ЗИНДАГИИ ПАС АЗ МАРГИ АЛМОСИ ШАРҚ Ё нигоҳи тоза ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир

Фарҳанг ва адаб 16.12.2009 14:37

"ХОЛ БА КУНҶИ ЛАБ ЯКЕ…" МОЛИ КИСТ?

Аҳмад Зоҳир бо номи "Хол ба кунҷи лаб яке, турраи мушкфом ду" суруди хеле маъруф дорад. Аксари муҳаққиқини осори Аҳмад Зоҳир матни ин таронаро моли шоира Қурратулайн Тоҳира донистаанд, ки тақрибан дусад сол қабл дар шаҳри Қазвини Эрон таваллуд шудаву дар Эрону Ироқ зиста аз дасти рӯҳониёни мутаассиб ба шаҳодат расидааст. Банда низ бо такя ба муҳаққиқини қабл дар китоби "Султони қалбҳо" (соли нашр 2005) онро моли ҳамин шоира донистаам.

Муаллифи "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" (соли нашр 2008) Исфандиёр низ бо овардани шарҳи ҳоли ин шоираи шаҳид ҳамин фикрро тасдиқ кардааст. Ӯ ҳатто менависад, ки ин ғазал дар саҳифаҳои маҷаллаи "Фарҳанг"-и солҳои пеш чоп шуда будаасту мутаассифона, матни комили онро пайдо накардааст. Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ дар китоби таҳиянамудааш "Садои қарн" бо овардани 12 байти ин ғазал онро моли шоире бо номи барои банда, мутаассифона, ношинос Ам Ҳонӣ (алиф, мим, ҳо-и ҳавваз, алиф, нун ва ё) донистааст. Муаллифи "Китоби ишқ" Муҳаммад Зоҳири Сипос мегӯяд, ки ин ғазал на моли Қурратулъайн Тоҳира аст, на аз Ам Ҳонӣ, ки ҳамчунин шоиреро намешиносад.

Ӯ ин ғазалро маҳсули эҷоди Муҳаммадқулихони Гозрунӣ (Гозрун маҳалест дар Эрон) медонад. Рости гап, бо дарназардошти он иттилое, ки феълан мо дар даст дорем, имрӯз қазоват карда наметавонем, ки нуқтаи назари кадоме аз муҳаққиқон дар ин бора дуруст аст. Чунин мисолҳоро аз "Китоби ишқ" боз ҳам овардан мумкин аст. Масалан, Муҳаммад Зоҳири Сипос матни суруди "Ай шӯълаи ҳазин"-ро, ки аввалин бор онро овозхони машҳури афғон Абдуҷалил Залонд хондааст ва баъдан овозхони бисёр маъруфи мо устод Зафар Нозим низ дар консертҳояш сурудааст ва Аҳмад Зоҳир низ онро дар яке аз базмҳои маҳфилиаш хондааст, моли Сулаймон Лоиқ медонад. Аз ин пеш муаллифи ин сатрҳо онро бо истинод ба яке аз мусоҳибаҳои оқои Залонд шеъри Зиё Қоризода гуфта буд. Дар ин маврид низ мо бо оқои Сипос вориди баҳс намешавем, зеро далели қотеъ надорем ва шодравон Залонд низ метавонист дар муайян сохтани муаллифи таронаи хондааш ба иштибоҳ роҳ диҳад. Ба ҳар ҳол ба хотири дарёфти ҳақиқат муҳаққиқинро дар оянда дар ин раҳ талошҳои зиёд ба харҷ мебояд.

Оқои Сипос чун бо аҳли фарҳанг ва ҳунари солҳои 70-уми асри гузаштаи мелодии Афғонистон робитаи хуб дошт дар бораи он муҳит ва иртиботи дигар ҳунармандон бо Аҳмад Зоҳир маълумоти ҷолибе дар даст дорад. Масалан, ба гуфтаи ӯ, матни баъзе сурудҳо ва оҳангҳои таронаҳои Аҳмад Зоҳирро ҳамкасбон ва оҳангсозони ҳамон даври ҳунари мусиқии Афғонистон навиштаанд. Чунончи овозхон Абдуллоҳи Шодком матн ва оҳанги суруди "Ай дил, ай дил, дили девона"-ро таҳия намудааст. Оҳангсози маъруф Фазлаҳмади Найнавоз бошад теъдоди зиёди тасниф ва оҳанг барои Аҳмад Зоҳир навиштааст, ки суруди "Каҷаки абрӯт неши каждум аст" бо истифода аз дубайтиҳои халқӣ намунаи он аст. Матн ва оҳанги суруди машҳури "Шабҳои зулмонӣ"-ро оҳангсози маъруфи Афғонистон Салими Сармаст эҷод кардааст.

