АЛ-ҚУРБОН СОҲИБХОНАИ ЁУМ

Фарҳанг ва адаб 17.11.2009 23:13

Инак боз пас аз бойгонинишинию маъхазҷӯӣ нависандаи танзгӯи маъруф Ал-Қурбон ба ҳаҷв баргашт. Имрӯз Ал-Қурбон дар ҷомеа аз аҳли зиё бо 5 ҷасорати эҷодӣ маъруф аст: Якум: Ал-Қурбон исбот кард, ки давлати тоҷикон фақат бо як қарор не - бо ҷонбозиҳои Шириншо Шоҳтемур бунёд ёфт. Дуввум: Мақоли «Қади дароз -нишони ақли кутоҳ»-ро ғалат ба исбот расонид. Саввум: Бо ҳам исбот кард, ки аз Бадахшон берун нарафта, шӯҳратро ба тамоми дунё содир кардан мумкин аст. Чорум: Собит кард, ки гӯсфанди Марко Поло штати чӯпон надошт. Барои ҳамин ҳам қимматтарин ҳайвони дунё аст. Панҷум:

Автомашинаи ба партовгоҳи Куриё партофтаи «Киа»-ро дар Бадахшон боз 50 сол истифода кардан мумкин аст. Инак танзҳои Ал-Қурбон ба майдони рӯҳи Усто ва Масто пешкаш мешаванд.

ШӮИ МУРҒ

Доди ванҷӣ ва Додаки шуғнӣ ҳанӯз дар аскарӣ ҷӯра шуда буданд ва ба хонаи ҳамдигар рафтуои дои¬мӣ доштанд. Додак аз он тоҷикидонҳоест, ки ҷумлаи тоҷикии типи «а бача, худат рав»-ро одатан «а бача, худаш рав») мегӯянд. Бо вуҷуди ин ҳам Доди ванҷӣ бо кӯмаки имову ишора, бидуни тарҷумон тамоми гуфтаҳои Додаки шуғниро мефаҳмид. Ин сафари До¬даки шуғнӣ ба хонаи Доди ванҷӣ вақте рост омад, ки Доди ванҷӣ аз дарди хурӯсак азоб мекашид. Додаки шуғнӣ ҳануз аз бобокалонаш шунида буд, ки хуни хурӯс барои рафъи ин дард давои беҳтаринест. Чун Доди ванҷӣ нолиш мекард. Додаки шуғнӣ гуфт:

-Медонӣ, ҷӯраҷон, барои ин хуни вай бисёр давост.

-Кадом вай?

-Baй aст ку? Доди шуғнӣ бо даст чизи на он қадар паҳнеро нишон дод. - Вай дар қишлоқи шумо ҳаст.

-Cyғyp?

-He, суғур чор по дорад. Вай дупо. Ҳар субҳидам одамонро бедор мекунад-ку?

-Бобои Даъгира мегӯӣ? Вай ҳар рӯз соати шаш одамонро бедор мекунад.

-Не, вай ба хонаҳо намедарояд. Ҳамту, ҳуштак кашида, бедор мекунад.

-Қаландари артист? Дар қишлоқи мо ҳамон ҳуштаккаш аст.

-Не, Қаландара мешиносам. Вай шляпа мепӯшад, лекин он гуфтагиам тоқипӯш.

Доди ванҷӣ тамоми тоқипӯшҳои қишлоқро пеши назар овард.

-Бег?

-Не.

-Фамбул?

-Не.

-Булбул?

-Не!

-Ҷондоршоҳ?

-Не!

-Тоқии узбакӣ мепӯшад ё помирӣ?

-Не, на помирию на узбакӣ, ҳамту як тоқии сурх.

Доди ванҷӣ тамоми он шиносҳоеро, ки дар вилоят тоқии сурх мепӯшанд, номбар кард. Вале До¬даки шуғнӣ ҳамоно «не» мегуфт. Азбаски номи давои гуфтагиашро намедонист, боз яке аз аломатҳои онро ба ёд овард:

-Вай асосан либоси сафед дорад.

-Мамади говдухтур?

-Не-е!

-Бегими медсестра?

-Не-е!

-Талбаки врач?

-Не-е! Вай бинии дароз ҳам дорад.

-Ёфтам, Гулмаҳмад!

-Не! Ту магар Гулмаҳмадро кушта хунашро хӯрданӣ ҳастӣ? Вай гуфтагиам одам нест.

