ЧАРО ШВЕТСАРИЯ АЗ МАНОРАҲО МЕТАРСАД?

Фарҳанг ва адаб 12.12.2009 14:28

Ҳафтаи равон хабаре, ки аз тариқи расонаҳои дохиливу хориҷӣ пахш шуд ва диққатҷалбкунандаву афсусангезанда буд, хабари манъи сохтмони манораҳо дар Шветсария буд. Намедонам аз кадом як расонаи хориҷӣ шабакаи "Ҷаҳоннамо" акси бузурги чанд манора ва як ҳиҷобпӯш, ки хеле таҳқиромезу ҳаросангез буд ва дар хиёбонҳои шаҳрҳои Шветсария гузошта шуда буд, намоиш дод. Дар акси дигар манораҳо шакли мушакро дошта ҳиҷобпӯш бо каллаи хирс ва дандонҳои гиз нишон дода шуд. Аз ин амал бӯйи табъизу таҳқир меомад ва бармало буд, ки тасмими нодурусте ҳаст.

Мутобиқи гузориши БиБиСи ин амали СиВиПи ё ҳизби мардумии Шветсария ҳаст, ки дар порлумони он кишвар аксариятро ташкил медиҳанд. Ин ҳизб раъйпурсиеро дар тули 18 моҳ анҷом дод ва ахиран эълом дошт, ки ҳудуди 57 дарсади ширкаткунандагон дар ҳамапурсӣ ба мамнуъияти сохтани манора дар Шветсария раъйи мусбат додаанд. Пешниҳоди ҳамапурсӣ аз ҷониби ҳизби ҳокими мардумии Шветсария, ки ростгаро аст матраҳ шуда буд, вале давлат мардумро таблиғу тарғиб карда буд, ки ба мамнуъияти сохти манораҳо раъй диҳанд. Барои ин, ки ин пешниҳод ба сурати қонун дарояд бояд аксари кантон (музофот)-ҳои онро таъйид кунанд. Ҳизби мардумии Швейсария бузургтарин ҳизб дар порлумони Швейсария аст ва гурӯҳҳои масеҳӣ низ аз ин тарҳ ҳимоят карда буданд.Аъзои ин ҳизб муътақиданд, ки манораҳо нахустин намод аз исломӣ шудани кишварашон хоҳад буд. Наздик ба чаҳору ним дарсади ҷамъияти Шветсария мусулмонанд. Бисёре аз ин мусалмонон паноҳандагоне ҳастанд, ки аз Югославияи собиқ ба Шветсария омадаанд. Агарчи беш аз сад масҷид ва намозхонаи махсуси мусалмонон дар Шветсария вуҷуд дорад, танҳо чаҳор масҷид дорои манора аст.

Хабаргузории "AFP" менависад, дар пайи шунидани ин хабари доғ Фотиҳ Ақин - коргардони туркнажоди олмонӣ аз намоиши филми нави худ дар Шветсария худдорӣ намуд. Фотиҳ Ақин дар бораи манъи сохтани манораҳо дар Шветсария мегӯяд: "Ин райъпурсӣ бо фаҳмиши ман дар бораи башардӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва имондорӣ ба ҳамзистии мутавозини мардуми усули мухталиф, миллатҳои гуногун ва дин мухолифат дорад. Ман ҳамчун писари волидайни мусулмон, ки манораҳоро на ҳамчун рамзи "Исломи сиёсӣ", балки ҳамчун архитектураи умумии ибодатгоҳҳои худ медонам, худро аз ин раъйпурсӣ таҳқиршуда медонам. Барои ҳамин ман аз рафтан ба Шветсария худдорӣ мекунам". Ақини 36-сола лаурети "Берлинал" ва фестивалҳои синамоии Канн ва Венетсианӣ мебоист 16-уми декабр комедияи наваш бо номи "Ошхонаи сарикасӣ"-ро дар бораи муносибатҳои байни миллатҳо дар Ҳамбург ба намоиш гузорад. Ақин дар ин комедия зиндагӣ ва ҳолати иҷтимоии шаҳреро, ки дар он зиндагӣ мекунад, барои тамошогарон пешкаш мекунад.


"Миллат ва Ислом"
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97