Ҳамин тариқ, дар "Китоби ишқ", тақрибан, муаллифи матни 140 тарона мушаххас шудааст, ки маҳсули қалами ҳудуди 70 нафар шоирро дар бар мегиранд.

Хулоса, дар ин китоби 517 саҳифагии сифатан хуб ба нашррасида, аҳёнан камбудиҳо низ ба чашм мехӯранд. Масалан, матни баъзе таронаҳо аз навори сурудҳои Аҳмад Зоҳир ғалат рӯбардор шудаанд. Дар муайян кардани муаллифони баъзе сурудҳо низ иштибоҳ рух додааст. Масалан, таронаи "Ай ба дидаам торик моҳи осмон бе ту"-ро муаллифи "Китоби Ишқ" моли Аҳмадшоҳи Азҳар донистааст, ки дар асл он ба қалами Абдулҳайи Ориянпури Рустоқӣ тааллуқ дорад.

Як камбудии шояд ҷиддитар ин бошад, ки муаллиф агарчи дар сарсухани китобаш аз бархе оҳангсозони Аҳмад Зоҳир ёдоварӣ карда бошад ҳам, вале мушахассан дар бораи онҳо маълумоте надодааст. Дар бораи оҳанги кадом суруд моли кӣ ҳаст низ дар ин китоб чандон маълумоте дода нашудааст.

Аммо чунин камбудиҳо ба ҳеҷ ваҷҳ аҳамияти "Китоби ишқ"-ро барои алоқамандони садои Аҳмад Зоҳир кам карда наметавонанд.

"САДОИ ҚАРН"

"Садои қарн" унвони китоби муҳаққиқи афғон Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ мебошад, ки он соли 2007 дар Кобул ба нашр расидааст. Ду журналисти саршиноси Афғонистон Раззоқи Момун ва Муҳаммад Фаҳими Даштӣ ба ин китоб зери сарлавҳаҳои "Гулчини порсӣ" ва "Шароби нур ба рагҳои шаб дамид, биё" сарсухан навиштаанд. Сабаби таълифи китобро худи Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ дар пешнавишти маҷмӯа иброз доштааст. Сипас зери сарлавҳаи "Кӯтоҳнигарише бар зиндагии зиндаёд Аҳмад Зоҳир" муаллиф дар бораи шарҳи ҳол ва осори ин хунёгари бузург маълумоти мухтасар додааст. Барои мо ҷолиб буд, ки муаллиф дар ин қисмати навиштаи хеш ду маротиба (дар саҳифаҳои 6 ва 8-и китоб) гуфтаҳои каминаи камтарин- нависандаи ин сатрҳоро дар бораи Аҳмад Зоҳир барои тақвияти фикри хеш ҳамчун иқтибос истифода кардааст.

ГАПИ ТОЗА ДАР АҲМАДЗОҲИРШИНОСӢ?

