гурӯҳҳои зидди исломӣ талошест ҷиҳати "роҳнамоӣ" ба равиши нодурусти зиндагии ғарбӣ. Дар баробари ин тӯҳматест рӯйирост нисбат ба дини мубини ислом. Мутаассифона, гурӯҳҳои алоҳида мехоҳанд, ки умуман ислом дар кишварҳои ғарбӣ неруманд набошанд. Аммо чигуна мешавад, ки як фард дар ҳоли муҳоҷират аз ватанаш ба кишваре дигар тарки дину кеши хеш кунад? Ҳамаи ин дар ҳолест, ки дар канори мусулмонони муҳоҷир ба кишварҳои ғарбӣ ва амрикоӣ сокинони аслӣ ва пайравони адёни дигар ба ислом рӯй меоранду ягона роҳи наҷоти хешро дар "зистан бо равиши мусулмонӣ" мебинанд.

Ҳар як мусулмон ба каломи илоҳӣ будани Қуръон имон дорад ва барои он эҳтироми беандоза қоил аст. Аммо исломситезон нисбати он иҳонат мекунанд. Дар куҷо дидаеду шунидаед, ки мусулмоне нисбат ба Инҷил беҳурматӣ кунад?

Қуръон мегӯяд: Ва бад-ин гуна шуморо уммате миёна қарор додем то гувоҳ бар мардум бошед ва паёмбар гувоҳ бошад (сураи "Бақара", ояти 143). Ислом миёни ниёзҳои рӯҳу ҷисму дунёву охират эътидолу тавозун барқарор карда, мутаносибу ҳамгом бо фитрати башарӣ бар пояи ҷисму рӯҳ будани инсон нисбат ба ҳеч кадом аз онҳо ифроту тафрит намекунад. Беҳтарин будани ин умматро низ Худованд дар замоне қарор дод, ки ба Худо имон овард ва амонати таблиғи даъват ба парвардигори якторо бар дӯш кашид. Худованд мефармояд: "Шумо беҳтарин гурӯҳе будаед, ки (ба унвони намуна) барои мардум падид овардаанд, ки ба кори писандида фармон медиҳед ва аз кори нописанд бозмедоред ва ба Худо имон доред (сураи "Оли Имрон", ояти 110)".

Дар ҳоле, ки Худованд ин умматро беҳтарин мегӯяд, як фирқаи манфиатҷӯ кӯшиш мекунанд, ки онро инкор кунанд. Аммо офтобро бо доман пӯшидан корест саъбу номумкин.

ИСЛОМСИТЕЗИИ АМРИКОӢ

ВА БОЗДОШТИ ШОҲРУХ ХОН

Замоне, ки сиёсатҳои муғризона бар зидди ислом дар кишварҳои урупоӣ ва ИМА шиддат гирифт, яке аз пойгоҳҳои иттилотӣ-интернетии маъруфи Ҳиндустон: timesofindia.indiatimes.com чунин иттилоияеро интишор дода буд: Суперситораи Болливуд Шоҳрух Хон (Shahrukh Khan) дар фурудгоҳи Нюарк (Newark Airport) - и Иёлоти муттаҳидаи Амрико боздошт гардид ва беш аз ду соат ба хотири насаби умумимусулмонӣ: "Хон" доштанаш наздики ду соат мавриди тафтишу пурсуҷӯи пулисҳои амрикоӣ қарор гирифтааст. Он лаҳзаҳо Шоҳрух Хон мебоист дар ҷашни Рӯзи истиқлолияти ?индустон, ки ҳамватанонаш дар Чикаго созмон дода буданд, иштирок мекард. Ӯ дар гуфтугӯи телефонӣ бо конолҳои телевизионии ?инд сабаби боздошташро "насаби мусулмонӣ доштан ва дар рӯйхаташон будани он" арзёбӣ кард.

Зӯҳра Осимӣ - хонуми мусулмони амрикоӣ аз нажоди иронӣ дар Локаст Волии наздики Ню-Йорк аз ҷониби исломситезон гирифтори лату кӯб гардид. Ӯ, ки салони ороиши нохун дошт, исломситезон дасту ангуштонашро бо чаккуш (болға) кӯфта корношоям карданд. Он харобкорон 2000 долларро аз салон рабуда, дар девору оинаҳо шиорҳои зидди ислом навишта ғайб заданд. Дар ин бора Ассотсиатсияи мусулмонони Бритониё (The Muslim Association of Britain) моҳи июни соли 2007 хабар дода буд.