Дӯстон аз саҳар то бегоҳ нишаста бошанд ҳам, номи давои фармудаи Додаки шуғниро наёфтанд. Доди ванҷӣ ба умеди, сиҳатёбии хеш ҳатто писарҳои худашро, ки дар мактаб аз фанни забон фақат панҷ мегирифтанд, ба ёрӣ хонд.

Агар ҳамин вақт аз зери кате, ки ҷӯраҳо болои он нишаста буданд, мурғе намегузашт, Доду Додак шояд се рӯзи дигар тахмин карда менишастанд.

-Ёфтам, ёфтам! — гуфта, Додаки шуғнӣ чунон сахт дод зада аз ҷо барҷаст, ки ҳозирон ҳам як қад париданд. — Ана, ана, ҳамин чӣ ном дорад? — бо даст ба тарафи мурғ нишон дод.

-Ин мурғ, — кӯтоҳак гуфт Доди ванҷӣ.

-Ана он чизи гуфтагиам шӯи ҳамин, шӯи ҳамин, Додҷон. Хуни шӯи мурғ дар як рӯз сиҳатат мекунад, Додҷон.

ЧАШМИ БАД

Будаст-набудаст чашмгаре будааст. Агар ба кӯҳ чашми ӯ расад, талқон мешудааст. Рӯзе аҳли деҳаи ӯ ҷуйборе меканданд. Ҳама корро сомон медиҳанд, лекин санги калонро, ки дар мобайни ҷӯй пайдо мешавад, ҳеҷ наметавонанд аз ҷо беҷо кунанд. Маҷбур мешаванд чашмгарро даъват кунанд. Чашмгар ин тараф он тараф сангро хуб нигоҳ карда, фарёд мекашад:

— Ана сангу мана санг!

Санг дар як чашм задан ду тақсим мeшавад ва аҳли деҳ осонакак онро аз даруни ҷӯй дар меандозанд. Дар ин миён аз ин макон чашмгари дигаре гузар мекардааст. Чун ӯ сеҳри чашмгари аввалиро мебинад, ангушти ҳайрат дар даҳон дод мезанад; « ана инро чашм мегӯянд»! Ҳар дy чашми чашмгари аввала паққосзанон аз косахонааш парида меафтад.

Агар муаллифи ин ҳикоят ман мебудам, албатта қаҳрамонамро ба чунин ҳолати зор намерасондам, зе¬ро фоидаи ӯ ҳанӯз ҳам ба ҷӯйборсозӣ бисёр мерасид. Ленин чӣ кунем, қисматаш ҳамин будааст. Хайрият, баъди солҳои дарозе мисли ҳамин чашмгар дар шаҳрчаи мо чашмгаре пайдо шуд, ки дар соҳирӣ аз он ҳамкасби афсонавӣ мондание надошт. Ҳафтод пушти ӯ чашмгар гузашта буданд ва ӯро, бешак, мутахассиси авлодӣ шумурдан мумкин буд.

Аз сирри ӯ ҳамин тавр бохабар гаштанд. Рӯзе чун ҳаррӯза одамони шаҳрча дар истгоҳ автобусро ду соати расо интизорӣ кашиданд. Тоқати ҳамаашон тоқ шуда буд, ки аз ҳама охир ӯ расида омада гуфт:

-Имрӯз автобус тамоман намеояд!

Ин гуфтаҳои ӯ чун намак болои захм бошанд ҳам, бо тамом кардани суханонаш автобусҳо омада расиданд. Якто, чор-панҷто, паиҳам.

Рӯзи дигар дар назди магазин меистоданд, ки он мард гуфт:

Номашро гардам, ки ҳамин арақ тамоман гум шуд, бӯяш ҳам намонд.

Ҳамин суханон ҳоло дар забонаш, ки як «ЗИЛ» арақ омад.

Дар хона гап дар бораи собун рафт. Занаш гуфт:

«Аз бесобунӣ либосҳо ба фанера монанд шудаанд».

-Оҳ, ҳақиқатан, ҳам тамоми либоси мо ғарқи

чирканд, — гуфт ӯ.

Ранги тамоми пӯшокҳо дар як мижа задан тағйир хӯрд. Ҳамаи онҳо худ ба худ покиза гаштанд.

Ҳамин тариқ, шӯҳрати чашмгар аз ҳудуди хона торафт мебаромадагӣ шуд. Акнун чашмони ӯро ҳамсояҳо низ истифода мекардагӣ шуданд.