Нуктаи ҷолибе, ки муаллиф дар шарҳи ҳоли Аҳмад Зоҳир овардааст ин аст, ки ӯ падари Аҳмад Зоҳирро аз тоҷиктаборони вилояти Лағмон гуфтааст, ки дар аҳмадзоҳиршиносӣ ин гапи тоза ҳаст. "Шодравон Аҳмад Зоҳир фарзанди доктор Абдуззоҳир нахуствазири даврони шоҳии Муҳаммад Зоҳиршоҳ дар даҳаи чиҳили (солшумории) хуршедӣ мебошад. Вай шаҳрванди асили (деҳи Бағалак) маркази остони Лағмон буда ва аз шаҳрвандони тоҷики он вилоят мебошад" ("Садои қарн" саҳ.5).То ин лаҳза қариб ҳама муҳаққиқини ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмад Зоҳир, ба шумули бандаи фақир, бо истинод ба наздикони хунёгар ӯро паштутабор гуфтаанд. Фикр намекунам, ки Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ болои ин нукта саҳван таъкид мекунад. Рости гап, мо низ шунида будем, ки бархе аҷдоди падарии ӯро аз аҳли Панҷшер мегуфтанду, иддае аз Бадахшон. Вале чун сарчашмаҳои муассиқ ин гуфтаҳоро рад мекарданд, мо низ аз ибрози ин иддаъоҳо худдорӣ мекардем. Бешубҳа, иддаои Ҳоруни Хуросонӣ аз тариқи як китоби ҷиддӣ муҳаққиқинро ба он даъват менамояд, ки дар ин масъала рӯшанӣ бияндозанд, агарчӣ баҳс атрофи ин масъала ба андешаи мо чандон кори зиёд муҳим нест. Зеро як ҳунарманди асил баъди он ки ба қуллаҳои баланди муваффақият мерасад ва осораш ба дарди ҷомеъа мехӯрад, дигар ӯ мансуби як миллату як қавм буда наметавонад. Ӯро дигар ҳама инсонҳо (хосатан вақте ки ба забони онҳо суруд мехонад) баробари ҳаммиллатону ҳамқавмони худ хоҳанд донисту хоҳанд дӯст дошт. Ба ҳар ҳол мо бо истинод ба шахсиятҳое, ки Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд ва бо ӯ равобити хешу таборӣ низ доштанд, ҳанӯз ҳам дар ҳамон ақидаи худ, ки ӯ паштутабор буд, ҳастем. Ёдовар мешавем, ки Аҳмад Зоҳир аз ҳамон тоифаи паштунҳое буд, ки ҳатто дар хона, байни аҳли хонавода бо забони дарӣ сӯҳбат мекарданд. Масалан, аҳли хонаводаи шодравон Муҳаммад Зоҳиршоҳ- собиқ подшоҳи Афғонистон, Ҳомид Карзай-Раиси ҷумҳури феълии Афғонистон ҳам аз ҳамон қабил паштунҳое ҳастанд, ки ҳатто дар хона байни аҳли хонаводаи худ нисбат ба забони модарии хеш ба забони ноби дарӣ ҳарф заданро тарҷеҳ медиҳанд.

ОМОРИ "САДОИ ҚАРН"

Китоби "Садои қарн" аз 236 саҳифа иборат аст. Дар он ба гуфтаи муаллиф "тақрибан 400 тарона", вале ба ҳисоби мо 321 порчаи назмӣ ҷой дода шудааст, ки панҷтоаш матни суруди пашту ва ҳафтоаш матни суруди ҳиндӣ мебошад. Хулоса, дар ин китоб муаллиф 309 шеъри дариро ба ҳайси таронаҳои Аҳмад Зоҳир пешкаши алоқамандони ҳунари мусиқӣ кардааст. Муаллиф дар сарсухани худ хонандаро бовар кунонданӣ мешавад, ки ин маҷмӯа маҳсули кори даҳрӯзаи ӯ мебошад. Аз ин рӯ эҳтиромона аз хонанда хоҳиш менамояд, ки "то иштибоҳот ва нодуристиҳои мавҷуд дар ин китобро ба дидаи иғмоз нанигариста инҷонибро мутаваҷҷеҳ намояд то дар вироишҳои оянда дар ҷиҳати рафъи мушкилоти нишонишуда иқдом сурат гирад" ("Садои қарн", саҳ. 2).

Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ аз 309 таронаи дарие, ки дар китобаш ҷой додааст, муаллифи 129-тои онро муайян кардааст. Тибқи навиштаи муаллифи "Садои қарн" ин миқдор тарона ба қалами 67 шоир тааллуқ доранд. Инҳо асосан ҳамон шуарое ҳастанд, ки асомии онҳо дар китоби "Як мушти шеъру як мушти оҳанг…" омадааст. Вале дар ин байн ҳастанд шоироне, ки исмашон дар китоби Исфандиёр наомадааст ва баръакси инро низ мебинем. Масалан ба қатори шоироне, ки аз онҳо дар китоби Исфандиёр ёд нашудаанд, Иқбол Раҳбари Тухӣ, Раҳим Сормӣ, Ҳамидии Мусаддиқ, доктор Ҳушанг Шифо, Сӯфӣ Ғуломнабии Ашқарӣ, Ваҳшии Бофқӣ, Парвини Бомдод, Аҳмад Гулчини Маъонӣ, Холиси Фойиз, Носири Таҳурӣ, Осифи Нозимӣ барин шуаро дохил мешаванд. Дар китоби "Садои қарн" бошад мо номҳои Бориқ Шафеӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Сайид Нафисӣ, Хоқонии Шервонӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Муҳаммад Иқбол, доктор Ямини Шариф, Муҳаммади Заҳрӣ, Саид Муҳаммад Аҳмади Паноҳӣ, Лӯъбати Воло, Фарибурз Разонӣ,Бобо Тоҳири Урёнро вонамехӯрем.

