ВАҚТРО ЭҲТИРОМ МЕБОЯД

Фарҳанг ва адаб 19.12.2009 14:00

Бе шак бузургтарин неъмати ба инсон ато шуда, вақт мебошад. Зеро амалӣ гаштани тамоми куллиёт ва ҷузъиёт дар зиндагии инсон вобаста ба вақт карда шудааст. Аз ин рӯ, қимати вақтро ба тилло андоза кардаанд, ба ин таъбир, ки "вақт тиллост". Аммо вақт тилло нест, балки ҳазорҳо бор бартару беҳтар аз тиллост, чунки аз файзу баракати вақт тиллои аз даст рафтаро метавон дубора соҳиб гашт, дар сурате ки бо пардохти тамоми ганҷинаҳо як лаҳза аз умрро аз нав ба даст наметавон овард.

Вақт ба монанди зарфест, ки тамоми корҳо ва рӯйдодҳо дар дохили он сурат мепазиранд. Ба ин маъно вақт ҳамон зиндагист, ки бо талаф кардани ҳар лаҳзаи он лаҳзае аз умрро талаф мекунем ва ба сӯйи нестии худ наздиктар мегардем. Аз чӣ гуна сипарӣ кардани вақти имрӯз фардо пурсида мешавем ва барои он подоши савобу иқоб насиби мо мегардад.

Агар ба шароеъи дар ислом буда назар намоем, бар аъло мебинем, ки он ҳама дар шинохти вақт ба мусулмон кӯмак мекунад ва ҳамеша ӯро аз гузаштани умр огоҳ месозад, то ҳеҷ лаҳзаи худро дар ғафлат нагузаронад. Ба таъбири бархе аз бузургони гузашта: намозҳои панҷгона тарозуи санҷиши рӯз, намози ҷумъа тарозуи санҷиши ҳафта, моҳи Рамазон тарозуи санҷиши сол ва ҳаҷ тарозуи санҷиши тамоми умр мебошад.

ВАҚТ ЗИНДАГИСТ

Паёмбари Худо (с) арзиши ноёби вақтро дар ҳадиси мубораке чунин баён намудаанд: ҳар субҳе, ки медамад, ба мардум чунин нидое мекунад: "эй фарзанди Одам, ман фиристодаи нав ва ба корҳои ту шоҳид мебошам. Аз ин рӯ, барои худ тӯшае фароҳам овару маро ғанимат шумур, ки то рӯзи қиёмат дигар барнамегардам". Ҳадиси мазкур бори дигар таъкид мекунад, ки дар олам аз вақт дида, чизи боарзиштаре вуҷуд надорад ва ҳар рӯз, балки ҳар нафасу ҳар лаҳза вижагии худро дорад, ки ҳаргиз такрор намешавад. Барои донистани арзиши вақт ҳамин кофист донем, ки Офаридгори кавну макон дар оёти каримаи худ чандин бор ба шабу рӯз ва субҳгоҳону чошто савганд хӯрдааст, ки ин ба бузург будани вақт дар назди Худованд ишора мекунад.

БА ФИКРИ ОЯНДА БОШ!

Барои шинохт ва истифодаи хуб аз вақт бояд аз пойбандӣ ба тафохуру нозиданҳои "доштам" берун ҷаст ва аз пайи "дорам"-у "хоҳам дошт" равона гашт. Гузаштаро бояд донист ва аз он ибрат гирифт, то умр танҳо ба таҷрибаандӯзиҳо нагузарад. Маҳз бо ибрат аз гузашта ва бо фикри оянда будан ба мо имконият медиҳад, ки арзиши фурсати имрӯзи худро донем ва дар истифодаи дурусти вақти худ комгор гардем. Ба вижа, дар ҷавонӣ бояд қимати вақтро донем ва аз ҳар фурсати худ истифодаи дурусту мақсаднок созем, то дар ин рӯзгори пурталотум беҳуда ва барҳадар сарфи айшу нӯш ва хобу аз пайи ҳаво давиданҳо нагардад, балки аз он ҳамчун заминае барои орому хушгузаронии айёми пирӣ истифода шавад. Зеро айёми ҷавонӣ давронест, ки байни ду лаҳзаи нозуку пурэҳсос ва заифию нотавонии умр: кӯдакӣ ва пирӣ қарор гирифтааст. Ба таъбири дигар, ҷавонӣ анҷоми хушиҳои бе ғами кӯдакӣ ва оғози дардмандиҳои пирист. Бад-ин хотир, ҳар лаҳзаи ҷавониро бояд ба муҳосаба кашиду набоядаш қурбони беҳудагиҳо кард, чунки бо гузаштани ҷавонӣ ҳавасу ҳавсалаи корҳо низ мегузарад ва дигар орзуҳои инсон анҷомнадода монда, чун ормон дар хотираҳо мемонад. Дигар ба ҷойи "метавонам бикунам" "эй кош мекардам"-ҳо танинандоз мегардад… ё ба қавли устод Лоиқ:

Дар ҷавонӣ ишқ буду давлати дунё набуд,

Он ҳама бедавлатиҳо хуб давлат будааст.

Вақте китоби рӯзгори донишмандону бузургони гузаштаи худро сафҳагардонӣ мекунем, дар меёбем, ки каромати онҳо пеш аз ҳама дар эҳтироми вақт буд. Барои мисол намунаеро чанд дар инҷо зикр менамоем, ки қатрае аз баҳр, балки аз он ҳам камтар аст.

Марде аз донишманде хоҳиш намуд, ки бо ӯ чанд ҳарфе гӯяд. Донишманд гуфт: Офтобро боздор, то бо ту сухан гӯям. Зеро вақтро аз даст додан умрро аз даст додан аст. (Аммо имрӯз мо мекӯшем, то ба ҳар гунае вақти худро зоеъ карда, барои бегоҳ кардани рӯз ва "малол нашудан" аз дарозии он вақтгузаронӣ кунем.

Абдуллоҳ ибни Масъуд аз рӯзе, ки мегузашт ба надомат ёд мекард ва мегуфт: Аз ҳеҷ чизе мисли гузаштани рӯзе надомат намекунам, ки офтобаш ғуруб кунаду аз умри ман рӯзе кам шавад, аммо дар амали ман чизе наафзояд.

Ҳасани Басрӣ гуфтааст: мардумеро дарёфтам, ки ба вақташон аз ҳирси шумо ба дирҳаму диноратон дида, ҳористар буданд.

Асосгузори илми арӯз Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ мегуфт: Аз ҳама соатҳои вазнинтарин бар ман вақтест, ки дар он таоме тановул кунам, зеро ин монеи машғулиятам ба илм мегардад. (Аҷабо, бузургтарин хушии имрӯзи мо нишастан дар гирди хони пурнозу неъмат ва дурӣ аз ҳама корҳои илмию пажуҳишӣ ва ба хотири хуш тановул аз он аст.)

БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН

Худоё маро бубахш, Худоё маъзарат мехоҳам, барои вақтҳое, ки қурбони беҳудагиҳо намудам. Барои вақтҳое, ки ба тамошои силсилафилмҳо гузаронидаму ба кӯмаки касе нашитофтам. Барои вақтҳое, ки имкони ёрӣ ба дигаронро ба ман дода будӣ, аммо аз он истифода накардам. Барои носипосиҳое, ки аз вақти худ кардам.


Кароматуллоҳи БАДРИДДИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97