ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИҚБОЛ ДАР ДУШАНБЕ Ё ҷустуҷӯи ҳақиқати Иқбол дар кӯчаҳои тор

Фарҳанг ва адаб 27.11.2009 13:32

РӮЗИ САРДУ ТАҶЛИЛИ ГАРМ

Саҳаргоҳи сарди рӯзи душанбе 09.11.09 ҳангоме, ки борон мебориду пойтахти кишвар дар бебарқии сарторсарӣ ба сар мебурд, ба ёдам расид, ки ин сана ва ин рӯзи сард зодрӯзи Иқболи лоҳурист. Аз тариқи дӯсти азизам Зоҳири Давлат огоҳӣ ёфтам, ки дар толори корпуси воқеъ дар маҳалли маъруф ба «Ҷазира»-и Донишгоҳи миллӣ ба ин муносибат барномае ҳам дар назар аст. По шудаму роҳи «Ҷазира»-ро пеш гирифтам. Қабл аз хуруҷ нохост барқ пайдо шуду мардуми шаҳр баъди ҳарос дилгарму оромтар шуданд.

Чун зиндагии пойтахтнишинони мо аз ҳар ҷиҳат ба барқ вобастаи шадид аст ва бебарқӣ дар айёми сармо сахт зиндагиро душвору тоқатфарсо мекунад биноан мавзӯъи барқу бебарқӣ хеле ҳам мавзӯъи муҳим ва сархати ҳамаи хабарҳост.

Дар чунин вазъият аз фарҳангу шеъру наво навиштану гуфтан ва аз Иқболу андешаи волои ӯ ҳарферо ба забон овардан зери таъсири мавзӯоти марбут ба барқ хоҳад монд. Аммо боз ҳам роҳамро ба сӯйи «Ҷазира» идома додам. Зери борон, ки романтиктарин манзараи табиат асту дар фарҳанги исломӣ онро «неъмати илоҳӣ» меноманд, ба ёди Иқбол роҳро кӯтоҳ менамудам то билохира ба корпуси «Ҷазира» расидам.

Аз мошин, ки дами дарвозаи Донишгоҳ истод поён шудаму дидам, ки анбӯҳи бузург ва ҷамъи касире аз донишҷӯён аз бинои донишгоҳ мебароянд, ба худ гуфтам, ки шояд имрӯз барномае дар бораи Иқбол нест ва ё ҳасту касе хоҳишманди иштирок нест ва ё ҳам тамом шудааст.

Аз марде, ки пушти прилафкаи пазириш дар манзили аввал менишаст, суроғаи толорро пурсидам. Ӯ нишонам доду гуфт, ки онҷо хабаре нест. Дар оғоз шубҳа намудам, ки наход барномае набошад. Дубора пурсидам, ки магар роҷеъ ба Иқбол имрӯз барномае нест? Гуфт, ҳасту дар ошёнаи чаҳорум аст, на дар инҷо.

Чун биноро ба пуррагӣ намедонам, тасаввур намудам, ки шояд кадом толоре дар ошёнаи чаҳорум ҳасту барномаро онҷо доир намуданд. Ба ошёнаи чаҳорум факултаи Шарқшиносӣ расидам. Чеҳраҳои ошноро намедидам, ба долони кафедраи урду даромадам. То охир норасида будам, ки ҷавони дустрӯйе аз кафедраи форсӣ маро шинохту гуфт, ки ту Саъдии Юсуфӣ нестӣ? Бо хушҳолӣ дастҳоро фишурдему баъди муаррифӣ роҷеъ ба мақолаву рӯзномаи «Миллат» як ду ҷумлаеро радду бадал намудему ба ӯ қасди омаданамро гуфтам.

Гуфт, воқеан ҳам барномае дар бораи Иқбол ҳасту дар синфхонае доир шудааст, ва ман ҳам мехостам ширкат кунам, аммо ҷо наёфтам. Якбора маъюс шудам. Вале бароям қобили қабул набуд, ки ин ҳама роҳро биёяму дар маҳфили Иқбол ҷойи по наёбаму баргардам.

Ростӣ каме хашмам омаду ба он дӯст дарди дил намуда гуфтам, ки дастандаркорони ин барнома одамони аҷибе ҳастанд. Наход Иқболро бо ин ҳама бузургӣ дар як синфхонаи танг ҷо диҳанд. Баъдтар ба зеҳнам расид, ки шояд ба сабаби набуди барқ чунин тасмимгириҳо иваз шуданд ва ин барнома ба ҷойи толори бузург дар синфхонаи танге сурат пазируфтааст.

Васати ин сӯҳбат буд, ки Зоҳири Давлат ҳам расид. Ӯ зуд мушкилро ҳал намуд. Аз ду ҷавони таҳамтан, ки зоҳиран устод буданд хост, ки ҳузури моро фароҳам намоянд. Онҳо гуфтанд, ки мушкиле нест, ду шогирдро берун мекунему ҷойи онҳо шумо менишинед. Аммо ман зуд гуфтам, ки не, илтимос касеро барои ман аз синфхона берун накунед, ман аз иштирок сарфи назар мекунам.

