ИҚБОЛ - ШОИРИ ИСЛОМӢ

Фарҳанг ва адаб 16.11.2009 14:51

Миср. Шаҳри Қоҳира. Ноябри соли 2001. Шуморе аз донишмандони адабдӯсти мисрӣ дар як маҷлиси содае гирдиҳам омада буданду аз Иқбол ёд мекарданд ва ҳар кадоме бо тамоми нируи зарфияти дониши хеш осори ӯро баҳои баланд медоду ба ҳадде васф мекард, ки пеш аз он дар ҳеч ҷойе нахондаву нашунида будам. Яке мегуфт, ки дар донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои Миср дар бораи Иқболу осори ӯ онгуна таҳқиқоту пажӯҳишҳои зиёде ба анҷом расидааст, ки ночор ҳар пажӯҳишгареро ба иқболшиносӣ мебарад.

Дигар мегуфт, ки маҳз муҳаббат ба андешаи Иқбол маро форсидон кард. Яке дигар Иқболро шоири озодагони ҷаҳон мегуфту мутолиаи осори ӯро барои ҳар инсони озода воҷиб медонист.

Он лаҳзаҳо бароям басо хотирмонанд. Зеро ҳамон маҳфили ёдбуди Иқбол маро дубора ба ҷустуҷӯ дар осори он озодмард бурду барои ҳамеша Иқболро роҳнамои хеш дар асри ҳозир ёфтам. Пас аз он нишасти муборак яке аз ҳамдарсонамро, ки аз Покистон буд, фармудам, ки ҳатман бароям "Куллиёт"-и форсии Иқболро пайдо кунад. Он дӯстам, ки Амҷад Азиз ном дошт, мегуфт, ки Покистони мо барои он бузург аст, ки Иқбол дорад.

Агар аз ҳикмату волоияти андешаи Иқбол чандон, ки бигӯем, ҳамагӣ "қатрае аз баҳр" аст. Зеро осору ашъори ӯ саршор аз панду ҳикмату фалсафаву андешаҳоест, ки инсони ғофилро рӯҳи тоза мебахшанду хуфтагони деринаи шаҳри афсӯсро барошуфта, раҳнамуни роҳи росташон мешаванд. Ҷустуҷӯ дар андешаи Иқбол роҳи вусул ба ростист, чаро ки ӯ худ ҳақиқатро ҷуставу ростиро гуфтааст. Дуруст аст, ки ҷаҳон шахсе ҳамчун Иқболро камтар дидааст, ки бо илму ҳикмати худ ҷаҳонро зери таъсир қарор бидиҳад. Иқбол аз ҷумлаи он суханваронест, ки танҳо ба фикри файласуфона иктифо накард, балки ба ҷаҳон як низоми фикрӣ ироа кард. Ин гуфтаҳоро бешакку шубҳа ҳар касе, ки бо осори Иқбол заррае ошност, таъйид хоҳад кард.

Иқбол шефтаи забону адабиёти форсӣ буд ва форсиро барои баёни орову андешааш баргузид. Ӯ батадриҷ аз як шоири ватанӣ ба шоире исломӣ-ҷаҳонӣ таҳаввул ёфт. Бархе муътақиданд, ки Иқбол аз нахустин мунодиёни ваҳдати исломӣ дар қарни бистум будааст.

Иқбол шеър мегуфту дури маънӣ месуфт. Ӯ ҳамеша дар роҳи талошу ҷиҳод буд. Шеър гуфтанро, ки мақсуд аз он одамгарӣ бошад, идомаи паёмбарӣ медонист. Дар шоири ростраву ростгӯ расонандаи рисолати ҳақро медид. Бо ин роҳ мехост рисолати хешро дар ин дунёи дун анҷом диҳад:

Шеърро мақсуд агар одамгарист,

Шоире ҳам вориси пайғамбарест.

