ЧИДАҲО АЗ ДИДАҲО

Фарҳанг ва адаб 21.11.2009 17:13

Дар сарзамине моломоли қиссаҳову ғуссаҳо, дардҳову ранҷҳо дида ба ҷаҳон гушуд. Ҳамдӯшу ҳамрадиф бо қиссаҳои гӯшнавозу ғуссаҳои ҷонгудоз бузург шуд. Дар зоду буми ӯ ҳама мавҷудоту махлуқот печида бо дарду ранҷ буданд. Меваи дарахтон дар ин хок дард буд, гулҳояш бӯю атри ранҷ медоданд. Мардум аз ҳавои дардолуд танаффус ва аз оби ранҷураш нӯш мекарданд. Дар ин хок ҳама бар вуҷуди дарду ғам хӯ гирифта буданд. Ҳеҷ касеро ёрои норозияту эътироз муқобили онҳо набуд.

Бо вуҷуде саршор аз ғаму дард рӯ ба рӯи ҳам ҷуръат надоштанд ҳатто бо ишорати кӯтоҳи чашмон ҳам аз дарди хеш дарак бидиҳанд. Бо дард дасту рӯ мешустанд, бо ҳам салому алайк менамуданд, вале дар ниҳоди онҳо ганҷинаи ранҷу дард мисли рози сар ба мӯҳр боқӣ мемонд. Зеро ба навиштаи муаллифи "Бӯфи кӯр" "Содиқ Ҳидоят ин дардҳоро намешуд ба касе гуфт?" Вале ҳамон гуна ки офтобро намешавад ба доман ниҳон кард, рӯзе расид, ки чашмаи дарду ранҷи онҳо фаввора заду пош хӯрд.

Марде аз худ бадар омаду садо зад! "Ва ин замин, ки ман дар он зода шудаам ва дар он хоҳам мурд, пур аз доғҳост".

Ин марди азхудгузашта Сайф Раҳимзоди Афардӣ буд, ки мехост аз рухи ин ниҳоли пинҳон - пинҳон руставу шукуфтаи дарду ғам парда бардорад, то ҳамнавъонаш ба чеҳраи мудҳишу мусибатзои он ошно шаванд, решаву бунашро бишиносанд ва ба қавли Муҳаммад Иқбол " аз худ ба дар оянду коре бикунанд".

Бо зикри ин муқаддима манзури аслии мо нигоҳи гузарое ба яке аз навиштаҳои ҷаззобу муассири нависанда "Додараки фариштаҳо" - аст, ки ба он метавон аз ҷавониби мухталиф бархӯрд намуд.

Қабл аз ҳама бояд хотирнишон кард, ки яке аз вижаҳои аслии насри Сайф наздик будани он бо шеър аст. Дар навиштаҳои адиб бисёр аз аҷзои шеър мусиқии каломиву таркиби вожаҳо истифода мешавад, ки намунаашро дар достони "Додарак…" баъдан мебинем.

Қаҳрамони достон писаракест, ки панҷ сол беш аз умраш нагузаштааст. Маъмӯлан кӯдак мардум дар чунин сину соле бояд фориғ аз ҳама мушкилоти зиндагӣ бошад, мазоҳиру падидаҳое, ки вобаставу хоси бузургсолонанд, набояд зеҳну андешаи кӯдаконаи ӯро ба худ машғул бидоранд.

Ӯ бояд даврони кӯдакии хешро он гуна ки онро боисту шоиста аст сипарӣ намояд. Вале мутаассифона воқеияти рӯзгор, муҳит зист аз ҳамон оғоз бори сангини масоили мутааллиқ ба бузургсолонро ба дӯши ӯ гузошта ва зеҳни ӯро водор ба андешаву тааммул намуда.

Ӯ хеле зуд асиру таслими боварҳои мардумӣ шуда. Ҳамсолонаш таҳти таъсири шунидаҳояшон аз волидайну бузургсолон вайро ба шумқадамӣ гунаҳгор медонанд:

"Аз рӯзе, ки пойи ӯ ба ин дунё расид, баракат аз олам парид, хушӣ дар хонаи инҳо намонд… бепою қадам аст."

Воқеият ба ин сурат буд, ки пас аз ба дунё омадани писарак тифлони баъдӣ, ки ҳамагӣ духтар буданд, намепоиданд. Бар мабнои боварҳои мардумии дар зеҳнҳо нишаста, барои аз ин мушкил раҳо шудан бояд кафи пойи фарзанди "бадқадам" сӯзонда мешуд. Гузашта аз ин писарак борҳо шунида буд, ки хоҳаракони марҳумаш рӯзе фаришта мешаванд.

Ба таври мухтасар мавзӯи аслии достон тавсифу тарсими ҳамин саҳнаи дардноки инсонист.

Ҳаводису ҷузъиёти достон дар домани як деҳи дурафтода, ки ҳеҷ шароити мусоиде барои зиндагӣ надорад, мегузарад. Бо вуҷуди камсолӣ писарак бо тамоми сарвати деҳ, мазоҳири зиндагии деҳотиён ошност. Перомуни ҳар шайъ, ҳар падида, ки дар домани деҳ ба вуқӯъ мепайвандад, дидгоҳи хоси худро дорад.