Аммо ба ҳар ҳол масъала роҳи ҳалли худро ёфт. Хонум Марям Нурова мудири кафедраи филологияи Ҳинду Покистон, ки ҷо дорад аз ӯ сипосгузорӣ намоям маро ба курсии холие, ки дар назди минбари суханронӣ меистод ҳидоят намуд. Зоҳирро низ бе ин ки донишҷӯеро аз синфхона биронад, ҷо дод.

«ИҚБОЛ КО ҒАЗАЛ....»

Қисмати охири барнома буд. Хонуми зебочеҳрае бо номи Гулрухсор суханронӣ менамуд. Бону Гулрухсор ба урду сӯҳбати равону шевову зебое менамуд, бо шунидани суханронии ӯ зери лаб бо худ гуфтам, ки воқеан ҳам ҳиндӣ дар уззубат шаккар аст, агар суханронаш Гулрухсор бошад.

Ӯ дар охири сӯҳбат арза дошт, ки ба хотири муҳаббату эҳтироме, ки ба Иқболи Лоҳурӣ дорад, писаракашро Муҳаммад Иқбол ном гузоштааст, то бошад, ки Иқболе гар рафт, Иқболе дигар бирасад. Ин ҳарфи хонум Гулрухсор хеле меҳмонони покистониро мутаассир сохт.

Баъдтар аз донишҷӯписаре бо номи Истишҳод даъват шуд то ғазале аз Иқболро пешкаши ҳозирин намояд. Истишҳод хеле бо тасаллут бар урду ва бо дилпурӣ ба забони урду роҷеъ ба Иқбол чанд ҷумлаеро ба забон овард ва як шеъре аз Аллома Иқболро ба урду қироат кард, ки бо мавҷи кафкӯбиҳо истиқбол шуд. Қабл аз қироати ғазал гуфт; « ме аби ек ғазал суноунга - ҳоло ман як ғазалро ба самъи шумо мерасонам». Як меҳмони покистонӣ сар бардошта гуфт; «апна ғазал суноенге? - ғазали худатро мешунавонӣ?» Истишҳод бо дилпурӣ ва бе ин ки худро гум кунад, гуфт: «Иқбол ко ғазал суноунга - Ғазали Иқболро қироат мекунам». Офарин Истишҳод!!! Вале Иқбол ҳофизи Қуръон набуд.

БОБО ТОҲИРИ УРЁН ВА АЛЛОМА ИҚБОЛ

Сипас барои ироа намудани сухани ҷамъбастӣ аз Ҳабибулло Раҷабов устоди забону адабиёти урдуи донишгоҳ даъват шуд то ба минбар барояд. Оқои Раҷабов аз иқболшиносони нахустин, аз Мирсаид Миршакар ёдовар шуд, ки шарафи муаррифии Иқбол ба ӯ бармегардад ва аз чанд тани дигар, ки дар муаррифӣ ва таҳлили Иқбол нақши муҳим доштаанд ва бо зикри як шеъри Иқбол гуфт, ки бояд байни ҳавасу ишқ фарқ гузорем ҳамонгуна, ки байни парвози магасу уқоб. Бо боли магасӣ намешавад парвози уқобӣ дошт. Номбурда инчунин ба баромади яке аз суханронони маҳфил донишманди шаҳир Умар Сафар ишора намуда гуфт, ки воқеан ҷолиб аст, ки вуҷуҳи иштироки назар байни Бобо Тоҳири Урён ва Аллома Иқбол баррасӣ шаванд. Оқои Раҷабов гуфт, ки Бобо Тоҳир ва Иқбол ду шахсияте буданд, ки ончӣ дар сару дил доштандро мегуфтанд. Он ҳақиқатеро, ки медонистанду медиданд. Осори ин ду бузургвор саршор аз ҳақиқатанд.

ҚАДРДОНИҲОИ САФИРИ ПОКИСТОН

Дар охир аз тарафи кафедраи урдуи донишгоҳ ба сафири Покистон дар Душанбе тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Сафири Покистон ҳам дар навбати худ зимни ташаккурӣ аз баргузоркунандагони маҳфили таҷлили Иқболи Лоҳурӣ ба бархе аз иштироккунандаҳои барнома чӣ аз донишмандону устодон ва чӣ аз донишҷӯён тӯҳфаҳо тақдим намуд, ки иборат аз маблағи муайяни пул дар лифофаҳо буд.