Иқбол, ки дар Ҳинд зиндагӣ дошт, бо зиндагии ҳамкешони хеш - мусулмонони ранҷдидаву ситамкашида аз наздик ошно буд ва ранҷу ситамкашии ҳамдинонаш ӯро бетараф намегузошт. Паёмбарон, ки рисолати аслии онҳо ислоҳи ҷомеаи башарӣ буд, меомаданд то вазифаву масъулияти хешро адо кунанд. Иқбол мехост мусулмонони Ҳиндро аз ҳақиқат огоҳ кунад ва онҳо бо арзиши ҷавҳари инсонии хеш ошно шаванд. Ӯ медонист, ки танҳо огоҳиву худогоҳӣ ҳаст, ки миллати ӯро дар баробари бегонагони истеъморгар тавоно месозад. Шеъри Иқбол, ки умдатан бедоргар аст, мусулмонони Ҳиндро, ки солҳо боз истеъморгарон онро ба банд кашида буданд, бапо хезонда, ҳушдор медиҳад, ки ба дигаргун кардани вазъи асафбори хеш бипардозанд. Иқбол, ки парвардаи муҳити рӯҳонии хонаводаи хеш буд ва аз Қуръон ҳама чизро омӯхта буд, албатта аз ояти 11-и сураи Раъд беилҳом намондааст: "Худованд ҳолу аҳволи ҳеч қавмеро дигаргун намекунад, магар ин, ки худашон дигаргун кунанд".

Иқбол мусулмонони Ҳиндро бечора мегӯяд, вале бо ин дар вуҷуди онҳо шӯру шавқи озодагиро бедор мекунад. Ӯ бо лаҳни диловезе мегӯяд:

Шаби ҳиндӣ ғуломонро саҳар нест,

Ба ин хок офтоберо гузар нест.

Ба мо кун гӯшаи чашме, ки дар Шарқ,

Мусулмоне зи мо бечоратар нест.

(Армуғони Ҳиҷоз)

Иқбол ошкоро ба интиқоди муллоҳои даврони хеш, ки ба масоили умдаи мусулмонон бетафовутанду хомӯшу ҳатто ба фасод рӯй овардаанд ва барои мактаб, ки маншаи бедории фикрии насли ҷадид аст, таҳаввулеро қоил нестанд, мепардозад. Ӯ кофиронро мебинад, ки фаъол ҳастанд ва кори на танҳо мусулмонони омӣ, балки мулло - парваришгари онҳо дар иштибоҳ аст:

Мактабу муллову асрори китоб,

Кӯри модарзоду нури офтоб.

Дини кофир фикру тадбири ҷиҳод,

Дини мулло: фӣ сабилиллоҳи фасод.

(Ҷовиднома)

"Фӣ сабилиллоҳи фасод" - яъне фасод дар роҳи Худо. Шоирро ин чиз ба ҳайрат меорад, ки мулло ба ҷойи ҷиҳод дар роҳи фасод аст. Ӯ ба муллову сӯфӣ паём мефиристад ва онҳоро аз ҳайрон шудани Худову Ҷабраилу Мустафо дар ростои таъвили эшон хабар медиҳад:

Зи ман бар сӯфиву мулло саломе,

Ки пайғоми Худо гуфтанд моро.

Вале таъвилашон дар ҳайрат андохт,

Худову Ҷабраилу Мустафоро.

ИҚБОЛ ВА АНДЕШАИ ХУДӢ

Тарош аз тешаи худ ҷодаи хеш,

Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.

Агар аз дасти ту кори нодир ояд,

Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст.

Ин гуфтаи Иқболи рӯшанфикр аст, ки инсонро ба ғавру андеша вомедораду мегӯяд, ки ҷодаи хешро бо тешаи худ бисоз. Дар талошу кӯшиш бош, кори нодир анҷом бидеҳ. Яъне инсон бояд худ ҷодаи хешро бисозаду дар он роҳ биравад.

Чунонки гуфтем, осори Иқбол саршор аз ҳикмату андешаи волои инсонист. Дар ин навишта аз "худӣ" дар нигоҳи Иқбол гуфтанӣ ҳастем, ки он ҳам аз баракоти нимқатрае аз баҳри гавҳарбори ашъори он бузургвор ҳаст.

Иқбол мутафаккиру шоири навандеш буд. Ӯ мехост ба мардум бигӯяд, ки инсон худгар, худшикан, худнигар аст ва ба шунавандаву хонандаи ашъораш ҳамин қазияро ҳам расонд. Иқболи мутафаккир дар қолаби шеъри форсӣ месарояд:

Наъра зад ишқ, ки хунинҷигаре пайдо шуд,

Ҳусн ларзид, ки соҳибназаре пайдо шуд.

Фитрат ошуфт, ки аз хоки ҷаҳони маҷбур,

Худгаре, худшикане, худнигаре пайдо шуд.