1-уми июли соли 2009 Марва ал- Ширбинӣ дар додгоҳ аз ҷониби муттаҳаме, ки ӯро барои ҳиҷоб доштанаш таъна зада буд ва бояд Додгоҳи шаҳри Дрездени Олмон ҷазои ӯро муайян мекард, кушта шуд.

6 рӯз пас аз он шӯъбаи Созмони ёрмандии исломӣ дар Глазгои Шотландия аз дасти исломситезон ба оташ кашида шуд ва пулиси ин кишвар амали дасти онҳо будани сӯхторро ба исбот расонд.

Пеш аз ин ҳуқуқи мусулмонон ба такрор дар кишварҳои ғарбӣ ва ИМА помол мегардид, вале ҷинояткорон беҷазо монданд.

БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТ БА

ИСЛОМ ВА МУСУЛМОНОН

Тавҳини ислом, паёмбари гиромии он (с), мусулмонон ва ҳатто қабристони онҳо аз ҷумлаи ҷиноятҳои исломситезон мебошанд, ки дар кишварҳои ғарбӣ пайваста такрор меёбанд. Ба таври ошкоро ва аланӣ мебинем, ки дар як давлате аз давлатҳои ҳомии демократия бо номи Фаронса қабристони мусулмонон мавриди иҳонати исломситезон қарор мегирад ва ҷинояткорон беҷазо мемонанд. Аз ин, ки мусулмононро ҳатто тавассути видеогеймҳо (бозиҳои видеоӣ) террорист нишон медиҳанд ва бадбахтона ҳамон гуна бозиҳо то хонаводаи тоҷикони мусулмон ҳам расидааст, ҷойи сухан гуфтан ҳам намемонад. "Мақтали мусулмонӣ" аз ҷумлаи ҳамон филму бозиҳои тасвириест, ки барои "сиёҳу бад" нишон додани симои мусулмонон сохта шуда, сипас иддао мешавад, ки чунин бозиву филмҳо "дилетантӣ" (худсохт ва ғайрикасбӣ) ҳастанд.

ИСЛОМСИТЕЗӢ, ИСЛОМ ВА ВОҚЕИЯТИ ОН

Ҳар касе, ки бо таълимоти исломӣ ва бахусус аз Қуръони карим ва суннати Паёмбари акрам (с) ошно мешавад, бешубҳа дармеёбад, ки Ислом дини оштиву сулҳу амонист. Мутаассифона, душманони ислом, ки аслан душманони башарият ҳастанд, бо ҳар роҳу равиш мехоҳанд ин дини покро барои мардумони ноогоҳ аз асли он ҳамчун "разолату бадӣ" нишон диҳанд. Аммо тирашон ҳамеша хок мехӯрад ва воқеияти он ҳувайдо мегардад.

Акнун марҳилае фаро расидааст, ки ҷаҳон ночор ба шинохти воқеии ислом рӯй меорад. Акнун исломситезон ночор боварии хешро ба асоси ҳамзистӣ, ҳамгироӣ ва роҳи наҷот будани ислом изҳор медоранд. Дар торихи ислом саҳифаҳои равшангаре ҳастанд, ки инкори онҳо аслан номумкин аст. Пеш аз 1400 соли гузашта Паёмбари ислом (с) бо эълони Дастури Мадина ҳаққи ғайрро эътироф карда буд. Он замон сулҳи ҳудайбияро асос гузошт, ки тибқи он мусулмонон бо мушрикон оштӣ карданд. ӯҳдаи умарӣ аз ҷониби Умар ибни ал-Хаттоб буд, ки дар соли 15-и ҳиҷрӣ барои масеҳиён ва патриарх Сафирниюс дода шуд ва онҳо дар амон монданд. ?амчунин васиқаи фатҳи Қустантиния буд, ки ҳуқуқу дину амволу расму оини масеҳиёнро дар мадди назар дошт.

Чаро имрӯз исломситезон он лаҳазотро ба ёд намеоваранд ва ҳамеша якҷониба саъйу талош ба харҷ медиҳанд, ки беш аз 1 миллиард инсонро, ки пайрави дини исломанд, таҳқир кунанд? Чаро исломситезон ҳадди ақал як бор як рукни исломро мусбат нишон намедиҳанд?

Душманони сарсахти ислом бехабар аз инанд, ки "Дин наздики Худованд ислом аст" ва ӯст, ки исломро нигаҳбон аст.


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97