Як рафтори сафири Покистон дар назарам аҷиб намуд. Ҳангоми тақдими тӯҳфаҳо дасти бонувонро ҳам мефишурд, коре, ки дар кишварҳои исломӣ хилофи фарҳангу одоби исломӣ талаққӣ мешавад. Аммо рафтори дигари ҷаноби сафир сазовори садҳо таҳсину ҳазорҳо офарин буд. Ӯ баъди тақдими ҷоизаҳо ба иштирокчиёну донишҷӯён охирин лифофаро бояд ба донишманди тоҷик Ҳабибулло Раҷабов медод.

Ҷаноби Раҷабов дар минбару ба истилоҳ дар бари боло набуд, балки дар ҷиҳати муқобил менишаст, яъне ҳамроҳ бо донишҷӯёну дигар меҳмонҳо. Барои тақдими ҷоиза сафири Покистон минбарро тарк намуда, ба назди оқои Раҷабов омад. Қабл аз тарки минбар ба англисӣ гуфт: «I should go to him - ман бояд ба назди ӯ биравам».

Дигаронро намедонам аммо маро сахт ин ахлоқи ҷаноби сафир мутаасир сохт ва ба дилам гуфтам, ки эй кош ҳама сафирону амирону вазирон ҳамингуна бошанд. Ҷоизаҳоро ба назди донишмандон биёранд. Ба хотири қадрдонии илму дониш баландиҳоро тарк гӯянду ба ҳамвориҳо биёянд. Пас бо забоне, ки сафири Покистон онро хуб медонад, мехоҳам ба ӯ бигӯям: «Well done your Excellency!!!».

Оре!!! Баландтарин ҷо онҷо ҳаст, ки як аҳли илму фазл нишастааст ҳарчанд бо нигоҳи оддӣ онҷо пастӣ ё ҳамворӣ бошад. Масали қадимаи арабист, ки: «шарафул макони билмакин-шарафи ҷо бо соҳиби ҷой ҳаст».

«ВҶУДИ ЗАН СЕ ҲЕ ТАСВИРИ КОИНОТ МЕ РАНГ»

Намедонам чаро, аммо аксарияти мутлақи иштирокчиёни барномаи Иқбол донишҷӯдухтарон буданд. Амри хубе ҳаст, зеро духтари босаводи имрӯз модари донишманди фардост. Модари донишманд, яъне тарбияи хубу волои фарзанд. Ин нуктаро сафири мӯҳтарами Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе низ ёдрас шуда, ин мисраъи зебои Иқболро ба забон овард, ки «вҷуди зан се ҳе тасвири коинот ме ранг... Рангорангии коинот аз вуҷуди зан аст». Оре!!! Аз домани зан мард ба афлок расид ва дини мубин ҳам вуруди мо ба биҳиштро дар гарави ба даст овардану розӣ намудан ва дуъои зан-модарро гирифтан гузоштааст.

Аз се нафар донишҷӯе, ки ҷоиза бурданд, ду нафарашон духтарон буданд. Бо ҳардуяшон баъди анҷоми барнома ҳамсӯҳбат шуда, аввалин суолеро, ки додам ин буд, ки чанд китоби Иқболро хондаед. Ғайри мунтазира набуд вақте ҷавоби манфӣ шунидам: «ягонтоашро». Пурсидам омӯзиши Иқбол чӣ фоида дорад? Чаро бояд як ҷавони тоҷик ба Иқбол рӯ биёрад? Баъди андаке даранг яке аз духтарон, ки аз бахши пашту буд, гуфт: «ба хотири андарзҳояш». Гуфтам, масалан кадом андарзи Иқбол аз ҳама бештар ба шумо писанд омадааст. Ҷуфташон ин шеъри Иқболро ба забон оварданд, ки боиси хушҳолӣ буд, зеро бо шавқу ихлос ва дуруст онро хонданд:

Гарчӣ ҳиндӣ дар уззубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Аммо дар бораи ин байти Иқбол маълумоти аҷиберо ба ман ироа доданд, ки «аслан ин шеърро Иқбол ба урду сароидааст ва баъд ба дарӣ тарҷума шудааст». Такроран пурсидам, ки шумо мутмаинед, ки ин шеърро Иқбол асосан ба урду гуфтааст? Гуфтанд: «Оре». Ин посухи донишҷӯдухтарон ин шеъри Иқболро ба ёдам овард, ки:

Вале таъвилашон дар ҳайрат андохт,

Худову Ҷабраилу Мустафоро.

Донишҷӯдухтари дигарӣ, аз бахши ҳиндӣ, ки як ғазали Иқболро рӯйи коғаз навишта бо худ дошт гуфт, агар бихоҳӣ ин ғазали Иқболро бароят бихонам. Гуфтам бифармоед. Ӯ паст – паст мехонду баланд - баланд шарҳ медод. Гӯё устоди шеър буду ман шогирди гапшунав. «Медонед ин ғазал «фунуни латифе» ном дорад. Ин ба мавзӯъи зан бахшида шудааст. Иқбол дар ин ғазал ба ҳақпарастӣ даъват мекунад...».


Саъдии ЮСУФӢ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97