Ҳақиқати вуҷуд, дидани саҳнаҳои нохушоянди хонаводагӣ дили ҳасосу кӯдаконаи ӯро мутаассир кардааст. Шиддати ин таассуру ғамзадагӣ ба ҳаддест, ки хобро аз чашмони ӯ рабудааст. Шабҳангом рӯи рахти хоб ғарқ дар дунёи андешаҳои андӯҳбор аст. Вай қиссаи "бадқадами"-ро нахуст аз забони тунду тези ҳамсолон бишнидаву дар марҳилаи нахуст сарсахтона ба онҳо эътироз намуда.

Аммо, баъдҳо шоҳиди гуфтугузори ноумедонаи волидайн мегардад:-

"-Мегум худо маро бо оби ғам шӯрида бошад.- мегуфт модараш бо овози паст, - чашмонам як мудом тар аст:

- Як рӯзи хушро надидем.

- Ҳо, баъди ҳамин бачам…

- Бибӣ гуфт "паси поша бисӯзен", охӣ чи хел кунам?"

Шунидани ин сӯҳбати ғамангези волидайн дар дили як шаби андӯҳзо барои писарак бори сангине буд. Ӯ ки ба шумқадамии хеш бовар надошт ва сари ин масъала бо ёру ошноёни ҳамсинни худ дастугиребон шуда буд, инак бар асари талқини мағзаш ба "гунаҳгор" будани хеш яқин ҳосил мекард.

Зеро ҳақиқати ҳолро аз забони модар шунида буд. Медид, ки чи гуна падару модараш аз маргҳои паёпайи хоҳаронаш ранҷ мебаранду дард мекашанд ва бадбахтӣ ин аст, ки сабабгори ин зоеъотро қадами дар зуҳури "номуборак"-и ӯ мебинанд.

Дар чунин авзоест, ки худи нависанда ба ҳамон шевае, ки ба вижаи ӯст ба тасаллову рӯҳафзоии қаҳрамонаш мешитобад. Аз ёфтаву бофтаҳои зеҳни як пиразани деҳотӣ қиссаи пирӯзӣ бар лашкари ғамро боз мегӯяд. Қиссаи пиразан марбути хонадони ӯст. Пиразан ғамро бо садои нишотангези доира мағлуб сохта.

Албатта равшан аст, ки ҳикояти пиразани "нармшонаи шушпистон" - ро ҳеҷ касе ҷиддӣ намегирад. Вале маҳз ҳамин андешаи содда мӯҷиби дигаргунии ҳолу ҳавои равонии писарак мегардад.

Ӯ ба шӯр меояд, мехоҳад дар баробари ғам мисли пиразан исён кунад, бо шодиву нишот ғамро аз маснадаш вожгун созад.

Ин аст, ки дафро мегирад ва модарашро маҷбур месозад даф бизанаду базм кунад, тарона бисарояд.

Модар бо пуршиканҷатарин вазъе ба дафзанӣ оғоз мекунад ва писарак вориди майдони рақс мешавад, то ғами нишаста дар дару девори як хонадонро ё як дудмони ҷаҳлзадаро аз беху бун барканад. Чи орзуи наҷибе. Тасвири Сайф "Хашмона мерақсид, хасмона мечархид. Як дунё маънӣ дошт, ин рақс. Ин ҷо хашм буду нишот, андӯҳ буду бебокӣ ва дилтангӣ.

Ин кӯдак, ин одамизода барои зиндагӣ мерақсид. Ин ҷо шӯри зиндагӣ, ҷовидонагӣ мечархид, ки зиндагии рукудкардаи як дудмонро бигардонад, бичархонад, биҷунбонад. Ғаму ғуссаву ранҷу талхиро аз худу аз дудмону аз дару девори ин дудмон бизудояд. Бо ин чархишҳои хок худ шодӣ биёрад, шодӣ биёрад…"

Дар ин набард аст, ки писарак намояндаи насли нав бар хилофи бузургсолони дудмони хеш бо рӯҳи исёни хеш пирӯз мегардад.

Албатта гуфтаниҳо дар атрофи ин достон зиёд аст, вале дар поён зикри чанд нуктаи дигарро муносиб медонем.

Ҳадафи нависанда тавре ки зикр гардид, бозтоби воқеияти деҳоти мо бо тамоми мазоҳири зиндагиашон, дидгоҳҳову ҷаҳонбинӣ, расму сунани мавҷуди садсолаҳо дар домони онҳо шаклгирифта ва рӯҳу равони мардум мебошад. Нависанда дар батни зиндагии эшон хубиҳову зебоиҳои пуршумореро қоил аст, рӯзгори сангину талхи онҳоро худ бӯидаву бо хуну пӯст ламс карда. Ӯ ин воқеияту вазъияти рӯзгори онҳоро бо зиндагии дигар қавму милали дунё, бо пешрафтҳои азими башарӣ қиёс мекунад ва аз гӯшаҳои заъфу торику зулмонии дидгоҳҳои эшон заҷр мекашад. Мисли Нимо Юшиҷ шоири муосири Ирон "ғами ин хуфтаи чанд, хоб дар чашми тараш мешиканад". Ин аст, ки мехоҳад таҳарруке дар зеҳну мағзи онҳо бедор кунад.

Ва чи зебову шоирона дар порчаи мазкур ин орзуи нуҳуфта дар дилро баён мекунад. Ин ҳикояти кӯтоҳ, ки ба як достони баланду баробарӣ дорад, шомили дигар ҳасанот аст, ки аз ҳунари волои нависандагӣ ва дунёи рангини зеҳни нависанда дарак медиҳад ва он мавзӯи мақолаи дигаре хоҳад буд.


Умар САФАР, устоди ДМТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97