Масалан, Дулнаб — соҳиби «Москвич»-и фартут ҳар саҳар ӯро ба ёрдам даъват мекард. Дулнаб соатҳои дароз дар гирди мошини кӯҳнааш мегашт ва он ҳеҷ не ки ба кор дарояд. Чашмгар омада дастро ба «кузов»-и он мерасонд ва мегуфт: — Бай-бай, чӣ моши¬ни фартуте! Кайҳо инро ба ахлотҷо партофтан даркор буд.

Бо тамом шудани суханонаш мошин партӣ карда, ба кор медаромад ва бо соҳибаш чунон тез аз назар ғоиб мешуд, ки гӯё онро нав аз Ҷопон оварда бошанд.

Як рӯз ҳамсояаш Қул бо ҳазор умед пеши ӯ омад. Қул ҳам аз он мардонест, ки дар хушдомандорӣ бахташ омад накардааст. Хушдоманаш ба ӯ рӯзи хӯш нишон намедод ва духтарашро доимо «гаравгон» гирифта, зиндагии домодашро тира месохт. Чашмгар ба дифои ӯ розӣ шуд ва пеш-пеши Қул ба роҳ баромада, ҷониби хонаи хушдомани ӯ рафтанд. Дар сари чой чашмгар лаб ба таърифу тавсиф кушод:

-Чӣ холаи хубе, чӣ хушдомани меҳрубоне, худо чунин занҳои поктинатро ҳазорсола кунад...’ ва ғaйpa ва ҳоказо. Гапҳои ӯ тамом нашуданд, ки хушдоман дилашро дошта, беҳуш афтод. Афсус, мошини «Ёрии таъҷилӣ», ки таъҷилан баъди ду рӯз омада расид, низ кӯмак карда натавонист.

Вақтҳои охир сеҳри чашми ӯ дар арсаи сиёсӣ низ истифода мешуданд. Ба наздикӣ Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), аз ӯ хоҳиш карданд, дар масъалаи вазъияти Кувейт кӯмак кунад. Ӯ навакак ба барномаи «Вақт» нигоҳ карда: «Қанд занад, Саддам ҳамаро пачақ мекунад» гуфт. Пас аз ним соат Саддам Ҳусайн аз ҷанг даст кашид.

Рӯзе аз комиҷроияи шаҳр дари ӯро кӯфта илтиҷо карданд:

-Илтимос, як ҳамон яслиро медидед, кӯдакон аз хунукӣ мемуранд.

Чашмгар бе танбалӣ ба роҳ даромад. Даруни яс¬лӣ даромад:

-Дар ин ҷо мардакҳои каппа-калон ҳам аз ху¬нукӣ ях мекунанд. Яслӣ не, ин Сибир!

Ногаҳон дару девори яслӣ ба қасар-қусур даромад. Ба рӯи одамон гармӣ расид. Тафи хонаҳо бapомад. Кормандони комиҷроия «ҳазор раҳмат» гуфта, ба ӯ хонаи панҷутоқа ваъда карда, хурсандона ба ҷои корашон рафтанд.

Бо қувваи чашмгар ба чандин мавзеъҳои баланд об бароварда, чандин фондҳо зиёд шуданд, чандин биноҳои нимкора обод гаштанд, чандин занон бо шавҳарҳояшон оши оштӣ хӯрданд, дар шаҳр шумораи майхӯрону дуздон ва тамоми «элементҳои» ноҷоиз тамоман кам шуд, ҳосилот дар вақташ ғундошта шуд.

Хуллас, чашмгар барои тамоми шаҳр ғанимати калоне буд, агар... рӯзе ба духтури чашм муроҷиат намекард. Як рӯз коркунони хоҷагии об пешаш омада зораву лоба кар¬данд, ки маҷрои дарёро дигар кунад. Агар ҳамин корро кунад, онҳо мукофоти калони вазораташонро мегиранд, агар не, тамом хонаашон сӯхт. Чашмгар ноилоҷ соҳили дарё рафта ду-се бор сеҳрашро ба кор бурд. Аммо суханҳояш кора накарданд. Ӯ фикр кард, ки нури чашмҳояш кам шудааст. Бинобар ин пеши духтури чашм рафт то линза фармояд (таъсири чашмрасӣ ба воситаи айнак боз ҳам бештар мешавад).

Духтур чашмонашро дида пурсид;

-Шикояте доред?

-Не валлоҳ, то ҳоло ягона узви бенуқсам ҳамин чашмонам ҳастанд. Ман бо онҳо мефахрам.

Нав суханашро ба охир расонида буд, ки садои паққос баланд шуд. Ҳар ду чашми ӯ аз косахонаашон парида, рӯи фарш афтоданд...


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97