Хабаре рафт зи гардун ба шабистони азал,

Ҳазар! Ай пардагиён, пардадаре пайдо шуд.

Пажӯҳишгари иронӣ Муҳаммад Ҷовид Саббоғиён дар мақолааш бо номи "Худӣ ва таолӣ дар нигоҳи Иқбол" дар бораи ин ғазал навиштааст: "Агар дар ин ғазал, ки яке аз турфатарин ҳуллаҳои танида аз дили бофта, аз ҷони сохта, аз имони инсонгаронаи инсоншиносонаи Иқбол аст, тааммул кунем, дармеёбем, ки ҳастаи марказии фикри Иқбол, ки ҳамон "худӣ"-ву "бехудӣ" ва "инсони бахуд"-у "инсони бехуд" аст дар тамомии ғазал алалаъам (ба таври умумӣ) ва дар шоҳбайти он алалахасс (ба таври махсус) нуҳуфта аст; яъне дар: Фитрат ошуфт, ки аз хоки ҷаҳони маҷбур, / Худгаре, худшикане, худнигаре пайдо шуд".

Дар "Асрору румуз" Иқбол бо таваҷҷуҳи хос ба шарҳи масъалаи "худӣ" пардохта, шеъри гаронмояеро сурудааст, ки бо сарлавҳаи зер омадааст: Дар баёни ин, ки асли низоми олам аз худӣ аст ва тасалсули ҳаёти таъиноти вуҷуд бар истеҳкоми худӣ инҳисор дорад. Дар мисраъҳои ҷудогонаи ин шеър Иқбол "худӣ"-ро шарҳу тафсир кардааст. Шоир пайкари вуҷудро аз осори худӣ дониста, ҳама чизро аз асрори он мебинад. Ба андешаи Иқбол ҳар зарра ҳам дорои нируйи худист. Ӯ низоми ҷаҳону идома ёфтани ҳаётро ба худиву устувории он сахт алоқаманд медонад. Чунончи мегӯяд:

Пайкари ҳастӣ зи осори худист,

Ҳарчӣ мебинӣ зи асрори худист.

Хештанро чун худӣ бедор кард,

Ошкоро олами пиндор кард.

Дар забони Иқбол худӣ ва бехудӣ таъбири "ИНСОН" аст дар нигоҳи ӯ. Ӯ як мутафаккир ва шоири инсоншинос аст. Иқбол хоҳони он аст, ки ҳар фарди мусулмонро ба сарчашмаи поки хуршеди даруни хеш раҳнамун шавад, то гарду чанги нодониву хурофотро аз ҷомаи хеш дур гардонад. Танҳо баъд аз он инсони бахуду мустақил шуда, озодона метавонад дар паҳнаи пайкори зиндагӣ пойдор гашта, миллате якдилу якзабонро бо се шохисаи бориз; қудрат, имон ва огоҳӣ ташкил бидиҳад. Иқбол бо ин ормони баланд мехоҳад нағмаи мавзуни сози фитрати нодирнавои худро ба хонандаи шеъраш бирасонад.

ХУДӢ - НУҚТАИ НУР ВА ИНСОН - НОИБИ ҲАҚ

Ин шоири тавоно ва абармарди ҷаҳони андеша худиро нуқтаи нур медонад, ки рӯшанӣ аз он мехезад. Худӣ бо ишқу муҳаббат истеҳком мепазираду ишқ нерӯи худиро қувват медиҳад. Бо ҳамин роҳ одамӣ омодаи боло рафтан ба ситеғи баланди камол мешавад:

Нуқтаи нуре, ки номи он худист,

Зери хоки мо шарори зиндагист.

Аз муҳаббат мешавад пояндатар,

Зиндатар, сӯзандатар, тобандатар.

Хулоса Иқбол андешаманду шоирест, ки башарро ба худшиносӣ мехонад ва мехоҳад, ки бо дарки ин маънӣ инсон дар ҳар ду саро хушбахт бошад. Ӯ инсонро ноиби ҳақ медонад ва ба ниёбати ҳақ шоиста будани инсонро мояи хушбахтӣ медонад:

Ноиби ҳақ дар ҷаҳон будан хуш аст,

Бар аносир ҳукмрон будан хуш аст.

Ноиби ҳақ ҳамчу ҷони олам аст,

Ҳастии ӯ зилли исми аъзам аст.


Зоҳири ДАВЛАТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97