КАШФИ ТАРОНАҲОИ

НОШИНОХТАИ АҲМАД ЗОҲИР Ё…?

Муҳимтарин нуктае, ки фикр мекунам, ки дар ин китоб барои хонандаи тоҷик бояд ҷолиб бошад, ин он аст, ки дар он матни чанд суруде оварда шудааст, ки барои бархе аз алоқамандони тоҷикистонии таронаҳои Аҳмад Зоҳир шояд то андозае ношинос бошанд. Ба ин сурудҳои "Аз ин ҷо то Шамолӣ кор дорам", "Оҳ, ай маҳи ман, рафтӣ зи барам", "Рафтам, маро бибахшу магӯ ӯ вафо надошт", "Сар то ба по сиёҳ чун он толеъи манӣ", "Гуфтам: "ғами ту дорам", гуфто: "ғамат сарояд", "З-он турра ба пойи дил то силсилаҳо дорам", "Ба ҳар сӯ меравам, ай ошно дар ҷустуҷӯи ту" дохил мешаванд. Сабти аудиоии чор суруди аввал агар тақрибан ду сол қабл аз бойгонии кадом як мухлиси ашаддии Аҳмад Зоҳир берун шуда дастраси оммаи васеи мухлисони ӯ, азҷумла дар Тоҷикистони азиз низ гардида бошанд, сабти се суруди дигар, яъне суруди "Гуфтам: "ғами ту дорам", гуфто: "ғамат сарояд", бар матни Ҳофизи Шерозӣ, таронаи "З-он турра ба пойи дил то силсилаҳо дорам" ғазали Фаррухии Яздӣ ва суруди "Ба ҳар сӯ меравам, ай ошно, дар ҷустуҷӯи ту" то ба ҳанӯз ба касе аз алоқамандони тоҷикистонии садои Аҳмад Зоҳир маълум нест. Мо иттилоъ дорем, ки ғазалҳои мазкури Ҳофизи Шерозӣ ва Фаррухии Яздиро ҳофизони дигари афғонӣ сурудаанд, вале дар бораи он ки Аҳмад Зоҳир ин ғазалҳоро хонда бошад, бори аввал дар ҳамин китоби Муҳаммад Ҳоруни Хуросонӣ хондем. Вале нуктаи дигареро аниқ медонем, ки шеъри "Ба ҳар сӯ меравам, ай ошно дар ҷустуҷӯи ту"-ро Аҳмад Зоҳир ба ҳеҷ ваҷҳ суруда наметавонист. Зеро он марсияест, ки дӯсти Аҳмад Зоҳир, оҳангсози маъруф, Фазлаҳмади Найнавоз онро дар марги худи Аҳмад Зоҳир ҳамагӣ чанд рӯз баъди ба хок супурда шудани ин хунёгари ҷовидонӣ навишта буд. Ҳумоюн, писари Фақирмуҳаммади Нангиёлай, оҳангсоз ва трумпет (труба) навози Аҳмад Зоҳир, ки дӯсти Найнавоз низ будааст, дар сӯҳбат бо мо қисса кард, ки назар ба гуфтаҳои падараш Найнавоз баъди марги Аҳмад Зоҳир дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр дарвешсифат ҳамин марсияро пеши ҳар кас мехондаасту ҳукуматдоронро дар марги Аҳмад Зоҳир муҷрим дониста, онҳоро дашном медодааст. Расо ҳамагӣ як ҳафта баъди марги Аҳмад Зоҳир Найнавоз бе ному нишон ғайб мезанад.

(идома дорад)


Султони ҲАМАД
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97